Шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалӣ
Шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқ аз 3 январи с.2006 таъсис ёфтааст. Аз соли 2011 то соли 2025 Институти давлат ва ҳуқуқ бо Институти фалсафа ва сиёсатшиносӣ муттаҳид гардид. Аз декабри соли 2025 Институти давлат ва ҳуқуқ аз таркиби Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ҷудо шуда, мустақилона фаъолият мекунад.
Дар Шуъба 7 нафар ходимони илмӣ мавҷуд буда, аз ҷумла 1 мудири шуъба, 1 сарходими илмӣ, 1 ходими пешбари илмӣ, 1 ходими калони илмӣ, 1 ходими илмӣ ва 1 лаборанти калон бо кори илмӣ-таҳқиқотӣ машғул мебошанд.
Роҳбарии Шуъбаро аз оғоз то имрӯз доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҷабов Саидумар Одинаевич ба уҳда дорад. Ӯ рисолаи доктории худро соли 2008 дар Донишгоҳи Дӯстии Халқҳои Россия дар мавзуи “Имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои назариявӣ ва амалӣ» аз ихтисоси 12.00.10 – ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи аврупоӣ ҳимоя намудааст.
Сарходими илмии Шуъба, д.и.ҳ. Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло дар мавзуи “Танзими ҳуқуқии муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария ва амалия” аз ихтисосҳои 12.00.10 – ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи аврупоӣ ва 12.00.05 – ҳуқуқи меҳнат; ҳуқуқи таъмини иҷтимоӣ рисолаи докторӣ навишта, 15 октябри с.2025 ҳимоя намудааст.
Ходими пешбари илмии Шуъба Ҷабборов Фарҳодҷон Нозимович рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Режими ҳуқуқии истифодаи обҳои транссарҳадӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» аз рӯи ихтисоси 12.00.10 – ҳуқуқи байналмилалӣ; ҳуқуқи аврупоӣ дар Шурои диссертатсионии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Русия бо муваффақият ҳимоя намуд (с.2020).
Ходими калони илмии Шуъба (0,5 басти корӣ) Идизода Файзалӣ Фузайлшо дар мавзуи «Асосҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии иштироки созмонҳои байналмилалӣ дар ҳалли низоъ дар Тоҷикистон» рисолаи номзадиро аз рӯи ихтисоси 12.00.10 – ҳуқуқи байналмилалӣ; ҳуқуқи аврупоӣ дар Шурои диссертатсионии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Русия бо муваффақият ҳимоя намуд (с.2011).
Ходими калони илмии Шуъба (0,5 басти корӣ) Назарзода Давлатхон Қурбонмурод дар мавзуи «Санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар низоми сарчашмаҳои танзими ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи номзадиро аз рӯи ихтисоси 12.00.10 – ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи аврупоӣ дар ДМТ бомуваффақият ҳимоя намуд (с.2022).
Ходими илм Амирхониён Малика Амирхон аз соли 2026 дар Шуъба ба кор қабул шуда, дар мавзуи «Стандартҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳои занон ва татбиқи онҳо дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ихтисоси 5.5.10 - ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи аврупоӣ рисолаи номзадӣ менависад.
Лаборанти калони Шуъба Насимова Басонат Насриддиновна
аз соли 2021 кор мекунад.
Солҳои 2008-2012 Шуъба дар мавзуи илмӣ-таҳқиқотии «Проблемаҳои актуалии назария ва амалияи ҳуқуқи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (рақами қайди давлатӣ - 0109ТJ784 аз 20.02.2009), солҳои 2013-2017 «Асосҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии таъмини сулҳ, амният ва мубориза бо ҷинояткорӣ: таносуби ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ» (рақами қайди давлатӣ - 0113TJ00312 аз 23.04. с.2013), солҳои 2019-1024 «Пайдоиш ва инкишофи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» (рақами қайди давлатӣ - 0119TJ00995 аз 07.05. с.2019), солҳои 2025 – 2029 «Масоили актуалии ҳуқуқи робитаҳои беруна» (рақами қайди давлатӣ 0125TJ1673 аз 03.03.с.2025) фаъолият менамояд.
Дар солҳои 2006-2025 аз ҷониби ходимони илмии Шуъба як қатор корҳои илмӣ, аз ҷумла 17 монографияҳо, 6 китоби дарсӣ, 12 воситаи методии таълимӣ, 2 брошюра ва 434 мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои ватанию хориҷӣ дар ҳаҷми беш аз 400 ҷ.ч. таҳия ва ба нашр расиданд.
Кормандони илмии Шуъба дар шуроҳои диссертатсионӣ фаъолона иштирок менамоянд. Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҷабов С.А. раиси шурои диссертатсионии 6D.КОА-О76 КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисоси 12.00.10 - ҳуқуқи байналмилалӣ; ҳуқуқи аврупоӣ ва 12.00.05 – ҳуқуқи меҳнат; ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ мебошад. Ҳамчунин ходимони калони илмии Шуъба н.и.ҳ. Идизода Ф.Ф., н.и.ҳ. Назарзода Д.Қ. узви Шурои диссертатсионӣ ва д.и.ҳ.Маҳмадуллозода Н.Р. ба ҳайси котиби шурои диссертатсионии мазкур бо муваффақият фаъолият доранд. Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҷабов С.А. ҳамчунон узви Шурои диссертатсионӣ 73.1.006.03 дар назди КОА-и Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия аз ихтисоси 23.00.04 – проблемаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ: инкишофи глобалӣ ва минтақавӣ; 23.00.06 – конфликтология низ мебошад.
Дар давоми солҳои фаъолият як қатор аспирантон ва унвонҷӯён аз ихтисосҳои 12.00.10 – ҳуқуқи байналмилалӣ; ҳуқуқи аврупоӣ ва 12.00.05 – ҳуқуқи меҳнат; ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ ва 23.00.04 – проблемаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ: инкишофи глобалӣ ва минтақавӣ; 23.00.06 – конфликтология (Идизода Ф.Ф., Назиров Б.Т., Ҷабборов Ф.Н., Раҷабов Ф.Н., Назарзода Д.Қ., Абилов С., Ахмедов Э.Ю., Ғайбуллозода Л.И., Махмадова Ф.А., Одиназода Н.Ҳ. рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ (Маҳмадуллозода Н.Р.) ҳимоя намуданд.