Вохӯрии илмӣ-маърифатӣ бо хонандагони Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба хотири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонону насли нарасрасида, дар Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯрии илмӣ-маърифатӣ бо муҳассилин баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон — мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосир, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн ва сарходими илмии шуъбаи мазкур, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Қодирзода Тоҳир Қамар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Олимони шинохта дар маърузаҳои хеш доир ба масъалаҳои муҳими зерин ибрози ақида карданд:
-
Аҳамияти таърихии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ;
-
Шарҳ ва тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ, суханронӣ дар Рӯзи дониш ва мулоқотҳои пайваста бо аҳолии минтақаҳои кишвар;
-
Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз ва фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ ба насли ҷавон.
Муҳаққиқон зимни суҳбат таъкид доштанд, ки омӯзиши ҳуқуқ ва риояи қаътии қонунҳо асоси ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд буда, ҷавононро лозим аст, ки бо донишҳои муосир муҷаҳҳаз гашта, дар рушду шукуфоии Ватани аҷдодӣ ҳиссагузор бошанд.
Вохӯрӣ дар фазои озоду самимият ба анҷом расида, хонандагони литсей ба саволҳои худ посухҳои мушаххаси илмию ҳуқуқӣ гирифтанд.