Skip to main content

Иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ 31.08.2026

31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо аҳли маорифи кишвар мулоқот намуда, дар ҷамъомад ба муносибати рӯзи дониш суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи иштирокдорони вохӯриро ба ифтихори ҷашни бузурги таърихӣ - 35 - умин солгарди Истиқлоли давлатӣ инчунин, оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш самимона табрик гуфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105, ки имрӯз ифтитоҳ ёфт, самараи истиқлоли давлатӣ ва фазои орому осоиштаи кишварамон мебошад.

Гуфта шуд, ки муассисаи мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо тарҳи муосиру замонавӣ бунёд гардида, бо беҳтарин шароиту имкониятҳои таълиму тарбия барои 2400 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки дар 9 соли охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе 55 муассисаи нави таълимӣ бо зиёда аз 95 ҳазор ҷойи нишаст ва 42 кӯдакистони замонавӣ барои 8 ҳазор кӯдак бунёд ва ба истифода дода шудааст. Танҳо соли равон ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар пойтахти кишвар 7 муассисаи нави таълимӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ва 8 муассисаи томактабии наву замонавӣ барои 1000 кӯдак ба фаъолият оғоз менамояд.

“Дар маҷмуъ, тайи даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 4135 бинои муассисаи таълимӣ бо 1 миллиону 800 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 8,4 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст”, изҳор доштанд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Зикр гардид, ки бо дарназардошти аҳамияти соҳаи маориф дар рушду пешрафти ҷомеа, дар давраи соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 70 миллиард сомонӣ, аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 10 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ шудааст ва ин рақамҳо далели равшани таваҷҷуҳи махсус ва ҳамешагӣ ба соҳаи маориф мебошад.

Президенти кишвар саҳми соҳибкорони бонангу номусро дар кори пуршарафи бунёди таълимгоҳҳои нави муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир назаррас арзёбӣ намуда, барои ҳиммати ватандӯстонаашон ба онҳо изҳори сипос намуданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми дастовардҳо, аз ҷумла рушду пешрафти соҳаи маорифро самараи истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати пойдори миллӣ номиданд.

Таъкид гардид, ки дар моҳи июни соли равон қабул гардидани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон сурат гирифт, нишонаи саъю талоши пайгиронаи кишвари мо барои ҳифзи сулҳу оромӣ дар сайёра мебошад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки заҳмати омӯзгорон ва аҳли маорифи кишвар дар роҳи тақвияти истиқлоли давлатӣ, тарғиби ғояҳои давлатдории миллӣ, роҳнамоӣ кардани мардум ба таҳкими сулҳу ваҳдат ва таълиму тарбияи шоистаи насли даврони истиқлол бисёр назаррас ва шоистаи таҳсину қадрдонӣ мебошад.

“Истиқлоли давлатӣ ҳастии халқи тоҷикро дар паҳнои ҷаҳон ҳифз кард, адолати таърихиро барқарор сохт, тоҷиконро ба аҳли олам ҳамчун миллати фарҳангиву тамаддунсоз ва таҳаммулгарову сулҳҷӯй муаррифӣ намуд”, – таъкид доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар рӯзи дониш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба моҳияти илм, маърифат ва китоб, ки чароғи зиндагӣ, асоси давлатдорӣ ва сарчашмаи пешрафти ҷомеа мебошад, андешаронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо фарзандони фарзонаи миллати тоҷик бо қудрати хирад ва илму дониш дар рушди тамаддуни башарӣ саҳми арзишманд гузоштаанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки насли наврасу ҷавони мо ба омӯзиши илму дониш таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дошта бошад, мунтазам омӯзад ва дар ин замина, ба эҷодкориву навоварӣ машғул шавад.

Дар рӯзи дониш ва дарси сулҳ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар бораи аҳамияту афзалияти фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ, қабули Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022 - 2027 ва Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030, баланд бардоштани сифати таҳсилот, аз ҷумла такмили маҳорати касбии омӯзгорон, андешаронӣ намуданд.

Пурра таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо китобҳои дарсӣ, адабиёти ёрирасони таълимӣ, илмӣ, дастурҳои методӣ, роҳнамои омӯзгор, такмил додани сифат ва муҳтавои китобҳои насли нав, таҳия ва пешниҳоди роҳу усул ва технологияҳои инноватсионии таълими фанҳо, дар навбати аввал фанҳои табиатшиносиву риёзӣ бо истифода аз таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, аз масъалаҳои муҳими вохӯрӣ бо кормандони соҳаи маорифи кишвар буд, ки вобаста ба амалисозии онҳо дастуру тавсияҳо дода шуд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба натиҷаҳои пурсамари таъсиси квотаи президентӣ, ташаккули низоми муосири касбомӯзӣ, аз ҷумла таъсиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Тоҷикистон, қабули “Барномаи рушди соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026 - 2029 ва ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунаромӯзӣ ва ғайра ҷалб намуданд.

Дар назди масъулини соҳа барои татбиқи амалии ҳамаи ҳадафҳои Ҳукумати кишвар дар ин самт вазифаҳо гузошта шуд.

Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлат вақте тавоно мегардад, ки ҷавононаш соҳиби илму дониш, касбу ҳунар, маҳорату малака, одобу ахлоқ ва ҳисси баланди ватандорӣ бошанд.

“Дар пешрафти соҳаи маориф ва густаришу тақвияти сатҳу сифати таълиму тарбия муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар нақши шоиста доранд”, – изҳор доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Гуфта шуд, ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи донишкадаву донишгоҳҳои кишвар бамаротиб афзуда, ҳоло ба 51 расидааст ва чанде аз муассисаҳои таҳсилоти олии мо соҳиби мақоми байналмилалӣ гардидаанд.

Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои ҳалли мушкилоти мавҷуда аз Сарвари давлат супориш гирифтанд.

Бо дарназардошти зиёд гардидани талабот ба мутахассисони соҳаи амнияти компютерӣ, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ дар бозори меҳнат, дар назди сохторҳои марбута як қатор вазифаҳо гузошта шуд.

Дар дарси сулҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи сиёсии ҷаҳон андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки мо ҳамеша ва дар ҳама ҳолат бояд барои ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ва оромиву осоиш дар Ватани маҳбубамон ҷидду ҷаҳд намоем, пайваста кӯшиш кунем, ки раванди созандагиву бунёдкориҳоро дар кишварамон боз ҳам вусъат бахшем.

Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҷавонони донишманду соҳибмаърифат, соҳибкасбу соҳибҳунар ва ватандӯсту созандаи мо фардо ба неруи пешбарандаи иқтисоди миллӣ, пояи устувори ҷомеаи пешрафта ва кафолати идомаи роҳи созандагии Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил хоҳанд ёфт.

Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ миёни Сарвари давлат ва аҳли нишаст маҳифили пурсишу посух ва суҳбати озод доир гардид. Зимнан хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105 Амонзода Роҳила, донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Абубакр Холзода ва устоди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Матлуба Муминзода сухан гуфта, ба Пешвои миллат барои таъмини шароити беҳтарини донишандӯзӣ ва кору зиндагӣ дар кишвар изҳори сипос намуданд.

https://president.tj/event/news/56869

ТАМОШОИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ ДАР АМИТ

Имрӯз, 31 август бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105 бо тарҳу усули наву замонавӣ ва ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ барои 2400 хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар доираи чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил, суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба таври мустақим пахш гардида, аз ҷониби, кормандони илмӣ ва дигар кормандони муассисаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тамошо карда шуд.

Зимни тамошои суханронии Пешвои миллат таъкидҳои муҳим вобаста ба рушди соҳаи маориф, илм ва дониш, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва нақши илму маориф дар пешрафти ҷомеа мавриди таваҷҷуҳи аҳли Академия қарор гирифт.

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТ ДАР Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 28 августи соли 2026 дар маҷлисгоҳи бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ» баргузор гардид.

Дар ин конфронс Мирзозода Парвон Зайнолобудин, директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор иштирок ва дар мавзуи "Ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" суханронӣ намуд. Ӯ такид намуд, ки маърифати зиддикоррупсионӣ пеш аз ҳама низоми донишҳо, эътиқодҳо, арзишҳо, муносибатҳо ва малакаҳои рафториро фаро мегирад, ки шахсро ба риояи қонун, поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ, шаффофият ва рад намудани ҳама гуна зуҳуроти коррупсионӣ ҳидоят менамоянд. Аз ин рӯ, ташаккули он бояд ҳамчун раванди пайвастаи иҷтимоӣ-педагогӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ арзёбӣ карда шавад.

Дар фарҷоми конференсия Мирзозода П.З. бинобар гузоштани саҳми арзанда дар таҳкими сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва иштироки фаъолона дар кори конфронсия бо сипосномаи мақомот сарфароз гардонида шуд.

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ИНСТИТУТ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 августи соли 2026 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ таҳти унвони «Қонун ва Истиқлолият: 35-соли рушди қонунгузории Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш Абдуҷалилов Абдуҷабор, мудири шуъбаи илмҳои ҳуқуқи хусусии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор ва Матробиён Матроб, ходими калони илмии шуъбаи масоили мубрами илмҳои ҳуқуқи конститутсионии Институт, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар фарҷоми конференсия вобаста ба масъалаҳои баррасишуда мубодилаи афкор сурат гирифта, як қатор пешниҳодҳо ва тавсияҳои илмӣ ироа гардиданд.

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ИНСТИТУТ ДАР ТРЕНИНГИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ҶАВОНОНИ ШАҲРИ ИСФАРА

28 августи соли 2026 дар шаҳри Исфара бо ташаббуси Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи «Ҷавонон дар даврони Истиқлолият: маърифати ҳуқуқӣ, саводнокии рақамӣ ва малакаҳои муосир», бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳошияи омодагӣ ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ – 2027 баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур ходими пешбари илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҷабборов Ф.Н. иштирок ва дар мавзӯи «Сиёсати давлатии ҷавонон ва дастовардҳои ҷавонон дар даврони Истиқлолият: маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ» маърӯза намуд.

Зимни суханронӣ доир ба сиёсати ҷавонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, заминаҳои ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон, дастовардҳои насли ҷавон дар солҳои соҳибистиқлолӣ, имкониятҳои фароҳамгардида барои таҳсил, илмомӯзӣ, касбомӯзӣ, соҳибкорӣ ва иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ибрози назар карда шуд. Таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ барои ташаккули низоми мустақили ҳуқуқии Тоҷикистон ва фароҳам овардани кафолатҳои устувори ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон, заминаи бунёдӣ гузошт.

Ҳамчунин, аҳаммияти маърифати ҳуқуқӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба Конститутсияву қонунҳо дар тарбияи насли худшиносу созанда махсус таъкид гардид. Қайд шуд, ки маърифати ҳуқуқӣ на танҳо донистани ҳуқуқ, балки қобилияти истифодаи дурусти он, иҷрои уҳдадориҳои шаҳрвандӣ ва ҳимояи манфиатҳои қонунӣ мебошад.

Дар маърӯза ҳамчунин ба аҳаммияти байналмилалии ташаббуси Тоҷикистон ҷиҳати эълон гардидани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки ин ташаббус бозгӯи мақоми афзояндаи Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар пешбурди ғояҳои ҳуқуқӣ ва маърифатпарварона дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Дар рафти тренинг ҷавонон ба омӯзиши амиқи ҳуқуқу уҳдадориҳои худ, истифодаи самаранок аз имкониятҳои даврони соҳибистиқлолӣ, азхудкунии илму дониш ва касбу ҳунар, масъулиятшиносӣ дар фазои рақамӣ ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти Ватани азиз даъват гардиданд.

Ҷавонони соҳибмаърифат, қонунмадор ва ватандӯст неруи созандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.

НАШРИ МОНОГРАФИЯИ НАВ ДАР ИНСТИТУТ ОИД БА ТАЪРИХИ СУДҲО ДАР ТОҶИКИСТОН!

Дар Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон монографияи нави олимон Буризода Э.Б., Одиназода Р.С. ва Мирзозода Н.Д. бо номи «Судебные и квазисудебные институты в истории таджикской государственности» (Институтҳои судӣ ва квазисудӣ дар таърихи давлатдории тоҷик) ба табъ расид.

Ин монография ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, аз 576 саҳифа иборат аст ва дар он таърихи пайдоиш, инкишоф ва фаъолияти мақомоти судӣ ва квазисудӣ дар таърихи халқи тоҷик дар чаҳор давраи таърихии давлатдорӣ ба таври мукаммал ва пайдарпай таҳлил шудааст.

Дар монография сухан дар бораи ниҳодҳои судӣ ва квазисудии давлатдорӣ дар таърихи халқи тоҷик меравад. Дар он ба тартиби хронологӣ таърихи пайдоиш, амал ва рушди ниҳодҳои судӣ ва квазисудии давлатдорӣ, таҷрибаи таъсиси онҳо, салоҳиятҳо ва таносуби амали онҳо таҳқиқ шудааст. Бори нахуст ҳамаи ҷанбаҳои салоҳияти мақомоти судӣ ва квазисудӣ дар таърихи халқи тоҷик дар доираи чор давраи таърихию фарҳангии рушди давлатдории тоҷикон ба таври ҳамаҷониба таҳлил ва ошкор карда шудаанд. Монография барои кормандони илмӣ ва амалӣ, аспирантҳо, донишҷӯён ва ҳамаи онҳое, ки ба масъалаҳои назария ва таърихи давлатдорӣ ва махсусан ниҳодҳои судии Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд, пешбинӣ шудааст.

1

 

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ИНСТИТУТ ДАР ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВИИ КУМИТАИ СУЛҲУ РИЗОИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Ташкилоти ҷамъиятии «Кумитаи сулҳу ризоияти миллии Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ бахшида ба қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Дар кории ин ҳамоиши муҳим мудири шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалии Институт, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҷабов Саидумар Одинаевич фаъолона ширкат ва суханронӣ намуданд.

С. Раҷабов дар баромади худ аҳамияти таърихии ин Қатъномаро дар шароити кунунии ҷаҳонӣ шарҳ дод, ташаббусҳои глобалии Тоҷикистонро дар самти ҳифзи сулҳу устуворӣ ва таҳкими ризоияти миллӣ таъкид кард.

 

СУХАНРОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ИНСТИТУТ ДАР ФИЛМИ МУСТАНАДИ ТВ «ХАТЛОН»

27 августи соли 2026 ходими пешбари илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҷабборов Фарҳодҷон, ходими калони илмии шуъбаи масоили мубрами илмҳои ҳуқуқи конститутсионии Институт, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Матробиён Матроб ва ходими калони илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институт Калонзода Фатҳиддин дар филми мустанади ТВ «Хатлон» дар мавзӯи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳ, амнияти байналмилалӣ ва ҳамкориҳои давлатҳо» суханронӣ намуданд.

Олимони Институт зимни суҳбат доир ба аҳаммияти эълон гардидани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ», нақши маърифати ҳуқуқӣ дар таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ва ташаккули масъулияти шаҳрвандӣ ибрози андеша карданд.
Ҳамзамон, доир ба ташаббусҳои созандаву башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ, саҳми Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот, амнияти байналмилалӣ, рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ сухан рафт.

Таъкид гардид, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон таҷассумгари сиёсати сулҳҷӯёна, фарҳанги созандаи миллати тоҷик ва иродаи устувори давлати соҳибистиқлоли мо барои бунёди ҷаҳони орому амн мебошанд. Имрӯз Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускор ва ҷонибдори ҳамкории судманди байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳон мақоми шоиста дорад.
Сулҳ, қонун, маърифат ва ҳамдигарфаҳмӣ — пояҳои устувори ҷомеаи пешрафта ва ҷаҳони амн мебошанд.

Subscribe to Навид

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст