Skip to main content

Муҳтарам Фарух Қосимзода!

Коллективи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шуморо бо ҷашни таваллуд самимона табрику муборакбод намуда, ба Шумо сиҳатмандии комил, умри дароз ва барору комёбиҳои беназир дар фаъолияти илмию эҷодӣ таманно дорад.

Шумо ҳамчун доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор ва ходими калони илмии шуъбаи масоили мубрами илмҳои ҳуқуқи конститутсионии Институт бо меҳнати софдилона ва саҳми арзандаи худ дар рушди илми ҳуқуқшиносии кишвар ва тарбияи шогирдону мутахассисони ҷавон намунаи ибрат ҳастед. Корҳои илмии Шумо дар пешбурди масъалаҳои муҳими ҳуқуқи конститутсионӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории навин мақоми хоса доранд.

Боиси ифтихор аст, ки Шумо дар баробари фаъолияти пурмаҳсули илмӣ, ҳамчунин бо фазилатҳои баланди инсонӣ, фарҳанги воло ва роҳбарии устодона дар миёни ҳамкорон ва ҷомеаи илмӣ эҳтироми хоса доред.

Бори дигар Шуморо ба ин рӯзи фархунда муборакбод гуфта, ба хонадони Шумо файзу баракат, рӯзгори осуда ва дар роҳи илму эҷод қуллаҳои нави мурод таманно дорем.

Бо эҳтиром ва самимият

колективи Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ

ЗОДРӮЗ МУБОРАК Муҳтарам Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло!

123

Аз номи коллективи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шуморо бо ҷашни рӯзи зодрӯзатон самимона табрику муборакбод мегӯем.

Шумо ҳамчун олими барҷаста ва сарходими илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалии Институт дар рушди илми ҳуқуқшиносӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва таҳқиқи масъалаҳои муҳими ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи меҳнатӣ саҳми арзанда ва назаррас мегузоред. Пешрафти фаъолияти илмии Шумо намунаи барҷастаи масъулиятшиносӣ, касбият ва садоқат ба пешаи интихобкардаатон мебошад.

Дар ин рӯзи фархунда ба Шумо сиҳатмандии комил, умри дарози бобаракат, бахту саодат ва дар фаъолияти пурмасъули илмию эҷодиатон комёбиҳои навин таманно дорем. Бигзор ҳамеша дар иҳотаи ёру дӯстон ва пайвандон сарбаланд бошед!

Бо эҳтиром ва самимият,

коллективи Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ

Ҷашни зодрӯз муборак бошад Кифоят Ғуломназаровнаи азиз!

2

Аҳли кории Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шуморо бо фарорасии рӯзи зодрӯзатон муборакбод мегӯянд!

Шумо ҳамчун олимаи ҷавону сермаҳсул, мутахассиси воломақом ва ташкилотчии тавоно дар муассисаи мо мақому манзалати хос доред. Фаъолияти пайваста ва пурсамари Шумо дар мақоми котиби илмии Институт, саҳми арзандаатон дар танзими кории шурои олимон, пешбурди таҳқиқоти ҳуқуқӣ ва дастгирии ташаббусҳои илмии ҷавонон сазовори таҳсину аҳсани ҳамагон аст.

Масъулиятшиносӣ, серталабӣ нисбат ба кор, самимият ва муомилаи хуши Шумо муҳити кории моро ҳамеша шодон мегардонад.

Дар ин рӯзи фарахбахш ба Шумо тандурустии комил ва умри бобаракат; шодмонӣ ва файзу баракати рӯзгор; дар фаъолияти илмию ташкилӣ ва таҳқиқоти навбатиатон муваффақиятҳои беназир орзу менамоем.

Бигзор донишу маҳорат ва ғайрати Шумо ҳамеша роҳнамои дастовардҳои нави илмӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносии кишвар бошад!

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон Октябрь 17, 2026 07:00 17.10.2026, ш. Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни пурарзиши бостониамон – Меҳргон самимона шодбош мегӯям.

Ҷашни Меҳргон бар асоси қонунҳои табиат ва фаслҳои сол ташаккул ёфтааст, вобаста ба соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла зироаткорӣ ба вуҷуд омадааст ва дар фасли тирамоҳи заррин ва мавсими ҷамъоварии ҳосил таҷлил карда мешавад.

Яъне ниёгони мо ҳанӯз ҳазорсолаҳо қабл Меҳргонро ҳамчун ойини фаровонии ҳосил ва осоиши рӯзгор ҷашн мегирифтанд.

Меҳргон дар тӯли таърихи деринаи худ дар ҳаёти мардуми мо ҳамчун рамзи бедорӣ, фарҳангсолорӣ, арҷгузорӣ ба заҳмати кишоварзон, истифодаи оқилонаи неъматҳои табиат, шукронаи файзу баракати фасли тирамоҳ ва ойини дӯстиву муҳаббат дар байни одамон устувору побарҷо буд.

Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ Меҳргон дар кишвари мо ҳамчун ҷашни қадимаи миллати тамаддунсози тоҷик ва мероси гаронбаҳои ниёгонамон ҳамасола дар айёми ҷамъоварии маҳсули заҳмати кишоварзон таҷлил мегардад.

Ба ибораи дигар, дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо таҷлили Меҳргон ҳамчун ёдгори пурқимат аз фарҳанги ғаниву бостонии ниёгон ба рукни худшиносии фарҳангӣ ва эҳёи анъанаҳои таърихии мардуми мо табдил ёфтааст.

Мехоҳам ёдовар шавам, ки ба шарофати ҷашнҳои миллии бостониамон – Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада мо тавонистем тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати соҳибфарҳанг, дорои тамаддуни қадима ва анъанаҳои нодири мардумӣ муаррифӣ кунем.

Маҳз бо омӯхтан ва аз худ кардани мероси гаронмояи гузаштагонамон мо тавонистем симои фарҳангии миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳифз намоем, истифодаи расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллиамонро дар тарбияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии мардумамон, аз ҷумла ҷавонону наврасон ба таври бесобиқа вусъат бахшем.

Дар баробари ин, моро зарур аст, ки ойинҳои бостонии миллӣ, аз ҷумла ҷашни Меҳргонро ба ҳаёти имрӯза пайванди бештар дода, ба омили пешрафти фарҳанг, илму маориф, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва рушди иқтисоди миллӣ табдил диҳем.

Аз ин лиҳоз, дар арафаи баргузории ин ҷашн анъанаҳои арзишманди деҳқонону кишоварзон, фарҳанги кишоварзӣ, маҳсулоти тозаи экологӣ, ғизои солим ҳамчун шарти асосии нигоҳдошти саломатии инсон, нақши кишоварзон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастовардҳои илми кишоварзии ватанӣ бояд бо тарзу услуби хоси замонавӣ рӯнамоӣ карда шаванд.

Дар марҳилаи имрӯзаи давлатдории тоҷикон ҷашни Меҳргон бояд ба рамзи қадршиносии неъматҳои табиат, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рушди истеҳсолоти босифати ватанӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави кишоварзӣ ва технологияҳои ҳозиразамон табдил дода шавад.

Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки ҷараёни баргузории ҷашну ойинҳои миллӣ, аз ҷумла ҷашни Меҳргон минбаъд бояд тавассути расонаҳои хабарии электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар шаклҳои ҷолибу таъсирбахш инъикос гардад.

Дар ин замина, Меҳргон ва дигар ҷашнҳои мо метавонанд ба майдони муколамаи байнифарҳангӣ, таҳкими сулҳу субот, ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани фарҳанги қадимаи тоҷикон ва тақвияти робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо кишварҳои дигар табдил ёбанд.

Эътимоди комил дорам, ки мардуми заҳматқарину соҳибфарҳанги тоҷик минбаъд низ анъанаҳои арзишманди ниёгонро бо мазмуну муҳтавои созанда ғанӣ гардонида, аз имкониятҳои мавҷуда барои муаррифии бештари таъриху фарҳанги миллӣ самаранок истифода мекунанд.

Зеро ҷашни Меҳргон сарчашмаи ифтихори миллӣ ва ватандорӣ мебошад.

Аз ин рӯ, мову шумо ин ҷашни миллиро тавре бояд ташкил ва баргузор намоем, ки дар тарбияи худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонону наврасон нақши назаррас гузорад.

Бори дигар ба мардуми шарифу заҳматқарини Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ фарорасии ҷашни таърихиву фарҳангиамон – Меҳргонро муборакбод мегӯям.

Ба ҳар як хонадони кишвар оромиву осудаҳолӣ, иқболи нек ва баракати рӯзгор орзумандам.

Ҷашни бостонии ориёӣ – Меҳргон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати ҷашни Меҳргон

Ҳамватанони азиз!

Сокинони заҳматпешаи пойтахт!

Ҳамаи шумоёнро ба муносибати ҷашни бостонии Меҳргон, ки ҳамчунин бо Рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ рост меояд, самимона табрик мегӯям.

Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимаи миллати тоҷик буда, рамзи ҳосилхезӣ, фаровонӣ, баракат ва арҷгузорӣ ба меҳнати созандаи инсон мебошад.

Он дар баробари суннатҳои пурғановати миллӣ - Наврӯз, Тиргон ва Сада аз фарҳанги волои ниёгонамон сарчашма гирифта, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардид ва имрӯз ҳамчун ҷузъи муҳими мероси маънавию фарҳангии халқамон таҷлил мегардад.

Меҳргон моро ба қадршиносии заҳмати кишоварзон, истифодаи оқилонаи неъматҳои табиат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ҳидоят менамояд.

Аз ин рӯ, ҳифзу гиромидошти чунин суннатҳои аҷдодӣ ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани онҳо вазифаи пуршарафи ҳар яки мост.

Бо истифода аз ин фурсати нек, бори дигар кулли ҳамдиёрон,ҳамватанони бурунмарзӣ ва деҳқонону кишоварзони мамлакатро бо иди Меҳргон ва Рўзи кормандони соҳаи кишоварзӣ муборакбод намуда, ба ҳар як хонадони кишвар саломатӣ, хушбахтӣ, дастархони фаровон ва зиндагии ободу осуда орзу менамоям.

Бигзор, дар Тоҷикистони маҳбубамон сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша пойдор буда, Ватани азизамон боз ҳам ободу пешрафта гардад.

Ҷашни Меҳргон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

ТАБРИКОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН, АКАДЕМИК ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ МЕҲРГОН

Ҳамдиёрони азиз, олимону кормандони соҳаи илм!

Бо камоли эҳтиром ва самиммияти беандоза ҳамаи ҳамватанони азизамонро ба муносибати ҷашни Меҳргон, ки яке аз ҷашнҳои бузургтарини суннатӣ ва пуршарафи ниёгони тоҷик ба ҳисоб меравад, самимона табрику таҳният мегуям.

Воқеан ҷашни Меҳргон ҳамчун рамзи меҳр, дӯстӣ, вафо, меҳмоннавозӣ ва фаровонӣ дар миёни мардуми ориёитабор ҷойгоҳи хосса дорад. Албатта ин ҷашн нишони арҷгузорӣ ба меҳнати поки деҳқон, шукургузорӣ аз неъматҳои табиат ва таҷассумгари фазои оромиву осудагии ҷомеа мебошад.

Маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар ҷашни бостонии Меҳргон, дар баробари дигар ҷашнҳои миллӣ ва умумихалқӣ, аз нав эҳё гардида, мақоми давлатиро касб намуд. Бо ташаббусу талошҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз Меҳргон ба яке аз ҷашнҳои азизу муқаддаси мардум табдил ёфтааст, ки арзишҳои фарҳанги миллиро боз ҳам равшантар таҷассум менамояд.

Чуноне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд: “Меҳргон ҳамчун ҷашни баракату фаровонӣ ва меҳру меҳрубонӣ дар қалбҳои мардуми ориёитабор ҷой гирифта, ойини вобаста ба мавсими ҷамъоварии ҳосил ва ҷамъбасти самараи заҳмати марди деҳқон мебошад.”

Бо ҳамин ниятҳои нек, бигзор рӯҳи меҳр ва муҳаббат, сулҳу ваҳдат, саодати ободӣ дар қалби ҳар фарди Ватан устувор гардад. Таманно дорам, ки ҳар хонадон пур аз баракат, зиндагии обод ва дастархони ҳама пурфайз бошад. Бори дигар тамоми сокинони кишвари азизамон Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни Меҳргон табрику таҳният хонда, ба ҳамаи онҳо сиҳативу саломатӣ ва рӯзгори осоиштаро таманно дорам.

Ҷашни Меҳргон муборак бошад!

 

Устоди арҷманд ва олими фарзона, Тақдиршоҳ Шарипович!

Аҳли коллективи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шуморо бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён ба муносибати ҷашни зодрӯзатон табрику муборакбод мегӯянд.

Шумо ҳамчун доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва яке аз симоҳои намоёни ҷомеаи илмии мамлакат бо дониши амиқ, таҷрибаи ғанӣ ва масъулияти баланди касбиатон ҳамеша сазовори эҳтироми хоссаи ҳамкорон, шогирдон ва аҳли илми кишвар гардидаед. Осор ва таҳқиқоти бунёдии Шумо дар соҳаи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва қонунгузорӣ барои рушди фазои ҳуқуқии мамлакат аҳамияти беназири илмиву амалӣ доранд.

Ба Шумо, устоди азиз, пеш аз ҳама тансиҳатии бардавом, умри дароз, хотири ҷамъ, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти илмиву эҷодиатон зафарҳои нав ба нав таманно дорем. Бигзор донишу таҷрибаи Шумо ҳамеша чароғафрӯзи роҳи шогирдон ва машъалафзи сӯи адолату илм бошад!

Бо эҳтиром ва таманниёти беандоза,

аҳли коллективи Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ

 

 

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ 05.10.2026

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамзабонони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки ганҷинаи бебаҳои таъриху тамаддун, яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории миллӣ ва бақову пойдории миллату давлат мебошад, самимона табрик мегӯям.

Забони ширину гӯшнавози тоҷикии форсӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик ҳамчун унсури асосии муттаҳидсоз ва ойинаи фарҳангу тамаддуни бостонии мо хизмат кардааст ва имрӯз низ ин рисолати муқаддасро бо тавонмандии бештар иҷро карда истодааст.

Он ҳамчун арзишмандтарин ёдгори аҷдоди ориёии мо дар паҳнои таърихи пур аз шебу фароз, вале пурифтихори худ тавассути андешаву қалами фарзандони фарзонаи миллат ҳама гуна монеаҳоро убур карда, роҳи рушди худро идома бахшидааст.

Забони тоҷикӣ, ки инъикосгару муаррифгари андешаву афкори миллӣ ва арзишу дастовардҳои мо мебошад, гузаштаи пурифтихори моро ба имрӯзи босаодат ва фардои дурахшони миллату давлат пайванди ҷовидонӣ мебахшад.

Ҳамчунин, забони модарии мо ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз руҳи шикастнопазири ниёгону имрӯзиён, нигоштаҳои оламшумули бузургони илму адаб, фарҳангу маънавиёти миллат ва талошҳои созандаву бунёдгаронаи мардуми куҳанбунёди моро дар пайкари хеш таҷассум намудааст.

Дар раванди ҷаҳонишавии арзишҳои фарҳангӣ мо бояд хотираи неки абармардони илму адаби гузаштаамонро, ки дар рушду такомули забони тоҷикии форсӣ ва густаришу пойдории он саҳми бузурги таърихӣ гузоштаанд, пайваста зинда нигоҳ дорем, барои омӯзишу таҳқиқ ва муаррифии шоистаи осори гаронбаҳои онҳо ба аҳли башар кӯшишу талоши бештар намоем.

Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки имрӯзҳо садо додани забони нобу шевои тоҷикӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ гувоҳи ҳастии миллати тоҷик ва пешрафту ободии давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад.

Дар 35 соли соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ бо пуштибониву ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат марҳалаи муҳимми рушдро тай намуда, ҳоло ба василаи асосии иттиҳоду сарҷамъии мардуми мо ва омили муҳимтарини тавсеаву таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷомеа табдил ёфтааст.

Ман ҳанӯз соли 2002 дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат иброз дошта будам, ки ғамхориву пуштибонӣ аз забони давлатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи он ва вусъат бахшидан ба фазои амали ин забони ширину шоирона дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа асоси сиёсати давлатии мо боқӣ мемонад.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030», таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти мамлакат, ба истифода додани китобхонаҳо ва шабакаҳои гуногуни телевизиону радио, роҳандозӣ намудани озмунҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ, нашри фарҳангҳои тафсирию соҳавӣ, чоп ва ба ҳар як оила дастрас намудани «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ва «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, инчунин, дар 50 ҷилд гирдоварӣ кардану таҳти номи «Ахтарони адаб» ба нашри оммавӣ расонидани осори гаронбаҳои гузаштагону муосиронамон аз ҷумлаи иқдомоте мебошанд, ки иқтидори илмиву истеъмолии забонро таҳким мебахшанд ва мақоми онро дар ҷомеа боз ҳам устувор менамоянд.

Ҳамватанони азиз!

Мо дар замоне умр ба сар мебарем, ки илму техника ва технологияҳо, ихтирооту кашфиёт ва зеҳни сунъӣ суръати бесобиқа касб намудаанд.

Ҳама гуна дастоварду кашфиёт ва ихтирооти илмиву техникӣ, пеш аз ҳама, тавассути забон ифода гардида, бо калимаву истилоҳоти махсуси соҳавӣ муаррифӣ мегарданд.

Дар шароити шиддат гирифтани таъсиргузориҳои забонӣ мутахассисони соҳаро зарур аст, ки низоми истилоҳсозии забонро аз ҳисоби имкониятҳои маъноиву луғавии он боз ҳам ғанӣ гардонанд ва дар заминаи захираи луғавии аслии тоҷикӣ истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд.

Истифодаи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет низ аз олимону мутахассисони соҳа талаб мекунад, ки навигариҳои илмиву соҳавиро, бо дарназардошти арзишҳои милливу фарҳангии мардуми тоҷик, ба хотираи он ворид намоянд.

Хотирнишон менамоям, ки забони гуфториву навиштории тоҷикӣ имрӯз ҳамчун падидаи муҳимми шуури миллӣ яке аз омилҳои таҳкимбахши худогоҳиву худшиносии насли наврас ва ҷавонон ба шумор меравад.

Бинобар ин, мо бояд мақоми иҷтимоӣ, зарурати дар сатҳи аъло донистани забон ва эҳтирому бузургдошти забони модариамонро дар миёни кӯдакон ва наврасону ҷавонон ҳанӯз аз зинаҳои аввали таълиму тарбия ҳарчи бештар тарғиб намоем.

Насли наврас ва ҷавонони мо бояд огоҳ бошанд, ки бе донистани забони адабии тоҷикӣ ва риояи қоидаҳои маъноиву дастурии он омӯхтан ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ бисёр мушкил ва ҳатто номумкин аст.

Фарзандони мо бояд дарк намоянд, ки забон на танҳо василаи ибрози андеша, балки падидаи нодири иҷтимоиест, ки дар он таъриху тамаддуни пурифтихор, фарҳангу маънавиёти гаронбаҳои мардумӣ ва эҳсоси баланди худшиносиву ватандӯстӣ нуҳуфтааст.

Вазифаи ҷонии мо – соҳибони аслии забон аст, ки бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ аз он пуштибонӣ кунем, истифодаи дурусту меъёрии онро дар ҳама зинаҳои фаъолият таъмин созем ва забони зебову шевои тоҷикии форсиро дар сатҳи ҷаҳонӣ ба таври арзанда муаррифӣ намоем.

Итминон дорам, ки ҳар нафаре, ки бо ин забони ширину шоирона сухан мегӯяд ва андеша меронад, дар оянда низ ба хотири ҳифзу гиромидошт, поку беолоиш нигоҳ доштан ва тавсеаи фазои истеъмолии он саъйу талош хоҳад кард.

Бори дигар Рӯзи забони давлатиро ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамзабонони бурунмарзиамон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мамлакат рӯзгори ободу осуда ва ба забони нобу ширини тоҷикии форсӣ умри ҷовидон орзу менамоям.

Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

https://president.tj/event/news/57544

Subscribe to Табрикот

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст