Skip to main content

ТАҶРИБАИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ ОИД БА ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ

Дар асри рақамисозии ҷаҳонӣ зеҳни сунъӣ ба яке аз муҳаррикҳои асосии пешрафти илм табдил ёфтааст. Имрӯз мо дар марҳилае қарор дорем, ки марзҳои байни тафаккури инсонӣ ва қобилияти ҳисоббарории мошинҳо торафт бориктар мешаванд. Барои муҳаққиқ ва олими тоҷик масъалаи асосӣ на танҳо азхудкунии технология, балки ҳифзи асли хештаншиносии илмӣ дар баробари истифодаи ин воситаи пуриқтидор мебошад. Дуруст дарк кардани ин мувозинат вазифаи муҳимтарини илми муосир аст. Зеро бе танзими дақиқи ҳуқуқӣ ва меъёрҳои возеҳ муҳаққиқон ва олимон метавонанд сарҳади байни кори асили зеҳнии худ ва маҳсули техникии мошинро гум кунанд.

765645Таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки зеҳни сунъӣ дар илм нақши ёрдамчии бофаҳмро мебозаду ҷойгузини муҳаққиқ ва олим намебошад. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низоми коркарди маълумот ба муҳаққиқон имкон медиҳанд, ки дар муддати соатҳо ҳаҷми азими иттилоотро таҳлил кунанд, ки қаблан солҳо тӯл мекашид. Аммо дар онҷо як принсипи муҳим амал мекунад — масъулияти ниҳоии натиҷаҳои таҳқиқот ҳамеша бар дӯши муҳаққиқ ва олим аст. Ин принсип дар санадҳои танзимкунандаи ин кишвар, аз сатҳи донишгоҳҳо то муассисаҳои федералӣ пайваста таъкид мегардад.

Олмон роҳи ҷолиберо пеш гирифтааст. Донишгоҳҳои ин кишвар платформаҳои махсуси таҳлили адабиёти илмиро ҷорӣ кардаанд, ки ба муҳаққиқ ва олим дар пайдо кардани робитаҳои ниҳонии байни падидаҳои гуногун кумак мерасонанд. Чунин равиш ба муҳаққиқ имкон медиҳад, ки бештар на ба ҷустуҷӯи механикии манбаъҳо балки ба фаҳмиши амиқи масъала машғул шавад. Фонди илмии Олмон дар тавсияи худ дарҷ намудааст, ки зеҳни сунъӣ танҳо василаест барои озод кардани замон ба хотири эҷодкории ҳақиқӣ.

Таҷрибаи Чин ҳамчун кишваре, ки суръати баланди рушди технологиро дорад, барои мо аҳамияти махсус дорад. Дар инҷо марказҳои миллии таҳқиқотӣ тавонистанд моделеро созанд, ки дар он зеҳни сунъӣ корҳои техникиро иҷро мекунад, аммо самти таҳқиқот, пешниҳоди фарзияҳо ва арзёбии натиҷаҳо комилан дар ихтиёри олим боқӣ мемонад. Олимони чин ба ин хулоса расидаанд, ки самараноктарин ҳамкории тафаккури инсонӣ бо мошин аст, на рақобати онҳо.

Кишварҳои Скандинавия бошанд, ба ҷанбаи ахлоқии масъала диққати бештар медиҳанд. Дар Шветсия ва Норвегия кодексҳои махсуси ахлоқӣ таҳия шудаанд, ки истифодаи масъулиятноки зеҳни сунъиро дар илм танзим мекунанд. Онҳо ба олимон тавсия медиҳанд, ки ҳамеша сарчашмаҳои додаҳоеро, ки зеҳни сунъӣ истифода мебарад, тафтиш кунанд ва ба натиҷаҳои пешниҳодкардаи мошин мунақидона муносибат намоянд.

Гузариш ба баррасии мушаххаси равишҳои давлатҳои хориҷӣ барои фаҳмиши амиқтари масъала зарур аст. Таҳлил нишон медиҳад, ки дар ҳеҷ як низоми ҳуқуқии пешрафта меъёрҳои расмии муайянкунандаи фоизи дақиқ барои истифодаи зеҳни сунъӣ дар илм вуҷуд надоранд. Ба ҷойи ин, принсипҳои умумӣ, механизмҳои худидоракунии ҷомеаи илмӣ ва фарҳанги шаффофият амал мекунанд.

Масалан қонунгузории ИМА дар самти истифодаи зеҳни сунъӣ дар илм то ҳол меъёри ягонаи фоизиро дар сатҳи федералӣ муқаррар накардааст. Танзим асосан дар сатҳи муассисаҳои илмӣ ва нашриётҳои пешбар сурат мегирад. Донишгоҳҳои пешбари амрико, аз қабили Донишгоҳи Стэнфорд ва Донишкадаи технологии Массачусетс дар сиёсати дохилии худ таъкид мекунанд, ки ҳангоми истифодаи зеҳни сунъӣ дар мақолаҳои илмӣ, масъулияти ниҳоии матн ва хулосаҳо бар дӯши муаллиф аст. Тамоюли умумӣ дар он аст, ки ҳар гуна истифодаи зеҳни сунъӣ дар корҳои илмӣ бояд шаффоф бошад ва дар бахши методологияи таҳқиқот ифшо гардад.

Иттиҳоди Аврупо дар ин самт муносибати сохториро пеш гирифтааст. Санади асосии танзимкунанда — Қонуни ИА дар бораи зеҳни сунъӣ барои низомҳои зеҳни сунъӣ, аз ҷумла онҳое, ки дар таҳқиқот истифода мешаванд, талаботи шаффофиятро муқаррар мекунад. Принсипи калидӣ дар он аст, ки натиҷаи фаъолияти низоми зеҳни сунъӣ набояд ба сифати кори комилан инсон пешниҳод карда шавад. Ин санад ягон фоизи мушаххасро барои корҳои илмӣ муқаррар намекунад, балки ба ифшо ва масъулиятшиносӣ таъкид менамояд.

Давлати Олмон ҳамчун яке аз пешбарандпи илми аврупо равиши сахтгирона дорад, ки он низ ба фоизҳо асос наёфтааст. Ҷамъияти илмии Олмон соли 2023 принсипҳои асосии истифодаи зеҳни сунъиро дар илм нашр кард. Мавқеи олмониҳо аз он сарчашма мегирад, ки кори илмӣ пеш аз ҳама инъикоси тафаккури интиқодии муҳаққиқ аст. Аз ин рӯ, истифодаи зеҳни сунъӣ дар қисматҳои эҷодии кор, бахусус дар рисолаҳои докторӣ, маҳдуд карда мешавад ва бояд аз ҷониби роҳбари илмӣ тасдиқ гардад.

Ҷумҳурии Халқии Чин ба муассисаҳои таҳқиқотӣ дастур додааст, ки сиёсати дохилии истифодаи зеҳни сунъиро таҳия кунанд. Дар ин дастурҳо таъкид мешавад, ки намудҳои гуногуни корҳои илмӣ дараҷаи гуногуни иштироки зеҳни сунъиро талаб мекунанд. Дар корҳои таҷрибавӣ ва коркарди додаҳо истифодаи он ташвиқ карда мешавад, дар ҳоле ки дар корҳои назариявӣ ва таҳлилӣ назорати сахттар ҷорӣ шудааст.

Британияи Кабир роҳи танзими тавассути нашриётҳои бонуфузи илмиро пеш гирифтааст. Нашриёти донишгоҳҳои Оксфорд ва Кембриҷ, инчунин нашриётҳои бузурги илмӣ ба монанди Springer Nature ва Elsevier қоидаҳои возеҳеро ҷорӣ кардаанд, ки тибқи онҳо зеҳни сунъӣ наметавонад ҳамчун муаллифи кор шинохта шавад. Ҳама гуна истифодаи он бояд дар бахши методология ё изҳороти махсус зикр гардад, аммо боз ҳам, ҳеҷ як нашриёт фоизи мушаххасеро барои ҳаҷми истифода муқаррар накардааст.

Дар Русия низ бо вуҷуди мубоҳисаҳои фаъол, то имрӯз ягон меъёри фоизии расмӣ дар сатҳи қонунгузорӣ ё санадҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия қабул нашудааст. Донишгоҳҳои пешбар, аз қабили Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар сатҳи тавсияҳои дохилӣ ба масъулияти муаллиф ва зарурати ифшои истифодаи зеҳни сунъӣ таъкид мекунанд. Ин равандҳо нишон медиҳанд, ки низоми илмии Русия низ аз муқаррар кардани фоизҳо сахт худдорӣ мекунад.

Хулосаи муҳимтарини ин баррасӣ дар он аст, ки дар ҳеҷ як давлати пешрафта меъёри расмии фоизӣ барои истифодаи зеҳни сунъӣ дар корҳои илмӣ ҷой надорад. Чунин равиш ба таври густурда ғайриимкон ва ҳатто зараровар дониста мешавад, зеро сифати кори илмиро на бо фоиз, балки бо амиқӣ, аслият ва саҳми зеҳнии муаллиф бояд арзёбӣ кард.

Дар сатҳи назариявӣ, дар баъзе таҳқиқоти олимони хориҷӣ ва мубоҳисаҳои илмӣ-амалӣ оид ба танзими истифодаи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти илмӣ, пешниҳодҳои зерин ба назар мерасанд, ки метавонанд ҳамчун нуқтаи ибтидоӣ барои таҳияи меъёрҳои миллӣ баррасӣ шаванд:

- барои рисолаҳои докторӣ — на бештар аз 10 фоизи матн;

- барои рисолаҳои номзадӣ — на бештар аз 15 фоизи матн;

- барои мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои такризшаванда — на бештар аз 20 фоизи матн;

- барои монографияҳо ва китобҳои илмӣ — на бештар аз 20 фоизи матн;

- барои корҳои илмии таҷрибавӣ ва техникӣ — на бештар аз 30 фоизи матн.

Бояд тазаккур дод, ки ин рақамҳо хусусияти тавсиявӣ дошта, дар асоси таҳлили муносибатҳои гуногуни байналмилалӣ ва бо назардошти зарурати ҳифзи аслияти илмӣ пешниҳод мегарданд. Ҳадафи асосӣ аз муқаррар намудани чунин меъёрҳо таъмини шаффофият ва масъулиятшиносии муҳаққиқон мебошад, на маҳдудсозии беасоси истифодаи технологияҳои муосир.

Масалан дастурамали Донишгоҳи Оксфорд яке аз нахустин санадҳои муфассали донишгоҳӣ дар самти танзими истифодаи зеҳни сунъии эҷодӣ дар таҳқиқот мебошад. Ин санад хусусияти тавсиявӣ дошта, барои ҳамаи муҳаққиқони донишгоҳ аз донишҷӯён то профессорон дахл дорад. Дастурамал се принсипи калидиро муқаррар мекунад. Нахуст, принсипи масъулияти ниҳоии муҳаққиқ — ҳамаи натиҷаҳои илмӣ, новобаста аз истифодаи зеҳни сунъӣ комилан ба зиммаи муаллиф вогузор мешаванд. Дувум, принсипи шаффофият — муҳаққиқ вазифадор аст, ки ҳама гуна истифодаи зеҳни сунъиро дар таҳқиқоти худ ба таври возеҳ ифшо кунад. Сеюм, принсипи маҳдудияти функсионалӣ — зеҳни сунъӣ набояд барои таҳияи хулосаҳои илмӣ, тафсири натиҷаҳо ё қабули қарорҳои илмӣ истифода шавад. Ин санад мавқеи ҳуқуқии зеҳни сунъиро ҳамчун "восита" муайян мекунад, на ҳамчун "шарик дар таҳқиқот" ё "ҳаммуаллиф". Ин муқаррарот барои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқи муаллифӣ ва масъулияти илмӣ аҳамияти калидӣ дорад.

Донишгоҳи Кембриҷ дастурамали худро бо таваҷҷуҳ ба ҷанбаҳои амалии истифодаи зеҳни сунъӣ дар марҳилаҳои гуногуни таҳқиқот таҳия кардааст. Ин санад ба таври муфассал шарҳ медиҳад, ки дар кадом марҳилаҳои таҳқиқот истифодаи зеҳни сунъӣ мувофиқи мақсад аст (ҷустуҷӯи адабиёт, коркарди додаҳо, тарҷума) ва дар кадом маврид истифодаи он манъ аст (таҳлили интиқодӣ, хулосабарории ниҳоӣ). Ҷанбаи муҳими ин дастурамал талабот ба ҳуҷҷатгузории ҳамаи амалиётҳои зеҳни сунъӣ мебошад. Яъне муҳаққиқ бояд сабти дақиқи он, ки кадом низоми зеҳни сунъӣ, кай ва барои чӣ истифода шудааст, нигоҳ дорад. Ин санад стандарти баланди шаффофиятро муқаррар мекунад, ки метавонад ҳангоми баҳсҳои илмӣ ё айбдоркуниҳо дар бораи риоя накардани ахлоқи илмӣ ҳамчун далели ҳуқуқӣ истифода шавад. Мавҷудияти сабтҳои дақиқ метавонад муҳаққиқро аз айбдоркуниҳои беасос ҳимоя кунад.

Донишгоҳи Стэнфорд ба масъалаи маҳдудиятҳои функсионалии зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Яъне дар тавсияҳо дарҷ шудааст, ки низоми зеҳни сунъии эҷодӣ "муҳаррикҳои пешгӯии матн" мебошанд, на "низомҳои дониш". Онҳо метавонанд маълумоти нодуруст ё таҳрифшударо эҷод кунанд (галлютсинатсияҳо) ва ҳеҷ гоҳ набояд ба сифати манбаи иттилооти боэътимод истифода шаванд. Санад инчунин масъалаи махфияти додаҳоро баррасӣ мекунад. Яъне муҳаққиқон набояд маълумоти махфӣ, шахсӣ ё дорои ҳуқуқи муаллифиро ба низомҳои зеҳни сунъӣ ворид кунанд. Ин ҳуҷҷат масъалаи муҳими ҳуқуқии масъулияти зеҳни сунъиро ба миён мегузорад. Агар муҳаққиқ ба маълумоти нодурусти эҷодкардаи зеҳни сунъӣ такя кунад ва ин боиси хулосаҳои илмии хато гардад, масъулият комилан бар дӯши муҳаққиқ аст, на таҳиякунандаи низоми зеҳни сунъӣ

Ҷамъияти илмии Олмон ҳамчун бузургтарин ташкилоти маблағгузории илм дар Олмон изҳороти худро дар шакли санади раҳнамо барои тамоми ҷомеаи илмии кишвар таҳия кардааст. Ҷамъияти илмии Олмон принсипи "масъулияти илмии шахсӣ"-ро дар меҳвари танзим қарор медиҳад. Ин принсип, ки аз таҷрибаи тӯлонии илми олмон сарчашма гирифта аст, маънои онро дорад, ки ҳеҷ як воситаи техникӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ наметавонад масъулияти олимро барои сифат, дурустӣ ва аслияти таҳқиқот коҳиш диҳад. Дар раҳнамо махсусан дарҷ шудааст, ки истифодаи зеҳни сунъӣ дар рисолаҳои докторӣ бояд маҳдуд ва комилан шаффоф бошад, зеро рисолаи докторӣ бояд нишондиҳандаи қобилияти мустақилонаи таҳқиқотии довталаби дараҷаи илмӣ бошад. Ин раҳнамо барои муассисаҳои илмии Олмон хусусияти ҳатмӣ дорад, зеро Ҷамъияти илмии Олмон маблағгузори асосии таҳқиқот дар кишвар аст. Риоя накардани ин принсипҳо метавонад боиси маҳрум шудан аз маблағгузорӣ гардад, ки ин як механизми пурқуввати ҳуқуқии таъмини риояи меъёрҳо мебошад.

Дастурамали амалкунанда оид ба истифодаи масъулиятноки зеҳни сунъии эҷодӣ дар таҳқиқот аз соли 2024 санади муҳимтарин дар сатҳи аврупо буда, барои ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва барномаҳои илмии аврупо дахл дорад. Дастурамал принсипҳои зеринро муқаррар мекунад: а) Зеҳни сунъӣ дар таҳқиқот бояд ба манфиати ҷомеа хидмат кунад; б) истифодаи зеҳни сунъӣ бояд комилан шаффоф бошад; в) муҳаққиқон бояд назорати пурраи раванди таҳқиқотро нигоҳ доранд; г) натиҷаҳои эҷоди зеҳни сунъӣ бояд ҳамеша тафтиш шаванд. Ин санад инчунин тавсия медиҳад, ки муассисаҳои илмӣ сиёсати дохилии худро оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ таҳия кунанд. Гарчанде ки ин санад хусусияти тавсиявӣ дорад, вале барои гирандагони грантҳои аврупоӣ (аз ҷумла барномаи "Уфуқи Аврупо") риояи он ҳатмӣ мебошад. Ин маънои онро дорад, ки вайрон кардани ин принсипҳо метавонад боиси қатъи маблағгузорӣ ва бозпас гирифтани грант гардад, ки як таҳрими ҷиддии ҳуқуқӣ мебошад.

Се нашриёти бузургтарини илмии ҷаҳон - Springer Nature, Elsevier ва Taylor & Francis - сиёсати ягонаи худро оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ аз ҷониби муаллифон таҳия кардаанд. Ин нашриётҳо принсипи "Зеҳни сунъӣ наметавонад ҳамчун муаллиф шинохта шавад"-ро муқаррар кардаанд. Муаллиф вазифадор аст, ки истифодаи зеҳни сунъиро дар бахши "Методология" ё "Изҳороти истифодаи зеҳни сунъӣ" ифшо кунад. Нашриётҳо инчунин талаб мекунанд, ки муаллифон масъулияти пурраи мундариҷаи мақоларо ба дӯш гиранд, ҳатто агар баъзе қисматҳо бо ёрии зешни сунъӣ таҳия шуда бошанд. Баъзе нашриётҳо, ба монанди Springer Nature иловатан талаб мекунанд, ки муаллифон номгӯйи мушаххаси низомҳои зеҳни сунъии истифодашударо зикр кунанд. Ин муносибат дар амал қувваи меъёрии баланд доранд, зеро нашри мақола дар ин нашриётҳо барои пешрафти касбии олимон зарур аст. Риоя накардани ин талабот метавонад боиси рад шудани мақола, бозпас гирифтани мақолаи аллакай нашршуда ва осеб дидани эътибори илмии муаллиф гардад. Ин механизмҳои ғайриҳуқуқӣ, вале ниҳоят муассири танзим мебошанд.

Таҳлили ин ҳуҷҷатҳои бонуфуз нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонии илмӣ як равиши ягонаи принсипиро барои танзими зеҳни сунъӣд дар илм интихоб кардааст. Ин равиш ба се принсипи асосӣ такя мекунад: а) масъулияти комили муҳаққиқ; б) шаффофияти ҳадди аксар; в) маҳдудияти функсионалии зеҳни сунъӣ. Дар ҳеҷ яке аз ин санадҳо фоизи мушаххаси истифодаи зеҳни сунъӣ муқаррар нашудааст, ки ин бори дигар тасдиқ мекунад, ки сифати илмиро на бо фоиз, балки бо саҳми зеҳнии муаллиф арзёбӣ кардан лозим аст.

Тамоюли умумӣ ба сӯйи татбиқи принсипҳои зерин дар сатҳи ҷаҳон дар фаъолияти илмӣ аён аст:

1. Масъулияти пурраи муаллиф, яъне олим барои тамоми мундариҷа ва хулосаҳои кори худ, новобаста аз он ки кадом восита истифода шудааст, масъул аст.

2. Шаффофият, яъне ҳама гуна истифодаи зеҳни сунъӣ бояд дар кори илмӣ ба таври возеҳ ва дақиқ зикр гардад.

3. Маҳдудияти функсионалӣ, яъне зеҳни сунъӣ барои корҳои техникӣ ва ёрирасон истифода мешавад, на барои эҷоди хулосаҳои илмӣ ва фарзияҳои нав.

Барои Тоҷикистон ин санадҳо метавонанд ҳамчун намуна бо назардошти хусусиятҳои низоми ҳуқуқӣ ва илмии кишвар барои таҳияи дастурамалҳои миллӣ хидмат кунанд.

Дар асоси таҳлили воқеии тамоюлҳои ҷаҳонӣ ва бо назардошти таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар самти танзими истифодаи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти илмӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои зерин пешниҳод мегарданд. Ин тавсияҳо ба принсипҳои санҷидашудаи ҷаҳонӣ, аз қабили шаффофият, масъулияти шахсии муҳаққиқу олим ва маҳдудияти функсионалии зеҳни сунъӣ асос ёфта, ҳадафи асосии онҳо танзими масъулиятноки фаъолияти илмӣ ва дар баробари ин, ҳифзи аслияти илми ватанӣ, таҳкими мактабҳои илмии миллӣ ва таъмини рушди устувори илми кишвар дар шароити рақамисозии ҷаҳонӣ мебошад.

1. Барои Тоҷикистон муҳим аст, ки роҳи ҷорӣ намудани фоизҳои қатъиро пеш нагирад. Ба ҷойи ин принсипи "ифшои пурра ва масъулияти комил" бояд дар меҳвари танзими ҳуқуқӣ қарор гирад. Ин маънои онро дорад, ки ҳар як муҳаққиқ бояд дақиқан шарҳ диҳад, ки чӣ гуна ва барои чӣ аз зеҳни сунъӣ истифода кардааст ва масъулияти ҳамаи натиҷаҳоро ба дӯш гирад. Зарур аст, ки "Дастурамал оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ дар рисолаҳо" дар кишвар қабул карда шавад ва он бояд принсипҳои зеринро дар бар гирад: а) масъулияти шахсии муаллиф; б) ифшои ҳатмии ҳамаи ҳолатҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар "Эъломияи махсус"; в) манъи истифодаи зеҳни сунъӣ барои таҳияи хулосаҳои илмӣ.

2. Маҷаллаҳои илмии тақризшаванда бояд ба "Талабот барои муаллифон" банди махсусро ворид кунанд, ки тибқи он муаллиф вазифадор аст дар бахши "Методология" истифодаи зеҳни сунъиро шарҳ диҳад. Ҳайати таҳририя бояд ҳуқуқ дошта бошад, ки дар сурати ифшо нашудани ин маълумот ё шубҳа дар аслияти кор мақоларо рад кунад. Ҳар як муҳаққиқ ва олим бояд дарк кунад, ки зеҳни сунъӣ васила аст, на ҳаммуаллиф. Истифодаи он бояд ба корҳои техникӣ маҳдуд бошад ва ҳамеша дар таҳқиқот сабт гардад.

Хулоса, барои муҳаққиқону олимон аз ин таҷрибаҳо чанд дарси муҳим бармеояд. Нахуст, зарур аст, ки фарҳанги истифодаи огоҳонаи зеҳни сунъиро ташаккул диҳем, на танҳо ба малакаҳои техникӣ рӯ орем. Муҳаққиқу олим бояд бидонад, ки маҳз кадом қисмати кори илмиро ба мошин вогузор кардан мумкин аст ва кадом қисмат талаб мекунад, ки худи ӯ бо тамоми ҳастӣ ва дониши амиқаш ҳузур дошта бошад.

Масъалаи забони тоҷикӣ дар ин раванд ниҳоят муҳим аст. Имрӯз аксари воситаҳои зеҳни сунъӣ бо забонҳои англисӣ, русӣ ва чинӣ беҳтар кор мекунанд. Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои стратегии мо бояд таҳияи маҷмӯаи маълумот ба забони тоҷикӣ ва мутобиқсозии технологияҳои мавҷуда ба хусусиятҳои фарҳангиву илмиамонро ба роҳ монем. Бе ин амал мо хатари онро дорем, ки илми тоҷик танҳо истеъмолкунанда боқӣ монад, на эҷодкор.

Хусусияти хоси илми тоҷик дар он аст, ки мо дорои мактабҳои илмии қавӣ ҳастем, ки дар замони Шӯравӣ ташаккул ёфтаанд. Ин мактабҳо ба таҳлили амиқи назариявӣ асос ёфтаанд. Зеҳни сунъӣ набояд ин анъанаи некро коста кунад, баръакс, он бояд барои густариши ин мерос дар шароити нав кумак расонад.

Дар фаъолияти ҳаррӯза ба муҳаққиқон тавсия дода мешавад, ки аз зеҳни сунъӣ дар корҳои зерин истифода баранд:

- таҳлили аввалияи маълумоти оморӣ;

- тарҷумаи адабиёти илмӣ аз забонҳои хориҷӣ;

- санҷиши услубии матнҳои илмӣ;

- ҷустуҷӯи манбаъҳо аз рӯйи калидвожаҳои мушаххас.

Вале ҳаргиз набояд ба мошин эҷоди хулосаҳои илмӣ, таҳияи фарзияҳои нав ва арзёбии сифатии падидаҳои ҳуқуқиро вогузор кард.

Мо дар оғози роҳи тулонӣ қарор дорем ва сарнавишти илми тоҷик дар асри зеҳни сунъӣ аз қарорҳои имрӯзаи мо вобаста аст. Таҳлили воқеият нишон медиҳад, ки роҳи осонтарини муқаррар кардани фоизҳои сунъӣ дар ҷаҳон пазируфта нашудааст. Ба ҷойи ин, мо бояд фарҳанги масъулиятшиносӣ, шаффофият ва тафаккури интиқодиро дар байни муҳаққиқону олимон тақвият бахшем. Зеҳни сунъӣ бояд дар хидмати илми тоҷик қарор гирад, на он ки илми тоҷикро дар хидмати худаш дарорад.

САНГИНЗОДА Д.Ш. - муовини директор оид ба илм ва таълими Институти давлат ва ҳукуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

БАРДОШТУ ТААССУРОТ АЗ ЁДДОШТУ ХОТИРОТ

(Дар ҳошияи “Ёддоштҳо”-и муҳаққиқ, сиёсатшинос ва адиби пуркори миллӣ устод Саймумин Ятимов)

Аз охири солҳои навадуми садаи бист шуруъ карда, миёни ҳавзаҳои илмию фаннӣ ва доираҳои адабию мадании ватанӣ исми донишманд, муҳаққиқ ва коршиноси масоили илмӣ, сиёсию мафкуравӣ Саймумин Ятимов маъруф мегардад ва бадин минвол, то имрӯз ин шахсияти илмию фалсафӣ ва сиёсию маданӣ бо самимияти калом ва масъулияти тамом дар ҷодаи илму фарҳангу адаби миллӣ пайгиронаву муваффақона хомафарсоӣ мекунад.

123Ихтисоси аввалия ва бунёдии профессор С. Ятимов филолог аст ва бо он ки тайи фаъолияти минбаъдаи расмию давлатӣ тахассусҳои дигареро соҳиб шудааст, аз ихтисоси аввалияш канор нагирифта, ҳамеша бар мабнои салиқаи адабӣ ва завқи бадеию эстетикӣ пайи эҷод мебошад.

Таълифи адабию бадеиро дар ҳамоҳангӣ бо равиши илмию фалсафӣ мепазирад ва он чӣ навиштаву менависад, ҳамагӣ бар асоси мантиқу фалсафа ва ба истилоҳ, қонунмандиҳои диалектикӣ қаламӣ шудаанд.

Мусалламан, донишманди тоҷик Саймумин Ятимов, фориғ аз маъмуриёти давлатӣ ва умури илмӣ, дар анвои гуногуни адабӣ, аз ҷумла, достоннависӣ табъу салиқаи худро озмуда ва инак, дар масири ёддоштнависӣ гомҳои устувор бардоштааст.
Чун аз улум ва равандҳои адабии муосир хуб огоҳ аст, сабки тасвирнигории ҷолиб дорад ва ба хотири хаста нашудани хонанда лаҳазоти рангину муассири умрашро кӯтоҳу равшан қисса намуда, баъзан, бо руҷуъҳои лирикӣ кулли бобу бахшҳои “Ёддоштҳо”-ро унвони зебои бадеӣ додааст.

Ин навъ нигориш, аз як тараф, хондани китобро саҳлу осон гардонад, аз ҷониби дигар, хастагии хонандаро рафъ месозад ва вазъи гузариш аз як бахш ба бахши дигари ёддошту хотиротро бароҳат менамояд.

Албатта, дар баробари адибону нависандагону шоирон, нафарони дигар касбу кор ҳам, бо шумули файласуфону мутафаккирон, донишмандону муҳаққиқон, рӯзноманигорону муҳандисон, сиёсатмадорону давлатмардон ва соири эҷодкорон дар ростои ба қалам овардани хотираҳои хеш ибтикор кардаанд.

Дар зимн, ҳадафи бисёре аз ёддоштнависону хотиранигорони ватанию хориҷӣ, ғолибан ба намоиш гузоштани ҳунару тавонмандии эҷодии худ нест. Балки ҳадафи асосӣ рӯйи коғаз овардани лаҳазоти рангини ҳаётӣ ва печутобҳои муассири зиндагӣ, натиҷабардорӣ аз таҷрибаи ҳаётӣ ва бо чашми ибрат нигаристан ба камбуду нуқсонҳои фардиву ҷамъиятӣ буду ҳаст.

Намунаи ин гуна ташаббусро дар адабу фарҳанги миллӣ устод Айнӣ (ниг.: Айнӣ С., Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик, 2009. –680 саҳ.), Сотим Улуғзода (ниг.: С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо. – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1956. – 358 саҳ.), Ҷалол Икромӣ (ниг.: Ҷ. Икромӣ. Он чӣ аз сар гузашт. Ёддоштҳо. –Душанбе, 2009. – 360 саҳ.), Худойназар Асозода (Достони зиндагӣ дар 6 ҷилд) ва дигарон анҷом додаанд.

Овозадортарин фармондеҳи Артиши Шуравӣ Георгий Константинович Жуков ҳам саргузашту корномаҳои хешро дар ду ҷилд таҳти унвони “Ёддоштҳо ва андешаҳо” (ниг.: Жуков Г. К., Воспоминания и размышления. – М.: Издательство АПН, 1969. – 735 с.) рӯйи чоп овардааст.

Саймумин Ятимов ҳам ба жанри ёддоштию хотиротӣ майл намуда, мунтахаби лаҳазоти зиндагиашро дар ду қисм рӯйи коғаз овардаву нашр кардааст (муфассал таваҷҷуҳ шавад: С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми 1. – Душанбе: “Эко Принт”, 2024. – 672 cаҳ.; С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми 2. – Душанбе: “Эко Принт”, 2024. – 704 cаҳ.), ки мо сари қисми якум таассуротамонро ироа менамоем.

Қаблан, изҳор медорем, ки “Ёддоштҳо”-и С. Ятимов фарогири мавзуъ ва масоили умдаву умумии доманадор мебошанд. Ва наметавон дар доираи як матлаб сари кулли онҳо тамаркуз намуд. Бинобар ин, феълан назари хешро дар робита бо муҳтавои қисми якуми “Ёддоштҳо”-и С. Ятимов ба таври мухтасар баён мекунем:

Якум. Аз муруру мутолеаи “Ёддоштҳо” бармеояд, ки муаллиф, воқеан, дар сатҳи як нависандаи муосири миллӣ мавзӯот ва масоили ҳассосу хотирмони зиндагиро баррасӣ карда, дар бозтобу тасвири ҳодисаҳои рӯзгор ва лаҳазоти пурмоҷарои умр муваффақ шудааст.

Силсиламушаххасоти ҳирфаие монанди сабки вежаи адабӣ, салиқаи махсуси эҷодӣ, шеваи зебои вожагузинию портретофаринӣ, назокати дарки масъалаҳои фарҳангӣ ва равиши илмии мунҳасир ба фарди фикрӣ иҷоза медиҳанд, ки ӯро дар симати як нависандаи матраҳи миллӣ ном бубарем. Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар ҷараёни нигориши матлаб аз профессор С. Ятимов ба унвони нависанда ёд мекунем.

Дувум. Ба ин минвол, нависанда С. Ятимов бо такя ба таҷрибаи ёддоштнависии миллию фаромиллӣ ба қаламӣ кардани хотироти хеш мепардозад.

Мавсуф дар муқаддимаи қисми якуми “Ёддоштҳо” менависад: “Дар атрофи таълифи зиндагинома чанд соли ахир андеша кардам ва ба хулосае омадам: вақти он расидааст, ки ба ҳамватанон дар бораи он чӣ аз сар гузашт, ибрози назар дошта бошам” (ниг.: С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми 1. – Душанбе: “Эко-Принт”, 2024. – С. 3). Ин таъкиди муқаддимотӣ тазаккуроти аввалияи устод Айниро дар “Ёддоштҳо”, ки таҷрибаи ҳаётии устодро дарбар гирифтааст, ба ёд меоварад.

Садриддин Айнӣ дар ин замина ишора мефармояд, ки бо гузашти умр ва касби таҷрибаи зиндагӣ вақту фурсати навиштани ёддоштҳо фароҳам омадааст (ниг.: Айнӣ С. Ёддоштҳо. – Қисмҳои 1, 2. –Сталинобод: Нашрдавтоҷ, 1954. – С. 5).

Бо таваҷҷуҳ ба ин, нависанда С. Ятимов дар пайравӣ ба устод Айнӣ ва эътимоду ихлос ба ин қаҳрамони миллат китоби ёддошти худро дар ду қисм ба табъ расонда, кӯшидааст, ки сарнавишт ва рӯзгори хешро, ки аз маҷмуаи ҳаводиси талху ширин таркиб ёфтаанд, гирди ҳам ҷамъ оварда, манзури доираи васеи хонандагон гардонад.

Нависанда Саймумин Ятимов ба устод Айнӣ ихлосу иродати зиёд дошта, китоби “Ёддоштҳо”-и ӯро ҳамеша мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода, нукоти зарурии илмиеро бар мабнои ин китоби пурарзиши миллӣ дар қолаби мақолаву мутолиботи зиёди илмӣ ва илмию оммавӣ ироа кардааст.

Чанд моҳ қабл, адабиётшинос мақолаи ҷиддии илмию пажӯҳишиашро таҳти унвони “Устод Айнӣ ва инқилоби маданӣ” (таваҷҷуҳ шавад ба: С. Ятимов. Устод Айнӣ ва инқилоби маданӣ. //Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ, №2 (40), 2025. –С. 5-29) ба табъ расонд. Бар асоси далелу рақамҳои санҷидашудаи таърихию илмӣ зарурати эҳёву бозсозии барномаи инқилоби маданиеро, ки устод Айнӣ дар охири замони амирсолорӣ ва муҳити сохтори сотсиалистӣ оғозу роҳандозӣ карда, муваффақ гардида буд, дар шароит ва замони нави таърихӣ, дар баробари таҳоҷумоти мафкуравӣ, бархӯрдҳои тунди сиёсию тамаддунӣ таъкид намуд.

Бахши муҳиме аз ибтикороти устод Айнӣ дар заминаи инқилоби фикрию маданӣ дар китоби “Ёддоштҳо” тазаккур ёфтаанд. Профессор Саймумин Ятимов ҳам, чун пайрави содиқу вафодори устод Айнӣ ҳадаф гузоштааст, ки дар қолаби насри бадеию илмию таърихӣ як асари ёддоштию хотиротӣ таълиф намуда, зимни баёноти саргузашти фардӣ, ҳамчунин, мавзуъ ва масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ, таърихофаринӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, фарҳангӣ, миллӣ ва байналмилалиро матраҳ сохта, дар ин замина, муҳокимаю хулосабандиҳои ҷолиби адабӣ, илмӣ ва публитсистии худро дар хидмати доираи васеи хонандагон қарор диҳад.

Гузашта аз ин, нависанда С. Ятимов дар бахши “Равонро зи дониш ҳама ҷавшан аст”-и “Ёддоштҳо” (Қисми 1, саҳ. 290-292) иродати қавӣ доштанашро ба устод Айнӣ аз даврони таҳсилоти мактаби миёнаи умумӣ ихлосу изҳор дошта, аз ҷумла бар он таъкид меварзад, ки осори Айнӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии илмию фалсафӣ, тақвияти завқи бадеию эстетикӣ, шинохту дарки ҳаводиси рӯзгору зиндагӣ, муҳим будани донишу маърифати инсонӣ, зарурати маорифпарварии миллӣ ва ҳадафгирии дурустҳисобӣ барояш мусоидат кардаву сахт ҷолибу ангезабахш будаанд. Ин аст, ки иброз медорад: “Ба ҷаҳонбинии ман аз ҳама зиёдтар асарҳои устод Садриддин Айнӣ таъсир расонданд. Махсусан, давраҳои наврасӣ, ҷавонӣ, омилҳо ва ҷараёни таҳаввулоти фикрии ӯ, оғози мубориза барои ҳаёти маорифпарварона, тарғиби мактаб, даъватҳо ба мақсади рӯ ба илму дониш овардан, мазаммати хурофот, ҷаҳлу нодонӣ, ки сарчашмаи тамоми бадбахтиҳои инсон мебошанд, дар интихоби ҷодаи ҳаёт барои ман муассир буданд” (Ҳамон ҷо, с. 291).

Севум. Дар маҷмуъ, қисми якуми “Ёддоштҳо”-и нависанда С. Ятимов (ниг.: С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми 1. – Душанбе: “Эко Принт”, 2024. – 672 cаҳ.) мунтахаби лаҳазоти умри хешро аз чаҳорсолагӣ то ба бозгашт аз таҳсилоти Курсҳои олии тахассусии Минск нақл намуда, дар ин миён масъалаҳои умдаи хонаводагӣ, маҳаллӣ, музофотӣ, ахлоқӣ, мафкуравӣ, маърифатӣ, тарбиятӣ, ҳувиятӣ, маданӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, давлатӣ ва фалсафиро вобаста ба шароити зиндагӣ, муҳит ва фазои иҷтимоии фардиву ҷамъиятии давр мавриди тасвир қарор медиҳад.

Дарвоқеъ, ин марҳалаи зиндагӣ дар қисми якуми китоби “Ёддоштҳо” аз муҳити хонаводагӣ, ҳавзаи деҳотӣ, фазои маҳаллӣ, айёми бачагӣ, даврони мактабӣ, давутози наврасӣ, шеваи дарсомӯзӣ, шароити касбинтихобкунӣ, устодони барҷастаи касби муаллимии маҳаллӣ ва донишгоҳӣ оғоз гардида, то замони аскарӣ, пайвастан ба фазои муаллимӣ идома ёфта, бо қиссаи вуруд ба кори мақомоти бехатарии давлатӣ анҷом мепазирад.

То ба ин марҳалаи зиндагӣ расидан, муаллиф ранҷу машаққатҳои зиёдеро таҳаммул карда, марҳала ба марҳала ба таври тадриҷӣ шахсияти худро ташаккул ва такмил додааст.
Ҳар як лаҳзаи рӯзгори нависанда, бо таваҷҷуҳ ба арзишмандии умр ва зиндагӣ омӯзанда ва ибратбахш аст.

Бисёре аз лаҳазоти сарнавишти муаллиф, ки бо талошҳои фардӣ, таҷрибаю сахткӯшиҳои шахсӣ дар роҳи расидан ба ҳадафу мақсад ва дар ниҳоят, дар ҷомеа мақому ҷойгоҳи шоиста касб намудан тавъаманд, на танҳо дар шинохти шахсияти нависанда ба мо кумак мерасонанд, балки дар шаклгирии ҷаҳонбинию тафаккури илмию мантиқии насли наврасу ҷавони миллат ҳамчун намуна ва манбаи зарурии омӯзишию таҳлилию таҷрибаандӯзӣ мусоидат менамоянд.

Чаҳорум. Тафовути ёддошту хотироти соири адибону шоирону нависандагону рӯзноманигорону донишмандону низомиёну сарлашкарон аз ёддоштҳои С. Ятимов дар он аст, ки мавсуф дар тасвири ҳар лаҳзаи зиндагӣ ва саргузашти рӯзгори фардию ҷамъӣ, ҳатман ба илму мантиқ таваҷҷуҳ мекунад ва бар мабнои ҷаҳоншиносии илмию фалсафӣ хулосабандӣ менамояд.
Аз сӯйи дигар, нависанда равиш ва ба истилоҳ, методологияи илмиро дар баёни ҳаводиси зиндагӣ ҳаргиз раҳо накарда, ҳангоми нақли воқеаҳо ва баррасии мавзуоти зарурӣ, ҳатман, бар таъкиду хулосаҳои бузургони илму фалсафаи ҷаҳонӣ такя менамояд. Ин аст, ки аз ибтидои китоб то ба интиҳо равиш, сабк, шева ва тарзи баёни илмию мантиқию фалсафиро дунбол мекунад ва аз ин тариқ, чархаи саргузашташро ба ҳаракат медарорад.

Панҷум. Нависанда дар эҷоди ёддошту хотирот аз насрҳои бадеӣ – фалсафӣ, бадеӣ – таърихӣ ва бадеӣ – илмӣ кор гирифта, анвои насрро як навъ омехта ва онҳоро дар муносиботи системавӣ (алоқамандӣ, ҳамбастагӣ, вобастагӣ бо тамоюли мухторияти фикрӣ) қарор додааст, ки ниҳоят ҷолибу хонданӣ баромада, доираҳои мутолеотии мо бидуни ишколе аз ин навъи насри бадеию илмӣ истифода ва зимни мутолаа, усулан, лаззат ҳам мебаранд.

Аз тарафи дигар, нависанда лаҳазоти интихобкардаи зиндагӣ, дар маҷмуъ, саргузашташро бар мабнои далелҳои илмию тахассусӣ ва мантиқи фалсафӣ манзур намудааст. Ҳатто дар мавриди кӯчактарин ва ҷузъитарин мавзуъ ва масъала, аз мавқеияти илмӣ кор гирифта, ҳаргиз намегузорад, ки дар масири тасвири хотироту ёддоштҳо ҳам хурофотдовариҳо роҳ ёбанд ва бинои илму фалсафа садама бинад.

Шашум. Нависанда танҳо он лаҳза, пора ва қисматҳои зиндагиашро рӯйи коғаз овардааст, ки дар ташаккул ва рушди шахсияташ корсозу муассир будаанд.

Албатта, муаллиф метавонист, мисли профессор Худойназар Асозода дар китоби шашҷилдаи ёддоштии “Достони зиндагӣ”, сол ба сол ва ҳатто ҷузъиёти калидии рӯзгори фардиашро дарҷ созад.

Аммо онро зарур нашуморида, танҳо он лаҳазоти муассиреро аз хилоли хотирот ёдовар шудааст, ки судманд ва муфид донистааст. Аз сӯйи дигар, муаллиф ҳаводис ва воқеаҳои гавҳарбору ҳассоси рӯзгори худро на дар қолаби насри хушки илмию фаннӣ, балки бо бадеиёти махсус ва дар доираи талаботи насри бадеию фалсафӣ матраҳ кардааст.
Дар бисёр мавридҳо хотироти нависанда ҷанбаи фалсафӣ, илмию фаннӣ ва тахассусиву таҳлилро мегиранд.

Масалан, вақте ки дар бораи фазову вақт ҳамчун категорияи фалсафӣ суҳбат мекунад ва ё ин ки зимни тасвироти муҳити мактабию донишгоҳӣ аз истилоҳоти сирф илмӣ ва истилоҳоти фалсафӣ кор мегирад, бемуҳобо, ин навъ тасвиргарию мавқеъгирӣ аз дидгоҳи илмию фалсафии муаллиф далолат мекунад.

Маҳз ҳамин вежагӣ, яъне аз оғоз то ба охир матраҳ кардани лаҳазоти асосию зарурии зиндагӣ бар мабнои ҷаҳонбинии илмӣ, насри ёддоштии нависандаро бадеӣ ва илмию фалсафӣ қолиббандӣ кардааст.

Ҳафтум. Нависанда дар қиёфашиносӣ ва портретофаринӣ муваффақ аст ва мисли устод Айнӣ дар тасвири чеҳра ва симои ҳар нафаре, ки дар китобаш ҳамчун персонаж ҳунарнамоӣ намудааст, муваффақ шудааст.

Ба сухани дигар, муаллиф дар тасвири шахсият ва симои иштирокдорони драмаи зиндагӣ аз усул ва сабки тасвирофаринии устод Айнӣ ва дигар нависандагони бузурги миллию ҷаҳонӣ баҳраҳо бардошта, бидуни тақлид ёддоштҳояшро аз лиҳози адабию бадеӣ хеле зебо зинат додааст.

Масалан, дар бахши “Доми тазвир макун чун дигарон Қуръонро” (Қисми 1, саҳ. 265-269) бобои Абдулло ном падари рафиқи давраи наврасию ҷавониашро як навъ қиёфасозӣ мекунад: “Бобои Абдулло ё эшони Абдулло як мӯйсафеди тахминан шастсола, қадбаланд, газгӯшт буда, сару гардан ва дасту бозуи паҳлавонона дошт. Бо чашмони ориёӣ, абрӯҳои сиёҳ, гунаҳои арғувонӣ, бинии теғадор, ришу мӯйлаби кӯтоҳ ва устокорона нигоҳубиншуда, аз дигар мӯйсафедҳо фарқ мекард” (Ҳамон ҷо, саҳ. 265-266). Дар баробари ин руҳонӣ (манзур бобои Абдулло), ки назар ба қавли нависанда, бо дасти бозу нони ҳалол мехӯрд ва мисли соири эшону муллоҳо худнамоию риёкорию фазлфурӯшӣ намекард, Ҳошимча ном муллои деҳотӣ, ки аз ҷумлаи авомфиребону риёкорони давр маҳсуб мешудааст, мавриди тасвири физиопсихикии нависанда қарор мегирад: “Ба гурӯҳи муллоҳои деҳа бо роҳбарии Ҳошимча гуфтанӣ муллои нисбатан ҷавон, ки риши сиёҳи дарози ҷайбур ва чашмони алову аласи бенур дошт, сари ҳар чанд вақт бегоҳиву шом, ба хонаҳои беморон рафта, чил сангча бо худ гирифта, назди соҳиби бемор ҳисобу китоб карда, дуои чил ёсин мехонданд” (Ҳамон ҷо, саҳ. 267). Ба ин маъно, нависанда на танҳо дар тасвиркорӣ, балки дар қиёфашиносӣ ва қиёфаороӣ ҳам маҳорати баланди эҷодӣ ба намоиш гузоштааст.

Ҳаштум. Ногуфта намонад, ки нависанда бархӯрди ду навъи андешаву мафкураро дар симои муаллими мусиқии деҳотӣ Рустам Мирзоев ва руҳонии музофотӣ мулло Холмурод хеле хуб тасвир мекунад. Аз нигоштаи лаҳазоти бархӯрди ду навъи мафкураи ба ҳам зид хулоса баровардан мумкин аст, ки муаллими замони шуравӣ (дар мисоли Рустам Мирзоев) алайҳи ҳар гуна афкори ғаразноку машкук аз тариқи ҷуръату ҷасорати руҳиву ҷисмонӣ мубориза мебурд (Ҳамон ҷо, саҳ. 321). Ин гуна мавқеъгирии ба истилоҳ, муаллими замон, зиёии давр дар кулли ёддоштҳои муаллиф бо овардани далоили муътамади илмию таърихӣ ба назар мерасад ва дар маҷмуъ, дидгоҳи илмии нависандаро ба намоиш мегузорад.

Афзун бар ин, нависанда назарияи мусиқиро ба сифати илми ангезабахш, таккондиҳандаи эҳсосот ва меъёри зебошиносии инсонӣ дониста, ба воситаи шахсияти муаллими мусиқии музофотӣ зарурати онро дар зиндагӣ таъкид мекунад. Ин аст, ки дар бахши “Мутриби хушнаво бигӯ, тоза ба тоза, нав ба нав” (Ҳамон ҷо, саҳ. 305-316) бо баёни матолибе аз саргузашти муаллими фанни суруд ва мусиқии мактаби деҳотӣ Рустам Мирзоев, ки таҳсилкардаи омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе будааст, муаллиф доир ба вазъи мусиқӣ дар муҳити деҳоту музофоти ҷумҳурӣ сухан ба миён меоварад. Бо такя ба мантиқи ҳикматомӯзи муаллим, масоили марбут ба ин ҳунари дилангез рӯзгори одамиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Ҳамчунон, нукоти ҷолиб ва омӯзандаи тахассусӣ ҳам ироа мефармояд.

Нависанда дар тасвири ҳолати рубобнавозӣ ва навозиши ин марди ҳунар, ки дар ҷодаи тарбияи мусиқии насли наврасу ҷавони деҳотӣ умр фарсудааст, монанди як тахассусманди ҳирфаӣ ҷилва кардааст (ногуфта намонад, ки нависанда С. Ятимов дар гурӯҳи худфаъолиятии мактаби деҳот фаъол буда, дар навохтани созҳои миллӣ ва фаромиллӣ дасти тамом доштааст. Ин нукотро аз бахшҳои марбутаи қисмати якуми “Ёддоштҳо” метавон дарёфт). Масалан, нависанда санъати навозандагии муаллими мусиқии деҳотӣ Мирзоевро дар сози рубоб хеле зебо ва коршиносона тасвир мекунад: “Нохунҳои ӯ гоҳо дар боло, гоҳо дар пойин ва гоҳо дар нимаи дастаи рубоб заҳмат мекашиданд. Ба навбат торҳои асбоби сеҳрангезро зер мекарданд... (Ҳамон ҷо, саҳ. 308).

Дигар ин ки муаллиф фазои тадриси мусиқиро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии музофотӣ дар пайванд бо усули рӯзгори эҷодии муаллими фанни мусиқӣ Мирзоев, ки шефтаи касбу ҳирфааш будааст, арзёбӣ карда, менависад: “Дар солҳои мактабхонӣ, дар маҳфилҳое, ки Рустам Мирзоев доир мекард, кӯшиш менамуд, нишон диҳад, ки муҳимтарин дарси мактаб мусиқӣ аст. Мехост моро бовар кунонад, ки таърихи маънавиёт ва зебоипарастии одамӣ аз мусиқӣ оғоз шудааст” (Ҳамон ҷо, саҳ. 309).

Аз забони ин марди саропо ҳунар нависанда муҳокимарониҳои фалсафиро дар заминаи мусиқӣ ҳамчун падидаи фавқулодаи иҷтимоӣ матраҳ карда, хулосабандиҳои муаллими музофотиро дар бастагӣ бо ҷаҳоншиносии фалсафӣ ироа медорад, ки хеле бамавқеъ ва омӯзандаанд. Таваҷҷуҳ мекунем: “Мирзоев боифтихор мегуфт, мусиқӣ ягона падидаест, ки барои кулли мардуми дунё фаҳмост. Ниёз ба тарҷума надорад. Муътақид буд, ки ҳатто сухан гоҳо ба мусиқӣ ниёз дорад. Мусиқӣ бошад, баръакс, ба ягон зуҳуроти олам эҳтиёҷманд нест” (Ҳамон ҷо, саҳ. 310).

Бо овардани намунаҳое аз зиндагии эҷодии омӯзгори фанни суруд ва мусиқии деҳотӣ Рустам Мирзоев, нависанда сатҳи завқи бадеӣ – эстетикии хонандагони маҳаллӣ ва мутаносибан руҳияи озодандешии мардуми деҳотро, ки бо мусиқӣ ва ҳунари навозандагию ромишгарию овозхонӣ тавъам будааст, пешкаши ҳамагон мегардонад. Ҳамчун намунаи ҳаёти дунявӣ барои имрӯзу фардо ба намоиш мегузорад. Маслиҳат ва тавсия медиҳад. Яке аз осонтарин роҳҳои аз ҷаҳолат фосила гирифтанро нишон доданӣ мешавад. Мехоҳад оммаро бо чунин мусоҳибаи деринаи озмуда аз кинадории хурофотии хатарноки имрӯза раҳо бахшад.

Нуҳум. Тавре ки болотар зикр шуд, муаллиф ҳар давра ва марҳалаи муҳими зиндагии худро ба унвони як мактаби муҳими таҷрибаандӯзӣ ва худсозӣ баррасӣ кардааст. Шаклгирии шахсияташро ба муҳиту фазои хонаводагӣ, мактабӣ, донишгоҳӣ, аскарӣ ва таҷрибаандӯзии ихтисосӣ марбут медонад.

Масалан, ҳини тасвири лаҳазоти ҳассоси хидмати низомӣ дар артиши шуравӣ дар Латвия, аз лейтенанти калон Брюханович, ки масъулияти умури сиёсию тарбиявии қисми ҳарбиро бар уҳда доштааст, ёдовар шуда, бар он ишора мефармояд, ки нахустин маротиба аз ин масъули низомӣ тафсири истилоҳи манофеи миллӣ ва мушаххасоти онро омӯхтааст: “Аввалин бор шарҳи “манфиатҳои миллӣ”-ро ман аз Брюханович шунида будам. Ӯ дар чандин машғулияти сиёсии худ мегуфт, муҳокимаронӣ ва тафсир мекард, мефаҳмонд: ҳангоме ки мо дар бораи манфиатҳои миллӣ сухан мегӯем, медонем, ин истилоҳ ифодаи хулосавӣ мебошад. Ба ақидаи ӯ, ибораи мазкур аз лиҳози мантиқӣ барандаи шаш қисми таркибӣ аст:
1. Ҳимояи марзу буми Ватан.
2. Таъмини осудагии ҷомеа.
3. Рӯ ба тараққӣ ниҳодани сатҳи иқтисоду илму техника, мунтазам баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии мамлакат.
4. Дар сатҳи баланд нигоҳ доштани сифати таълиму тарбия, мактабу маориф ҳамчун муассисаҳои бунёдии ҷомеа.
5. Ҳифзи сохти давлатдорӣ ва суботи мамлакат.
6. Роҳ надодан ба ҷаҳонбинӣ ва маънавиёти бегона (Ҳамон ҷо, саҳ. 574-575).

Даҳум. Нависанда чун дар муҳити мусоиди хонаводагӣ, фазои ҷиддии тарбиятӣ, мазраи меҳнатдӯстию заҳматқаринӣ, доираи хуби таҳсилотӣ ва билохира, шароити сахткӯшию талошварзӣ камол ёфтааст, аз ҳамон ибтидои кор ба давлату сиёсати давлатӣ эҳтиром қоил буда, тамоми умр кӯшидааст, ки дар ҳар вазъу ҳолате бар асоси ақлу мантиқи зиндаи инсонӣ, ҳадафгирии илмӣ, мавқеияти давлатӣ ва дарназардошти манофеи миллӣ тасмим бигирад ва ҳифзу нигаҳдошти давлату миллатро дар авлавияти умури сиёсию идорӣ, иҷтимоию маданӣ ва илмию мантиқӣ қарор бидиҳад.

Афзун бар ин, нависанда бемасъулиятию саҳлангориро дар кору умури давлатӣ хатари ҷиддӣ ба оянда ва дурнамои давлату миллат дониста, дар бахши ахири “Раҳи растагорӣ ҳамин асту бас” (Ҳамон ҷо, саҳ. 633-641)-и қисмати якуми китоби “Ёддоштҳо” аз манзалати як давлатмеҳвар чунин натиҷагирӣ ва ояндабинии илмӣ мекунад: “Ҳар замоне давлат бо саҳлангорӣ ва ояндабинии бемасъулиятона иҷозат бидиҳад, маърифати шаҳрвандон берун аз принсипҳои сохти давлатдорӣ, ахлоқ, маънавиёт, манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ самтгирӣ кунад, шикаст мехӯрад. Пора-пора мегардад. Нобуд мешавад” (Ҳамон ҷо, саҳ. 635).

Ин гуна натиҷагирӣ ва ояндабинии илмӣ, ки самараи сахткӯшиҳои шабонарӯзӣ, талошҳои мудавоми илмию ихтисосӣ, мутолеоти якумрӣ ва таҷрибаи тулонии раҳбарии нависанда мебошанд, ҳушдори ҷиддии ихтисосианд ба қишрҳои хидматчиёни давлатӣ, ҳарбию низомиву ҳуқуқӣ ва дастандаркорону масъулони сохторҳои сиёсию мафкуравӣ дар ростои роҳ надодан ба саҳлангорию фориғболӣ дар умури давлатӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар шароити номусоиди бархӯрдҳо ва муборизаҳои шадиди сиёсию тамаддунӣ.

Бинобар ин, аз таҷриба, дидгоҳ, мавқеъ ва нуқтаназари санҷидашудаи ихтисосӣ ва ояндабинии илмии нависанда ҳадафмандона корбаст бояд кард ва дар роҳи таҳкими пояҳои давлатдорӣ, тақвияти хотираи таърихӣ, ҷиддияти таълиму тарбияи ҳамагонӣ, устувории арзишҳои миллию дунявӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва нигаҳдошти манфиатҳои миллӣ гомҳои устувор бардошт.

Ёздаҳум. Қисми якуми “Ёддоштҳо” бо тартиббандии навгонӣ таҳия гардида, дар охири китоб бахшҳои зарурии “Феҳристи номҳои шахсӣ” (С. 642-644), “Феҳристи номҳои ҷуғрофӣ” (С. 645-646) ва “Нишондиҳандаи мавзуӣ” (С. 647-662) ҷо дода шудаанд, ки аз сатҳи баланди китобнигорӣ ва завқу салиқаи илмию ихтисосии нависанда дарак медиҳанд.

Аз унвони бобу сарлавҳаҳои китоб, ки аз лиҳози бадеию эстетикӣ ҷолибу рангину нишонрасу муассир буда, ҳавоси доираи васеи хонандаро ба ҳаводиси матлаб ва идомаи ҷолиби он ҷазб месозанд, натиҷа гирифтан мумкин аст, ки муаллиф бо такя ба қудрату неруи бузурги саромадони илмию адабии гузашта, монанди устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Закариёи Розӣ, Ибни Сино, Хайём, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Мушфиқӣ, Калими Кошонӣ, Сайидо, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Абулқосими Лоҳутӣ, Эраҷ Мирзо, Ҳабиб Юсуфӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода ва дигарон, насли наврасу ҷавони ҷомеи тоҷикро аз ҳаводиси гузаштаву имрӯзӣ огоҳ сохта, онҳоро дар руҳияи ватанпарастӣ ва эътимоду боварӣ ба қудрати миллату давлати миллӣ тарбия мекунад.

Махсусан, таъкид сари мисраъҳои ҷовидонаи Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода ва ба унвони сарлавҳа интихоб кардани такмисраъҳо, усулан ва ҳадафмандона ҷалб намудани таваҷҷуҳи хонанда ба мантиқи онҳо на танҳо эътибори миллии китоби мазкурро боло мебарад, балки ҳофизаи таърихии миллиро тақвият дода, ҳалқаи пайванди гузаштаву имрӯзаву ояндаи миллатро таъмин месозад.

Ба сухани дигар, нависанда ҳадаф гузоштааст, ки аз тариқи баёну тасвиру тавзеҳу тафсири ҳаводиси зиндагӣ раванди худогоҳию хештаншиносӣ, хотираи таърихӣ ва шуури миллиро таҳкиму тақвият бахшад. Роҳро барои ибратомӯзӣ ва арзёбиҳои дурусти илмию мантиқии воқеоти ҳар давру замон ҳамвор созад. Аз ҷониби дигар, шоирона гузоштани сарлавҳаву унвонҳои китоб аз сатҳи тахайюли рангин ва боло будани завқи бадеию эстетикии муаллиф дарак медиҳад.

Дувоздаҳум. Дигар вежагии китоб он аст, ки муаллиф барои исботи матлаб ва муассиру хотирмон будани нақлу қиссаҳо аз забони қаҳрамонону персонажҳо мисолу мадорики манзум аз ашъори ҳикматомези классикӣ ва осори файласуфону мактабшиносони маъруфи минтақавию ҷаҳонӣ меоварад. Бахусус, аз Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода ва амсоли инҳо намунаҳои зиёде оварда, аз ин тариқ баёноти худро далелноку соҳибэътимоду боварибахш месозад.

Сездаҳум. Нависанда дар ҷараёни баёни ҳаводиси замони тифлию наврасию ҷавонӣ, ки маводи қисмати якуми “Ёддоштҳо”-ро ташкил медиҳанд, муваффақияту камбудиҳои давру замонро таъкид сохта, аз ҷумла пешрафту тараққиёти даврони шуравиро, ки бештар ба барномарезиҳои корсозу муназзами мантиқӣ дар самтҳои фарҳангу маънавиёти фардию ҷамъӣ иртибот мегирифт, махсус гӯшзад карда, насли наврасу ҷавонро ба китобхонию донишмандӣ даъват менамояд.
Баъзан, масъала ва манзараҳои даврро дар мисоли сатҳи саводу маърифати ҳисобчиёни деҳқонони одии замонӣ ва тақсими рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ ба муштариёни деҳотӣ ончунон зебо ба риштаи тасвир бармекашад, ки хонандаи дар он давру замон зиндагикарда, ба ҳолати носталгия ё хумор гирифтор мешавад.

Ин гуна тасвиротро дар бахшҳои “Дида дарё кунаму сабр ба саҳро бизанам (С. 246-249), “Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст” (С. 249-252), “Дастмояи бузургӣ ақлу адаб аст, на аслу насаб” (С. 252-260) баръало мушоҳида кардан мумкин аст.
Албатта, дар бахшҳои аввалии қисми якуми “Ёддоштҳо” ҳам дар ҳамбастагӣ бо шароити зистию рӯзгордории хонаводаи муаллиф авзои иҷтимоию сиёсию маърифатию мадании замони шуравӣ, ки ба нимаи дуюми солҳои панҷоҳум ва аввали ҳафтодум рост меоянд, баён шудаанд.

Чордаҳум. Ростӣ, бо он ки нависанда фаъолият, корбарӣ, муҳокимаронӣ, дараҷаи баланди донишу маърифат ва сифатҳои олии шахсиятҳои қисми зиёде аз зиёиёни ватанию миллии замони шуравӣ, махсусан устодони худро бо муҳаббат, эҳтиромона, эътиқодмандона, боварибахш, бо далелҳо ва сидқан тавсиф мекунад, дар қиёси мантиқӣ ба замони муосир, беҳтарин намунаҳои ибратбахш барои ҷомеаи имрӯз – замони истиқлол – марҳалаи бузург ва пурмасъулияти давлатсозии миллӣ заминагузории пандомӯзро асос мегузорад. Аз таърихи бой ва пурифтихори маорифи тоҷик барои наслҳои имрӯзу оянда таҷрибаи шоистаи пайравӣ пешниҳод менамояд.
Мутаассифона, комёбию муваффақиёти ин низоми сиёсию мафкуравӣ дар назари иддае аз олимону муҳаққиқон ва зиёиёну “равшангарон”-и ватанӣ наменамоянд. Ва ё ин ки онҳо дидаву дониста ба таҳрифи таърих даст мезананд.
Аммо нависандаи китоби “Ёддоштҳо” С. Ятимов замони шуравӣ, дастовардҳою имтиёзҳо ва нуқсону камбудиҳои он низоми сиёсию мафкуравиро бар асоси далелҳои таърихӣ ва мисолҳои пурэътимоди илмии баробарвазн бо воқеияти давр тахассусмандона ба риштаи тасвир бармекашад.

Аз ҷумла, дар мавриди нуфузи мактабу муаллим дар низоми зиндагии давлатию иҷтимоӣ, сохтори мактаби шуравӣ, муҳтавои китобҳои дарсӣ, мақому манзалати муаллим, таваҷҷуҳи мардум ба китобу китобхонӣ, сатҳи саводи ҷамъиятӣ, решадор шудани арзишҳои ахлоқию дунявӣ, пойин будани сатҳи хурофоти динию мазҳабӣ, болоравии фарҳангу ҳунар ва амсоли инҳо, ки дар он замон авлавияти сиёсию мафкуравию иҷтимоию маданӣ доштанд, мулоҳизоти ҷиддӣ ироа мефармояд.

Ин навъ мушаххасотро нависанда дар мавқеи зарурии китоб ва донишмадорӣ мисол мезанад ва шарҳе тафсиру тавзеҳ ҳам мекунад, то ин ки наслҳои наврасу ҷавони имрӯза, ки бар асари таҳоҷумоти ошкору ниҳони дастандаркорони нақшаҳои ба ном ҷаҳонишавӣ, ғолибан ба гирдоби беҳувиятию худбохтагӣ ва бегонапарастию нохудогоҳӣ мубтало шудаанд, ба худ оянд. Ватанро дӯст доранд. Ба илму хирад гароянд, хидмат ба халқу миллатро шараф ҳисоб кунанд. Ва ҳамин тавр, ба сарнавишти давлати миллӣ бетафовут набошанд.

Понздаҳум. Нависанда дар образофаринии ҳунарӣ дасти тамом дорад.

Масалан, ба тасвири муаллиф дар симои Бобои Аъзам, ки собиқ раиси колхоз будааст, таваҷҷуҳ мекунем: “Саросема ба ақиб нигаристам. Бобои Аъзамро дидам, ки дар як даст таёқи дароз, саллаи нимҳӯй, ҷелаки бемиёнбанди аз шамол ба ду тараф алвонҷгашта, дар по калушмаҳсии бадошт, тамоми авлоди бобои Ибронро ном гирифта, ӯро аз чор тараф мекобад” (Ҳамон ҷо, саҳ. 148).

Ба тасвири дигар, ки вазъи омӯзишии нависандаи ҳанӯз дар синни томактабӣ қарордоштаро бо ташбеҳоту соири васоили тасвирӣ бозтоб медиҳад, таваҷҷуҳ мекунем, ки аз забони нависанда хеле зебо ва самимона таровидааст: “Дар охири рӯз дар лаби ҷӯйбор. Дар болои қум оҳиста-оҳиста, мисли занҳое, ки дар девори аз дуд сиёҳшудаи алавхонаи мо, ҳар боре ки бар аҳди певочӣ шир меоварданду шумораро сабт мекарданд, ман ҳам ин корро сар кардам” (Ҳамон ҷо, саҳ. 143).

Нависанда, баъзан санъати саҷъ, яъне насри қофиядорро дар сатҳи баланди эҷодӣ корбаст мекунад. Ба намунае аз он таваҷҷуҳ менамоем: “бо хавфу умеди авф нишастам” (Ҳамон ҷо, саҳ. 136). Дар бахши “Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст” (С. 249-252), ҳангоми тасвири замони мактабӣ ва муҳити наврасӣ аз дӯсту ҳамсинфаш бо номи Сайфиддин ёдовар шуда, дар тасвири ҳолу аҳволи руҳии ӯ, бахусус, беэътибории духтари деҳотие бо исми Хумор аз аҳволи шефтагии Сайфиддин санъати саҷъро хеле зебо ва баҷо корбаст мекунад: Хумор “Бидуни он ки бошад дар соҳил интизор, барқасдона мешуд дар фирор, мекард Сайфиддини моро дилфигор” (Ҳамон ҷо, саҳ. 251-252).

Дар аввали банди “Эй дил, пас аз ин андуҳи беҳуда махӯр” (С. 460-465) санъати саҷъро дар алоқамандӣ бо супоридани имтиҳони давлатӣ аз фанни фалсафа ва ҷойгоҳи баланди тафаккурию тарбиятию зеҳнӣ доштани ин илм гӯшзадкунон, аз насри қофиядор дар сатҳи баланди эҷодӣ кор мегирад, ки омӯзандаву хотирмон ва ҷаззоб аст: “21-уми июни соли 1976, охирин имтиҳони давлатиамонро аз фанни фалсафа, ки калиди кушодани занҷир, раҳнамои айни шабгир, мушкилкушои ҳини таҳрир, бадеияти ҳоли тасвир, фошкунандаи ҳама тазвир, маҷоли саранҷоми тақрир ва муаллифи асли тадбирамон буд, бомуваффақият супоридем” (Ҳамон ҷо, саҳ. 460).

Шонздаҳум. Муаллимони донишманду матраҳи деҳотию музофотӣ дар “Ёддоштҳо” ҷойгоҳи калидӣ доранд. Муаллиф аз устодони забардасти музофотӣ, ки дар таълиму тарбияи нависанда саҳми асосӣ доштаанд, батафсил ёдовар мешавад.

Масалан, дар банди “Мактаби ман” (С. 156-161) симои муаллими аввалини муаллиф Ғоибназар Забиров (С. 157), дар бахши “Муаллими ман” (С. 161-175) чеҳраи муаллими таърих ва ҷуғрофиёи мактаби деҳот Усмон Раҳмонов (мавсуф ба ғайр аз матолиби дар китоби дарсӣ ҷойдошта, маводи зиёдеро аз китобҳои илмию методӣ доир ба мавзуъҳои дарсӣ ба хонандагон ироа мекардааст), дар банди “Сухан монад аз мо ёдгор” (С. 175-182) шахсияти муаллими забон ва адабиёти тоҷик Амонулло Саидов, дар банди “Сардафтари ояти накуӣ” (С. 182-186) симои муаллимаи забону адабиёти рус Пасечникова Фаина Дмитриевна (зодаи Украина буда, барои таълиму тадриси забони русӣ ба Душанбе ва аз он ҷо ба Фархор фиристода шуда буд), дар банди “Ба дониш бувад ҷону дилро фузун” (С. 221-223), муҳити таълимию тадрисию тарбиятии мактаби миёнаи рақами 4-и деҳаи Аловиддин, дар бахши “Фарде доно ва устоди тавоно (С. 225-231) симои муаллими номдори забону адабиёти мактаби миёнаи рақами чори деҳаи Аловиддин Саид Шарифов (ба назари нависанда, дар сатҳи беҳтарин муаллимони донишгоҳу донишкадаҳо дарс мегузашт)-ро бозкушоӣ мекунад. Дар бахши “Нигаҳ кун ба ҷойе, ки дониш бувад” дар бораи муаллими номдори ноҳия Гадойназар Бегаков сухан ба миён меоварад (С. 292-301).

Дар зимн, ҳангоми баёни матлаб муаллиф доир ба муҳити мактабӣ, ҷойгоҳи мактаб ҳамчун институти калидии иҷтимоӣ, нақши омӯзгор дар низоми зиндагии иҷтимоию маънавии башар, таносуби мактабу давлат, мақоми омӯзгор ба ҳайси чеҳраи мафкурасоз, махсусан дар бахшҳои “Мактаби ман” (С. 156-161), “Муаллими ман” (С.161-175), “Сухан монад аз мо ёдгор” (С.175-182), “Ба дониш бувад ҷону дилро фузун” (С.221-223) нуктаҳои ҷолиб ироа мефармояд.

Нависанда, инчунин, аз муаллимони номдор ва масъулиятшиноси донишгоҳӣ, ки дар тарбияи ахлоқию илмию адабию миллии муаллиф саҳми назаррас доштаанд, ба некӣ ёд менамояд.

Ба ин лаҳн, дар бораи устодони мактаби олӣ (манзур муаллимони Донишгоҳи омӯзгории Кӯлоб) дар бахшҳои “Кас аз модари хеш доно назод” (дар бораи Ёралӣ Содиқов - С. 403-413), “Ба дониш равонро тавонгар кунед (дар бораи Рустам Ҷӯраев - С. 388-399), “Ба дониш бувад мардро обрӯй” (дар бораи Изатулло Тамлихоев- С. 378), “Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ” (дар бораи Қаюм Сангов - С. 378-388), “Чунон дон, ки нодонтарӣ дар замон” (дар бораи Мусо Диноршоев - С. 45-455), “Дилро ба дил раҳест дар ин гунбади сипеҳр” (дар бораи муаллими номдори фанни таърих Гадойназар Бегаков - С. 456-460) бо эҳтироми маҳз гуфтугӯ мекунад ва мушаххасоти ахлоқӣ, ҳувиятӣ, фикрӣ, илмӣ, эҷодӣ, маданӣ ва иҷтимоии ҳар яке аз устодони матраҳи замонро бо мисолҳои вежа баён месозад.

Зимнан, нависанда соли гузашта дар бораи як зумра устодони забардасти замон, ки дар рушди маънавии муаллиф саҳми асосӣ доштаанд, дар матбуоти даврии ватанӣ матолиби ҷолиби омӯзанда интишор дода буд, ки вокунишҳои сазовори зиёиёни гӯшаву канори мамлакатро ба бор овард.

Дар қисмати якуми “Ёддоштҳо” ҳам масъалаи мазкурро дар қолиби хотироти ширину рангини айёми мактабӣ ва донишҷӯйӣ дунбол карда, бахшҳои дар боло зикршударо ба ин мавзуи калидӣ ихтисос додааст.

Бознашр аз нашрияи "Ҷумҳурият" https://jumhuriyat.tj/8814-bardoshtu-taassurot-az-eddoshtu-hotirot.html Санаи нашр: 16.07.2026 №: 138-140

Идомаи матлабро метавонед аз сомонаи мазкур мутолиа кунед!

Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик

МАКТАБИ ИЛМӢ ДАР ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ: МАФҲУМ, МОҲИЯТ ВА ТАЛАБОТ

2123Дар низоми муосири илми ҳуқуқшиносӣ, ки бо суръати баланди тағйирёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва таҳаввулоти қонунгузорӣ хос аст, мактаби илмӣ на танҳо ҳамчун шакли ташкили фаъолияти илмӣ, балки ҳамчун кафили ҳифзи анъана ва эҷоди пайвастаи донишҳои нав баромад мекунад. Мафҳуми мактаби илмӣ дар илми ҳуқуқшиносӣ дар фарқият аз илмҳои дигар дорои хусусияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва идеологӣ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мактабҳои бузурги ҳуқуқшиносӣ таърихан бо ҳам пайванданд, фаҳмиши ин падида аҳамияти махсус пайдо мекунад.

Мактаби илмӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ на танҳо ҳамчун шакли ташкили фаъолияти илмӣ, балки ҳамчун низоми мутақобилаи ҷузъҳои ташаккулдиҳандаи маърифативу фарҳангӣ (мавҷудияти роҳбари барҷаста, консепсияи ягонаи илмӣ, занҷираи пайвастаи наслҳо) арзёбӣ мегардад, ки дар он ғояҳои бунёдӣ, усулҳои таҳқиқот ва арзишҳои касбӣ дар заминаи анъанаҳои устувор эҷод, рушд ва интиқол дода мешаванд.

Дар илми ҳуқуқшиносӣ моҳияти мактаби илмӣ дар се ҷанбаи асосӣ зоҳир мегардад:

1. Ҷанбаи маърифатӣ дар он ифода меёбад, ки мактаб як воситаи муайяни "дидани" ҳақиқати ҳуқуқӣ мебошад. Дар атрофи назарияи муайяни илмӣ, ки маҷмӯи назарияҳо, усулҳо ва фарзияҳои асосиро дарбар мегирад, мактаб ташаккул меёбад. Масалан, мактаби ҳуқуқи позитивӣ ҳуқуқро ҳамчун иродаи давлат ва маҷмӯи меъёрҳое меомӯзад, ки аз боло ҷорӣ карда мешаванд. Дар муқобил, мактаби ҳуқуқи табиӣ ҳуқуқро ба меъёрҳои олитарини ахлоқӣ, одилона ва табиӣ пайваста, онро аз иродаи давлат болотар мегузорад. Ҳар ду равия, гарчанде ки ба ҳам мухолифанд, аммо дар дохили худ мактабҳои бисёрро бавуҷуд овардаанд ва ҳар кадоми онҳо ба таври худ ба фаҳмиши мо оид ба ҳуқуқ саҳм мегузорад.

2. Ҷанбаи иҷтимоӣ бошад, ки мактаби илмиро ҳамчун як муҳити махсуси зеҳнӣ тавсиф мекунад, ки дар он на танҳо дониш, балки маданияти илмӣ, одоби баҳс, шеваи гуфтугӯ ва арзишҳои касбӣ интиқол дода мешаванд. Дар ин ҷо муносибати "Устод-Шогирд" нақши марказӣ дорад. Ин муносибат на танҳо як услуби таълим, балки шеваи зиндагӣ, фалсафаи кор ва стратегияи рушд мебошад. Бидуни он, ҳеҷ мактабе ба вуҷуд намеояд ва наметавонад дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шавад. Ин муносибат на танҳо ба интиқоли дониш, балки ба ташаккули шахсияти илмӣ, тарбияи масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба анъанаҳои илмӣ мусоидат мекунад. Ба воситаи ин муносибат аст, ки мактаб насли ояндаи муҳаққиқонро ба воя мерасонад. Муносибати "Устод-Шогирд" асоси мактаби илмӣ буда, он ба мактаб ҳувият, устуворӣ ва эътибор мебахшад.

3. Ҷанбаи фаъолиятӣ, ки мактаби илмиро ҳамчун нерӯи фаъоли иҷтимоӣ муаррифӣ мекунад ва ба равандҳои амалӣ таъсири мустақим мерасонад. Мактабҳои ҳуқуқшиносӣ дар таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо, такмили механизмҳои судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон саҳми муассир мегузоранд. Ин аст, ки моҳияти таъсиррасонӣ ба қонунгузорӣ ва фаъолияти амалии мактабҳои илмӣ онҳоро ба як қувваи воқеии ташаккулдиҳандаи муносибатҳои ҳуқуқӣ табдил медиҳад.

Барои он ки як ҷамоаи тадқиқотиро мактаби илмӣ эътироф намоянд, он бояд ба як қатор талаботи сахт ва дақиқ, ки дар адабиёти илмшиносӣ таҳия шудаанд, ҷавобгӯ бошад. Бояд тазаккур дод, ки иҷрои ин талабот на танҳо дар марҳилаи ташаккул, балки дар тамоми давраи фаъолияти мактаб ҳатмист. Ин талабот ба мактаб имкон медиҳанд, ки дар муҳити рақобатпазири илмӣ худро нигоҳ дорад ва ба рушди устувор ноил гардад.

1. Мавҷудияти роҳбари илмии барҷаста яке аз шартҳои асосии ташаккул ва фаъолияти ҳар мактаби илмӣ маҳсуб мешавад. Роҳбари мактаб набояд танҳо доктори илм бошад, балки бояд эҷодкори як самти нав дар илм ҳисобида шавад. Вай бояд дорои хислатҳои фардие бошад, ки ӯро ба як роҳбари зеҳнӣ табдил диҳанд. Аз ҷумла, қобилияти эҷоди ғояҳои бузург, эътибори баланд дар миёни ҳамкорон ва қобилияти муттаҳид сохтани пайравон ва шогирдон дар атрофи як консепсияи ягона. Дар таърихи илми ҳуқуқшиносӣ чунин шахсиятҳо мавҷуданд, ки дар атрофи онҳо мактабҳои қавӣ ташаккул ёфтаанд.

2. Консепсияи ягонаи илмӣ асоси методологӣ ва назариявии мактаб мебошад. Ин консепсия бояд асолат дошта, равишҳои пешинро такрор накунад ва бояд барои ҳалли мушкилоти мубрами ҳуқуқӣ навоварӣ ворид намояд. Ягонагии консепсиявии мактаб маънои онро дорад, ки ҳамаи пажӯҳишҳои аъзои он аз як "чашмаи назариявӣ" (як принсип, як усул ё як системаи арзишӣ) сарчашма мегиранд ва ин воҳидӣ ба корҳои онҳо ранги муайян ва шинохта мебахшад. Асолат бошад маънои рафтан аз маърифати догматикӣ ва такрори оддии гуфтаҳои пешиниёнро надорад, балки пешниҳоди як дидгоҳи тозае аст, ки он дар сарчашмаҳо мавҷуд набуд, ё дар омезиши нави усулҳо зоҳир мешавад. Пешрафти мактаб дар он аст, ки консепсияи он набояд дар берун аз фазои иҷтимоию ҳуқуқии кунунӣ вуҷуд дошта бошад, балки онро бояд ба масъалаҳои мубрам ва нозуки самт ё соҳа пайваст намуда, роҳи нави ҳалли онҳоро пешниҳод намояд. Ин таркиби методологӣ ба мактаб имкон медиҳад, ки дар фазои рақобати илмӣ ҳамчун як воҳиди эҷодкор ва инноватсионӣ эътироф шавад, на танҳо аз ҳисоби таърихи гузашта, балки аз рӯи қобилияти ҷавобгӯӣ ба дархостҳои ояндаи низоми ҳуқуқӣ.

3. Анъана ва иртиботи наслҳо омили муҳимтарини устувории мактаб аст. Мактаби илмӣ бе се насли олимон – асосгузор, ворисон ва шогирдони ҷавон – вуҷуд дошта наметавонад. Ин силсилаи пайвастаи наслҳо ба таври доимӣ анъанаҳои илмиро ғанӣ гардонида, ба эҷоди мероси илмӣ мусоидат мекунад. Механизми дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар доираи як мавзӯи ягона ва дар зери роҳбарии як устод нишондиҳандаи асосии ҳаёти мактаб аст. Дар доираи ин раванд, на танҳо донишҳои нав эҷод мешаванд, балки шахсияти муҳаққиқони ҷавон ташаккул меёбад.

4. Эътироф дар миқёси миллӣ ва байналмилалӣ дигар талаботи ҳатмӣ барои мактабҳои илмӣ мебошад. Натиҷаҳои таҳқиқоти мактаб бояд дар монографияҳои бунёдӣ, китобҳои дарсии тасдиқшуда ва мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои бонуфуз инъикос ёбанд. Барои ҳуқуқшиносон нашри асарҳо ба забони русӣ ва англисӣ нишондиҳандаи муҳимтарини эътирофи ҷаҳонӣ мебошад. Дар ин замина, фаъолияти нашриётӣ ва иштирок дар конференсияҳои байналмилалӣ нақши калидӣ мебозад.

5. Самти навоварии мактабро аз догматизм (хушкфикрӣ) эмин медорад. Мактаб набояд ба таълимоти яхбаста ва такроршаванда табдил ёбад, балки бояд ҳамеша ба чолишҳои нави замон вокуниш нишон диҳад. Масалан, дар солҳои охир масъалаҳои ҳуқуқи рақамӣ, танзими зеҳни сунъӣ, ҳифзи амнияти биологӣ ва мубориза бо тағйирёбии иқлим ба мавзӯъҳои асосии тадқиқотҳои ҳуқуқӣ табдил ёфтаанд. Мактабҳое, ки ба ин самтҳо таваҷҷӯҳи кофӣ зоҳир намекунанд, хатари аз даст додани эътибори илмии худро доранд.

Дар шароити ташаккули давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон илми ҳуқуқшиносӣ бо вазифаҳои стратегӣ рӯбарӯ шуд. Яке аз вазифаҳои муҳимтарин бунёди низоми нави ҳуқуқӣ мувофиқи арзишҳои миллии давлат ва талаботи стандартҳои байналмилалӣ буд. Мактабҳои илмие, ки дар замони шӯравӣ фаъолият доштанд, тағйироти куллӣ ва назаррасро аз сар гузарониданд. Агар дар давраи шӯравӣ мактабҳо асосан ба идеологияи марксистӣ-ленинӣ такя мекарданд, пас дар давраи истиқлолият мактабҳо ба арзишҳои миллии ҳуқуқӣ ва рукнҳои демократӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуданд. Дар солҳои охир дар соҳаи ҳуқуқшиносии тоҷик қадамҳои назаррасе гузошта шудааст. Дар маҷмӯъ, мактабҳои илмии Тоҷикистон ба самтҳои нави илмӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир менамоянд.

Дар Тоҷикистон мактабҳои ҳуқуқшиносӣ баъд Истиқлолияти давлатӣ дар марҳилаи ташаккул ва мустаҳкамкунии мавқеъҳои худ қарор доранд, ки дорои нерӯи бузурги илмӣ мебошанд. Афзалияти асосии онҳо дар он аст, ки онҳо метавонанд аз ҳар ду анъанаи ҳуқуқии Шарқ ва Ғарб баҳра баранд. Мактабҳои илмии Тоҷикистон метавонанд дар оянда ба марказҳои тадқиқоти ҳуқуқии таърихӣ ва ҳуқуқи муосир и табдил ёбанд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва афзоиши робитаҳои байналмилалӣ, мактабҳои илмӣ нақши калидиро дар ҳамгироии илми ҳуқуқшиносии Тоҷикистон бо фазои илмии ҷаҳонӣ иҷро мекунанд. Имрӯз, барои мактабҳои илмии тоҷик муҳим аст, ки дар лоиҳаҳои байналмилалӣ, конференсияҳо ва семинарҳои илмӣ бо мактабҳои пешрафтаи ҷаҳон ширкат варзанд ва ҳамкориҳои судмандро ташкил намоянд.

Яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории байналмилалӣ, ҳамгироӣ бо мактабҳои илмии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва Аврупо мебошад. Дар ин замина, лоиҳаҳои муштараки илмӣ, табодули мутахассисон ва нашри дастаҷамъии мақолаҳо ва монографияҳо ба рушди мактабҳои илмии Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Инчунин, иштироки олимони тоҷик дар конференсияҳои байналмилалии ҳуқуқшиносӣ ба баланд бардоштани эътирофи мактабҳои онҳо дар сатҳи ҷаҳон кӯмак мерасонад.

Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои дарозмуддати рушди илми ҳуқуқшиносӣ ва таъмини ҳамгироии он ба фазои илмии ҷаҳонӣ, зарур аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии дастгирӣ ва рушди мактабҳои илмии ҳуқуқшиносӣ барои давраи то соли 2040 (минбаъд – Барнома) таҳия ва қабул карда шавад. Ин Барнома бояд хусусияти соҳавӣ, стратегӣ ва амалиро доро буда, дар он самтҳои афзалиятноки таҳқиқот, механизмҳои дастгирии молиявӣ ва методологӣ, инчунин нишондиҳандаҳои арзёбии самаранокӣ пешбинӣ гарданд.

Иҷрокунандаи масъули Барнома бояд Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (минбаъд – Институт) таъин карда шавад, зеро ин муассиса дорои захираҳои илмӣ, кадрҳои баландихтисос ва таҷрибаи кофӣ дар самти таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии ҳуқуқ мебошад.

Барои такмил ва амалисозии самараноки ин пешниҳод, риояи чанд шарти асосӣ зарур аст:

1. Таъмини маблағгузории устувор. Барнома бояд аз буҷети давлатӣ маблағгузории солона дошта бошад, ки барои гузаронидани тадқиқотҳои фундаменталӣ, нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои байналмилалӣ, ташкили конференсияҳо ва экспедитсияҳои илмӣ, инчунин дастгирии рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар доираи мавзӯъҳои афзалиятноки Барнома равона карда мешавад.

2. Таъсиси Шӯрои илмию методологӣ. Дар назди Институт Шӯрои байнисоҳавӣ таъсис дода шавад, ки дар он намояндагони факултетҳои ҳуқуқшиносии кишвар, коршиносони соҳаи ҳуқуқи миллӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ҷалб карда шаванд. Ин Шӯро самтҳои таҳқиқот, меъёрҳои арзёбӣ ва роҳбарони илмии мактабҳоро муайян мекунад.

3. Рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ. Барнома бояд ҳамкории институтсионалӣ бо марказҳои илмии Федератсияи Русия, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупоро ба нақша гирад. Ҳадаф – гузаронидани тадқиқотҳои муштарак, табодули мутахассисон ва нашри дастаҷамъии асарҳо.

4. Баланд бардоштани сатҳи нашрияҳо. Дар доираи Барнома ба маҷаллаҳои илмии Институт мақоми байналмилалӣ дода шуда, барои воридшавӣ ба пойгоҳҳои Scopus ва Web of Science шароит фароҳам карда шавад. Ин эътирофи ҷаҳонии мактабҳои миллиро суръат мебахшад.

5. Ба роҳ мондани нашри силсилаи китобҳои «Классикаи илми ҳуқуқшиносӣ». Дар доираи барнома маҷмӯи асарҳои бунёдии ҳуқуқшиносони барҷастаи тоҷик ҷамоварӣ гардида, вобаста ба ихтисос ва соҳаҳо нашр карда шаванд. Он асарҳо мебошанд, ки дар замони худ ба ташаккул ва такомули низоми ҳуқуқи Тоҷикистон асос гузошта, имрӯз ҳам ҳамчун манбаи эътимодноки илмӣ эътироф карда мешаванд. Силсилаи нашри «Классикаи илми ҳуқуқшиносӣ» хуб мешавад, ки аз асарҳои академикон Раҷабов Солеҳ Ашӯрхоҷаевич, Тоҳиров Фозил Тоҳирович, узви вобастаи Академия Усмонов Очилбой Усмонович, профессор Ойгензихт Виктор Аркадевич шурӯъ шавад.

6. Ташкили мактабҳои тобистона ва семинарҳои методӣ. Барнома бояд семинарҳои доимии методӣ, даврҳои илмӣ ва мактабҳои тобистонаро барои муҳаққиқони ҷавон пешбинӣ намояд, ки дар онҳо устодони варзида (аз ҷумла аз хориҷи кишвар) дар бораи усулҳои муосири тадқиқот, тафсири қонун ва таҳлили муқоисавии ҳуқуқӣ маърӯза мекунанд. Ин тадбир анъанаи "Устод-Шогирд"-ро дар сатҳи сифатан нав эҳё мекунад.

7. Арзёбии солонаи самаранокӣ. Барои ҳар мактаби илмӣ, ки дар доираи Барнома фаъолият мекунад, нишондиҳандаҳои аниқ муқаррар карда мешаванд. Ба монанди шумораи рисолаҳои дифоъшуда, шумораи нашрияҳо дар маҷаллаҳои бонуфуз, шумораи истинодҳо (хирш), иштирок дар конференсияҳои байналмилалӣ ва дараҷаи татбиқи натиҷаҳои тадқиқот дар қонунгузории амалкунанда.

8. Таваҷҷӯҳ ба самтҳои инноватсионӣ. Дар доираи Барнома ба таҳқиқоти байнисоҳавӣ, бахусус дар самтҳои ҳуқуқи рақамӣ, зеҳни сунъӣ, амнияти биологӣ, ҳуқуқи экологӣ афзалият дода шавад. Ин ба мактабҳои ҳуқуқшиносии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар сатҳи пешрафтаи ҷаҳонӣ рақобатпазир бошанд.

Хулоса, қабули чунин Барнома ба мактабҳои илмии ҳуқуқшиносӣ хусусияти бонизом, муҳлати муайян ва самаранокии амалӣ мебахшад, ки дар навбати худ ба ташаккули низоми миллии устувори илмии ҳуқуқ ва баланд бардоштани нуфузи он дар миқёси ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.

Сангинзода Дониёр Шомаҳмад,

муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва

таълимии Институти давлат ва ҳуқуқи

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

САФАРҲОИ ДАВЛАТӢ ҲАМЧУН ВОСИТАИ ТАҲКИМИ АМНИЯТИ ҲУҚУҚӢ ДАР МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ

(дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон)

Дар низоми муносибатҳои байналмилалии муосир, сафарҳои давлатии сарони давлатҳо на танҳо ҳамчун амали расмию протоколӣ, балки ҳамчун воситаи муҳими ташаккул ва таҳкими робитаҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иқтисодии байнидавлатӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Чунин сафарҳо дар заминаи ҳуқуқи байналмилалӣ, махсусан ҳуқуқи шартномаҳои байналмилалӣ, аҳамияти махсус доранд, зеро онҳо барои ба имзо расонидани санадҳои ҳуқуқӣ ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ замина фароҳам меоранд. Ҳуқуқи шартномаи байналмилалӣ ҳамчун соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ тартиби бастани шартнома, шартҳои эътиборнокӣ, амал, тағйирёбӣ ва қатъгардии онҳоро муайян мекунад ва сарчашмаи асосии он одати байналмилалӣ ва Конвенсияи Вена оид ба ҳуқуқи шартномаҳои байналмилалӣ (1969) ба ҳисоб меравад.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон 24 апрели соли 1992 барқарор шудаанд. Ин рӯйдоди муҳим заминаи ҳуқуқӣ барои рушди минбаъдаи муносибатҳои байни ду кишвар гардид. Барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ дар ибтидои солҳои 1990-ум, дар давраи ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон ва дар шароити тағйироти куллии геосиёсӣ дар фазои пасошӯравӣ, аҳамияти стратегӣ дошт.

Таъйини сафирони фавқулода ва мухтор дар ду кишвар марҳилаи нави таҳкими муносибатҳоро ифода мекунад. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон бо қароргоҳ дар шаҳри Нур-Султон (ҳозира Астана) ҷаноби Ибодзода Хайрулло (11.06.2019) ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Муғулистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Нур-Султон) ҷаноби Лувсан Баттулга (21.11.2017) таъйин шудаанд. Ин таъйинот нишон медиҳад, ки ҳар ду кишвар ба рушди муносибатҳои дуҷониба таваҷҷуҳи ҷиддӣ доранд, гарчанде ки қароргоҳи сафирони ҳар ду кишвар дар пойтахти Қазоқистон ҷойгир аст, ки худи он аз зарурати тавассути дипломатӣ барои ҳамкории муассир шаҳодат медиҳад.

Дар тӯли солҳои истиқлол, муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Муғулистон дар сатҳҳои гуногун рушд ёфтанд. Яке аз рӯйдодҳои муҳим сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муғулистон дар 23 марти соли 2009 буд, ки заминаи сафари кунунии давлатиро фароҳам овард.

Илова бар ин, 11 сентябри соли 2014 вохӯрии президентҳои Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Шӯрои Сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Зимни ин мулоқот, мавзӯъҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ин вохӯрӣ дар доираи як платформаи бонуфузи байналмилалӣ сурат гирифта, аҳамияти ҳамкории ду кишварро дар сатҳи минтақавӣ таъкид намуд.

Дар сатҳи вазоратҳои корҳои хориҷӣ низ муносибатҳо фаъолона рушд ёфтанд. 20 сентябри соли 2016 вохӯрии вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи 71-умин иҷлоси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Ҳамчунин, 13 октябри соли 2018 дар доираи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои СҲШ дар шаҳри Душанбе мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муовини Сарвазири Муғулистон баргузор гардид. Машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ низ мунтазам доир мешуданд: 15 апрели соли 2019 дар Душанбе дуюмин давраи чунин машваратҳо баргузор гардид.

Заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии муносибатҳои ду кишварро 5 санади дуҷониба ташкил медиҳад. Ин санадҳо соҳаҳои гуногуни ҳамкориро фаро мегиранд ва барои рушди муносибатҳо дар оянда заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам меоранд. Дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ, шартномаҳои байнидавлатӣ манбаи асосии танзими муносибатҳо ба шумор мераванд ва мавҷудияти панҷ санади дуҷониба гувоҳи он аст, ки ду кишвар ба ташаккули заминаи ҳуқуқӣ барои ҳамкориҳои минбаъда аҳамияти калон медиҳанд.

Сафарҳои давлатии сарони давлатҳо дар ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамчун амали соҳибихтиёрии давлатӣ ва ифодаи иродаи он дар арсаи байналмилалӣ мавриди эътироф қарор мегиранд. Гарчанде ки худи сафар санади ҳуқуқӣ эътибор надорад, он барои ба имзо расонидани шартномаҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ, ки манбаи ҳуқуқӣ мебошанд, замина фароҳам меорад. Тибқи Конвенсияи Вена оид ба ҳуқуқи шартномаҳои байналмилалӣ (1969), шартномаи байналмилалӣ созишномаест, ки байни давлатҳо ба таври хаттӣ баста мешавад ва бо ҳуқуқи байналмилалӣ танзим мегардад. Сафарҳои давлатӣ яке аз воситаҳои асосии омодасозӣ ва бастани чунин шартномаҳо мебошанд.

Дар заминаи сафари давлатӣ, сарони давлатҳо на танҳо маросимҳои расмии протоколиро ба ҷо меоранд, балки дар мулоқотҳои дуҷониба масоили муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ мекунанд. Дар ҳуқуқи байналмилалӣ, мафҳуми "одати байналмилалӣ" (international custom) низ мавҷуд аст, ки дар натиҷаи амалияи умумии давлатҳо ташаккул меёбад. Маросим ва анъанаҳои сафарҳои давлатӣ намунаи возеҳи чунин одатҳо мебошанд, ки ҳамчун манбаи ғайринавиштаи ҳуқуқ эътироф мешаванд.

Яке аз аломатҳои асосии сафарҳои давлатӣ таркиби ҳайати ҳамроҳкунандаи сарвари давлат мебошад. Дар ин сафар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ мекарданд. Ҳузури вазири корҳои хориҷӣ ва ёрдамчии Президент дар ҳайат нишон медиҳад, ки сафар бо мақсади ҳалли масъалаҳои муҳими сиёсати хориҷӣ ва тайёр кардани санадҳои ҳуқуқӣ сурат гирифтааст.

Маросими пазироии расмӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Улан-Батор нишондиҳандаи баландии эҳтиром ва риояи меъёрҳои байналмилалии протоколӣ буд. Майдони пазироӣ бо Парчамҳои давлатии Тоҷикистону Муғулистон идона оро ёфта буд. Меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷии Муғулистон Батсэтсэг Батмунхийн ва дигар намояндагони воломақоми расмӣ истиқбол намуданд.

Тибқи муқаррароти расмии сафарҳои давлатӣ, дар назди тайёра роҳрави сурх густурда шуда, аз ду тараф сарбозони қаровули фахрӣ саф оростанд. Маросими истиқболро ҳузури гуруҳи ҷавонони муғул бо либосҳои миллӣ ва анъанаи неки пазироии меҳмонони воломақом зиннат бахшид. Ин унсурҳои маросимӣ дар ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамчун "одат" мавриди эътирофанд ва барои эҷоди фазои мусоиди сиёсӣ барои гуфтушунидҳои ҳуқуқӣ мусоидат мекунанд.

Дар шаҳри Улан-Батор, дар ҳошияи сафари давлатӣ, сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух дар як мавзеи зебо ба хотири таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ ниҳоли дӯстӣ шинониданд. Ин амал, гарчанде ки санади ҳуқуқӣ эътибор надорад, дар амалияи байналмилалӣ ҳамчун рамзи таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва изҳори нияти ду кишвар барои рушди ҳамкорӣ дар оянда маънидод мешавад. Аз дидгоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ, чунин амалҳои рамзӣ метавонанд ҳамчун "изҳори иродаи якҷоя" тафсир шаванд, ки барои ба имзо расонидани санадҳои ҳуқуқӣ дар оянда замина фароҳам меоранд.

Сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Муғулистон танҳо як боздиди дипломатии навбатӣ нест, ин сафар нишонаи он аст, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба марҳилаи нави тавсеаи ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиё ворид мешавад. Дар назари аввал, Тоҷикистон ва Муғулистонро ҳазорҳо километр масофа ҷудо мекунад ва онҳо ҳамсарҳад нестанд (онҳоро Чин ҷудо мекунад), аммо дар геосиёсати имрӯз масофа дигар меъёри асосии наздикӣ нест. Манфиатҳои муштарак, амният, иқтисод ва дипломатия кишварҳоро ба ҳам меоранд.

Ҳар ду давлат сиёсати бисёрсамтаи хориҷиро пеш мебаранд, муносибатҳои дӯстона бо ҳамсояҳо ва қудратҳои ҷаҳониро нигоҳ медоранд ва ҷонибдори таҳкими нақши Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ мебошанд. Дар масъалаҳои тағйирёбии иқлим, мубориза бо биёбоншавӣ, идораи захираҳои об ва рушди устувор низ мавқеъҳои онҳо ба ҳам наздиканд.

Ин сафар паёми равшан дорад: Тоҷикистон мехоҳад дар харитаи дипломатии Осиё фаъолтар, таъсиргузортар ва дорои шабакаи густурдаи ҳамкорӣ бошад. Муғулистон метавонад яке аз ҳалқаҳои муҳими ин сиёсати нав гардад.

Тоҷикистон ва Муғулистон аз нигоҳи иқтисодӣ якдигарро пурра мекунанд. Муғулистон яке аз кишварҳои дорои захираҳои азими маъданӣ дар ҷаҳон аст. Тоҷикистон бошад, дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ ва мавқеи муҳими транзитӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Агар ин ду имконият бо ҳам пайваст шаванд, метавонанд барои ҳамдигар бозорҳои нав, сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои технологиро боз кунанд.

Ҳар ду давлат иқтисодҳои рӯ ба рушд доранд ва барои диверсификатсияи бозорҳои худ талош мекунанд. Муғулистон дар соҳаи истихроҷи маъдан таҷриба ва имкониятҳои бузург дорад, Тоҷикистон бошад дар гидроэнергетика, алюминий, кишоварзӣ ва захираҳои обӣ. Ин ду иқтисод рақиби ҳам нестанд, балки метавонанд якдигарро пурра кунанд.

Гарчанде миёни ду кишвар сарҳади мустақим вуҷуд надорад, ҳар ду давлати бебандар мебошанд. Аз ин рӯ, рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, ҳамкории гумрукӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои логистикӣ ба манфиати ҳар ду аст. Тоҷикистон дар чорроҳаи Осиёи Марказӣ қарор дошта, метавонад ҳамчун дарвозаи Муғулистон ба бозорҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Эрон ва кишварҳои Халиҷи Форс хизмат кунад. Аз тарафи дигар, Муғулистон метавонад барои Тоҷикистон равзанаи нави ҳамкорӣ бо Осиёи Шарқӣ ва минтақаи Уқёнуси Ором гардад.

Бо назардошти он ки ҳар ду кишвар бо мушкилоти умумии бебандарӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, масъалаҳои долонҳои нақлиётӣ, логистика, содирот ва диверсификатсияи роҳҳои тиҷорат барои онҳо аҳамияти ҳаётӣ доранд. Ин манфиати муштарак онҳоро ба ҳам наздик мекунад.

Тоҷикистон дар ташаббусҳои байналмилалии марбут ба об ва иқлим пешсаф аст, Муғулистон бошад бо мушкилоти биёбоншавӣ, тағйирёбии иқлим ва истифодаи устувори чарогоҳҳо рӯ ба рӯст. Ин самти нави ҳамкории илмӣ ва экологӣ шуда метавонад. Инчунин, ҳар ду кишвар дар масъалаҳои идораи захираҳои об ва рушди устувор мавқеъҳои наздик доранд, ки барои ҳамкории минбаъдаи илмӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон дар 20 июли соли 2026 на танҳо идомаи анъанаҳои дипломатии байни ду кишвар, балки оғози марҳилаи сифатан нави ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун мебошад. Таҳлили ҳуқуқии ин сафар нишон медиҳад, ки он дар доираи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва бо риояи пурраи протоколҳои дипломатӣ сурат гирифта, барои таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳо замина фароҳам овард.

Аз дидгоҳи таърихӣ, муносибатҳои ду кишвар аз соли 1992 инҷониб тадриҷан рушд ёфта, дар сатҳҳои гуногун – президентӣ, ҳукуматӣ, вазоратҳои корҳои хориҷӣ – мустаҳкам гардиданд. Заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии муносибатҳо, ки аз 5 санади дуҷониба иборат аст, барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.

Сафарҳои давлатӣ ҳамчун воситаи амалисозии сиёсати хориҷӣ ва ташаккули муносибатҳои ҳуқуқӣ дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти беандоза доранд. Маросими пазироии расмӣ ва шинонидани ниҳоли дӯстӣ, ки дар ин сафар ба амал омад, на танҳо рамзҳои протоколӣ, балки ифодаи иродаи ду кишвар барои рушди ҳамкорӣ дар оянда мебошанд.

Аз ҷиҳати стратегӣ, ин сафар барои Тоҷикистон дар доираи сиёсати бисёрсамтаи хориҷӣ аҳамияти калон дорад. Ҳамкориҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои маъдан, энергетика, нақлиёт ва логистика, инчунин ҳамкории экологӣ ва илмӣ метавонанд ба манфиати ҳар ду кишвар бошад. Тоҷикистон ва Муғулистон, гарчанде аз ҳам дур ҷойгиранд, метавонанд ба шарикони муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва логистикӣ табдил ёбанд, агар аз имкониятҳои ҷуғрофии худ ба таври оқилона истифода баранд.

Дар ҷаҳони муосир, дипломатия вақте муваффақ аст, ки ҳатто масофаи ҳазорҳо километр ба садди ҳамкорӣ табдил наёбад, балки ба пули имкониятҳо мубаддал шавад. Сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Муғулистон маҳз ҳамин принсипро таҷассум мекунад ва барои рушди муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ дар оянда заминаи мустаҳкам мегузорад.

АЛИНАЗАРОВА КИФОЯТ - котиби илмии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

КАЛОНЗОДА ФАТҲИДДИН – ходими калони илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

ТАШАККУЛИ МУНОСИБАТҲОИ ҲУҚУҚИИ ИҚТИСОДӢ ДАР ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

123Дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт ва рушди босуръати муносибатҳои бозорӣ нақши ҳуқуқ ҳамчун танзимкунандаи асосии муносибатҳои иқтисодӣ рӯз аз рӯз меафзояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки модели иқтисоди иҷтимоии бозориро интихоб намудааст, рушди устувори иқтисодӣ бо такмили мунтазами низоми ҳуқуқӣ робитаи ногусастанӣ дорад.

Дар ин раванд Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аҳаммияти махсус касб намудаанд. Гарчанде онҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ набошанд ҳам, аммо ҳамчун ҳуҷҷати стратегии сиёсати давлатӣ вазифаҳои асосии рушди иқтисодӣ, самтҳои такмили қонунгузорӣ ва ислоҳоти институтсионалиро муайян менамоянд.

Маҳз тавассути Паёмҳо афзалиятҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои соҳибкорӣ, сармоягузорӣ, саноатикунонӣ, иқтисоди рақамӣ, энергетика, молия, андоз ва амнияти иқтисодӣ муайян гардида, баъдан дар шакли қонунҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ татбиқ мешаванд.

Аз ин лиҳоз, омӯзиши таъсири Паёмҳо ба ташаккули муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ аҳаммияти муҳими назариявӣ ва амалӣ дорад.

1. Асосҳои назариявии муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ. Муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ яке аз навъҳои асосии муносибатҳои ҳуқуқӣ мебошанд, ки дар раванди истеҳсол, тақсимот, мубодила ва истеъмоли неъматҳои моддӣ ба вуҷуд меоянд. Онҳо маҷмуи муносибатҳои ҳуқуқие мебошанд, ки фаъолияти иқтисодии шахсони воқеӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва давлатро танзим менамоянд.

Хусусиятҳои асосии онҳо чунин мебошанд: иштирокчиёни муносибатҳо баробарҳуқуқ мебошанд; ҳуқуқ ва уҳдадориҳо бо меъёрҳои ҳуқуқ муайян мешаванд; давлат иҷрои онҳоро кафолат медиҳад; муносибатҳо бо рушди иқтисодиёт тағйир меёбанд; онҳо асоси фаъолияти бозори муосир мебошанд.

Дар назарияи муосири ҳуқуқ муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ танҳо муносибатҳои молиявӣ ё соҳибкорӣ нестанд, балки тамоми низоми танзими фаъолияти иқтисодӣ, аз ҷумла муносибатҳои андозӣ, бонкӣ, сармоягузорӣ, гумрукӣ, рақамӣ ва зиддиинҳисориро фаро мегиранд.

2. Паём ҳамчун сарчашмаи ташаккули сиёсати ҳуқуқии иқтисодӣ. Яке аз масъалаҳои баҳсбарангези назарияи ҳуқуқ муайян намудани мақоми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми сиёсати ҳуқуқӣ мебошад. Ба андешаи мо, Паём дорои се хусусияти муҳим аст:

Якум, он самтҳои стратегии рушди давлатро муайян менамояд.

Дуюм, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва қонунгузориро ҳамоҳанг месозад.

Сеюм, ҳамчун асоси методологии рушди қонунгузорӣ хизмат мекунад.

Аз ин рӯ, Паёмро метавон санади стратегии сиёсати ҳуқуқӣ арзёбӣ намуд, ки тавассути он давлат самтҳои рушди муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодиро муайян менамояд.

3. Марҳилаҳои ташаккули муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Таҳлили муқоисавии Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки рушди муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ хусусияти пайдарпай ва марҳилавӣ дошта, бо таҳаввули сиёсати давлатӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди қонунгузорӣ робитаи мустақим дорад. Ба андешаи мо, ин равандро метавон ба чор марҳилаи асосӣ ҷудо намуд.

1. Марҳилаи аввал (1992–2000): ташаккули заминаҳои ҳуқуқии иқтисоди бозорӣ. Солҳои аввали истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити хеле душвори сиёсӣ ва иқтисодӣ қарор дошт. Дар ин давра вазифаи асосии давлат на рушди иқтисод, балки ҳифзи давлатдорӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва ташкили асосҳои низоми нави иқтисодӣ буд.

Дар Паёмҳои нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои зерин ҳамчун афзалият муайян гардиданд, аз ҷумла, гузариш аз иқтисоди фармондеҳӣ ба иқтисоди бозорӣ, ташаккули моликияти хусусӣ, рушди соҳибкории инфиродӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ, ташкили низоми муосири молиявӣ, рушди низоми бонкии миллӣ, ҷорӣ намудани асъори миллӣ.

Дар ин давра як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои аҳаммияти бунёдӣ қабул гардиданд, ки барои ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ замина фароҳам оварданд.

Хусусияти асосии ин марҳила дар он ифода меёбад, ки ҳуқуқ вазифаи таъсисдиҳандаи институтҳои иқтисодиро иҷро намуд. Яъне аввал меъёрҳои ҳуқуқӣ қабул гардида, баъдан муносибатҳои иқтисодӣ дар асоси онҳо ташаккул ёфтанд. Аз нуқтаи назари назарияи ҳуқуқ, ин давраро метавон марҳилаи институтсионализатсияи муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ номид.

2. Марҳилаи дуюм (2001–2010): рушди институтҳои ҳуқуқии иқтисодӣ. Бо барқарор гардидани сулҳу суботи сиёсӣ масъалаи асосӣ рушди иқтисоди миллӣ гардид. Дар Паёмҳои ин давра Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд, ба монанди, рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузории хориҷӣ, такмили сиёсати андоз, рушди бахши хусусӣ, таъмини озодии фаъолияти иқтисодӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ.

Дар ин давра муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ аз доираи танзими оддии фаъолияти соҳибкорӣ берун баромада, ба танзими мураккаби иқтисоди миллӣ равона шуданд.

Ҳуқуқ дигар танҳо воситаи ташкилкунандаи иқтисод набуда, ба механизми идоракунии рушди иқтисодӣ мубаддал гардид. Дар натиҷа як қатор институтҳои нави ҳуқуқӣ, ба монанди, ҳуқуқи сармоягузорӣ, ҳуқуқи рақобат, танзими фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ, ҳифзи соҳибкорӣ, сиёсати давлатии дастгирии соҳибкорӣ ташаккул ёфтанд.

Аз ин рӯ, ин марҳиларо метавон марҳилаи рушди институтсионалии ҳуқуқи иқтисодӣ номид.

3. Марҳилаи сеюм (2011–2020): саноатикунонӣ ва рушди рақобатпазирии иқтисод. Марҳилаи мазкур бо қабул гардидани як қатор стратегияҳои давлатӣ ва эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи стратегӣ тавсиф мегардад.

Дар Паёмҳои ин давра масъалаҳои зерин мавқеи марказӣ пайдо намуданд, аз ҷумла, рушди истеҳсолоти миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, содироти маҳсулоти саноатӣ, такмили сиёсати сармоягузорӣ, рушди инфрасохтор.

Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ, дар ин марҳила давлат муносибатҳои иқтисодиро бештар тавассути механизмҳои ҳавасмандгардонӣ танзим намуд. Дар натиҷа чунин равандҳо ба вуҷуд омаданд: афзоиши кафолатҳои ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ; соддагардонии иҷозатномадиҳӣ; рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ; рушди механизмҳои ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ; баланд гардидани сатҳи ҳифзи ҳуқуқии сармоягузорон.

Ба андешаи мо, ин марҳила давраи гузариш аз танзими ҳуқуқии иқтисодӣ ба идоракунии ҳуқуқии рушди иқтисодӣ мебошад.

4. Марҳилаи чорум (2021 – то имрӯз): иқтисоди рақамӣ ва рушди устувор. Дар солҳои охир муҳтавои Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти сифатан нав касб намудааст. Агар дар солҳои аввал масъалаи асосӣ ташкили иқтисоди бозорӣ бошад, имрӯз масъалаҳои зерин дар маркази сиёсати давлатӣ қарор доранд, аз ҷумла, рақамикунонии иқтисодиёт, ҳукумати электронӣ, иқтисоди сабз, инноватсия, зеҳни сунъӣ, технологияҳои рақамӣ, амнияти иқтисодӣ, рушди сармояи инсонӣ.

Ин тағйирот нишон медиҳад, ки муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ низ хусусияти нав пайдо намудаанд. Дар ин марҳила чунин институтҳои нави ҳуқуқӣ, ба монанди, муносибатҳои рақамии иқтисодӣ, моликияти рақамӣ, хизматрасониҳои электронии давлатӣ, савдои электронӣ, шартномаҳои рақамӣ, пардохтҳои электронӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, амнияти кибернетикӣ ташаккул ёфтанд. Дар натиҷа ҳуқуқи иқтисодӣ аз доираи муносибатҳои анъанавӣ берун рафта, тадриҷан ба ҳуқуқи иқтисоди рақамӣ табдил меёбад.

Таҳлили Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ хусусияти эволютсионӣ дошта, вобаста ба тағйирёбии афзалиятҳои сиёсати давлатӣ мунтазам рушд менамоянд.

Ба андешаи мо, навгонии илмии ин таҳқиқот дар он ифода меёбад, ки бори аввал рушди муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ дар Тоҷикистон дар асоси консепсияи чормарҳилагии эволютсияи сиёсати ҳуқуқии иқтисодӣ асоснок карда мешавад.

Ин консепсия имкон медиҳад, ки робитаи байни Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди қонунгузории иқтисодӣ ошкор гардад; нақши Паём ҳамчун сарчашмаи сиёсати ҳуқуқӣ муайян карда шавад; мантиқи ташаккули институтҳои ҳуқуқии иқтисодӣ дар давраи истиқлолият нишон дода шавад; самтҳои ояндаи такмили қонунгузории иқтисодӣ муайян карда шаванд.

Акнун мегузарем ба самтҳои асосии ташаккули муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Рушди соҳибкорӣ ҳамчун самти асосии сиёсати ҳуқуқии иқтисодӣ. Дар шароити иқтисоди бозорӣ соҳибкорӣ ҳамчун муҳаррики асосии рушди иқтисоди миллӣ ва воситаи ташкили ҷойҳои нави корӣ эътироф гардидааст. Аз ин рӯ, яке аз самтҳои доимии Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон такмили муҳити ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.

Аз солҳои аввали истиқлолият то имрӯз дар Паёмҳо пайваста масъалаҳои дастгирии соҳибкории хусусӣ, коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди рақобати озод таъкид мегарданд. Ин равиш нишон медиҳад, ки давлат соҳибкориро на танҳо ҳамчун фаъолияти иқтисодӣ, балки ҳамчун институти муҳими рушди иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ арзёбӣ менамояд.

Дар натиҷаи татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тағйироти муҳими ҳуқуқӣ амалӣ гардиданд, аз ҷумла, соддагардонии расмиёти бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, ҷорӣ намудани низоми «равзанаи ягона», кам намудани шумораи иҷозатномаҳо ва иҷозатдиҳӣ, такмили низоми андозбандӣ, маҳдуд намудани санҷишҳои беасос, рушди хизматрасониҳои электронии давлатӣ.

Аз нуқтаи назари назарияи ҳуқуқ, ин тадбирҳо ба тағйирёбии табиати муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ оварда расониданд. Агар қаблан давлат асосан тавассути усулҳои амрӣ фаъолияти иқтисодиро танзим мекард, имрӯз усулҳои ҳавасмандгардонӣ, шарикӣ ва кафолатҳои ҳуқуқӣ мавқеи бештар пайдо намудаанд.

Ба андешаи мо, маҳз дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон консепсияи «давлати хизматрасон барои соҳибкор» тадриҷан ташаккул ёфтааст. Моҳияти ин консепсия дар он аст, ки мақомоти давлатӣ на танҳо вазифаи назорат, балки вазифаи мусоидат ба рушди фаъолияти иқтисодиро иҷро менамоянд. Ин тағйирот аз таҳаввули фалсафаи идоракунии давлатӣ шаҳодат дода, муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодиро ба модели шарикӣ миёни давлат ва бахши хусусӣ наздик месозад.

2. Ҳифзи ҳуқуқи моликияти хусусӣ ҳамчун пояи муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ. Дар тамоми Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои калидӣ ҳифзи ҳуқуқи моликият мебошад. Таҷрибаи давлатҳои дорои иқтисоди бозорӣ нишон медиҳад, ки рушди устувори иқтисодӣ танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки ҳуқуқи моликият бо кафолатҳои муассири ҳуқуқӣ таъмин карда шавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҳифзи моликияти хусусӣ тадриҷан такмил ёфта, имрӯз яке аз рукнҳои асосии сиёсати иқтисодӣ маҳсуб мешавад. Дар Паёмҳо ба масъалаҳои дахлнопазирии моликияти хусусӣ, кафолати ҳуқуқии сармоягузорон, ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон, таъмини иҷрои уҳдадориҳои шартномавӣ, такмили фаъолияти судҳои иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи эътимод ба мақомоти давлатӣ, таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Дар ин замина метавон гуфт, ки ҳифзи моликият дигар танҳо масъалаи ҳуқуқи шаҳрвандӣ набуда, ба масъалаи муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат табдил ёфтааст.

Аз нуқтаи назари назарияи ҳуқуқ, дар ин ҷо тағйироти муҳиме ба назар мерасад, агар қаблан ҳуқуқи моликият асосан ҳамчун ҳуқуқи субъективии шахс фаҳмида мешуд, имрӯз он ҳамчун яке аз омилҳои рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини амнияти иқтисодӣ арзёбӣ мегардад.

Ба андешаи мо, дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон консепсияи «кафолати ҳуқуқии моликият ҳамчун шарти рушди иқтисодӣ» ташаккул ёфтааст, ки онро метавон яке аз унсурҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии иқтисодӣ арзёбӣ намуд.

3. Ташаккули муносибатҳои ҳуқуқии сармоягузорӣ. Дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт рақобат барои ҷалби сармоягузорӣ байни давлатҳо рӯ ба афзоиш мебошад. Аз ҳамин ҷиҳат Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҷалби сармоягузории дохилӣ ва хориҷиро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки рушди миллӣ муайян кардааст.

Дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои зерин пайваста ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, таъмини кафолатҳои ҳуқуқии сармоягузорон, рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, дастгирии сармоягузории истеҳсолӣ, ҷалби технологияҳои муосир, таъкид мешаванд. Ин дастуру супоришҳо боиси такмили қонунгузории сармоягузорӣ ва рушди институтҳои нави ҳуқуқӣ гардиданд.

Аз нигоҳи назариявӣ, муносибатҳои ҳуқуқии сармоягузорӣ имрӯз танҳо байни сармоягузор ва давлат маҳдуд намешаванд. Онҳо маҷмӯи муносибатҳои мураккаби ҳуқуқӣ мебошанд, ки иштирокчиёни гуногун - давлат, бахши хусусӣ, муассисаҳои молиявӣ ва ташкилотҳои байналмилалиро фаро мегиранд.

Ба андешаи мо, Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули модели «шарикии ҳуқуқии давлат ва сармоягузор» замина гузоштаанд. Дар ин модел давлат на танҳо мақоми танзимкунанда, балки мақоми кафил ва шарики рушди иқтисодиро низ иҷро мекунад.

Таҳлил нишон медиҳад, ки дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ дар се самти бунёдӣ ташаккул меёбанд:

1. Муносибатҳои соҳибкорӣ, ки ба таъмини озодии фаъолияти иқтисодӣ ва кам кардани монеаҳои маъмурӣ равона шудаанд.

2. Муносибатҳои моликият, ки ҳадафи онҳо таҳкими кафолатҳои ҳуқуқии моликияти хусусӣ мебошад.

3. Муносибатҳои сармоягузорӣ, ки ба фароҳам овардани муҳити мусоиди ҳуқуқӣ барои ҷалби сармоя ва рушди истеҳсолот нигаронида шудаанд.

Ба андешаи мо, маҳз ҳамгироии ин се самт асоси ташаккули модели муосири сиёсати ҳуқуқии иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Навгонии илмии ин қисмат дар он аст, ки робитаи байни ҳадафҳои стратегӣ, институтҳои ҳуқуқӣ ва рушди иқтисодӣ ҳамчун низоми ягона таҳлил мешавад.

4. Такмили муносибатҳои ҳуқуқии андозӣ ва гумрукӣ дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмили муносибатҳои ҳуқуқии андозӣ ва гумрукӣ мебошад. Дар шароити иқтисоди бозорӣ низоми андоз ва гумрук на танҳо манбаи асосии даромади буҷет, балки воситаи муҳими танзими фаъолияти иқтисодӣ ва рушди соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад.

Дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои такмили сиёсати андозӣ пайваста ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодӣ муайян гардидаанд. Дар солҳои охир таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои содда намудани низоми андозбандӣ, коҳиш додани сарбории андозӣ барои соҳибкорон, рақамикунонии маъмурикунонии андоз, баланд бардоштани шаффофияти муносибатҳои андозӣ, мубориза бар зидди иқтисодиёти пинҳонӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии гумрукӣ, равона шудааст.

Дар натиҷаи татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ислоҳоти муҳими ҳуқуқӣ амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, қабул гардидани таҳрири нави Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷорӣ намудани ҳисоботи электронии андоз, рушди хизматрасониҳои рақамии мақомоти андоз ва гумрук, истифодаи низоми ягонаи электронии бақайдгирии амалиёти иқтисодӣ ва такмили механизмҳои назорати хавф аз ҷумлаи чунин ислоҳот мебошанд.

Аз нуқтаи назари назарияи ҳуқуқ, тағйироти мазкур аз дигаргун шудани фалсафаи сиёсати андозӣ шаҳодат медиҳад. Агар дар гузашта андоз асосан ҳамчун воситаи ҷамъоварии даромадҳои давлатӣ баррасӣ мешуд, имрӯз он ҳамчун воситаи ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ ва таъмини рақобати солим истифода мегардад.

Ҳамин тавр, муносибатҳои ҳуқуқии андозӣ тадриҷан аз модели «назоратӣ-фискалӣ» ба модели «ҳамкорӣ ва хизматрасонӣ» мегузаранд. Дар чунин модел мақомоти андоз танҳо иҷрокунандаи назорат набуда, балки шарики рушди соҳибкорӣ низ мебошанд.

Дар соҳаи гумрук низ чунин тағйирот ба назар мерасад. Дар Паёмҳо пайваста зарурати соддагардонии расмиёти гумрукӣ, рушди савдои хориҷӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои гумрукӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти мақомоти гумрук ба стандартҳои байналмилалӣ таъкид мешавад.

Ба андешаи мо, маҳз дар ҳамин самт модели нави «идоракунии ҳуқуқии гардиши иқтисодӣ» ташаккул меёбад, ки дар он мақомоти андоз ва гумрук на танҳо вазифаи назорат, балки вазифаи таъмини рушди иқтисоди миллӣ ва рақобатпазирии онро низ иҷро менамоянд.

5. Иқтисоди рақамӣ ҳамчун марҳилаи нави ташаккули муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ. Дар даҳсолаи охир яке аз самтҳои калидии Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди иқтисоди рақамӣ мебошад. Ин раванд бо инкишофи босуръати технологияҳои иттилоотӣ, густариши хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, рушди савдои электронӣ, рақамикунонии низоми молиявӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд мебошад.

Дар Паёмҳои солҳои охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо зарурати гузариши иқтисоди миллӣ ба иқтисоди рақамиро таъкид намуда, онро яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани рақобатпазирии давлат арзёбӣ кардаанд.

Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ, ин раванд боиси пайдо шудани гурӯҳи нави муносибатҳои ҳуқуқӣ мегардад. Аз ҷумла, Ба онҳо дохил мешаванд, муносибатҳои ҳуқуқии тиҷорати электронӣ, муносибатҳои ҳуқуқии хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, муносибатҳои ҳуқуқии пардохтҳои рақамӣ, муносибатҳои ҳуқуқии истифодаи имзои электронии рақамӣ, муносибатҳои ҳуқуқии маълумоти шахсӣ, муносибатҳои ҳуқуқии амнияти кибернетикӣ, муносибатҳои ҳуқуқии истифодаи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти иқтисодӣ.

Дар чунин шароит ҳуқуқ дигар наметавонад танҳо воситаи танзими муносибатҳои анъанавии иқтисодӣ бошад. Он бояд муносибатҳои нави рақамиро низ фаро гирад.

Ба андешаи мо, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан соҳаи нави танзими ҳуқуқӣ - «ҳуқуқи иқтисоди рақамӣ» ташаккул меёбад, ки метавонад ҳамчун зерсоҳаи мустақили ҳуқуқи иқтисодӣ дар оянда рушд намояд.

Фарқияти асосии ин муносибатҳо аз муносибатҳои анъанавии иқтисодӣ дар он аст, ки объекти танзим на танҳо молу мулк ё маблағ, балки маълумоти рақамӣ, дороиҳои рақамӣ, хизматрасониҳои электронӣ ва муҳити виртуалӣ низ мебошанд. Аз ин рӯ, қонунгузории иқтисодӣ бояд мутобиқ ба талаботи иқтисоди рақамӣ такмил дода шавад.

6. Амнияти иқтисодӣ ҳамчун самти нави сиёсати ҳуқуқии давлат. Дар солҳои охир дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи амнияти иқтисодӣ мазмуни сифатан нав пайдо кардааст. Агар қаблан мафҳуми амнияти миллӣ асосан бо масъалаҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ алоқаманд бошад, имрӯз рушди устувори иқтисодӣ яке аз унсурҳои муҳими амнияти миллӣ эътироф мегардад.

Дар Паёмҳо масъалаҳои зерин пайваста таъкид мешаванд, таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди саноати миллӣ, истиқлолияти энергетикӣ, диверсификатсияи иқтисодиёт, баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолоти миллӣ, истифодаи технологияҳои муосир, рушди иқтисоди «сабз», амнияти рақамӣ. Ҳамаи ин масъалаҳо бевосита ба муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ алоқаманд мебошанд.

Аз нуқтаи назари назарияи давлат ва ҳуқуқ, имрӯз амнияти иқтисодӣ танҳо натиҷаи рушди иқтисод нест, балки ба объекти мустақили танзими ҳуқуқӣ табдил ёфтааст. Дар ин самт қонунгузорӣ бояд на танҳо муносибатҳои иқтисодиро танзим намояд, балки механизмҳои пешгирии таҳдидҳои иқтисодӣ, таъмини устувории бозор, ҳифзи рақобат, таъмини амнияти молиявӣ ва рушди устувори иқтисоди миллиро низ дар бар гирад.

Ба андешаи мо, дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон консепсияи нави «амнияти ҳуқуқии иқтисодӣ» ташаккул ёфтааст. Моҳияти он дар он аст, ки рушди устувори иқтисодӣ танҳо дар сурати мавҷуд будани қонунгузории босифат, институтҳои самараноки ҳуқуқӣ ва низоми устувори идоракунии давлатӣ таъмин мегардад. Аз ин рӯ, амнияти иқтисодӣ бояд ҳамчун яке аз вазифаҳои асосии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шавад.

Таҳлили мазмуни Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки онҳо ба ташаккули модели нави муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ мусоидат намудаанд. Дар ин модел ҳуқуқ на танҳо воситаи танзими муносибатҳои иқтисодӣ, балки воситаи идоракунии рушди иқтисодӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти иқтисодӣ мебошад.

Ба андешаи мо, муҳимтарин тамоюлҳои инкишофи муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунинанд:

1. Гузариш аз танзими маъмурӣ ба танзими ҳавасмандкунанда.

2. Тақвияти кафолатҳои ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ.

3. Рақамикунонии муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ.

4. Ҳамоҳангсозии сиёсати иқтисодӣ ва сиёсати ҳуқуқӣ.

5. Пайвастани рушди иқтисодӣ бо таъмини амнияти иқтисодӣ.

6. Тақвияти нақши ҳуқуқ ҳамчун воситаи татбиқи стратегияҳои миллӣ.

Ба андешаи мо, дар шароити муосир муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ҳамчун низоми мураккаби динамикӣ муайян намуд, ки таҳти таъсири се омил ташаккул меёбад:

1. сиёсати стратегии давлат, ки дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос меёбад;

2. низоми қонунгузории иқтисодӣ, ки самтҳои сиёсиро ба меъёрҳои ҳатмии ҳуқуқӣ табдил медиҳад;

3. амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ, ки самаранокии татбиқи ин меъёрҳоро таъмин менамояд.

Ин модели сесатҳа, ба назари мо, метавонад ҳамчун асоси назариявии таҳқиқоти минбаъда дар соҳаи сиёсати ҳуқуқии иқтисодӣ ва рушди қонунгузории иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намояд.

Исозода Фатҳулло Амирхон-унвонҷуи шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сардори раёсати Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

ОМӮЗГОРРО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ИВАЗ НАМЕКУНАД, ОМӮЗГОРЕ ИВАЗ МЕКУНАД, КИ ДОРОИ САЛОҲИЯТИ РАҚАМӢ АСТ

21Таърихи тамаддуни инсонӣ, таърихи шарҳҳо ва баррасиҳост. Аз чӯби таълимӣ то мошини буғӣ, аз компютер то шабакаҳои нейронӣ инсон ҳамеша дар ҷустуҷӯи василаест, ки маҳдудиятҳои ҷисмонӣ ва зеҳнии ӯро бартараф созад. Имрӯз мо дар остонаи тағйироте қарор дорем, ки миқёсаш аз инқилоби саноатӣ кам нест. Инқилоби зеҳни сунъӣ танҳо ба соҳаи техника дахл надорад, он ба муқаддастарин ниҳоди ҷомеа соҳаи маориф ворид шуда истодааст.

Дар фазои иттилоотии имрӯза як андеша паҳн шудааст, ки гӯё омӯзгорон ба зудӣ аз ҷониби алгоритмҳо иваз карда мешаванд. Ҳамчун ҳуқуқшинос бо ин андеша ман розӣ буда наметавонам. Чунки мо на дар давраи ивазшавии омӯзгор, балки дар давраи дигаргунии куллии функсияи ӯ қарор дорем. Зеҳни сунъӣ омӯзгорро ҳамчун инсон, намуди биологӣ ҳеҷ гоҳ иваз карда наметавонад, аммо ӯро ҳамчун як воҳиди касбӣ агар натавонад худро мутобиқ созад, бераҳмона аз майдони фаъолият берун мекунад.

Фарзияи асосии таҳқиқоти мо чунин аст: “Дар ояндаи наздик рақобати асосӣ на дар байни “инсон ва мошин”, балки дар байни “инсони дорои салоҳияти рақамӣ ва инсони бидуни ин салоҳият” ба вуҷуд меояд. Маҳз ҳамин ҷанбаи таҳаввулоти ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ аст, ки мо мехоҳам дар ин мақола таҳлил кунам.

Мафҳум ва моҳияти ҳуқуқии зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф. Зеҳни сунъӣ аз нигоҳи ҳуқуқӣ субъект нест, балки объект (барнома, восита) мебошад. Масъулият надорад ва ҳама масъулият ба ӯҳдаи инсонест, ки онро сохта, фурӯхта ё истифода кардааст. Муаллиф буда наметавонад, чунки эҷодиёти он ҳамчун "асар" ба қайд гирифта намешавад. Дар саросари ҷаҳон ҷараёни танзими ҳуқуқӣ, бештар дар асоси хатар, идома дорад ва инкишофи он ба ояндаи наздик вобаста аст. Дар фарқият аз восиаҳоии анъанавӣ, зеҳни сунъӣ дорои хусусияти автономӣ буда, қобилияти худидоракунӣ ва тавлиди муҳтаворо дорад.

Дар Тоҷикистон, мисли аксари кишварҳои пасошӯравӣ, заминаи меъёрии танзими зеҳни сунъӣ ҳанӯз дар марҳилаи ташаккул қарор дорад. Қонунҳои мавҷуда дар ин самт ва санадҳои меъёрии соҳавӣ то ҳол ба саволҳои мубрами масъулият дар сурати қабули қарори нодуруст аз ҷониби зеҳни сунъӣ - мошин посухи дақиқ намедиҳанд.

Дар асоси Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 аз 30 сентябри соли 2022, №483 мушкилоти зеҳни сунъӣ дар маориф ва неруи инсонӣ инҳоянд: норасоии адабиёти таълимӣ дар самти зеҳни сунъӣ бо забони давлатӣ; сатҳи пасти заминаи техникию технологии муассисаҳои таҳсилотӣ; норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар самти зеҳни сунъӣ; кифоя набудани барномаҳои таълимӣ дар мактабҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо; пурра пайваст набудани муассисаҳои таҳсилотӣ ба интернет; дар марҳилаи заминавӣ қарор доштани пешбурди соҳаи зеҳни сунъӣ; сатҳи пасти истифодаи технологияҳои муосир ва рақамикунонӣ, ки метавонад барои сари вақт ҷорӣ намудани (унсурҳои) зеҳни сунъӣ монеа шавад.

Ҳадафҳои соҳа таъмини шароити мусоиди таълим барои омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ ва таҳкими неруи зеҳнӣ дар кишвар; омода намудани кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазир дар самти зеҳни сунъӣ аст.

Вазифаҳои асосии соҳа ин ҷорӣ намудани барномаи идораи раванди таълими зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таҳисолти миёнаи умумӣ, коллеҷу литсей, донишкадаву донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилотии дигар; рушди малака ва истеъдод дар соҳаи зеҳни сунъӣ; таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи омӯзиши мошинӣ, таҳлил маълумот ва инжиниринг, барномарезӣ ва идоракунии таҳия ва амалисозиии таъминоти барномавӣ; омода намудани омӯзгорон дар самти зеҳни сунъӣ барои муассисаҳои таҳсилотӣ; таъмин намудани муассисаҳои таҳсилотӣ бо технологияҳои иттилотию коммуникатсионӣ; омода намудани мутахассисони баландихтисоси зеҳни сунъӣ, аз ҷумла таҳлилгарони маълумот ва муҳандисони омӯзиши мошинҳо дар сатҳи муассисаҳои таҳсилоти касбии кишвар; тайёр намудани мутахассисон ва қувваи кории рақобатпазир дар сатҳи минтақавӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ; ташкили махфилҳои зеҳни сунъӣ дар марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои кишвар; дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ тайёр кардани олимони ҷавони зеҳни сунъӣ аз руйи зинаҳои магистратура ва аспирантура дар муассисаҳои таълимии кишварҳои пешқадам мебошад.

Яъне аз муқаррароти Стратегия бармеояд, ки дар низоми маориф масъала боз ҳам мураккабтар мешавад. Агар зеҳни сунъӣ дар асоси маълумоти нодуруст ба донишомӯз баҳои паст диҳад ё ба ӯ маслиҳати зараровари равонӣ диҳад, ки масъул аст? Омӯзгори оператор, таҳиягари алгоритм ё муассисаи таълимӣ? Ба ақидаи мо, дар шароити кунунӣ принсипи “гунаҳкории дугона” бояд амал кунад.Яъне ҳам таҳиягар барои хатогии техникӣ ва ҳам омӯзгор барои назорати нокифояи натиҷа масъулият доранд. Зеро омӯзгор на танҳо корбар, балки санҷишгари ниҳоии ахлоқӣ ва зеҳнӣ мебошад.

Инҷо мо ба як мухолифати зоҳирии диалектикӣ дучор меоем: ҳар қадар технология мураккабтар шавад, ҳамон қадар масъулияти инсон — омӯзгор барои натиҷаи ниҳоии таълим боло меравад. Машина наметавонад субъекти ҳуқуқӣ бошад, масъулияти ахлоқӣ ва ҷиноиро танҳо инсон бар дӯш дорад.

Омӯзгор ҳамчун оператори система: Таҳаввулот, на инқироз. Ҳафтод соли қабл ҳангоми пайдоиши мошинҳои ҳисоббарор бисёриҳо пешгӯӣ мекарданд, ки касби муҳосиб аз байн меравад. Аммо ӯ на танҳо боқӣ монд, балки мақоми худро баланд низ кард. Чаро? Зеро муҳосиб истифодабарандаи ҳисоббарор шуд. Ӯ аз санҷиши оддии арифметикӣ ба сатҳи таҳлили молиявӣ гузашт. Омӯзгорон имрӯз бо ҳамин раванд рӯ ба рӯ мешаванд.

Зеҳни сунъӣ метавонад лексияи мавзӯиро тавлид кунад, вале наметавонад илҳом бахшад. Ӯ метавонад хатогиҳои имлоро ислоҳ кунад, аммо услуби муаллифро эҳсос намекунад. Ӯ метавонад матн пешниҳод кунад, вале намедонад, ки чаро чашмони донишҷӯи қатори сеюм ғамгин аст. Ин аст марзи асосии ҳуқуқӣ ва инсонӣ. Донишҷӯ бояд ҳуқуқ дошта бошад, ки бо ӯ шахс кор кунад, на мошин. Ин ҳуқуқ ба таҳсили инсонмеҳвар аз Эъломияи умумии ҳуқуқи башар маншаъ мегирад.

Омӯзгори нав ин тарроҳи масири таълимӣ аст. Вай бояд дорои малакаҳои зерин бошад:

1. Таҳияи дархостҳои мураккаб ба зеҳни сунъӣ.

2. Тасҳеҳи танқидии муҳтавои тавлидшуда яъне санҷиши маълумот.

3. Идоракунии раванди гурӯҳӣ дар ҳамзистӣ бо платформаҳои рақамӣ.

Моликияти зеҳнӣ дар синфи дарсии рақамӣ: Мушкилоти ҳуқуқӣ. Яке аз паҳлӯҳои дардноки ҳамгироии зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф, масъалаи ҳуқуқи муаллиф аст. Фарз мекунем, омӯзгор барои таҳияи нақшаи дарс аз ChatGPT истифода бурд. Кӣ муаллифи ин нақша аст? Агар омӯзгор пурра матни пешниҳодкардаи мошинро нусхабардорӣ кунад, оё ин плагиат аст? Агар ӯ матнро тағйир диҳад, ҳиссаи иштироки эҷодии ӯ чӣ қадар аст?

Назарияи классикии ҳуқуқи муаллифӣ ба мафҳуми “асар ҳамчун натиҷаи фаъолияти эҷодии инсон” такя мекунад. Зеҳни сунъӣ субъекти ҳуқуқ нест, аммо маҳсули кори ӯ метавонад ба таври худкор ба моликияти ҷамъиятӣ гузарад ё ба таҳиягари платформа тааллуқ дошта бошад. Ин барои омӯзгор хатари касбӣ дорад. Яъне агар маводи дарсии ӯ пурра тавассути зеҳи сунъӣ тавлид шуда бошад, ӯ аз нуқтаи назари ҳуқуқ арзиши меҳнати инсонӣ надорад. Ин аст, ки омӯзгор бояд нависандаи дуюм, муҳаррир ва тафсиргар бошад, на оператори оддии нусхабардор.

Мушкилоти ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ: Ғаразҳои алгоритмӣ ва адолати сунъӣ. Зеҳни сунъӣ дар фазои холии ахлоқӣ кор намекунад. Ӯ дар асоси маълумоте омӯзонида мешавад, ки худи инсонҳо эҷод кардаанд. Агар дар ҷомеа табъиз вуҷуд дошта бошад, зеҳни сунъӣ онро бозтоб ва ҳатто тақвият медиҳад. Агар мошин барои санҷиши дониш истифода шавад ва ба як гурӯҳи донишҷӯён бар асари ғарази пинҳонӣ саволҳои осонтар диҳад, ин нақзи ҳуқуқи конститутсионии дастрасии баробар ба таҳсил аст.

Дар ин робита, омӯзгори истифодабарандаи зеҳни сунъӣ вазифадор аст, ки вазифаи аудитори ахлоқиро иҷро кунад. Ӯ бояд донад, ки “қарори” мошин ҳукми ниҳоӣ нест. Ӯ бояд донишҷӯро ҳимоя кунад, агар алгоритм хато кунад. Ин вазифаи нави омӯзгор аст, яъне ҳимояи ҳуқуқи инсон пеш аз сӯиистифодаи технологӣ. Дар Тоҷикистон, ки арзишҳои анъанавӣ ва эҳтиром ба шахсият хеле қавӣ ҳастанд, ин ҷанба маънои хоса пайдо мекунад. Мо наметавонем иҷозат диҳем, ки нерӯи беҷони барнома (мошин) ҷои муоширати зиндаи инсониро гирад.

Таҳаввулоти ҳуқуқии касб: Аз муаллим то эҷодкори эҳсосот. Барои он ки омӯзгор дар давраи зеҳни сунъӣ рақобатпазир бошад, вай бояд функсияҳои хоси инсониро инкишоф диҳад. Қонунгузории меҳнат бояд ба ин раванд мусоидат кунад. Мо бояд ба ҷои меъёрҳои кӯҳнашудаи “соати дарсӣ” ба меъёрҳои “натиҷаи таълимӣ” гузарем. Агар омӯзгор тавонист бо ёрии зеҳни сунъӣ ҳамон як маводро на ба 40 дақиқа, балки ба 15 дақиқа расонад ва вақти боқимондаро ба кори инфиродӣ сарф кунад, ин амал бояд ҳавасманд гардонида шавад, на муҷозот дода шавад.

Омӯзгори оянда — ин:

-тарроҳи эмотсионалӣ аст, ки ӯ фазои эътимод ва ҳавасмандӣ эҷод мекунад, ки мошин қодир ба ин кор нест.

- навовари иттилоот аст, ки дар уқёнуси маълумот вай роҳнамост.

-ҳомии амнияти рақамӣ аст, ки вай ба донишҷӯён малакаҳи муносибати бехатар бо технологияҳоро меомӯзад.

Яъне зеҳни сунъӣ омӯзгоронро аз соҳаи маориф берун намекунад, аммо он омӯзгороеро, ки танҳо ба усулҳои анъанавӣ (лексияи шифоҳӣ, имтиҳони қоғазӣ) такя мекунанд ва истифодаи зеҳни сунъиро рад менамоянд, аз майдон берун мекунад.

Амнияти ҳуқуқии омӯзгор дар фазои рақамӣ. Як паҳлӯи дигари масъала, ки мутаассифона, дар илми ҳуқуқи ватанӣ кам баррасӣ мешавад, ҳимояи худи омӯзгор аз таҳдидҳои зеҳни сунъӣ мебошад. Мо дар бораи тақаллуби рақамӣ ҳарф мезанем. Фарз кунед, ки шахсони ғаразманд бо истифода аз сабтҳои овозии омӯзгор тавассути зеҳни сунъӣ як лексияи видео ё овози қалбакӣ эҷод мекунанд, ки дорои маводи экстремистӣ аст. Аз нуқтаи назари ҳуқуқ, исботи бегуноҳӣ барои омӯзгор хеле душвор хоҳад буд, зеро технология имкон медиҳад, ки тақлид дар сатҳи хеле баланд анҷом дода шавад.

Дар ин ҷода мо ба таҳияи қоидаҳои махсуси мурофиавӣ ниёз дорем. Бояд эҳтимолияти бегуноҳии омӯзгор дар фазои рақамӣ муқаррар карда шавад, то даме ки баръакси он исбот нагардад. Ҳамчунин, ҳар як муассисаи таълимӣ бояд суратмаҷлиси рад кардани далелҳои рақамиро дошта бошад. Омӯзгор бояд эҳсос кунад, ки қонун дар паноҳи ӯст, на дар тарафи мошин.

Хулоса: Ояндаи аллакай фаро расидааст. Дар ҷамъбаст мехоҳем таъкид кунам, ки зеҳни сунъӣ барои низоми маорифи Тоҷикистон на танҳо як чолиши технологӣ, балки як чолиши амиқи ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ мебошад. Мо дар марҳалае қарор дорем, ки қонун бояд суръати танзимро дар баробари пешрафти технологӣ дарёбад. Аммо дар маркази ҳама гуна ислоҳот бояд инсон қарор дошта бошад.

Дар асоси таҳқиқоти ба анҷомрасонида ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ мо чунин пешниҳоди мушаххасро барои тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ дар Тоҷикистон манзур менамоем:

1. Барномаҳои миллии такмили ихтисоси омӯзгорон дар соҳаи зеҳни сунъӣ таҳия ва қабул карда шавад.

Тоҷикистон аллакай дар ин самт қадамҳои ҷиддӣ гузоштааст. Барномаи «Лоиҳаи Soro» бо ҳамкории ЮНИСЕФ ва zypl.ai дар чаҳорчӯби Стратегияи миллии зеҳни сунъӣ амалӣ мегардад. Академияи зеҳни сунъӣ то имрӯз беш аз 700 мутахассисро омӯзонидааст. Барномаҳои такмили ихтисосро барои ҳамаи омӯзгорон мо бояд ҳатмӣ гардонем, ки дар онҳо истифодаи амалии зеҳни сунъӣ ва ҷанбаҳои ахлоқии он омӯзонида шаванд. Таҷрибаи ЮНЕСКО ва Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки омӯзгорон пас аз ширкат дар чунин курсҳо тарсашон аз истифодаи воситаҳои зеҳни сунъӣ бартараф мешавад ва мустақилона курсҳои онлайн эҷод менамоянд.

2. Таъсиси системаи устувори омӯзиши давомдор.

Дар семинарҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон мутахассисон таъкид карданд, ки "малакаҳои бадастомада бидуни иштироки мутахассисон дар таҳияи курсҳои нав фаромӯш мешаванд". Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии назди ДМТ бояд механизми устувори омӯзиши давомдорро таҳия кунад, ки омӯзгоронро дар тамоми давраи фаъолияташон бо пешрафтҳои нави зеҳни сунъӣ шинос созад. Инчунин, мувофиқи қарорҳои қабулшуда, аз соли 2027 фанни «Муқаддима ба зеҳни сунъӣ» дар ҳамаи мактабҳои Тоҷикистон ҳатмӣ мегардад, ки омодагии кадриро тақозо мекунад.

3. Барномаҳои мубодилаи байналмилалӣ ва шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадам.

Соли 2025 30 нафар омӯзгорони тоҷик дар барномаи «KLIC LEAD Global Workshop 2025» дар Кореяи Ҷанубӣ ширкат карданд, ки дар он бо технологияҳои рақамӣ, барномасозӣ ва зеҳни сунъӣ шинос шуданд шуданд. Инчунин, дар доираи ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ва Иттиҳоди Аврупо, омӯзгорон бо воситаҳои чун ChatGPT, Canva, HeyGen ва Perplexity ошно шуданд. Ин барномаҳоро васеъ намуда, имкон фароҳам овардан зарур аст, ки омӯзгорони бештар бо таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар соҳаи истифодаи зеҳни сунъӣ шинос шаванд.

4. Таҳияи стандартҳои миллӣ барои салоҳияти рақамии омӯзгорон.

ЮНЕСКО дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон «Стандартҳои салоҳияти иттилоотӣ-коммуникатсионӣ барои омӯзгорон»-ро таҳия намудааст, ки дар ду семинари озмоишӣ дар Душанбе соли 2025 бомуваффақият санҷида шуданд. Ин стандартҳоро мо бояд дар сатҳи ҷумҳуриявӣ барои ҳамаи омӯзгорони кулли зинањои тањсилот ҳатмӣ гардонем ва ба онҳо ҷанбаҳои ахлоқӣ, масъулиятшиносӣ ва бехатарии рақамиро илова кунем.

5. Ташаккули фарҳангӣ "омӯзгори инноватсионӣ".

Дар ҳамаи лоиҳаҳои ҷорӣ (Soro, UNESCO-EU, ҳамкорӣ бо Корея ва Efecta) таъкид мешавад, ки зеҳни сунъӣ набояд ҷойгузини дониш, тафаккур ва масъулияти инсон гардад, балки ҳамчун воситаи ёрирасон истифода шавад. Дар барномаҳои такмили ихтисос ва дар доираи татбиқи Стандартҳои салоҳияти иттилоотӣ-коммуникатсионӣ барои омӯзгорон, ба омӯзгорон малакаҳои зерин омӯзонида шаванд: таҳияи дархостҳои мураккаб ба зеҳни сунъӣ; тасҳеҳи танқидии муҳтавои пешниҳодкардаи зеҳни сунъӣ; эҷоди муносибати инфиродӣ ва эмотсионалӣ бо донишҷӯён, ки ба зеҳни сунъӣ ғайриимкон аст.

Хулоса. Формулаи пешниҳодшавандаи мо: «Инсон + Зеҳни сунъӣ = Қувваи нав» дар амал барои Тоҷикистон маънои онро дорад, ки омӯзгоре, ки имрӯз дар курсиҳои такмили ихтисос ширкат намекунад ва зеҳни сунъиро рад менамояд, на аз ҷониби робот, балки аз ҷониби ҳамкасби пешрафтаи худ иваз карда мешавад.

Таҷрибаи давлатҳои пешқадам ва лоиҳаҳои ҷорӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки мо дар роҳи дуруст қарор дорем. Бо вуҷуди ин, барои ноил шудан ба ҳадафи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 яъне расидан ба 5% ММД аз ҳисоби ЗС, зарур аст, ки тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ суръат гирад.

Ба ҷои муқовимат бо технология омӯзгорон бояд малакаи истифодаи технологияи навро аз худ намуда, эҳсосоти самимӣ ва фикри интиқодии худро нигоҳ доранд. Ин на танҳо рақобати корӣ, балки талаботи замон аст. Он омӯзгороне, ки имрӯз ба омӯзиши зеҳни сунъӣ ва истифодаи воситаҳои навин рӯ оваранд, фардо дар майдони таълимӣ пешсаф хоҳанд буд, зеро онҳо арзиши хоси инсонӣ — эҳсос, илҳом ва муносибати шахсиро ба таълим ворид мекунанд.

САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД,

муовини директор оид ба корҳои илмӣ

ва таълимии Институти давлат ва ҳуқуқи

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – ҲИЗБИ ПЕШБАРИ СИЁСӢ ДАР ТАРҒИБИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

Дар шароити муосири рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ санаи 9 марти соли 2024 дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат такид намуданд, ки: “Мақсад аз қабули қарор дар бораи соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидан ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани ҳимояи ҳуқуқи инсон мебошад”. Дар ин раванд, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун созмони пешбари сиёсии кишвар ва пайрави арзишҳои миллӣ ва давлатдории навин, нақши муҳим ва бисёрҷанба дорад, ки дар солҳои охир возеҳу равшан аён аст.

Маърифати ҳуқуқӣ кулли иттилоот, донишҳои ҳуқуқии инсон нисбат ба ҳуқуқ ва қонун мебошад, ки барои шаҳрванди қонунриоякунанда шудани инсон мусоидат менамоянд Маърифати ҳуқуқӣ барои паҳн кардани донишҳо дар бораи ҳуқуқ, тавзеҳи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва амалияи татбиқи онҳо бо мақсади ба вуҷуд овардани боварӣ ба зарурати риояи қонунҳо ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат менамояд. Ин мафҳум на танҳо фаъолияти махсус ташкилшудаи давлат ва ҷомеа, балки ҳамчун самти мустақили сиёсати давлат амал мекунад ва бо дарназардошти арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ ва мероси таърихӣ ба амал бароварда мешавад. Ташаккули маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа ба ташаккули шуури ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва рафтори қонунии шаҳрвандон мусоидат намуда, боиси паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ ва таъмини волоияти қонун мегардад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби ҳоким дар амалисозии сиёсати ҳуқуқии давлат ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус аъзоёни худ, саҳми назаррас мегузорад. Нақши ин ҳизб дар ин самт тавассути як қатор самтҳои афзалиятнок амалӣ мегардад:

Аввалан, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташаккули шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқии аъзоёни худ нақши муҳим дорад. Дар барнома ва оинномаи ҳизб, ки санадҳои меъёрии дохилиҳизбӣ мебошанд, принсипҳои ҳуқуқбунёдӣ, риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ ҳамчун асосҳои фаъолият муқаррар шудаанд. Аъзоёни ҳизб дар ҳаёти ҳаррӯза ва фаъолияти касбии худ ба риояи қонун амал намуда, дар байни аҳолӣ тарғибгари тарзи ҳаёти ҳуқуқӣ бошанд.

Дуюм, ҳизб фаъолияти васеи тарғиботӣ-ташвиқотӣ доир ба омӯзиши қонунгузорӣ ва баланд бардоштани дониши ҳуқуқии аъзоёни худро ба роҳ мондааст. Ташкили семинарҳо, курсҳо, маҷлисҳо ва вохӯриҳо бо мақсади шарҳу тавзеҳи қонунҳои нав, яке аз самтҳои асосии корҳои ҳизбӣ мебошад. Дар ин вохӯриҳо ба аъзоёни ҳизб ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳои конститутсионии шаҳрвандон, моҳияти қонунҳои соҳавӣ ва тартиби ҳифзи ҳуқуқҳо фаҳмонда мешавад.

Сеюм, ҳизб дар баланд бардоштани дастрасии аъзоён ва аҳолӣ ба иттилооти ҳуқуқӣ тавассути нашрияҳои худ (Минабри Халқ, Мароми Пойтахт), расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ саҳм мегузорад. Бо ин мақсад, мақолаҳо, дастурҳо ва дигар маводи иттилоотӣ дар бораи қонунгузорӣ нашр мешаванд, ки ба фаҳмиши дурусти меъёрҳои ҳуқуқӣ ва истифодаи онҳо дар ҳаёти ҳаррӯза мусоидат менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пиндор, гуфтор, кирдори худ ба ҳамаи аъзоёни ҳизб ва шаҳрвандони Тоҷикистон намунаи ибрат дар риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ мебошанд, ки дар ҳама суханрониҳои худ ба принсипҳои демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва устувории волоияти қонун ишора менамоянд. Ин амал ба шуури ҳуқуқии аъзоёни ҳизб ва пайравони он таъсир мерасонад ва онҳоро водор менамояд, ки дар ҳаёти ҳаррӯза дар асоси принсипҳои ҳуқуқӣ амал намоянд. Бидуни ташаббуси бевосита ва роҳбарии маънавию сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар сатҳи имрӯза ғайриимкон буд. Нуктаи асосӣ дар он аст, ки Роҳбари ҳизб на танҳо қонунҳо, балки фалсафаи ҳуқуқӣ ва зарурати иҷтимоии онро ба мардум фаҳмонида, тавассути Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин маърифатро ба амали ҳаррӯзаи аъзоён ва ҷомеа табдил додаанд. Ин нақш бешубҳа муҳимтарин омил дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии қонунриоякунанда дар Тоҷикистон мебошад.

Дар асоси таҳлили баанҷомрасонида ва заминаи ҳуқуқии мавҷуда, пешниҳодҳои зеринро барои боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар тавассути Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод менамоем:

1. Таъсиси "Марказҳои машваратии ҳуқуқӣ" дар назди кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо. Ҳизб метавонад дар назди кумитаҳои иҷроияи худ марказҳои машваратии ҳуқуқиро таъсис диҳад. Ин марказҳо бо ҷалби ҳуқуқшиносони ихтиёрӣ – аъзоёни ҳизб аз байни омӯзгорон, олимон ва адвокатҳо – ба шаҳрвандон дар ҳалли масъалаҳои ҳуқуқии маданӣ, оилавӣ, меҳнатӣ ва замин машварат диҳанд. Ин амал ба таври мустақим ба принсипи "дастрасӣ" ва "беғаразӣ" ҷавобгӯ мебошад.

2. Ҷорӣ намудани барномаи "Ҳуқуқшиноси амалӣ" дар мактабҳои ҳизбӣ. Ба ҷои лексияҳои умумӣ, барои аъзоёни ҳизб барномаи таълимии амалӣ дар асоси ҳолатҳои воқеии судӣ дар соҳаҳои ҳуқуқи меҳнатӣ, оилавӣ, замин, андоз ва ҷиноятӣ таҳия карда шавад. Ин барнома бояд ба аъзоён тарзи истифодаи меъёрҳои ҳуқуқиро дар вазъиятҳои ҳаётии воқеӣ омӯзонад ва онҳоро барои ҳалли мушкилоти ҳуқуқӣ омода созад.

З. Таъсиси платформаи онлайн "Ҳуқуқшиноси рақамӣ" бо истифода аз технологияҳои муосир. Бо назардошти таҷрибаи муваффақи таъсиси "агенти сунъии ҳуқуқӣ" барои дастрас кардани қонун ба ҳама, Ҳизб метавонад платформаи ҳуқуқиро барои аъзоён ва шаҳрвандон таъсис диҳад. Ин платформа дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Telegram, Facebook) фаъолият намуда, ҳар ҳафта як масъалаи ҳуқуқии маъмулро бо забони сода шарҳ диҳад ва ба саволҳои шаҳрвандон посух гӯяд. Ин усул ба таври назаррас дастрасии иттилооти ҳуқуқиро барои қишрҳои васеи аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ фароҳам меорад.

4. Гузаронидани "Рӯзҳои маърифати ҳуқуқӣ" дар минтақаҳои дурдаст ва ноҳияҳои деҳот. Гузаронидани вохӯриҳои сайёри иттилоотӣ-ҳуқуқӣ ба нақша гирифта шаванд, ки Ҳизб бояд ҳар моҳ як рӯзи махсусро ба сафар ба деҳаҳои дурдаст бахшида, дар мактабҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ба мардум муқаррароти нави қонунҳоро фаҳмонад ва китобчаҳои раҳнаморо бо мисолҳои воқеӣ тақдим намояд. Ин тадбир ба рафъи ноогоҳии ҳуқуқӣ дар байни аҳолии деҳот, ки ба иттилооти ҳуқуқӣ дастрасии маҳдуд доранд, мусоидат мекунад.

5. Ҷорӣ намудани низоми ҳисоботдиҳии ошкоро ва мониторинги самаранокӣ. Ҳизб бояд дар охири ҳар сол дар саҳифаи расмии худ ҳисоботи шаффоферо нашр кунад, ки дар он омор оид ба шумораи машваратҳо, чорабиниҳо, шикоятҳои ҳалшуда ва сатҳи қаноатмандии аъзоён оварда шавад. Ин рақамҳо на танҳо барои арзёбии фаъолият, балки барои такмили стратегияи оянда асос мегарданд. Ин амал метавонад ба ҳизб дар баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар соҳаи маърифати ҳуқуқӣ кӯмак расонад.

Хулоса, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аъзоёни худ ва ҷомеа нақши муҳим ва созанда дорад. Бо тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ, омӯзиши қонунҳо, ташкили чорабиниҳои маърифатӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ба ташаккули шаҳрвандони қонунриоякунанда, масъул ва ватандӯст, ки ба арзишҳои демократӣ ва волоияти қонун эҳтиром мегузоранд, мусоидат менамояд.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ на танҳо барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, балки барои устуворӣ, суботи сиёсӣ ва пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири бунёди давлати ҳуқуқбунёд аҳамияти ҳалкунанда дорад. Дар ин росто, талошҳои пайвастаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аъзоёни худ, идомаи оқилона ва самараноки сиёсати ҳуқуқии давлатро таъмин хоҳад намуд. Тадбирҳои пешниҳодшуда ба ҳизб имкон медиҳанд, ки аз фаъолияти анъанавии тарғиботӣ ба сатҳи нави фаъолияти хизматрасонӣ-машваратӣ ва рақамӣ гузарад ва ба таври воқеӣ сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро баланд бардорад.

ДОНИЁР САНГИНЗОДА, муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии имлҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

ҲУҚУҚИ СОҲИБКОРӢ ДАР ПАРТАВИ РУШДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ: таҳлили илмии китоби дарсии Мирзозода П.З. «Ҳуқуқи соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Душанбе: “ДМТ”, 2026.-520 саҳ.)

Китоби дарсии «Ҳуқуқи соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Душанбе, 2026, 520 саҳ.) асари илмӣ-методологии директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Мирзозода Парвон Зайнолобуддин мебошад. Ин нашрия китоби дарсии бунёдӣ дар соҳаи ҳуқуқи соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва ба яке аз соҳаҳои динамикӣ ва серталаби илми ҳуқуқ бахшида шудааст. Нашри он дар давраи эълони солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» — 2026, хеле саривақтӣ ва аз ҷиҳати илмӣ асоснок мебошад. Дар ин давра, рушди босуръати иқтисоди рақамӣ, тавсеаи инноватсияҳо ва ташаккули шаклҳои нави ташкилию ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ зарурати дарки амиқи механизмҳои ҳуқуқии танзимро ба миён меорад.

Китоб дар заминаи таҳаввулоти бунёдии қонунгузорӣ, дастовардҳои илми ҳуқуқшиносии миллӣ ва бо дарназардошти талаботи ҳамгироии байналмилалӣ таҳия шудааст. Муаллиф тавонистааст, ки назарияи классикии ҳуқуқи соҳибкориро бо таҳлили амалии муносибатҳои муосири иқтисодӣ, ки дар шароити тағйирёбии босуръати технологӣ, рақамикунонии иқтисодиёт ва ташаккули шаклҳои нави ташкилию ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ ба амал меоянд, пайванд диҳад. Аҳамияти махсуси ин таҳқиқот дар он зоҳир мегардад, ки муаллиф на танҳо ба масъалаҳои умуминазариявии ҳуқуқи соҳибкорӣ, аз қабили предмет, метод, принсипҳо ва сарчашмаҳои он, балки ба хусусиятҳои амалӣ, мушкилоти ҷойдошта дар татбиқи қонунгузорӣ, баҳсҳои мавҷуда дар назария ва роҳҳои ҳалли онҳо дар заминаи воқеияти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намудааст.

Дар китоб масъалаҳое, ки то имрӯз дар адабиёти таълимии миллӣ ба таври кофӣ инъикос наёфта буданд, аз ҷумла танзими ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ, масъалаҳои ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ дар фазои маҷозӣ, хусусиятҳои ҳуқуқии аҳдҳои электронӣ, ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорон дар шароити гузариш ба иқтисоди инноватсионӣ ва дигар масъалаҳои мубрами муосир мавриди баррасии амиқ қарор гирифтаанд. Ин китоб на танҳо ба донишҷӯён, балки ба омӯзгорон, муҳаққиқон, ҳуқуқшиносон, кормандони мақомоти давлатӣ, судяҳо, мушовирони ҳуқуқӣ дар корхонаҳо ва ҳамаи онҳое, ки ба масъалаҳои ҳуқуқии соҳибкорӣ таваҷҷуҳ доранд, нигаронида шудааст.

Китоби дарсӣ аз 16 боб тартиб дода шудааст, ки ҳар яке аз онҳо ба мавзӯи муҳими ҳуқуқи соҳибкорӣ бахшида шудааст. Сохтори пешниҳодшуда, ки ҳар боб ба ду қисми асосӣ – машғулияти аудитории лексионӣ-назариявӣ ва машғулияти аудитории амалӣ (нақшаи намунавии семинар) ҷудо шудааст, ба принсипҳои муосири таълими олӣ, аз қабили «омӯзиш дар асоси компетенсия», «таҳлили мисолҳои амалӣ» ва «пайвасти назария бо амалия» пурра ҷавобгӯ мебошад. Ин сохтор ба донишҷӯён имкон фароҳам меорад, ки маводро на танҳо дар сатҳи назариявӣ, балки аз рӯи мисолҳои мушаххас, ҳалли масъалаҳои амалӣ, таҳлили парвандаҳои судӣ ва иштирок дар муҳокимаҳои илмӣ низ азхуд намоянд. Ҳамчунин, дар охири ҳар боб рӯйхати адабиёти тавсияшаванда, саволҳо барои худидоракунӣ ва супоришҳои амалӣ пешбинӣ шудаанд, ки ба ташаккули малакаҳои таҳқиқотии донишҷӯён мусоидат мекунанд.

Боби аввал ба муайян намудани ҷойгоҳи ҳуқуқи соҳибкорӣ дар низоми ҳуқуқи миллӣ, предмет ва методҳои ин соҳа бахшида шудааст. Муаллиф ба таври возеҳ аломатҳои фаъолияти соҳибкориро нишон дода, онро аз фаъолияти ғайритиҷоратӣ фарқ мекунад ва ба таҳлили муносибатҳои соҳибкорӣ ҳамчун предмети танзими ҳуқуқӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Дар ин боб, ба принсипҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ, ки асоси танзими муносибатҳои соҳибкориро ташкил медиҳанд, аз ҷумла принсипҳои озодии фаъолияти соҳибкорӣ, озодии шартнома, ҳимояи рақобат, танзими давлатӣ ва дигар принсипҳои асосӣ таҳлили амиқ дода шудааст. Боби мазкур барои донишҷӯёне, ки ба омӯзиши ҳуқуқи соҳибкорӣ оғоз мекунанд, заминаи мустаҳками назариявӣ фароҳам оварда, онҳоро барои азхуд намудани мавзӯъҳои минбаъда омода месозад.

Боби дуюм ба манбаъҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи асосӣ, кодексҳо, қонунҳо, санадҳои зерқонунӣ, одатҳои муомилоти корӣ ва тиҷоратӣ, санадҳои дохилӣ (локалӣ) ва корпоративӣ бахшида шудааст. Ба масъалаҳои ба низом даровардан ва кодификатсияи қонунгузории соҳибкорӣ, ки дар илми ҳуқуқшиносии тоҷик ҳанӯз пурра ҳалли худро наёфтааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Муаллиф нақши санадҳои байналмилалиро ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқи соҳибкорӣ ба таври мушаххас таҳлил намуда, таъсири онҳоро ба такмили қонунгузории миллӣ нишон додааст. Дар замони ҳозира, ки қонунгузорӣ дар соҳаи соҳибкорӣ бо суръати баланд такмил меёбад, шиносоии донишҷӯён бо сарчашмаҳои муосири он қобилияти кори бо матни қонун ва таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқиро тақвият медиҳад.

Боби сеюм ба субъектҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ бахшида шудааст. Муаллиф шаклҳои ташкили ҳуқуқии субъектҳои фаъолияти соҳибкориро, аз ҷумла ширкатҳои хоҷагӣ (ширкати комил ва ширкати ба боварӣ асосёфта), ҷамъиятҳои хоҷагӣ (ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ва ҷамъияти дорои ҷавобгарии иловагӣ), ҷамъиятҳои саҳомӣ ва намудҳои он, кооперативҳои тиҷоратӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва иттиҳодияҳои соҳибкоронро ба таври муфассал таҳлил намудааст. Ба хусусиятҳои ҳолати ҳуқуқии ҳар яке аз ин субъектҳо, тартиби таъсис, сабти давлатӣ, ташкис, фаъолият, ташкили идоракунӣ ва қатъи фаъолияти онҳо диққати ҷиддӣ дода шудааст. Дар шароити имрӯза, ки шумораи субъектҳои хоҷагидор, хусусан ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ва соҳибкорони инфиродӣ афзоиш меёбад, донистани ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо, масъулияти аъзо ва муассисон, тартиби интиқоли саҳмияҳо ва дигар масъалаҳои марбута аҳамияти амалӣ дорад.

Боби чорум ба масъалаи муфлисшавӣ (нодорӣ) бахшида шудааст. Ин боб аз ҷиҳати амалӣ яке аз муҳимтарин бахшҳои китоб мебошад, зеро масъалаи эътирофи нодорӣ, татбиқи расмиётҳои муфлисшавӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кредиторон дар фаъолияти соҳибкорон ҳамеша яке аз масъалаҳои душвор, баҳсбарангез ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳассос ба шумор меравад. Муаллиф қонунгузории муосири муфлисшавии Тоҷикистон, ки дар солҳои охир тағйироти ҷиддиро аз сар гузаронидааст, нишонаҳои муфлисшавӣ, таркиби предмети муносибатҳои марбут ба танзими муфлисшавӣ, вазъи ҳуқуқии қарздор ва кредитор, маҷлиси кредиторон, нақши суди иқтисодӣ дар парвандаҳои муфлисӣ, расмиётҳои гуногуни муфлисшавиро (мушоҳида, барқарорсозии молиявӣ, идоракунии беруна, истеҳсоли озмунӣ, созишномаи мусолиҳа) ба таври возеҳ шарҳ додааст. Ҳамчунин, ба масъалаҳои солимгардонии молиявӣ, тартиби соддакардашудаи муфлисшавӣ ва хусусиятҳои муфлис эътироф намудани соҳибкорони инфиродӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир шудааст.

Боби панҷум ба масъалаҳои ташкили асосҳои ҳуқуқии молумулкӣ барои соҳибкор бахшида шудааст. Муаллиф ҳуқуқи молумулкӣ ва дигар ҳуқуқҳои ашёиро, аз ҷумла ҳуқуқи пешбурди хоҷагӣ ва ҳуқуқи идоракунии оперативӣ, ки барои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ асос мебошанд, ба таври муфассал таҳлил намудааст. Таркиби молумулкии соҳибкор, воситаҳои асосӣ, мафҳумҳо, таснифот, баҳогузорӣ, танзими меъёрии баҳисобгирии воситаҳои асосӣ, муайян кардани мӯҳлати истифодаи фондҳои асосӣ, сармояи оинномавӣ, саҳомӣ, саҳмияҳои шахсӣ, сармояи захиравӣ ва изофӣ, низоми ҳуқуқии воситаҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ, инчунин корхона ҳамчун объекти мустақили муносибатҳои ҳуқуқии соҳибкорӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Барои соҳибкор донистани низоми ҳуқуқии молумулк, ки дар асоси он фаъолияти иқтисодӣ ба роҳ монда мешавад, зарурати бевосита дорад.

Боби шашум ба танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ бахшида шудааст. Дар ин боб зарурати объективии танзими давлатии иқтисодиёт ва соҳибкорӣ, мафҳум, вазифаҳо, самтҳои асосӣ, воситаҳо, методҳо ва шаклҳои танзими давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар ин замина, масъалаҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳии фаъолияти соҳибкорӣ, назорати давлатӣ аз болои фаъолияти соҳибкорӣ, ки дар қонунгузории муосир тағйироти ҷиддӣ ба он ворид шудааст, ба таври муфассал таҳлил карда шудаанд. Дар шароити ҳозира, ки муносибатҳои байни давлат ва соҳибкор аз ҳарвақта муҳимтар гардидааст ва давлат барои дастгирии соҳибкорӣ чораҳои фаъолона меандешад, фаҳмидани ҳудудҳои дахолати давлат ба фаъолияти соҳибкорӣ, механизмҳои ҳуқуқии ин дахолат ва кафолатҳои ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорон барои ҳар ду тараф аҳамияти калон дорад.

Боби ҳафтум ба танзими ҳуқуқии рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозори мол бахшида шудааст. Дар ин боб қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рақобат ва фаъолияти инҳисорӣ, асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии рақобат, механизми ҳуқуқии ҳифзи рақобат, фаъолияти инҳисорӣ ҳамчун шакли маҳдуд кардани рақобат, мафҳуми инҳисор ва намудҳои он, инҳисори табиӣ ва танзими ҳуқуқии он, мавқеи ҳукмфармои субъектҳои хоҷагӣ, рақобати бевиҷдонона ва намудҳои он, фаъолияти нодурусти мақомоти давлатӣ, ки боиси маҳдуд кардани рақобат мегардад, нақши мақомоти зиддиинҳисорӣ дар ҳифзи рақобат ва ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории рақобат мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтаанд. Бо дарназардошти он, ки рақобати солим омили асосии рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани сифати молу хизмат ва ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагон мебошад, мавзӯъҳои ин боб аҳамияти аввалиндараҷа доранд.

Боби ҳаштум ба танзими ҳуқуқии бозори мол бахшида шудааст. Дар ин боб мафҳум, намудҳо ва таснифоти бозор, ҳамчунин тиҷорат ва намудҳои он (яклухт, чакана, хурди чакана) мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Муаллиф ба биржаҳои молӣ ва фондӣ, савдои биржавӣ ва аҳдҳои биржавӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, нақши маркетинг ва рекламаро дар фаъолияти соҳибкорӣ шарҳ додааст. Бо дарназардошти он, ки бозори мол асоси муомилоти иқтисодиро ташкил медиҳад, мавзӯъҳои ин боб барои фаъолияти самараноки соҳибкорӣ аҳамияти амалии бузург доранд.

Боби нуҳум ба танзими ҳуқуқии бозори асъор ва коғазҳои қиматнок бахшида шудааст. Дар ин боб мафҳум ва иштирокчиёни бозори асъор, амалиётҳои асъорӣ (байни резидентҳо ва ғайрирезидентҳо) ва тартиби ташкили онҳо, инчунин танзими давлатии ин бозор ва ваколатҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар ин соҳа таҳлил шудаанд. Муаллиф қонунгузориро дар бораи коғазҳои қиматнок, намудҳои онҳо (саҳмия, вомбарг, вексел, чек) ва бозори коғазҳои қиматнок (ибтидоӣ ва дуюмдараҷа) мавриди баррасӣ қарор додааст. Бо дарназардошти афзоиши ҳаҷми муомилоти асъорӣ дар солҳои охир ва аввалин савдои коғазҳои қиматноки давлатӣ дар биржа (2024), ин боб барои соҳибкорони фаъоли иқтисодии беруна аҳамияти бевосита дорад.

Боби даҳум ба танзими ҳуқуқии бозори хизматрасонии бонкӣ бахшида шудааст. Дар ин боб низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳолати ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ (бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, ташкилотҳои маблағгузории хурд), инчунин тартиби иҷозатномадиҳӣ ба онҳо таҳлил шудааст. Муаллиф намудҳои амалиёти бонкӣ (пассивӣ, активӣ, фосилавӣ), шартномаи суратҳисоби бонкӣ, хизматрасонии пардохтӣ ва қарзи бонкиро ба таври муфассал шарҳ дода, лизингро ҳамчун намуди хизматрасонии бонкӣ мавриди баррасӣ қарор додааст. Бо дарназардошти нақши муҳими бонкҳо дар маблағгузории соҳибкорӣ ва рушди иқтисодиёт, мазмуни ин боб барои мутахассисони соҳаи молия аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Боби ёздаҳум ба танзими ҳуқуқии бозори суғурта бахшида шудааст. Дар ин боб ташкилотҳои суғуртавӣ ва ҳолати ҳуқуқии онҳо, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», аҳамияти суғурта барои фаъолияти соҳибкорӣ ва намудҳои суғурта (ихтиёрӣ, ҳатмӣ, ҳатмии давлатӣ) таҳлил шудаанд. Муаллиф ба суғуртаи таваккали соҳибкорӣ, шартномаи он ва ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳо диққати ҷиддӣ дода, азнавсуғуртакунӣ, суғуртаи дубора ва суғуртаи мутақобиларо мавриди баррасӣ қарор додааст. Бо назардошти афзоиши нақши суғурта дар ҳифзи манфиатҳои молумулкии соҳибкорон ва ҷорӣ гардидани суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии соҳибони воситаҳои нақлиёт (2020), ин боб аҳамияти назаррас дорад.

Боби дувоздаҳум ба танзими ҳуқуқии фаъолияти иқтисодии беруна бахшида шудааст. Дар ин боб мафҳум ва хусусиятҳои фаъолияти иқтисодии беруна, субъектҳо (резидентҳо ва ғайрирезидентҳо) ва объектҳои он (мол, хизматрасонӣ, ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ), инчунин чораҳои танзими тарифӣ (боҷҳои гумрукӣ) ва ғайритарифӣ (квота, иҷозатнома, мамнӯият) таҳлил шудаанд. Муаллиф низомҳои миллӣ ва мусоидати бештар, минтақаҳои савдои озод, савдои наздисарҳадӣ ва тартиби воридот-содиротро муфассал шарҳ дода, ба талаботи махсус (байторӣ, санитарӣ, фитосанитарӣ) дар ин соҳа диққати хос зоҳир кардааст. Бо дарназардошти узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва рушди робитаҳои иқтисодии беруна, мазмуни ин боб барои соҳибкорон ва кормандони гумрук аҳамияти калидӣ дорад.

Боби сездаҳум ба нақши шартнома дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ бахшида шудааст. Дар ин боб мафҳум, хусусиятҳо ва фарқияти шартномаи соҳибкорӣ аз шартномаи маданӣ-ҳуқуқии маишӣ, инчунин предмет, объект ва мазмуни он таҳлил шудаанд. Муаллиф тартиби бастан (оферта ва аксепт), шакли шартнома (хаттӣ, нотариалӣ, электронӣ) ва хусусиятҳои бастани шартнома дар фазои виртуалӣ (интернет)-ро ба таври муфассал шарҳ дода, аҳамияти қонун ва шартномаро дар танзими муносибатҳо нишон додааст. Бо назардошти он, ки аксари фаъолияти соҳибкорӣ тавассути шартномаҳо амалӣ мешавад ва рушди тиҷорати электронӣ шаклҳои нави шартномабастиро тақозо мекунад, ин боб аҳамияти амалии беандоза дорад.

Боби чордаҳум ба ҷавобгарии субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ бахшида шудааст. Дар ин боб мафҳуми ҷавобгарӣ, намудҳои он (ҷавобгарии мусбат ва манфӣ, шартномавӣ ва ғайришартномавӣ), асосҳо ва шартҳои ба ҷавобгарӣ кашидани соҳибкорон (рафтори ғайриқонунӣ, мавҷудияти зарар, сабабият, гуноҳ) таҳлил шудаанд. Муаллиф ба хусусияти ҷавобгарии бегуноҳонаи соҳибкор (моддаи 462 Кодекси маданӣ), таваккал ҳамчун шарти ҷавобгарӣ ва қувваи рафънопазир (форс-мажор) ҳамчун асоси аз ҷавобгарӣ озодшавӣ диққати ҷиддӣ дода, шаклҳои ҷавобгариро (ҷуброни зиён, ноустуворона, фоиз) муфассал шарҳ додааст. Бо назардошти он, ки соҳибкор дар шароити таваккал фаъолият мекунад ва ҷавобгарии ӯ бегуноҳона мебошад, ин боб барои пешгирии баҳсҳои шартномавӣ аҳамияти калидӣ дорад.

Боби понздаҳум ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии соҳибкорон бахшида шудааст. Дар ин боб мафҳум, шаклҳо (судии ва ғайрисудӣ) ва тарзҳои ҳимояи ҳуқуқ (эътирофи ҳуқуқ, барқарорсозии вазъи пешина, беэътибор донистани аҳд, ҷуброни зиён, худҳимоякунӣ ва ғайра) таҳлил шудаанд. Муаллиф ҳимояи ҳуқуқи соҳибкоронро аз ҷониби Суди конститутсионӣ, Суди олии иқтисодӣ ва судҳои умумӣ, инчунин ҳимояи ғайрисудӣ (нотариус, судҳои ҳакамӣ, арбитражи байналмилалӣ, тартиби иддаоӣ) мавриди баррасӣ қарор додааст. Бо дарназардошти зарурати ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон дар шароити муосири бозорӣ ва дастрас намудани механизмҳои гуногуни ҳимоя, мазмуни ин боб барои ҳар як соҳибкор ва ҳуқуқшинос аҳамияти бевосита дорад.

Боби шонздаҳум ба кори ҳуқуқӣ дар соҳаи соҳибкорӣ бахшида шудааст. Дар ин боб мафҳум, мазмун ва вазифаҳои кори ҳуқуқӣ (таъмини қонуният, ҳифзи манфиатҳо, пешгирии баҳсҳо, машварат, таҳлили қонунгузорӣ), инчунин сохтор ва вазифаҳои хадамоти ҳуқуқии ташкилот таҳлил шудаанд. Муаллиф коргузорӣ дар хадамоти ҳуқуқӣ, намудҳои ҳуҷҷатҳо (шартномавӣ, иддаоӣ-даъвоӣ, ташкилӣ-ҳуқуқӣ) ва тартиби пешбурди кори шартномавӣ ва иддаоиро дар корхона шарҳ дода, ба иштироки кормандони хадамоти ҳуқуқӣ дар ҳалли шартҳои баҳсталаби шартномаҳо диққати хос зоҳир кардааст. Бо назардошти он, ки фаъолияти ҳуқуқии самаранок дар корхонаҳо ба пешгирии хароҷоти ғайричашмдошт ва ҳифзи манфиатҳои молиявӣ мусоидат мекунад, ин боб барои роҳбарон ва мушовирони ҳуқуқӣ аҳамияти калидӣ дорад.

Аз нуқтаи назари методологӣ, китоб дар асоси принсипҳои муосири таълимӣ –пайвасти назария бо амалия ва таҳлили мисолҳои амалӣ тартиб дода шудааст. Дар ҳар боб, бахшҳои назариявӣ бо машғулиятҳои амалӣ, саволҳо барои худидоракунӣ ва супоришҳо ҳамроҳ карда шудаанд, ки ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки маводи омӯхташударо дар амал татбиқ намоянд. Ин методология ба ташаккули малакаҳои таҳқиқотӣ ва тафаккури ҳуқуқии донишҷӯён мусоидат мекунад. Инчунин, дар охири ҳар боб рӯйхати адабиёти тавсияшаванда пешбинӣ шудааст, ки барои таҳқиқоти мустақили илмӣ заминаи кофӣ фароҳам меорад.

Аз ҷумла, муаллиф дар китоб масъалаҳои мубрами замони муосир, аз қабили танзими ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ, ҳимояи маълумоти шахсӣ, аҳдҳои электронӣ, тиҷорати онлайн ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди рақамӣ ва инноватсияро мавриди баррасии амиқ қарор додааст. Дар шароите, ки солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидаанд, фаҳмидани механизмҳои ҳуқуқии танзими муносибатҳои нави иқтисодӣ ба яке аз талаботи асосии мутахассисони муосир табдил меёбад. Китоби дарсии профессор Мирзозода П.З. ҳадафи тайёр намудани мутахассисони соҳибкореро дорад, ки дар ин фазои нав низ метавонанд фаъолияти самараноки ҳуқуқиро таъмин намоянд.

Ҳамзамон, соли 2026 — «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» низ ба рушди соҳибкорӣ, хусусан дар бахши сохтмон, хизматрасонӣ, истеҳсоли ватанӣ ва татбиқи лоиҳаҳои миллӣ такони ҷиддӣ зам менамояд. Дар ин замина, донистани механизмҳои ҳуқуқии ҷалби сармоя, танзими муносибатҳои шартномавӣ дар соҳаи сохтмон, хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи хизматрасонӣ ва дигар масъалаҳои марбута ба ин соҳа аҳамияти аввалиндараҷа пайдо мекунанд. Китоб ба ин масъалаҳо низ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, онҳоро дар заминаи воқеияти ҳуқуқии Тоҷикистон таҳлил мекунад.

Мавриди таъкид аст, ки ин китоб на танҳо ба донишҷӯён, балки ба омӯзгорон, муҳаққиқон, ҳуқуқшиносони амалӣ, кормандони мақомоти давлатӣ, судяҳо, мушовирони ҳуқуқӣ дар корхонаҳо ва ҳамаи онҳое, ки ба масъалаҳои ҳуқуқии соҳибкорӣ таваҷҷуҳ доранд, нигаронида шудааст. Ин китоб дар асоси барномаҳои таълимии муосир, стандартҳои давлатии таҳсилот дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва талаботи бозори меҳнат таҳия шуда, ба таъмини сифати таҳсилот дар донишгоҳҳои кишвар мусоидат менамояд.

Дар адабиёти ҳуқуқшиносии тоҷик, китобҳои дарсии бунёдӣ дар соҳаи ҳуқуқи соҳибкорӣ то ин замон танҳо аз ҷониби профессорон Раҳимзода М.З. ва Сангинзода Д.Ш. навишта шуда буданд. Ин китоб метавонад ҳамчун асоси методӣ барои таълим дар факултетҳои ҳуқуқшиносӣ, инчунин барои курсҳои такмили ихтисос барои ҳуқуқшиносони амалӣ ва соҳибкорон хизмат кунад. Инчунин, он барои омӯзиши қонунгузории амалкунанда, таҳлили таҷрибаи судӣ ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли мушкилот дар соҳаи танзими ҳуқуқии муносибатҳои соҳибкорӣ манбаи боэътимод ва муфид хоҳад буд. Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва рақамикунонӣ, омӯзиши амиқи ин мавзӯъҳо барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ зарурати бевосита дорад.

Бо назардошти васеъ будани доираи мавзӯъҳои баррасӣ, амиқии таҳлилҳои илмӣ, ҳамроҳии назария бо амалия, мувофиқати пурраи мундариҷа бо вазъи кунунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо дарназардошти талаботи рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, метавон бо далел гуфт, ки китоби дарсии «Ҳуқуқи соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз нашрияҳои муҳим, саҳми арзандаи илмӣ ва сарчашмаи эътимодбахши таълимӣ дар такмили таълими ҳуқуқшиносӣ, рушди илми ҳуқуқи соҳибкорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии соҳибкорон дар кишвар мебошад.

Ин асар ба талаботи баланди илмӣ, методологӣ ва амалӣ ҷавобгӯ буда, дар раванди тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси ҳуқуқшинос, ҳуқуқшиносони амалӣ ва соҳибкорони оянда нақши муассир хоҳад гузошт. Бовар дорам, ки китоби дарсӣ дар байни хонандагон соҳиби эътибор гардида, ба рушди минбаъдаи илми ҳуқуқшиносӣ, такмили фаъолияти соҳибкорӣ, таҳкими иқтисодиёти миллӣ ва амалисозии ҳадафҳои стратегии кишвар дар соҳаи рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия мусоидат хоҳад кард.

ҚУРБОНОВА Ширин,

сарходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори имлҳои таърих.

 

Subscribe to Мақолаҳо

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст