МАЪЛУМОТНОМ ДАР БОРАИ ИНСТИТУТ
Муассисаи давлатии "Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" (минбаъд – Институт) мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2025, № 1099 «Дар бораи таҷдиди сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» тавассути тақсим кардани Муассисаи давлатии «Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» таъсис дода шуда, муассисаи илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад. Институт дар фаъолияти худ таҳқиқоти бунёдӣ ва амалиро доир ба масъалаҳои давлат ва ҳуқуқ мегузаронад, дар омода намудани кадрҳои илмии баландихтисос дар самти илмҳои ҳуқуқшиносӣ тадбирҳо меандешад, ҳамкории илм бо амалияро таъмин менамояд.
Институт ҳуқуққабулкунандаи Муассисаи давлатии «Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», дар қисми ваколатҳои марбут ба:
- таҳқиқоти илмҳои ҳуқуқшиносӣ;
- лоиҳаҳои илмӣ дар самти ҳуқуқ;
- рисолаҳои ҳуқуқии анҷомёфта ва нопурра;
- омода намудани магистрон, докторантони PhD, номзадҳои илмӣ, докторӣ, доктори ҳабилат, унвонҷуён;
- дигар ҳуқуқу уҳдадориҳое, ки ба фаъолияти ҳуқуқшиносӣ алоқаманданд, мебошад.
Институт фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, Оинномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 январи соли 2022, № 313, таҳрири нав бо тағйироту иловаҳои аз 6 декабри соли 2025, № 1099), қарорҳои Маҷлиси умумии Институт ва Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Оинномаи худ ба роҳ мемонад.
Институт ҷузъи таркибии сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, ба ҳайати Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дохил мешавад. Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии Институт дар асоси нақшаҳои солонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, Институт, лоиҳаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ки аз ҷониби Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Шурои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ тасдиқ гардидаанд, амалӣ мегардад. Институт вазифаи маркази ҳамоҳангсозии таҳқиқоти илмиро дар соҳаи давлат ва ҳуқуқ ва ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ дар кишвар ба зимма дошта, махзани мавзуҳои таҳқиқотии соҳавиро таъсис медиҳад.
8. Мақоми олии идоракунии Институт Шурои олимони Институт мебошад, ки фаъолияти онро директори Институт роҳбарӣ менамояд. Институт шахси ҳуқуқӣ буда, муҳр ва бланк бо тасвири нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва навиштаҷоти номи Институт, моликияти алоҳида, маблағҳои асосӣ ва мубодилавӣ, тавозуни мустақил, суратҳисоби бонкӣ, аз ҷумла, суратҳисоби асъорӣ ва махсус дорад, метавонад ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ ба даст орад. Фаъолияти Институт аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои махсуси Институт, грантҳои байналмилалӣ ва дохилӣ, хайрияҳо, хизмтрасониҳо ва дигар манбаҳои маблағгузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад. Институт ҳуқуқи идоракунии мустақилона дошта, фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ, таъин ва озод намудани кормандони худро бо тартиби муқарраргардида амалӣ менамояд ва озмунҳо оид ба ишғоли мансабҳои холӣ мегузаронад. Робитаҳои байналмилалии Институт тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Мақсади асосии фаъолияти Институт иҷрои корҳои илмию таҳқиқотии бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаҳои давлат ва ҳуқуқ, таҳияи механизмҳои ташаккул ва амалӣ намудани онҳо, омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ мебошад.
Вазифаҳои асосии Институт:
1) таҳқиқи ҷанбаҳои ҳуқуқии таҳкими соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) таъмини заминаҳои илмии рушди низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) тарҷумаву таҳқиқи осори илмии ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқии ниёгон ва тарғибу ташвиқи меъёрҳои қонунгузорӣ ва падидаҳои муосир;
4) ҷалби неруҳои илмӣ-зеҳнӣ барои рушди самтҳои муҳиммтарини таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ оид ба илмҳои ҳуқуқшиносӣ;
5) омузиш ва ҷамъбасти дастовардҳои илми ҷаҳонии марбут ба тахассуси Институт ва мусоидат ба истифодаи пурраи онҳо;
6) таҳияи пешбиниҳо роҷеъ ба тараққиёти соҳаҳои марбутаи Институт;
7) таҳияи тавсияҳо барои истифодаи натиҷаи таҳқиқоти илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар амалия ва тарғиби донишҳои илмии соҳавӣ;
8) тарбияи кадрҳои илмии баландихтисос дар самти илмҳои ҳуқуқшиносӣ;
9) такмили шаклҳои ташкил ва ҳамоҳангсозии таҳқиқотҳои илмӣ дар самти илмҳои ҳуқуқшиносӣ;
10) гузаронидани экспертизаи ҳатмии илмӣ-ҳуқуқии лоиҳаҳои қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ ва омода намудани хулосаҳо ба лоиҳаҳои санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ;
11) тақризи монография ва дигар осори илмӣ;
12) баромад намудан ба сифати муассисаи пешбари рисолаҳои диссертатсионӣ.
Институт барои иҷрои вазифаҳои ба зиммааш вогузошта дар самтҳои зерин фаъолият менамояд:
1. Дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ:
1) тибқи нақшаи тасдиқшуда таҳқиқоти бунёдӣ ва амалиро анҷом медиҳад;
2) мавзуҳои илмию таҳқиқотӣ ва номгуйи рисолаҳои номзадӣ, докторантони PhD, докторӣ, постдокторантӣ ва магистриро дар соҳаҳои ҳуқуқ тасдиқ менамояд;
3) бурдани таҳқиқотҳои илмӣ ва диссертатсиониро назорат мекунад;
4) дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва муассисаҳо роҷеъ ба истифодаи дастовардҳои илмӣ дар амалия чораҳо меандешад;
5) мунтазам мавзуҳои илмии бунёдӣ, мубрам ва муосипро ҷустуҷу ва таҳқиқ намуда, дар мувофиқа бо Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарии АМИТ дигаргуниҳои заруриро ворид месозад;
2. Дар соҳаи тайёр кардани кадрҳо ва ҳамкорӣ:
1) чораҳои зарурии мукаммал намудани ҳайати илмиро аз ҷумлаи олимони ҷавон ва мутахассисони варзида таъмин менамояд;
2) дар омода намудани кадрҳои илмӣ ва баланд бардоштани тахассуси кормандони илмӣ мунтазам саҳм гузошта, ба мутахассисон ва олимони ҷавон ёрии амалӣ мерасонад;
3) барои таъсис додани шуроҳои диссертатсионӣ ва фаъолияти онҳо тибқи талабот пешниҳодҳо манзур менамояд;
4) дар ҳудуди Тоҷикистон таҳқиқоти илмиро оид ба масъалаҳои давлат ва ҳуқуқ ҳамоҳанг сохта, ба муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ мусоидат менамояд;
3. Дар соҳаи чорабиниҳои илмӣ:
1) шаклҳои гуногуни фаъолияти эҷодии олимонро истифода ва тақвият бахшида, озмуни корҳои илмӣ (лоиҳаҳо, дархостҳо, дастурҳои амалӣ) гузаронида, аз руйи натиҷаи он иҷрои корҳоро назорат менамояд;
2) оид ба масъалаҳои мубрами муосири илми ҳуқуқшиносӣ семинарҳо, конференсияҳо, форумҳо ва симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро ташкил мекунад;
3) аз руйи натиҷаи таҳқиқоти илмӣ воситаи таълимӣ, монография, маҷмуаи мақолаҳои илмӣ ва дигар маводҳои нашриро ба табъ мерасонад;
4) донишҳои илмиро таблиғ намуда, дар бораи дастовардҳои илмии Институт иттилоот интишор менамояд;
4. Дар соҳаи ҳамкории байналмилалӣ:
1) дараҷаи пешрафти таҳқиқоти илмиро дар кишварҳои хориҷӣ меомӯзад, бо муассисаҳои илмӣ ва олимони хориҷӣ робитаи илмиро ба роҳ мемонад;
2) иҷрои корҳои муштаракро бо муассисаҳои илмию таҳқиқотии дигар давлатҳо таъмин менамояд;
5. Дар соҳаи фаъолияти нашриёт ва иттилоот:
1) дар шабакаи интернет сомонаи расмӣ ва саҳифаҳои иттилоотӣ таъсис медиҳад;
2) фаъолияти нашрӣ, аз ҷумла интишори нашрияҳои расмии даврӣ, маҷаллаҳои илмӣ, мубодилаи нашрияҳоро бо институтҳои илмӣ ва китобхонаҳо ташкил мекунад;
3) барои фаъолияти китобхонаи Институт, мунтазам комил гардонидани махзани он ва шароити кор барои муштариёни он чорабинӣ анҷом медиҳад.
Ба сохтори Институт воҳидҳои асосии зерин дохил мешаванд:
1. Мақомоти идоракунии Институт:
1) Маҷлиси умумии кормандон;
2) Шурои олимон;
3) Директори Институт;
4) Муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ;
5) Муовини директор оид ба қисми маъмуриву хоҷагидорӣ;
6) Котиби илмии Институт;
7) Ҳамоҳангсози кор бо магистрон, докторантони PhD ва унвонҷӯён.
2. Воҳидҳои илмӣ-таҳқиқотӣ:
1) Шуъбаи масоили мубрами илмҳои ҳуқуқи конститутсионӣ;
2) Шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосир;
3) Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқ;
4) Шуъбаи илмҳои ҳуқуқи хусусӣ;
5) Шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалӣ;
6) Шуъбаи илмҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, мурофиавӣ ва фаъолияти судӣ;
6) Бахши масоили мубрами ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ;
7) Бахши танзими ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ;
8) Маркази илмӣ-таҳқиқотии мониторинги ҳуқуқӣ.
19.3. Воҳидҳои ёридиҳанда ва таъминотӣ:
1) Шуроҳои диссертатсионӣ;
2) Шурои олимони ҷавон;
3) Шурои занон;
4) Иттифоқи касабаи кормандон.
4. Воҳидҳои маъмурӣ-молиявӣ:
1) Сармуҳосиб;
2) Муҳосиб-иқтисодчӣ;
3) Нозири калони шуъбаи кадр;
4) Котибаи директор;
5) Ҳайати кормандони хизматрасонӣ.
Айни ҳол дар Институт шумораи умумии кормандон – 48 нафар = 32 нафар шататӣ – 16 нафар ҳамкор.
Кормандони соҳиби дараҷа – 25 нафар
1 нафар академики АМИТ
1 нафар узви вобастаи АМИТ
16 нафар доктори илм = 9 нафар доктори илм шататӣ – 6 номзади илм –
9 нафар номзади илм.
Дар 6 моҳи фаъолият Институт ба дастоварҳои зерин ноил гардид:
1. Маводҳои Институт - 291 - корҳои илмӣ аз ҷумла, 14 – монография, 3 китоби дарсӣ, 2– воситаи таълимь, 272- мақолаҳои илмӣ аз онҳо 47 мақола дар маҷаллаҳои тақризшаванда ва 113- мақолаи илмӣ дар конференсияҳо ва манбаъҳои дигари илмӣ, инчунин 105 мақолаҳои илмию оммавӣ, 7- мақола дар маҷаллаҳои хориҷи кишвар
2. Омода кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ – 10 нафар рисолаи милӣ ҳимоя намуданд:
1 нафар рисолаи докторӣ
9 нафар рисолаи номзадӣ
3. Фаъолияти шуроҳои диссертатсионии назди муассиса
1 Шурои дисертатсионӣ аз руи 2 ихтисос 7 ҷаласаи баргузор намуд, дар он 3 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя карданд
4.Ҳамкории илмии Институт:
а) да сатҳи ҷумҳуриявӣ бо 13 марказҳои гуногун
б) дар сатҳи байналмиллалӣ бо 11 марказҳои гуногуни байналмиллалӣ
5. Фаъолияти Шурои олимони Институт ва ҷаласаҳои Институт:
2 маҷлиси умумии кормандон
2 ҷаласаи Шурои олимон
6 маҷлиси назоратии назди директори Институт
6.Баргузории чорабиниҳои илмӣ – 6 ҳамоиши илмӣ:
1 семинари илмӣ
1 миззи мудаввар
4 конфресияи ҷумҳуривӣ
7. Иштирок дар чорабиниҳои илмӣ - 12 чорабинии илмӣ иштирок карданд
8. Корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ - 100 маротиба дар корҳои ташвиқоти иштирок карданд.
9. Хулоса ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ - 32 адад