Шуъбаи илмҳои ҳуқуқи хусусӣ
Шуъбаи ҳуқуқи хусусии Институт 04 ноябри соли 2011 бо Фармони № 6 Шӯрои илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ таъсис дода шудааст. Дар давоми кори шуъба якчанд равандҳои мубрами назариявӣ ва амалиявии муносибатҳои ҳуқуқии хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳқиқи илмӣ қарор дода шудааст. Шуъба дар давоми понздаҳ соли охир бевосита бо масъалаҳои интихоби роҳҳои назариявӣ-методологии масъалаи танзими ҳуқуқии муносибатҳои хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул аст.
Ҳадафи асосии фаъолияти таҳқиқотии шуъба аз омӯзиши масъалаҳои мубрами ҳуқуқи хусусӣ, тайёр намудани ходимони илмии баландихтисос, омӯзиш ва коркарди консепсияҳои илмӣ ва лоиҳаҳои қонунҳое, ки муносибатҳои ҳуқуқиро ба танзим медароранд, иборат аст.
Дар шуъба таҷрибаи илмии калон ба даст оварда шуда, ҳамчунин ҳайати мутахассисони баландихтисос ба таҳқиқоти илмӣ-назариявӣ дар соҳаи ҳуқуқи хусусӣ машғуланд. Онҳо мутахассисони соҳаи ҳуқуқи маданӣ, оилавӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ ва ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ мебошанд. Дар шуъба панҷ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, як номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ фаъолият мебаранд. Ҳама кормандони илмии шуъба таҷрибаи бисёрсолаи илмӣ-педагогӣ доранд. Натиҷаи кори таҳқиқотии шӯъба дар соҳаи ҳуқуқи хусусӣ ва амалияи батанзимдарории муносибатҳои хусусӣ зиёда аз 500 мақолаҳои илмӣ мебошад, ки дар маҷаллаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва ҳам дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Италия ба чоп расидаанд. Ғайр аз ин, 16 монографияи илмӣ, 17 китоби илмӣ, 8 китоби дарсӣ, 6 воситаи таълимӣ ба чоп расидаанд, ки дар ин асарҳои илмӣ равияҳои нави илмӣ-методологӣ оид ба омӯзиши назария ва амалияи батанзимдарории муносибатҳои хусусӣ пешниҳод гаштаанд. Дар давоми кори шӯъба 37 рисолаи номзадӣ ва 6 рисолаи докторӣ дифоъ шудааст. Дар давоми таҳқиқот дар шӯъба назарияи мукаммали омӯзиши муносибатҳои ҷамъиятӣ дар фазои маҷозии Интернет гузаронида шудааст. Дар натиҷа парадигмаи нави назарияи Интернет коркад шуда, бо номи “Назарияи дунамудии Интернет” ба илми ҳуқуқ пешниҳод гардидааст. Кормандони шуъба иҷрокунандаҳои бевоситаи лоиҳаи нави Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ» мебошанд. Инчунин кормандони шӯъба коршиносони қонунгузорӣ дар соҳаи муносибатҳои хусусӣ мебошанд.
Ҳайати кормандони шӯъба:
Мудири шӯъба – д.и.ҳ. Абдуҷалилов
Ходимони шӯъба:
Маҳмудзода М.А., сарходими илмӣ, академик, д.и.ҳ., профессор,
Раҳимзода М.З., сарходими илмӣ, узви вобастаи АМИТ, д.и.ҳ., профессор,
Шонасридинов Н., ходими пешбари илмӣ, н.и.ҳ, дотсент,
Сангинзода Дониёр, ходими пешбари илмӣ, д.и.ҳ., профессор,
Қурбонов Қ., ходими пешбари илмӣ, д.и.ҳ., дотсент.