ХУШХАБАР: Муборак бошад дараҷаи илмӣ!
Имрӯз барои аҳли илму маърифати кишвар, хусусан барои Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзи фараҳбахш аст.
Котиби илмии Институт, олимаи ҷавону сермаҳсул Алиназарова Кифоят Ғуломназаровна дипломи дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ-ро аз Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (КОА) расман ба даст овард.
Роҳбарият ва тамоми аҳли кории Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ Кифоят Ғуломназаровнаро барои ин дастоварди бузурги илмӣ ва самараи заҳматҳои бисёрсолаашон аз таҳти дил табрику таҳният мегӯянд!
Мо ба Шумо, Кифоят Ғуломназаровна саломатии бардавом, илҳоми эҷодӣ ва дар ҷодаи таҳқиқи илми ҳуқуқшиносии ватанӣ зафарҳои навро таманно дорем. Бигзор ин қадами устувор заминае барои дараҷаи баланди навбатии илмӣ (доктори илм) гардад!
Бо эҳтиром,
Роҳбарият ва аҳли ходимони Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ