ТАШАККУЛИ МУНОСИБАТҲОИ ҲУҚУҚИИ ИҚТИСОДӢ ДАР ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт ва рушди босуръати муносибатҳои бозорӣ нақши ҳуқуқ ҳамчун танзимкунандаи асосии муносибатҳои иқтисодӣ рӯз аз рӯз меафзояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки модели иқтисоди иҷтимоии бозориро интихоб намудааст, рушди устувори иқтисодӣ бо такмили мунтазами низоми ҳуқуқӣ робитаи ногусастанӣ дорад.
Дар ин раванд Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аҳаммияти махсус касб намудаанд. Гарчанде онҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ набошанд ҳам, аммо ҳамчун ҳуҷҷати стратегии сиёсати давлатӣ вазифаҳои асосии рушди иқтисодӣ, самтҳои такмили қонунгузорӣ ва ислоҳоти институтсионалиро муайян менамоянд.
Маҳз тавассути Паёмҳо афзалиятҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои соҳибкорӣ, сармоягузорӣ, саноатикунонӣ, иқтисоди рақамӣ, энергетика, молия, андоз ва амнияти иқтисодӣ муайян гардида, баъдан дар шакли қонунҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ татбиқ мешаванд.
Аз ин лиҳоз, омӯзиши таъсири Паёмҳо ба ташаккули муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ аҳаммияти муҳими назариявӣ ва амалӣ дорад.
1. Асосҳои назариявии муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ. Муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ яке аз навъҳои асосии муносибатҳои ҳуқуқӣ мебошанд, ки дар раванди истеҳсол, тақсимот, мубодила ва истеъмоли неъматҳои моддӣ ба вуҷуд меоянд. Онҳо маҷмуи муносибатҳои ҳуқуқие мебошанд, ки фаъолияти иқтисодии шахсони воқеӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва давлатро танзим менамоянд.
Хусусиятҳои асосии онҳо чунин мебошанд: иштирокчиёни муносибатҳо баробарҳуқуқ мебошанд; ҳуқуқ ва уҳдадориҳо бо меъёрҳои ҳуқуқ муайян мешаванд; давлат иҷрои онҳоро кафолат медиҳад; муносибатҳо бо рушди иқтисодиёт тағйир меёбанд; онҳо асоси фаъолияти бозори муосир мебошанд.
Дар назарияи муосири ҳуқуқ муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ танҳо муносибатҳои молиявӣ ё соҳибкорӣ нестанд, балки тамоми низоми танзими фаъолияти иқтисодӣ, аз ҷумла муносибатҳои андозӣ, бонкӣ, сармоягузорӣ, гумрукӣ, рақамӣ ва зиддиинҳисориро фаро мегиранд.
2. Паём ҳамчун сарчашмаи ташаккули сиёсати ҳуқуқии иқтисодӣ. Яке аз масъалаҳои баҳсбарангези назарияи ҳуқуқ муайян намудани мақоми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми сиёсати ҳуқуқӣ мебошад. Ба андешаи мо, Паём дорои се хусусияти муҳим аст:
Якум, он самтҳои стратегии рушди давлатро муайян менамояд.
Дуюм, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва қонунгузориро ҳамоҳанг месозад.
Сеюм, ҳамчун асоси методологии рушди қонунгузорӣ хизмат мекунад.
Аз ин рӯ, Паёмро метавон санади стратегии сиёсати ҳуқуқӣ арзёбӣ намуд, ки тавассути он давлат самтҳои рушди муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодиро муайян менамояд.
3. Марҳилаҳои ташаккули муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Таҳлили муқоисавии Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки рушди муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ хусусияти пайдарпай ва марҳилавӣ дошта, бо таҳаввули сиёсати давлатӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди қонунгузорӣ робитаи мустақим дорад. Ба андешаи мо, ин равандро метавон ба чор марҳилаи асосӣ ҷудо намуд.
1. Марҳилаи аввал (1992–2000): ташаккули заминаҳои ҳуқуқии иқтисоди бозорӣ. Солҳои аввали истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити хеле душвори сиёсӣ ва иқтисодӣ қарор дошт. Дар ин давра вазифаи асосии давлат на рушди иқтисод, балки ҳифзи давлатдорӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва ташкили асосҳои низоми нави иқтисодӣ буд.
Дар Паёмҳои нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои зерин ҳамчун афзалият муайян гардиданд, аз ҷумла, гузариш аз иқтисоди фармондеҳӣ ба иқтисоди бозорӣ, ташаккули моликияти хусусӣ, рушди соҳибкории инфиродӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ, ташкили низоми муосири молиявӣ, рушди низоми бонкии миллӣ, ҷорӣ намудани асъори миллӣ.
Дар ин давра як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои аҳаммияти бунёдӣ қабул гардиданд, ки барои ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ замина фароҳам оварданд.
Хусусияти асосии ин марҳила дар он ифода меёбад, ки ҳуқуқ вазифаи таъсисдиҳандаи институтҳои иқтисодиро иҷро намуд. Яъне аввал меъёрҳои ҳуқуқӣ қабул гардида, баъдан муносибатҳои иқтисодӣ дар асоси онҳо ташаккул ёфтанд. Аз нуқтаи назари назарияи ҳуқуқ, ин давраро метавон марҳилаи институтсионализатсияи муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ номид.
2. Марҳилаи дуюм (2001–2010): рушди институтҳои ҳуқуқии иқтисодӣ. Бо барқарор гардидани сулҳу суботи сиёсӣ масъалаи асосӣ рушди иқтисоди миллӣ гардид. Дар Паёмҳои ин давра Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд, ба монанди, рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузории хориҷӣ, такмили сиёсати андоз, рушди бахши хусусӣ, таъмини озодии фаъолияти иқтисодӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ.
Дар ин давра муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ аз доираи танзими оддии фаъолияти соҳибкорӣ берун баромада, ба танзими мураккаби иқтисоди миллӣ равона шуданд.
Ҳуқуқ дигар танҳо воситаи ташкилкунандаи иқтисод набуда, ба механизми идоракунии рушди иқтисодӣ мубаддал гардид. Дар натиҷа як қатор институтҳои нави ҳуқуқӣ, ба монанди, ҳуқуқи сармоягузорӣ, ҳуқуқи рақобат, танзими фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ, ҳифзи соҳибкорӣ, сиёсати давлатии дастгирии соҳибкорӣ ташаккул ёфтанд.
Аз ин рӯ, ин марҳиларо метавон марҳилаи рушди институтсионалии ҳуқуқи иқтисодӣ номид.
3. Марҳилаи сеюм (2011–2020): саноатикунонӣ ва рушди рақобатпазирии иқтисод. Марҳилаи мазкур бо қабул гардидани як қатор стратегияҳои давлатӣ ва эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи стратегӣ тавсиф мегардад.
Дар Паёмҳои ин давра масъалаҳои зерин мавқеи марказӣ пайдо намуданд, аз ҷумла, рушди истеҳсолоти миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, содироти маҳсулоти саноатӣ, такмили сиёсати сармоягузорӣ, рушди инфрасохтор.
Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ, дар ин марҳила давлат муносибатҳои иқтисодиро бештар тавассути механизмҳои ҳавасмандгардонӣ танзим намуд. Дар натиҷа чунин равандҳо ба вуҷуд омаданд: афзоиши кафолатҳои ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ; соддагардонии иҷозатномадиҳӣ; рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ; рушди механизмҳои ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ; баланд гардидани сатҳи ҳифзи ҳуқуқии сармоягузорон.
Ба андешаи мо, ин марҳила давраи гузариш аз танзими ҳуқуқии иқтисодӣ ба идоракунии ҳуқуқии рушди иқтисодӣ мебошад.
4. Марҳилаи чорум (2021 – то имрӯз): иқтисоди рақамӣ ва рушди устувор. Дар солҳои охир муҳтавои Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти сифатан нав касб намудааст. Агар дар солҳои аввал масъалаи асосӣ ташкили иқтисоди бозорӣ бошад, имрӯз масъалаҳои зерин дар маркази сиёсати давлатӣ қарор доранд, аз ҷумла, рақамикунонии иқтисодиёт, ҳукумати электронӣ, иқтисоди сабз, инноватсия, зеҳни сунъӣ, технологияҳои рақамӣ, амнияти иқтисодӣ, рушди сармояи инсонӣ.
Ин тағйирот нишон медиҳад, ки муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ низ хусусияти нав пайдо намудаанд. Дар ин марҳила чунин институтҳои нави ҳуқуқӣ, ба монанди, муносибатҳои рақамии иқтисодӣ, моликияти рақамӣ, хизматрасониҳои электронии давлатӣ, савдои электронӣ, шартномаҳои рақамӣ, пардохтҳои электронӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, амнияти кибернетикӣ ташаккул ёфтанд. Дар натиҷа ҳуқуқи иқтисодӣ аз доираи муносибатҳои анъанавӣ берун рафта, тадриҷан ба ҳуқуқи иқтисоди рақамӣ табдил меёбад.
Таҳлили Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ хусусияти эволютсионӣ дошта, вобаста ба тағйирёбии афзалиятҳои сиёсати давлатӣ мунтазам рушд менамоянд.
Ба андешаи мо, навгонии илмии ин таҳқиқот дар он ифода меёбад, ки бори аввал рушди муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ дар Тоҷикистон дар асоси консепсияи чормарҳилагии эволютсияи сиёсати ҳуқуқии иқтисодӣ асоснок карда мешавад.
Ин консепсия имкон медиҳад, ки робитаи байни Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди қонунгузории иқтисодӣ ошкор гардад; нақши Паём ҳамчун сарчашмаи сиёсати ҳуқуқӣ муайян карда шавад; мантиқи ташаккули институтҳои ҳуқуқии иқтисодӣ дар давраи истиқлолият нишон дода шавад; самтҳои ояндаи такмили қонунгузории иқтисодӣ муайян карда шаванд.
Акнун мегузарем ба самтҳои асосии ташаккули муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Рушди соҳибкорӣ ҳамчун самти асосии сиёсати ҳуқуқии иқтисодӣ. Дар шароити иқтисоди бозорӣ соҳибкорӣ ҳамчун муҳаррики асосии рушди иқтисоди миллӣ ва воситаи ташкили ҷойҳои нави корӣ эътироф гардидааст. Аз ин рӯ, яке аз самтҳои доимии Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон такмили муҳити ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.
Аз солҳои аввали истиқлолият то имрӯз дар Паёмҳо пайваста масъалаҳои дастгирии соҳибкории хусусӣ, коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди рақобати озод таъкид мегарданд. Ин равиш нишон медиҳад, ки давлат соҳибкориро на танҳо ҳамчун фаъолияти иқтисодӣ, балки ҳамчун институти муҳими рушди иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ арзёбӣ менамояд.
Дар натиҷаи татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тағйироти муҳими ҳуқуқӣ амалӣ гардиданд, аз ҷумла, соддагардонии расмиёти бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, ҷорӣ намудани низоми «равзанаи ягона», кам намудани шумораи иҷозатномаҳо ва иҷозатдиҳӣ, такмили низоми андозбандӣ, маҳдуд намудани санҷишҳои беасос, рушди хизматрасониҳои электронии давлатӣ.
Аз нуқтаи назари назарияи ҳуқуқ, ин тадбирҳо ба тағйирёбии табиати муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ оварда расониданд. Агар қаблан давлат асосан тавассути усулҳои амрӣ фаъолияти иқтисодиро танзим мекард, имрӯз усулҳои ҳавасмандгардонӣ, шарикӣ ва кафолатҳои ҳуқуқӣ мавқеи бештар пайдо намудаанд.
Ба андешаи мо, маҳз дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон консепсияи «давлати хизматрасон барои соҳибкор» тадриҷан ташаккул ёфтааст. Моҳияти ин консепсия дар он аст, ки мақомоти давлатӣ на танҳо вазифаи назорат, балки вазифаи мусоидат ба рушди фаъолияти иқтисодиро иҷро менамоянд. Ин тағйирот аз таҳаввули фалсафаи идоракунии давлатӣ шаҳодат дода, муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодиро ба модели шарикӣ миёни давлат ва бахши хусусӣ наздик месозад.
2. Ҳифзи ҳуқуқи моликияти хусусӣ ҳамчун пояи муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ. Дар тамоми Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои калидӣ ҳифзи ҳуқуқи моликият мебошад. Таҷрибаи давлатҳои дорои иқтисоди бозорӣ нишон медиҳад, ки рушди устувори иқтисодӣ танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки ҳуқуқи моликият бо кафолатҳои муассири ҳуқуқӣ таъмин карда шавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҳифзи моликияти хусусӣ тадриҷан такмил ёфта, имрӯз яке аз рукнҳои асосии сиёсати иқтисодӣ маҳсуб мешавад. Дар Паёмҳо ба масъалаҳои дахлнопазирии моликияти хусусӣ, кафолати ҳуқуқии сармоягузорон, ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон, таъмини иҷрои уҳдадориҳои шартномавӣ, такмили фаъолияти судҳои иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи эътимод ба мақомоти давлатӣ, таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Дар ин замина метавон гуфт, ки ҳифзи моликият дигар танҳо масъалаи ҳуқуқи шаҳрвандӣ набуда, ба масъалаи муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат табдил ёфтааст.
Аз нуқтаи назари назарияи ҳуқуқ, дар ин ҷо тағйироти муҳиме ба назар мерасад, агар қаблан ҳуқуқи моликият асосан ҳамчун ҳуқуқи субъективии шахс фаҳмида мешуд, имрӯз он ҳамчун яке аз омилҳои рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини амнияти иқтисодӣ арзёбӣ мегардад.
Ба андешаи мо, дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон консепсияи «кафолати ҳуқуқии моликият ҳамчун шарти рушди иқтисодӣ» ташаккул ёфтааст, ки онро метавон яке аз унсурҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии иқтисодӣ арзёбӣ намуд.
3. Ташаккули муносибатҳои ҳуқуқии сармоягузорӣ. Дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт рақобат барои ҷалби сармоягузорӣ байни давлатҳо рӯ ба афзоиш мебошад. Аз ҳамин ҷиҳат Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҷалби сармоягузории дохилӣ ва хориҷиро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки рушди миллӣ муайян кардааст.
Дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои зерин пайваста ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, таъмини кафолатҳои ҳуқуқии сармоягузорон, рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, дастгирии сармоягузории истеҳсолӣ, ҷалби технологияҳои муосир, таъкид мешаванд. Ин дастуру супоришҳо боиси такмили қонунгузории сармоягузорӣ ва рушди институтҳои нави ҳуқуқӣ гардиданд.
Аз нигоҳи назариявӣ, муносибатҳои ҳуқуқии сармоягузорӣ имрӯз танҳо байни сармоягузор ва давлат маҳдуд намешаванд. Онҳо маҷмӯи муносибатҳои мураккаби ҳуқуқӣ мебошанд, ки иштирокчиёни гуногун - давлат, бахши хусусӣ, муассисаҳои молиявӣ ва ташкилотҳои байналмилалиро фаро мегиранд.
Ба андешаи мо, Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули модели «шарикии ҳуқуқии давлат ва сармоягузор» замина гузоштаанд. Дар ин модел давлат на танҳо мақоми танзимкунанда, балки мақоми кафил ва шарики рушди иқтисодиро низ иҷро мекунад.
Таҳлил нишон медиҳад, ки дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ дар се самти бунёдӣ ташаккул меёбанд:
1. Муносибатҳои соҳибкорӣ, ки ба таъмини озодии фаъолияти иқтисодӣ ва кам кардани монеаҳои маъмурӣ равона шудаанд.
2. Муносибатҳои моликият, ки ҳадафи онҳо таҳкими кафолатҳои ҳуқуқии моликияти хусусӣ мебошад.
3. Муносибатҳои сармоягузорӣ, ки ба фароҳам овардани муҳити мусоиди ҳуқуқӣ барои ҷалби сармоя ва рушди истеҳсолот нигаронида шудаанд.
Ба андешаи мо, маҳз ҳамгироии ин се самт асоси ташаккули модели муосири сиёсати ҳуқуқии иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Навгонии илмии ин қисмат дар он аст, ки робитаи байни ҳадафҳои стратегӣ, институтҳои ҳуқуқӣ ва рушди иқтисодӣ ҳамчун низоми ягона таҳлил мешавад.
4. Такмили муносибатҳои ҳуқуқии андозӣ ва гумрукӣ дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмили муносибатҳои ҳуқуқии андозӣ ва гумрукӣ мебошад. Дар шароити иқтисоди бозорӣ низоми андоз ва гумрук на танҳо манбаи асосии даромади буҷет, балки воситаи муҳими танзими фаъолияти иқтисодӣ ва рушди соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад.
Дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои такмили сиёсати андозӣ пайваста ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодӣ муайян гардидаанд. Дар солҳои охир таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои содда намудани низоми андозбандӣ, коҳиш додани сарбории андозӣ барои соҳибкорон, рақамикунонии маъмурикунонии андоз, баланд бардоштани шаффофияти муносибатҳои андозӣ, мубориза бар зидди иқтисодиёти пинҳонӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии гумрукӣ, равона шудааст.
Дар натиҷаи татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ислоҳоти муҳими ҳуқуқӣ амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, қабул гардидани таҳрири нави Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷорӣ намудани ҳисоботи электронии андоз, рушди хизматрасониҳои рақамии мақомоти андоз ва гумрук, истифодаи низоми ягонаи электронии бақайдгирии амалиёти иқтисодӣ ва такмили механизмҳои назорати хавф аз ҷумлаи чунин ислоҳот мебошанд.
Аз нуқтаи назари назарияи ҳуқуқ, тағйироти мазкур аз дигаргун шудани фалсафаи сиёсати андозӣ шаҳодат медиҳад. Агар дар гузашта андоз асосан ҳамчун воситаи ҷамъоварии даромадҳои давлатӣ баррасӣ мешуд, имрӯз он ҳамчун воситаи ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ ва таъмини рақобати солим истифода мегардад.
Ҳамин тавр, муносибатҳои ҳуқуқии андозӣ тадриҷан аз модели «назоратӣ-фискалӣ» ба модели «ҳамкорӣ ва хизматрасонӣ» мегузаранд. Дар чунин модел мақомоти андоз танҳо иҷрокунандаи назорат набуда, балки шарики рушди соҳибкорӣ низ мебошанд.
Дар соҳаи гумрук низ чунин тағйирот ба назар мерасад. Дар Паёмҳо пайваста зарурати соддагардонии расмиёти гумрукӣ, рушди савдои хориҷӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои гумрукӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти мақомоти гумрук ба стандартҳои байналмилалӣ таъкид мешавад.
Ба андешаи мо, маҳз дар ҳамин самт модели нави «идоракунии ҳуқуқии гардиши иқтисодӣ» ташаккул меёбад, ки дар он мақомоти андоз ва гумрук на танҳо вазифаи назорат, балки вазифаи таъмини рушди иқтисоди миллӣ ва рақобатпазирии онро низ иҷро менамоянд.
5. Иқтисоди рақамӣ ҳамчун марҳилаи нави ташаккули муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ. Дар даҳсолаи охир яке аз самтҳои калидии Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди иқтисоди рақамӣ мебошад. Ин раванд бо инкишофи босуръати технологияҳои иттилоотӣ, густариши хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, рушди савдои электронӣ, рақамикунонии низоми молиявӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд мебошад.
Дар Паёмҳои солҳои охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо зарурати гузариши иқтисоди миллӣ ба иқтисоди рақамиро таъкид намуда, онро яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани рақобатпазирии давлат арзёбӣ кардаанд.
Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ, ин раванд боиси пайдо шудани гурӯҳи нави муносибатҳои ҳуқуқӣ мегардад. Аз ҷумла, Ба онҳо дохил мешаванд, муносибатҳои ҳуқуқии тиҷорати электронӣ, муносибатҳои ҳуқуқии хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, муносибатҳои ҳуқуқии пардохтҳои рақамӣ, муносибатҳои ҳуқуқии истифодаи имзои электронии рақамӣ, муносибатҳои ҳуқуқии маълумоти шахсӣ, муносибатҳои ҳуқуқии амнияти кибернетикӣ, муносибатҳои ҳуқуқии истифодаи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти иқтисодӣ.
Дар чунин шароит ҳуқуқ дигар наметавонад танҳо воситаи танзими муносибатҳои анъанавии иқтисодӣ бошад. Он бояд муносибатҳои нави рақамиро низ фаро гирад.
Ба андешаи мо, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан соҳаи нави танзими ҳуқуқӣ - «ҳуқуқи иқтисоди рақамӣ» ташаккул меёбад, ки метавонад ҳамчун зерсоҳаи мустақили ҳуқуқи иқтисодӣ дар оянда рушд намояд.
Фарқияти асосии ин муносибатҳо аз муносибатҳои анъанавии иқтисодӣ дар он аст, ки объекти танзим на танҳо молу мулк ё маблағ, балки маълумоти рақамӣ, дороиҳои рақамӣ, хизматрасониҳои электронӣ ва муҳити виртуалӣ низ мебошанд. Аз ин рӯ, қонунгузории иқтисодӣ бояд мутобиқ ба талаботи иқтисоди рақамӣ такмил дода шавад.
6. Амнияти иқтисодӣ ҳамчун самти нави сиёсати ҳуқуқии давлат. Дар солҳои охир дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи амнияти иқтисодӣ мазмуни сифатан нав пайдо кардааст. Агар қаблан мафҳуми амнияти миллӣ асосан бо масъалаҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ алоқаманд бошад, имрӯз рушди устувори иқтисодӣ яке аз унсурҳои муҳими амнияти миллӣ эътироф мегардад.
Дар Паёмҳо масъалаҳои зерин пайваста таъкид мешаванд, таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди саноати миллӣ, истиқлолияти энергетикӣ, диверсификатсияи иқтисодиёт, баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолоти миллӣ, истифодаи технологияҳои муосир, рушди иқтисоди «сабз», амнияти рақамӣ. Ҳамаи ин масъалаҳо бевосита ба муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ алоқаманд мебошанд.
Аз нуқтаи назари назарияи давлат ва ҳуқуқ, имрӯз амнияти иқтисодӣ танҳо натиҷаи рушди иқтисод нест, балки ба объекти мустақили танзими ҳуқуқӣ табдил ёфтааст. Дар ин самт қонунгузорӣ бояд на танҳо муносибатҳои иқтисодиро танзим намояд, балки механизмҳои пешгирии таҳдидҳои иқтисодӣ, таъмини устувории бозор, ҳифзи рақобат, таъмини амнияти молиявӣ ва рушди устувори иқтисоди миллиро низ дар бар гирад.
Ба андешаи мо, дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон консепсияи нави «амнияти ҳуқуқии иқтисодӣ» ташаккул ёфтааст. Моҳияти он дар он аст, ки рушди устувори иқтисодӣ танҳо дар сурати мавҷуд будани қонунгузории босифат, институтҳои самараноки ҳуқуқӣ ва низоми устувори идоракунии давлатӣ таъмин мегардад. Аз ин рӯ, амнияти иқтисодӣ бояд ҳамчун яке аз вазифаҳои асосии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шавад.
Таҳлили мазмуни Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки онҳо ба ташаккули модели нави муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ мусоидат намудаанд. Дар ин модел ҳуқуқ на танҳо воситаи танзими муносибатҳои иқтисодӣ, балки воситаи идоракунии рушди иқтисодӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти иқтисодӣ мебошад.
Ба андешаи мо, муҳимтарин тамоюлҳои инкишофи муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунинанд:
1. Гузариш аз танзими маъмурӣ ба танзими ҳавасмандкунанда.
2. Тақвияти кафолатҳои ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ.
3. Рақамикунонии муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ.
4. Ҳамоҳангсозии сиёсати иқтисодӣ ва сиёсати ҳуқуқӣ.
5. Пайвастани рушди иқтисодӣ бо таъмини амнияти иқтисодӣ.
6. Тақвияти нақши ҳуқуқ ҳамчун воситаи татбиқи стратегияҳои миллӣ.
Ба андешаи мо, дар шароити муосир муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ҳамчун низоми мураккаби динамикӣ муайян намуд, ки таҳти таъсири се омил ташаккул меёбад:
1. сиёсати стратегии давлат, ки дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос меёбад;
2. низоми қонунгузории иқтисодӣ, ки самтҳои сиёсиро ба меъёрҳои ҳатмии ҳуқуқӣ табдил медиҳад;
3. амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ, ки самаранокии татбиқи ин меъёрҳоро таъмин менамояд.
Ин модели сесатҳа, ба назари мо, метавонад ҳамчун асоси назариявии таҳқиқоти минбаъда дар соҳаи сиёсати ҳуқуқии иқтисодӣ ва рушди қонунгузории иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намояд.
Исозода Фатҳулло Амирхон-унвонҷуи шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сардори раёсати Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон