НИЗОМИ ҲУҚУҚИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳуқуқи конститутсионии ҳар як мамлакат дар алоқамандӣ бо муносибатҳои ҷамъиятии ба соҳаи мазкур робитадошта, низоми ба худ хос дорад. Ва низоми мазкур вобаста ба ҷойи намоёни ҳуқуқи конститутсионӣ дар байни соҳаҳои ҳуқуқи миллӣ таркиби муайян дорад. Албатта ҷойи намоёни ҳуқуқи конститутсионӣ дар байни соҳаҳои ҳуқуқ мазмуни аз дигар соҳаҳои ҳуқуқи миллӣ боло ё бартарӣ доштани онро ифода намекунад. Ҳар як соҳаи ҳуқуқ тибқи мазмун ва таъйиноти муносибатҳои ҷамъияти ҳуқуқии танзимкунанда, дар низоми ҳуқуқии миллӣ ҷойи ба худ хос дошта, баробари такмилёбӣ ва таъмини рушд ба мукаммалгардӣ ва инкишофи дигар соҳаҳои ҳуқуқи миллӣ мусоидат менамояд. Ва ҳамаи соҳаҳои ҳуқуқи миллӣ бо якдигар дар алоқамандӣ ва пайвастагӣ амал мекунанд.
Аммо тибқи маҷмӯаи муносибатҳои ҷамъиятии ҳуқуқи конститутсионӣ, ки тавассути меъёрҳои ҳуқуқии конститутсионӣ танзим карда мешаванд, соҳаи мазкур хусусияти намоёнӣ пайдо мекунад. Чунки муносибатҳои ҳуқуқии конститутсионӣ дар байни дигар муносибатҳои ҷамъиятии ҳуқуқӣ хеле муҳим ва муайянкунанда мебошанд. Меъёрҳои онҳоро танзимкунандаи ҳуқуқии конститутсионӣ барои дигар соҳаҳои ҳуқуқи миллӣ сарчашмаи асосӣ ба ҳисоб мераванд. Зеро ки онҳо дар заминаи Конститутсия қарор гирифта, баробари такмилёбии он мукаммал ва ривоҷ меёбанд.
Низоми ҳуқуқи конститутсионии ҶТ дар асоси Конститутсияи соли 1994 бо тағйироту иловаҳои солҳои 1999, 2003 ва 2016 қарор ёфтааст. Он аз боби сохтори конститутсионӣ оғоз меёбад ва дар он усулҳои асосии сохтори иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳудудии давлат муайян ва танзим карда шудаанд. Дар ин боб шакли идоракунии ҶТ, шакли сохтори давлатӣ, моҳияти давлат, соҳибихтиёрии давлат, рамзҳои давлатӣ, заминаҳои асосии муносибати давлат бо инсон ва шаҳрванд, соҳибихтиёрии халқ ва шаклҳои зуҳуроти он, тақсимоти маъмурии ҳудудӣ, тақсимнашаванда ва дахлнопазирии он, дар асоси гуногунандешии сиёсию мафкуравӣ инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятӣ, усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, эътибори олии ҳуқуқии Конститутсия ва таносуби он бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон, асоси иқтисодии давлат, шаклҳои моликият ва объектҳои моликияти истисноии давлат муайян ва танзим карда шудаанд.
Боби дуюми Конститутсия ба танзими вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Дар он асосҳои шаҳрванди ҶТ донистани шахс, вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, ҳуқуқҳои фитрии инсон, ҳуқуқҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии инсон ва шаҳрванд, кафолатҳои онҳо, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, маҳдудияти ҳуқуқу озодиҳо дар вазъияти фавқулода танзим ёфтаанд.
Бобҳои 3-9 Конститутсияи ҶТ тартиби ташкили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, намудҳо ва низоми онҳо, шаклҳои фаъолият ва салоҳият, санадҳои ҳуқуқии онҳоро танзим намуда, мақомоти худидоракуниро дар шаҳрак ва деҳот — Ҷамоат муайян карда, тавассути қонун танзим намудани тартиби ташкилёбӣ, салоҳият ва фаъолияти онҳоро муқаррар кардаанд. Дар бобҳои мазкур доир ба саволҳои дар асоси кадом усулҳо ташкил ёфтани ҳокимияти давлатӣ, аз кадом шохаҳо иборат будани мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дар кадом замина қарор гирифтани ҳамкории байни онҳо, робитаи байни мақомоти олӣ ва маҳаллии ҳокимияти намояндагӣ ва мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти иҷроия, тарзи амалӣ намудани адолати судӣ ва назорати прокурорӣ ҷавоб пайдо кардан мумкин аст. Дар ин бобҳо ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон, низоми интихобот, усулҳои асосии ташкил ва гузаронидани интихобот дар ҳадди муайян танзим карда шудаанд. Дар боби ҳафтуми Конститутсия вазъи конститутсионии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, қисми таркибии ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон будани он ва чанде ҳуқуқҳои мухтории он танзим ёфтаанд.
Боби даҳуми охирини Конститутсия тартиби тағйири Конститутсия, масъалаҳои бо роҳи раъйпурсӣ тағйиру иловаҳо дохил кардан ба он, субъектони ҳуқуқи масъалагузорӣ дар бораи гузаронидани раъйпурсӣ ва мӯҳлати дар матбуот чоп кардани тағйиру иловаҳоро муайян кардааст. Дар моддаи охирини ин боб арзишҳое, ки тағйирнопазиранд, муайян карда шудаанд. Гарчи меъёри моддаи садум ба таъйиноти асосҳои сохтори конститутсионӣ робита дорад, бо вуҷуди ин, он дар моддаи охирини Конститутсия танзим карда шудааст.
Дар низоми таркиби Конститутсияи ҶТ қисми муқаррароти интиқолӣ мавҷуд аст, ки дар хусуси мазмун ва таъйиноти он аллакай ибрози назар карда будем.
Низоми ҳуқуқи конститутсионии ҶТ ҳамчун соҳаи намоёни ҳуқуқи миллӣ бо таркиби Конститутсияи ҶТ узван пайваста аст. Бо вуҷуди ин, ҳуқуқи конститутсионӣ меъёр ва ҳолатҳои конститутсиониро дар алоқамандӣ бо таҷрибаи дар амал татбиқ шудани онҳо меомӯзад. Бинобар ин, дар он ғайр аз меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ, инчунин низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҷамъиятии аҳамияти конститутсионӣ дошта, масъалаҳои назариявии мавзӯъҳои мазмуни ҳуқуқи конститутсионӣ, муносибатҳо ва меъёрҳои ҳуқуқии конститутсионӣ, сарчашмаҳо ва низоми ҳуқуқи конститутсионӣ, давраҳои ташаккулёбии сохтори конститутсионӣ, мукаммалгардӣ ва такмили меъёрҳои ҳуқуқи конститутсиониро дар бар мегирад.
Низоми боздорӣ ва мувозина (аз англ. the checks and balances system) — яке аз намунаҳои махсуси тарҳи амалии низоми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Низоми мазкур дар Конститутсияи ИМА 1787 танзим ёфта, ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ на фақат аз самти ташкилӣ ҷудо карда шудаанд, балки расман ва пурра онҳо ба якдигар вобаста нестанд ва ҳар як шохаи ҳокимият дорои ваколатҳое мебошад, ки имкони назорат ва маҳдуд кардани ҳокимияти дигарро дорад. Дар Конститутсияи ИМА ибораи «низоми боздорӣ ва мувозина» истифода нашудааст, аммо роҳҳалҳои он дар фаслҳои 2, 3, 4, 7-и фасли 1 моддаи 2 ва ғайраҳо хеле муфассал ба кор бурда шудааст. Ҳеҷ як аз шохаҳои ҳокимият на расман ва на амалан волоият надорад, низоми мазкур дар ИМА зиёда аз дусаду сию шаш сол инҷониб устувории низоми сохтори конститутсионии Амрикоро таъмин менамояд. Низоми мазкур воситаи пешгирии дар ихтиёри як шохаи ҳокимият ҷамъ омадани тамоми ҳокимияти давлатӣ ва роҳ надодан ба таъсисёбии ҳокимияти истибдодӣ, тоталитарӣ мебошад.
Низоми боздорӣ ва мувозина бо усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар алоқамандӣ вуҷуд дошта, амал мекунад. Тавассути меъёрҳои конститутсионӣ доираи ваколатҳои мақомоти намояндагӣ, иҷроия ва судӣ равшан муайян карда шуда, имкони ивазкунӣ ва ё мудохила ба кори ҳамдигар истисно карда мешавад. Ҳамзамон низоми мазкур бо якдигар дар алоқамандӣ ва робитаи корӣ амал кардани онҳоро инкор намекунад.
Тибқи дар конститутсияҳои давлатҳои пасошӯравӣ пешбинӣ кардани усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, масъалаи аз рӯи кадом намуна танзим кардани низоми боздорӣ ва мувозина масъалаи хеле мубрам гардид. Ва ҳар яки онҳо тибқи роҳу воситаҳои ба сохтори сиёсии онҳо хос низоми мазкурро танзим намуданд. Хусусияти асосии онҳо дар ин аст, ки ба Президенти мамлакат функсияи мутобиқгардонии фаъолияти ҳар се шохаи ҳокимияти давлатӣ, бо розигии ӯ интихоб ва озод кардани шахсони мансабдори интихобии давлатӣ, таъйин ва озод кардани сардорони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, намояндагии давлат дар муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии мамлакат ва ғайра гузошта шудааст.
Таҷзияи ҳокимияти давлатӣ — яке аз усулҳои асосии конститутсионии таъсиси давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошад. Тибқи он ҳар як мақомоти давлатӣ аз рӯи таркиб ва вазифаҳои худ муайян буда, салоҳияти хос доранд, ки ҳукмфармоии яке аз мақомотро аз болои дигарҳо ва мудохилаи худсаронаи онҳоро ба фаъолияти якдигар истисно менамояд. Ҳамчунин ҷой доштани низоми муносибатҳои назоратии байниҳамдигарии мақомоти давлатии ҳамдигарро мувозинакунанда ба ин усул хос аст. Ҳамин тавр, усули мазкур ҳам аҳамияти функсионалӣ (таъмини самаранок ва оқилонаи низоми идоракунӣ дар асоси тахассуси мақомоти давлатӣ) ва ҳам сиёсӣ (мавҷуд будани кафолатҳои муқобили майлони худсарӣ ва ғасби ҳокимият) дорад.
Ғояи таҷзияи ҳокимияти давлатиро ҳанӯз дар давраи қадим Аристотел (384-322 то эраи нав) ифода карда буд. Кор кардабароии ин ғоя дар асри 18 аз тарафи олими франсуз Ш.Монтескё (1689-1755) асоснок карда шуда, конститутсионалистони амрикоӣ А.Гамилтон (1757-1804) ва Э.Медисон (1751-1836) онро дар Конститутсияи ИМА соли 1789 аз самти ҳуқуқӣ танзим намуданд. Таъйиноти асосии ғояи мазкур пешгирии ташаккули ҳокимияти яккасардорӣ ва дар кори ба мақсад мувофиқ ба роҳ мондани низоми ҳамкории байни шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, ба суиистифода аз он роҳ надодан аст.
Таҷрибаи ҳозира чандин тарҳи ҳуқуқии татбиқи таҷзияи ҳокимиятро медонад. Хусусиятҳои ба онҳо хос тавассути шаклҳои гуногуни идоракунӣ ифода меёбанд. Мисоли равшани он хеле қатъӣ ва пайдарпай дар шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ татбиқ гардидани он мебошад. Ин омил дар Конститутсияи ИМА соли 1787 аз ҳама бештар зоҳир ёфта, ҳокимияти қонунгузорӣ ба Конгресс, иҷроия ба Президент, судӣ ба Суди Олӣ ва судҳои поёнии Конгресс таъсисдиҳанда тааллуқ дорад. Ҳокимияти иҷроия дар назди парлумон аз самти сиёсӣ ҷавобгарӣ надорад, парлумон бошад пароканда карда намешавад. Конгресс ва Парлумон ваколатҳоро аз корпуси интихобкунандагон гирифта, ба якдигар вобаста нестанд. Судяҳо бо иштироки шохаҳои ҳокимияти қонунгузорӣ ва иҷроия таъйин мегарданд ва новобастагии судҳо аз ҳардуи ин шохаҳо тавассути якумра таъйин гардидан амалӣ карда мешавад. Онҳо ба монанди шахсони мансабдори олии давлатӣ (аз ҷумла Президент) фақат дар натиҷаи расмиёти импичмент, ки палатаҳои Конгресс амалӣ менамоянд, дар ҳолати содир кардани хиёнат ё дигар ҷинояти вазнин аз кор холӣ карда мешаванд. Чунин тарҳи робитаи дутарафа бо низоми «боздорӣ ва мувозина» маълум мебошад.
Дар мамлакатҳои парлумонӣ (ҷумҳурӣ ва подшоҳӣ) тарҳи дигари таҷзияи ҳокимияти давлатӣ амал мекунад. Ҳокимияти қонунгузорӣ ва иҷроия метавонанд услубҳои сиёсии контроли ҳамдигарӣ дар намуди аз тарафи парлумон нобоварӣ изҳор кардан ба ҳукумат ва имкони пароканда кардани парлумон (одатан палатаи поёнии онро) дар ҳолати изҳори чунин нобоварӣ ва ё рад кардани он, фаъолона ба кор баранд. Довар дар низои сиёсии байни онҳо сарвари давлат мебошад, ки ҳуқуқи қабули қарор дар бораи ваколати кадом шохаи ҳокимиятро пеш аз мӯҳлат қатъ намудан дорад.
Шакли идоракунии давлат — омили муҳимтарин, аммо на ягонаи мазмун ва маънои чуқури татбиқи усули таҷзияи ҳокимиятро муайянкунанда аст. Амалӣ намудани он ба вазъияти муайяни таърихии дар мамлакат ба вуқӯъ пайваста, анъанаҳои демократӣ, низоми ҳизбӣ, реҷаи давлатӣ, сатҳ ва типи фарҳанги сиёсии аҳолӣ ва ғайра вобаста аст. Эътирофи усули мазкур дар сатҳи сиёсӣ ва қонунгузории Тоҷикистон ба қабули Эъломияи соҳибихтиёрии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 ва тағйиру иловаҳо ба он аз 9 сентябри соли 1991, илова ба Конститутсияи ҶТ соли 1978 робита дошта, минбаъд дар моддаи 9 Конститутсияи ҶТ соли 1994 мавқеи устувор пайдо кардааст.
Дар маҷмӯъ, низоми ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун соҳаи намоёни ҳуқуқи миллӣ маҷмӯаи меъёрҳо, институтҳо ва муносибатҳои ҳуқуқиеро дар бар мегирад, ки асосҳои сохтори конститутсионӣ, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатиро танзим менамоянд. Низоми мазкур дар асоси Конститутсияи соли 1994 бо тағйироту иловаҳои солҳои 1999, 2003 ва 2016 қарор ёфта, аз боби сохтори конститутсионӣ оғоз меёбад ва тамоми ҷанбаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатиро фаро мегирад.
Таҳлили гузаронидашуда нишон медиҳад, ки ҳуқуқи конститутсионӣ дар байни соҳаҳои ҳуқуқи миллӣ ҷойи хоса дошта, меъёрҳои он барои дигар соҳаҳои ҳуқуқ сарчашмаи асосӣ ба ҳисоб мераванд. Низоми ҳуқуқи конститутсионии ҶТ на танҳо меъёрҳои Конститутсияро дар бар мегирад, балки низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, муносибатҳои ҷамъиятии аҳамияти конститутсионӣ дошта ва масъалаҳои назариявии онҳоро низ фаро мегирад.
Усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ва низоми «боздорӣ ва мувозина» яке аз принсипҳои асосии таъсиси давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошанд, ки дар Конститутсияи ҶТ мавқеи устувор пайдо кардаанд. Ҳамзамон одатҳои конститутсионӣ ҳамчун қоидаҳои дар таҷриба пайдошуда дар амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ нақши муҳим мебозанд ва метавонанд бо мурури вақт ба меъёрҳои конститутсионӣ табдил ёбанд.
Дар маҷмӯъ, низоми ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми мукаммал ва рушдёбанда буда, ба таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, устувории давлатдорӣ ва рушди ҷомеаи демократӣ мусоидат менамояд. Такмили минбаъдаи он бояд ба принсипҳои илмӣ, таърихӣ ва амалӣ асос ёбад ва ба талаботи замон ҷавобгӯ бошад.
Зоир Ҷурахон Маҷидзода – мудири шуъбаи масоили мубрами илмҳои ҳуқуқи конститутсионии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.
Ашӯрбой Имомов - ходими пешбари илмии шуъбаи масоили мубрами илмҳои ҳуқуқи конститутсионии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор