Skip to main content

ДИҚҚАТ! ОҒОЗИ ҚАБУЛИ ҲУҶҶАТҲО БАРОИ ЗИНАҲОИ НАВБАТИИ ТАҲСИЛ ВА ИЛМ!

Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) ба диққати довталабон, муҳаққиқон ва хоҳишмандон мерасонад, ки аз 20-уми июли соли 2026 қабули ҳуҷҷатҳо барои дохил шудан ба зинаҳои зерини таҳсилу пажӯҳиш расман оғоз меёбад:

🎓 Магистратура

🎓 Докторантура (PhD)

🎓 Аспирантура

🎓 Докторантураи анъанавӣ

🎓 Постдокторантура (ҳабилитат)

🎓 Унвонҷӯӣ

Барои супоридани ҳуҷҷатҳо номгӯи зеринро омода намоед:

1️⃣ НОМГӮИ ҲУҶҶАТҲО БАРОИ МАГИСТРАТУРА:

  • Ариза ба номи Президенти АМИТ;

  • Нусхаи шиноснома;

  • Анкетаи дохилшаванда;

  • Нусхаи билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбӣ;

  • Дипломи аслӣ ва замимаи он;

  • Варақаи шахсӣ ва тарҷумаи ҳол;

  • Тавсиянома;

  • Реферат бо тақриз;

  • Маълумотномаи тиббӣ (шакли 038-У);

  • Маълумотнома аз ҷойи зист;

  • 4 адад расми андозаи 3х4;

  • Ҳуҷҷатҳои дигаре, ки натиҷаҳои илмӣ, сатҳи дониши забонҳои хориҷӣ ва малакаи компютерии довталабро муайян мекунанд.

2️⃣ НОМГӮИ ҲУҶҶАТҲО БАРОИ ДОКТОРАНТОНИ PHD:

  • Ариза ба номи Президенти АМИТ бо розигии директори институт;

  • Нусхаи шиноснома;

  • Анкетаи дохилшаванда;

  • Нусхаи дипломи бакалавр ва асли дипломи магистр;

  • Варақаи шахсӣ ва тарҷумаи ҳол;

  • Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шӯъбаи кадрҳо тасдиқ шудааст (ҳангоми доштани собиқаи корӣ);

  • Сертификат аз забони хориҷӣ (TOEFL ва ғайра);

  • Мактубҳои тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот);

  • Рӯйхати чопи мақолаҳои илмӣ;

  • Маълумотномаи тиббӣ (шакли 038-У);

  • Маълумотнома аз ҷойи зист;

  • 6 адад расми андозаи 3х4.

3️⃣ НОМГӮИ ҲУҶҶАТҲО БАРОИ УНВОНҶӮӢ:

  • Ариза (мувофиқи намуна);

  • Нусхаи шиноснома;

  • Нусхаи диплом (бо нишон додани асли он);

  • Замимаи диплом;

  • Тарҷумаи ҳол;

  • ИНН (Рақами мушаххаси андозсупоранда);

  • Тавсиянома;

  • Маълумотномаи тиббӣ;

  • 2 адад расми андозаи 3х4;

  • Номгӯи мақолаҳои илмӣ вобаста ба ихтисоси интихобшуда;

  • Папка барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо.

💼 Фурсати илмомӯзиро аз даст надиҳед ва қадами аввалини худро ба ҷаҳони илми касбӣ бигузоред!

Барои гирифтани маълумоти муфассал ва супоридани ҳуҷҷатҳо метавонед ба маъсули ин бахши Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ Фатҳиддин Калонзода тавассути рақами 907-75-03-31 муроҷиат намоед.

Subscribe to Эълон!

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст