Skip to main content

НАҚШИ БАРНОМАҲОИ ИСЛОҲОТИ СУДӢ-ҲУҚУҚӢ ДАР ТАШАККУЛИ СУДИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар шароити ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ва рушди босуръати технологияҳои рақамӣ масъалаи такмили шаклу усулҳои фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ аҳаммияти махсус пайдо кардааст. Рақамикунонӣ тадриҷан тамоми соҳаҳои идоракунии давлатиро фаро гирифта, дар баробари мақомоти иҷроия ва қонунгузорӣ ба фаъолияти ҳокимияти судӣ низ таъсири амиқ мерасонад. Дар чунин шароит ташаккули суди электронӣ ҳамчун яке аз самтҳои нави рушди низоми адолати судӣ ба миён меояд.

Суди электронӣ падидаи сирф техникӣ набуда, балки натиҷаи таҳаввули сиёсати ҳуқуқии давлат, такмили қонунгузории мурофиавӣ, ислоҳоти сохтории мақомоти судӣ ва рушди инфрасохтори иттилоотии онҳо мебошад. Бинобар ин, ташаккули суди электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз раванди ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ баррасӣ намудан ғайриимкон аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ хусусияти пайдарпай ва барномавӣ касб намуда, дар чор марҳилаи асосӣ амалӣ гардидааст: Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ аз 23 июни соли 2007, №271; Барномаи солҳои 2011–2013 аз 3 январи соли 2011, №976; Барномаи солҳои 2015–2017 аз 5 январи соли 2015, №327 ва Барномаи солҳои 2019–2021 аз 19 апрели соли 2019, №1242 [1–4].

Ҳар яке аз барномаҳои зикршуда вобаста ба шароити марҳилаи муайяни рушди давлат ва ҷомеа вазифаҳои мушаххаси ислоҳоти низоми судиро пеш гузоштаанд. Агар дар марҳилаҳои аввал диққати асосӣ ба таҳкими мустақилияти ҳокимияти судӣ, такмили сохтори судҳо ва қонунгузории мурофиавӣ равона шуда бошад, дар марҳилаҳои баъдӣ масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти судҳо, содагардонии мурофиаи судӣ, беҳтар намудани таъминоти моддию техникӣ ва ниҳоят истифодаи технологияҳои электронӣ мавқеи бештар пайдо намуданд.

Аз ин рӯ, мақсади асосии маъруза таҳқиқ намудани нақши Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ, институтсионалӣ, техникӣ ва ташкилии суди электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии раванди ташаккули давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад. Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад [5].

Дар ҳамин замина таҳкими мустақилияти суд, баланд бардоштани мақоми он дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва такмили механизмҳои дастрасӣ ба адолати судӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат табдил ёфтааст.

Барномаи аввалини ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ соли 2007 қабул гардида, дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 20 апрели соли 2006 таҳия шуда буд [1]. Барномаи мазкур маҷмуи тадбирҳои мушаххасро оид ба татбиқи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ муайян намуд.

Дар натиҷаи иҷрои ин барнома дар самти такмили қонунгузории мурофиавӣ ва сохтори судӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, қабули кодексҳои нави мурофиавӣ, қонунҳо дар бораи истеҳсолоти иҷро, судҳои ҳакамӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба рушди минбаъдаи низоми судӣ мусоидат намуд [6].

Гарчанде дар Барномаи соли 2007 истилоҳи «суди электронӣ» ҳанӯз ҳамчун самти мустақил истифода нашуда буд, маҳз ҳамин ислоҳоти бунёдӣ муҳити ҳуқуқӣ ва институтсионалиро барои рақамикунонии минбаъдаи фаъолияти судҳо фароҳам овард. Бинобар ин, суди электронӣ бояд ҳамчун натиҷаи мантиқии рушди ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ арзёбӣ гардад, на ҳамчун падидае, ки танҳо дар натиҷаи пайдо шудани технологияҳои нав ба вуҷуд омадааст.

Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ аз 23 июни соли 2007, №271 нахустин ҳуҷҷати барномавии маҷмуӣ дар соҳаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии даврони нави рушди Тоҷикистон маҳсуб меёбад [1]. Аҳаммияти он барои ташаккули суди электронӣ, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки дар ин марҳила асосҳои нави қонунгузории мурофиавӣ гузошта шуданд.

Суди электронӣ бе қонунгузории мукаммали мурофиавӣ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро ҳар амале, ки тавассути технология анҷом дода мешавад - пешниҳоди ариза, бақайдгирии парванда, огоҳ намудани иштирокчиён, пешниҳоди далел, баргузории маҷлиси судӣ ва қабули санад - бояд дорои асос ва оқибати ҳуқуқӣ бошад. Аз ин рӯ, қабули кодексҳои муосири мурофиавӣ дар доираи ислоҳоти ибтидоӣ як навъ заминаи нормативӣ барои гузариши минбаъда ба шаклҳои электронии амалисозии адолати судӣ гардид.

Ҳамзамон, дар ин марҳила принсипҳои дастрасӣ ба суд, самаранокии ҳифзи судӣ ва баланд бардоштани мақоми суд ҳамчун мақоми асосии ҳифзи ҳуқуқ тақвият ёфтанд. Дар назарияи суди электронӣ маҳз дастрасӣ, самаранокӣ ва шаффофият аз ҷумлаи арзишҳои асосие мебошанд, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ бояд ба таъмини онҳо мусоидат намояд.

Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2011–2013 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011, №976 тасдиқ шуда, ҳамчун идомаи мантиқии ислоҳоти қаблӣ муайян гардидааст [2].

Дар ин Барнома масъалаҳои такмили минбаъдаи сохтори судӣ, таҳкими мустақилияти судҳо, баланд бардоштани масъулияти судяҳо, такмили вазъи иҷтимоии онҳо, рушди қонунгузорӣ ва таъмини дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқӣ мавқеи муҳим доштанд [7]. Аҳаммияти ин марҳила барои суди электронӣ пеш аз ҳама хусусияти институтсионалӣ дорад.

Рақамикунонии фаъолияти суд танҳо тавассути харидории техника амалӣ намегардад. Пеш аз ҳама, низоми судӣ бояд дорои сохтори устувор, тақсимоти мушаххаси ваколатҳо, дастгоҳи касбӣ ва механизмҳои самараноки идоракунӣ бошад. Дар ҳамин давра ба омодасозӣ ва баланд бардоштани тахассуси кадрҳои судӣ низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. Ин омил имрӯз, дар шароити рақамикунонӣ, боз ҳам аҳаммияти бештар пайдо мекунад, зеро судя ва корманди дастгоҳи суд бояд на танҳо қонун, балки воситаҳои иттилоотию коммуникатсиониро низ дуруст истифода бурда тавонад.

Бинобар ин, Барномаи солҳои 2011–2013-ро метавон марҳилаи таҳкими заминаҳои институтсионалии рақамикунонии минбаъдаи адолати судӣ арзёбӣ намуд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015, №327 Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2015–2017 тасдиқ гардид [3]. Дар Барномаи мазкур мақсади асосии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ҳамчун таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, содагардонии ҷараёни мурофиаи судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини қонунияту адолат ва такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ муайян гардидааст [3].

Мафҳуми «содагардонии ҷараёни мурофиаи судӣ» аз нуқтаи назари ташаккули суди электронӣ аҳаммияти махсус дорад. Зеро яке аз вазифаҳои технологияҳои рақамӣ маҳз соддагардонии муносибатҳои байни суд ва иштирокчиёни мурофиа мебошад.

Пешниҳоди электронии ҳуҷҷатҳо, бақайдгирии автоматии муроҷиатҳо, ирсоли огоҳиномаҳои электронӣ, дастрасии фосилавӣ ба маълумоти парванда ва истифодаи видеоконференсия ҳама воситаҳои кам намудани сарфи вақт ва хароҷоти мурофиавӣ мебошанд. Аз ҳамин ҷиҳат, Барномаи солҳои 2015–2017 метавонад ҳамчун марҳилаи гузариш аз ислоҳоти сохторӣ ба модернизатсияи технологӣ ва ташкилии фаъолияти судҳо арзёбӣ гардад.

Барномаи чоруми ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2019–2021 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019, №1242 тасдиқ гардидааст [4]. Дар муқаддимаи Барнома таъкид шудааст, ки он идомаи барномаҳои пешина буда, ба таҳкими ҳокимияти судӣ ва такмили қонунгузорӣ оид ба фаъолияти судҳо ва дигар мақомоти дахлдор равона шудааст [4]. Маҳз дар ин марҳила масъалаи рақамикунонии фаъолияти суд аз доираи умумии модернизатсия берун баромада, шакли нисбатан мушаххас гирифт.

Тибқи маълумоти расмии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Барномаи солҳои 2019–2021, аз ҷумла ба роҳ мондани тақсимоти электронии парвандаҳои судӣ пешбинӣ шуда буд [8]. Ин тадбир аҳаммияти махсус дорад.

Тақсимоти электронии парвандаҳо имкон медиҳад, ки вобастагии ин раванд аз омили инсонӣ кам гардида, парвандаҳо тибқи алгоритм ва меъёрҳои муайян байни судяҳо тақсим карда шаванд. Чунин механизм метавонад ба кам гардидани эҳтимоли дахолати субъективӣ, таъмини тақсимоти нисбатан баробари сарбории судяҳо, баланд гардидани шаффофияти фаъолияти суд, коҳиш ёфтани хавфҳои коррупсионӣ, таҳкими эътимоди ҷомеа ба адолати судӣ мусоидат намояд. Аз ҳамин нуқтаи назар, Барномаи солҳои 2019–2021 марҳилаи нав - гузариш ба ташаккули унсурҳои бевоситаи суди электронӣ мебошад. Ҳарчанд татбиқи баъзе чорабиниҳо, аз ҷумла бинобар пандемияи COVID-19 ва мушкилоти молиявӣ мавқуф гузошта шуд, худи масъала дар сиёсати давлатии минбаъда нигоҳ дошта шуд [8].

Рушди суди электронӣ баъди анҷоми Барномаи солҳои 2019–2021 низ идома ёфт. Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 2021, №441 тасдиқ гардидааст [9].

Дар санадҳои барномавии давраи мазкур идомаи рушди низоми судӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва устувории ҳокимияти судӣ пешбинӣ шудааст. Дар баробари ин, рушди иқтисоди рақамӣ ҳамчун самти умумимиллии сиёсати давлатӣ низ тақвият ёфт. Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №460 қабул гардидааст [10]. Ин санад барои истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ заминаи умумӣ фароҳам овард.

Натиҷаи муҳими амалии раванд таъсиси судҳои пилотии электронӣ дар суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва суди ноҳияи Рӯдакӣ мебошад [8]. Таҷрибаи пилотӣ барои низоми судӣ аҳаммияти махсус дорад, зеро имкон медиҳад пеш аз татбиқи умумимиллӣ масъалаҳои ҳуқуқӣ, техникӣ ва ташкилӣ санҷида шаванд. Аз ҷумла, тавассути чунин озмоишҳо метавон муайян намуд, ки самаранокии барномаҳои иттилоотӣ, сатҳи омодагии судяҳо ва кормандони дастгоҳ, мушкилоти амнияти иттилоотӣ, имконияти ҳамгироии низомҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ, муносибати шаҳрвандон ба шаклҳои электронии муроҷиат ва хароҷоти воқеии татбиқи низом.

Дар адабиёти ҳуқуқӣ ва амалия мафҳумҳои «электрониконии суд», «рақамикунонии фаъолияти суд», «мурофиаи электронии судӣ» ва «суди электронӣ» баъзан ҳамчун мафҳумҳои якхела истифода мешаванд. Ба андешаи мо, байни онҳо фарқ гузоштан зарур аст.

Рақамикунонии фаъолияти суд мафҳуми васеъ буда, истифодаи технологияҳои иттилоотиро дар тамоми фаъолияти суд - ҳам фаъолияти мурофиавӣ ва ҳам ташкилӣ, оморӣ, маъмурӣ ва иттилоотӣ фаро мегирад.

Мурофиаи электронии судӣ истифодаи технологияҳоро бевосита дар муносибатҳои мурофиавӣ ифода менамояд, аз ҷумла пешниҳоди ариза, ирсоли ҳуҷҷат, огоҳ намудани тарафҳо, пешниҳоди далелҳо ва иштироки фосилавӣ.

Суди электронӣ бошад, ба андешаи мо, низоми комплексии ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва технологие мебошад, ки дар доираи он фаъолияти суд ва иштирокчиёни мурофиа тавассути технологияҳои рақамӣ амалӣ гардида, ҳамзамон кафолатҳои асосии адолати судӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Аз ин нуқтаи назар суди электронӣ танҳо компютеркунонии суд нест. Он бояд унсурҳои зеринро дар бар гирад: портали ягонаи судӣ; утоқи шахсии иштирокчии мурофиа; пешниҳоди электронии муроҷиатҳо; тақсимоти автоматии парвандаҳо; парвандаи электронии судӣ; ирсоли электронии санадҳои мурофиавӣ; огоҳкунии электронӣ; далелҳои электронӣ; видеоконференсия; бойгонии электронӣ; низоми ҳифзи иттилоот; ва механизмҳои назорати рақамӣ.

Ташаккули суди электронӣ бо масъалаҳои назариявии татбиқи меъёрҳои мурофиавӣ низ робитаи бевосита дорад. Дар таҳқиқоти олимони Тоҷикистон масъалаҳои самаранокии меъёрҳои мурофиавӣ ва фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунандаи судҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, дар мақолаи И.Ҳ. Бобоҷонзода, Т.Қ. Қодирзода ва Ф. Махсудӣ «Проблемаҳои татбиқи меъёрҳои мурофиавӣ дар фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунии судҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» масъалаҳои назариявӣ ва амалии татбиқи меъёрҳои мурофиавӣ таҳлил шудаанд [11]. Аҳаммияти чунин равиш барои суди электронӣ дар он аст, ки технологияи рақамӣ набояд мустақил аз меъёри ҳуқуқӣ амал намояд. Ҳар амали электронӣ танҳо ҳамон вақт хусусияти мурофиавӣ пайдо мекунад, ки қонун тартиби анҷоми онро, субъекти ваколатдор, шакли тасдиқи шахсият, муҳлати анҷом, оқибатҳои ҳуқуқӣ ва тартиби санҷиши эътибори онро муайян карда бошад. Аз ин рӯ, рақамикунонии мурофиа бояд ҳамеша бо рушди қонунгузории мурофиавӣ ҳамоҳанг бошад. Ин ҷо метавон як қонунияти муҳимро пешниҳод намуд, ҳар қадаре ки технологияи электронӣ ба қабули қарори мурофиавӣ наздиктар бошад, ҳамон қадар сатҳи танзими ҳуқуқии он бояд мукаммалтар бошад. Масалан, истифодаи барномаи электронӣ барои омори судӣ асосан масъалаи ташкилӣ мебошад. Аммо пешниҳоди даъвои электронӣ, далели электронӣ ё иштирок тавассути видеоконференсия аллакай бевосита ба ҳуқуқи мурофиавии шахс таъсир мерасонад.

Яке аз муҳимтарин ҳадафҳои рақамикунонии фаъолияти судҳо баланд бардоштани дастрасӣ ба адолати судӣ мебошад. Дар шакли анъанавӣ шаҳрванд барои пешниҳод намудани ариза, гирифтани маълумот, пешниҳоди ҳуҷҷат ё гирифтани нусхаи санади судӣ аксаран бояд шахсан ба суд ҳозир шавад. Суди электронӣ метавонад қисми зиёди чунин муносибатҳоро ба шакли фосилавӣ гузаронад. Ин масъала барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти мавҷудияти ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аҳаммияти махсус дорад. Шахс метавонад бидуни сафар ба маркази ноҳия ё шаҳр ариза пешниҳод кунад, боҷи давлатиро пардохт намояд, маълумот дар бораи ҳаракати парвандаро гирад, санад пешниҳод кунад, огоҳиномаро қабул намояд ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун тавассути видеоконференсия иштирок намояд. Аммо ҳамзамон масъалаи нобаробарии рақамӣ низ бояд ба назар гирифта шавад.

На ҳамаи шаҳрвандон интернет, таҷҳизоти техникӣ ё малакаи кофии рақамӣ доранд. Аз ин рӯ, ҷорӣ намудани суди электронӣ набояд боиси маҳдуд гардидани ҳуқуқи шахсони дорои имконияти маҳдуди технологӣ гардад. Дар давраи гузариш истифодаи модели омехта - электронӣ ва анъанавӣ - мувофиқи мақсад мебошад.

Яке аз афзалиятҳои дигари суди электронӣ баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти суд мебошад. Ҳар амале, ки дар низоми иттилоотӣ анҷом дода мешавад, метавонад дорои вақти сабт, шахси иҷрокунанда ва таърихи тағйирот бошад. Ин имконият медиҳад, ки ҳаракати парванда дақиқ пайгирӣ гардад. Махсусан, тақсимоти автоматии парвандаҳо барои пешгирии дахолати субъективӣ аҳаммияти калон дорад.

Суди Олӣ низ қайд мекунад, ки тақсимоти электронии парвандаҳо метавонад сарбории раиси судро кам намуда, баъзе ҳолатҳои коррупсиониро вобаста ба манфиатнокии тақсимоти парвандаҳо коҳиш диҳад [8]. Аз ин рӯ, суди электронӣ метавонад яке аз механизмҳои техникию ҳуқуқии пешгирии коррупсия дар низоми судӣ низ гардад.

Суди электронӣ бе инфрасохтори устувори техникӣ фаъолият карда наметавонад. Барои фаъолияти он мавҷудияти серверҳои боэътимод, шабакаи босуръати алоқа, таҷҳизоти видеоконференсия, воситаҳои ҳифзи иттилоот, бойгонии рақамӣ ва барномаҳои махсус зарур мебошад. Тибқи маълумоти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар солҳои охир як қатор биноҳои судҳо сохта ё таъмири асосӣ гардида, бо таҷҳизоти муосир таъмин карда шудаанд [8]. Рушди инфрасохтор бояд ҳамзамон бо тайёр намудани кадрҳо сурат гирад.

Судяҳо ва кормандони масъули Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ 23 апрели соли 2025 дар Форуми байналмилалӣ оид ба шакли электронии адолати судӣ иштирок намуданд. Дар он масъалаи «Ташаккули суди электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо, мушкилиҳо ва дурнамо» мавриди баррасӣ қарор гирифт [12]. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки суди электронӣ тадриҷан на танҳо ба масъалаи техникӣ, балки ба самти мустақили омодасозии касбии кадрҳои судӣ табдил меёбад.

Ташаккули низоми мукаммали суди электронӣ зарурати такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, махсусан кодексҳои мурофиавиро ба вуҷуд меорад. Ба андешаи мо, дар қонунгузорӣ бояд масъалаҳои зерин дақиқ танзим гарданд, аз ҷумла мафҳум ва мақоми ҳуқуқии парвандаи электронии судӣ, тартиби пешниҳоди даъво ва шикояти электронӣ, имзои электронӣ дар мурофиа, тартиби огоҳкунии электронӣ, далелҳои электронӣ ва шартҳои қобили қабули онҳо, идентификатсияи иштирокчии мурофиа, тартиби баргузории видеоконференсия, муҳлати мурофиавӣ ҳангоми вайроншавии низоми электронӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, бойгонӣ ва нигоҳдории парвандаҳои электронӣ, амнияти киберӣ, ва масъулият барои дахолати ғайриқонунӣ ба низоми электронии судӣ. Ҳамзамон, танзими ҳуқуқӣ набояд танҳо ба ҷанбаҳои техникӣ маҳдуд гардад. Муҳим он аст, ки рақамикунонӣ принсипҳои асосии мурофиаро тақвият бахшад, на маҳдуд намояд.

Ҷорӣ намудани суди электронӣ набояд мустақилияти судя, баробарии тарафҳо, мубоҳисавӣ будани мурофиа, ҳуқуқ ба ҳимоя ва ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаро коҳиш диҳад. Баръакс, технология бояд воситаи самараноки амалисозии ин принсипҳо бошад. Масалан, видеоконференсия метавонад иштироки шахси дур аз маҳалли судро таъмин намояд, аммо он набояд ҳуқуқи иштирокчиро барои муоширати озод бо намоянда ё адвокат маҳдуд созад. Ҳамин тариқ, технологияи рақамӣ бояд ба ҳуқуқ мутобиқ гардад, на ҳуқуқ ба талаботи технологӣ.

Яке аз масъалаҳои муҳими дурнамои суди электронӣ истифодаи зеҳни сунъӣ мебошад. Технологияҳои зеҳни сунъӣ метавонанд барои ҷустуҷӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҷустуҷӯи амалияи судӣ, таҳлили оморӣ, гурӯҳбандии парвандаҳо, санҷиши шаклии ҳуҷҷатҳо, тартиб додани ҷадвали маҷлисҳо, ва дигар корҳои ёрирасон истифода шаванд. Аммо истифодаи онҳо бояд дорои маҳдудияти возеҳ бошад.

Қабули санади судӣ ва арзёбии ҳуқуқии далелҳо бояд дар салоҳияти судя боқӣ монад. Ба ибораи дигар технология метавонад ба судя кумак кунад, вале наметавонад ҷойи судяро ишғол намояд. Ин принсип бояд дар таҳияи модели миллии суди электронӣ ҳамчун яке аз кафолатҳои мустақилияти ҳокимияти судӣ ба назар гирифта шавад.

Бо ҷамъбасти таҳлил, барои рушди минбаъдаи суди электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тадбирҳои зерин мувофиқи мақсад мебошад:

1. Таҳия ва қабули Консепсияи рушди суди электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Дар қонунгузории миллӣ муқаррар намудани мафҳумҳои «суди электронӣ», «парвандаи электронии судӣ», «ҳуҷҷати электронии мурофиавӣ» ва «низоми иттилоотии суд».

3. Ташкили Портали ягонаи суди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Ҷорӣ намудани низоми ягонаи автоматии тақсимоти парвандаҳо дар ҳамаи судҳои ҷумҳурӣ.

5. Таъсиси «утоқи шахсии иштирокчии мурофиа».

6.Гузариши марҳилавӣ ба парвандаи пурраи электронии судӣ.

7. Такмили кодексҳои мурофиавӣ дар масъалаҳои далелҳои электронӣ ва видеоконференсия.

8. Таъмини ҳамгироии низоми судӣ бо низомҳои иттилоотии дигар мақомоти давлатӣ бо риояи талаботи ҳифзи маълумот.

9. Қабули стандартҳои махсуси амнияти киберии мақомоти судӣ.

10. Таъсиси низоми мунтазами такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд оид ба технологияҳои рақамӣ.

11.Нигоҳ доштани шакли алтернативии анъанавии муроҷиат барои шахсоне, ки аз технология истифода бурда наметавонанд.

12. Таҳияи қоидаҳои ҳуқуқии истифодаи зеҳни сунъӣ дар корҳои ёрирасони судӣ.

Таҳлили Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ нишон медиҳад, ки ташаккули суди электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи як раванди пайдарпайи сиёсати давлатӣ мебошад.

Барномаи соли 2007 асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии ислоҳоти муосири судиро гузошт. Барномаи солҳои 2011–2013 ба таҳкими сохтори судӣ, мустақилият, омодасозии кадрҳо ва такмили қонунгузорӣ мусоидат намуд. Барномаи солҳои 2015–2017 масъалаи содагардонии мурофиаи судӣ ва модернизатсияи фаъолияти мақомоти судиро тақвият бахшид. Барномаи солҳои 2019–2021 бошад, ба марҳилаи нави сифатӣ роҳ кушода, аз ҷумла татбиқи тақсимоти электронии парвандаҳои судиро пешбинӣ намуд.

Дар марҳилаи баъдӣ масъалаи суди электронӣ дар сиёсати рушди миллӣ идома ёфта, судҳои пилотии электронӣ дар ноҳияҳои Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Рӯдакӣ таъсис дода шуданд.

Аз ин рӯ, метавон хулоса кард, ки Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ механизми асосии стратегӣ ва пайдарпайи ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ, институтсионалӣ ва технологии суди электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Бо вуҷуди ин, ҳоло вазифаи асосӣ аз гузариш аз унсурҳои ҷудогонаи рақамикунонӣ ба низоми ягонаи суди электронӣ иборат аст. Суди электронӣ бояд ба арзишҳои асосии адолати судӣ — қонуният, мустақилияти суд, баробарии тарафҳо, дастрасӣ ба суд, шаффофият ва ҳифзи ҳуқуқи инсон асос ёбад.

Мақсади рақамикунонӣ иваз намудани судя ё механикӣ намудани адолати судӣ нест. Ҳадафи он ба инсон наздиктар, дастрас, шаффоф, босуръат ва самаранок гардонидани адолати судӣ мебошад.

Адабиёт ва сарчашмаҳои истифодашуда:

1. Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқшуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007, №271.

2. Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2013, тасдиқшуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011, №976.

3. Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015–2017, тасдиқшуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015, №327.

4. Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019–2021, тасдиқшуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019, №1242.

5. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 1994, бо тағйиру иловаҳои минбаъда.

6. Ҳокимияти судӣ // Маводи иттилоотӣ оид ба татбиқи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

7. Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2013.

8. «Суди электронӣ талаби давру замон аст» // Сомонаи расмии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

9. Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025, тасдиқшуда бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 2021, №441.

10. Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025, тасдиқшуда бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №460.

11.Бобоҷонзода И.Ҳ., Қодирзода Т.Қ., Махсудӣ Ф. Проблемаҳои татбиқи меъёрҳои мурофиавӣ дар фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунии судҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ // Осори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – 2023. – №3 (59). – С. 16–30.

12.Форуми байналмилалӣ дар мавзуи «Шакли электронии истеҳсолоти судӣ» // Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – 23 апрели соли 2025.

13.Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон».

14.Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030. – Душанбе, 2016.

15.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ».

Раҳмонзода Икром Раҳмонқул-унвонҷуи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст