Skip to main content

ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ МИЛЛАТ БА ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ: ТАҶРИБАИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ ВА ТАВСИЯҲО БАРОИ ТОҶИКИСТОН

212Хотираи таърихӣ ҳамчун асоси ҳувияти миллӣ ва омили муттаҳидсозии ҷомеа дар арсаи байналмилалӣ ва дохилии аксари давлатҳо мақоми вижа дорад. Баъди поёни Ҷанги Сард ва афзоиши равандҳои ҷаҳонишавӣ, масъалаи ҳифзи хотираи таърихӣ ва ташаккули сиёсати миллии ёдбуд ба яке аз масъалаҳои марказии сиёсати дохилӣ ва берунии давлатҳо табдил ёфт. Ин давра бо "гардиши мемориалӣ" дар илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ ҳамзамон буд, ки дар натиҷаи он хотира ҳамчун объекти мустақили тадқиқоти байнисоҳавӣ эътироф гардид.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар масири бунёди давлати мустақил ва ташаккули ҳувияти миллӣ қарор дорад, масъалаи ҳифзи хотираи таърихӣ аҳамияти бештар дорад. Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки сиёсати хотира дар Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатиро ташкил медиҳад, ки дар он Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ доранд.

Дар адабиёти муосири илмӣ мафҳуми "ҳуқуқи хотира" ҳамчун соҳаи нави танзими ҳуқуқӣ, ки дар асри XXI дар аксари давлатҳои демократӣ ва баъдишӯравӣ инкишоф ёфтааст, мавриди баррасӣ қарор мегирад. Тавре ки Уладзислау Белавусау (Донишгоҳи Амстердам) ва Александра Глишчинска-Грабяс (Академияи илмҳои Полша) дар китоби илмии худ "Қонун ва хотира: Дар роҳи идораи ҳуқуқии таърих"(Law and Memory: Towards Legal Governance of History, 2020) қайд мекунанд, ки ҳуқуқии гардиши хотира дар эҷоди бартарии ёддошти таърихӣ ва ташаккули ҳувиятҳои миллӣ нақши марказӣ бозидааст. Муаллифон ба тазоди байни идораи ҳуқуқӣ, плюрализми сиёсӣ ва ҳуқуқҳои асосӣ, аз қабили озодии баён таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Дар Аврупо, махсусан дар охири солҳои 1990 - ибтидои солҳои 2000, фаъолияти қонунгузории марбут ба хотира рушд ёфт, ки он бо кӯшишҳо барои эҷоди чорчӯби умумиаврупоии танзими хотира ва ташаккули ҳувияти умумиаврупоӣ алоқаманд буд. Профессор В.И. Чехарина дар тадқиқоти худ "Фарҳанги хотираи аврупоӣ дар андозагирии ҳуқуқӣ" (Европейская «культура памяти» в правовом измерении, 2025) таъкид мекунад, ки дар ду даҳсолаи охир, идораи ҳуқуқии хотираи таърихӣ дар кишварҳои аврупоӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст, гарчанде ки ин раванд ғайрихаттӣ буда, бо равандҳои афзоиши шиддат дар сатҳи миллӣ ҳамроҳ мешавад. Хотираи таърихӣ на танҳо объекти сиёсати хотира дар Иттиҳоди Аврупо, балки манбаи таҳдидҳо ва чолишҳои муосир низ мебошад.

Дар амалияи ҳуқуқии кишварҳои аврупоӣ, қонунҳои махсуси хотиравӣ ҳамчун шакли маъмулии танзими ҳуқуқии хотираи таърихӣ пайдо шуданд. Қонунҳои хотиравӣ ба тадбиқи ҷазои ҷиноятӣ барои тафсирҳои муайяни рӯйдодҳои таърихӣ равона шудаанд, ки дар натиҷа аксар вақт ба "ҷангҳои хотира" ва ихтилофоти назарраси сиёсӣ ва илмӣ оварда мерасонанд . Ин қонунҳо ба се гурӯҳи асосӣ ҷудо мешаванд:

1. Қонунҳои манъкунанда - манъи инкори ҷиноятҳои таърихӣ (ба мисли Олмон, Фаронса)

2. Қонунҳои эҳёкунанда - таъсиси ёдгориҳо ва ниҳодҳои хотиравӣ (ба мисли Литва, Латвия)

3. Қонунҳои таълимӣ-маърифатӣ - ворид намудани мавзӯъҳои таърихӣ ба барномаҳои таълимӣ

Давлати Олмон яке аз аввалин давлатҳоест, ки пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ба танзими ҳуқуқии хотира шурӯъ кард. Дар ин кишвар, таҷрибаи тоталитаризми натсистӣ ҳамчун "асотири манфии асосгузори" Ҷумҳурии Федеративии Олмон хидмат мекунад. Қонунгузории Олмон дар ин самт ду хусусияти асосӣ дорад:

- ҷиноят эътироф намудани инкори Холокост - моддаи 130 Кодекси ҷиноятии Олмон инкор ё таҳқири Холокостро ҳамчун ҷиноят муқаррар намудааст.

- манъи рамзҳои натсистӣ - истифодаи рамзҳои СС, свастика ва дигар аломатҳои натсистӣ тибқи моддаи 86a Кодекси ҷиноятӣ манъ аст.

Тавре ки тадқиқоти мемокрасӣ (лоиҳаи бузурги пажӯҳишии аврупоӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва хотираи таърихӣ, 2021-2025) нишон медиҳад, дар Олмон дар бораи ҳарду гузаштаи тоталитарӣ танҳо як қонуни махсуси хотиравӣ вуҷуд дорад, и он Қонуни доварони Олмон, ки омӯзиши ҳарду режимро дар рафти таҳсилоти ҳуқуқӣ ҳатмӣ мегардонад (§ 5a (2)). Ёдбуди диктатураи Ҷумҳурии Демократии Олмон дар қонун нисбатан камтар инъикос ёфтааст.

Дар кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, аз ҷумла кишварҳои Балтик, Маҷористон ва Лаҳистон модели дигари танзими хотира ташаккул ёфтааст. Хусусияти хоси ин кишварҳо дар он аст, ки онҳо ҳам таҷрибаи тоталитаризми натсистӣ ва ҳам коммунистиро аз сар гузарондаанд.

Кишварҳои Балтик (Эстония, Латвия, Литва) дар қонунгузории худ ҳарду таҷрибаи тоталитаризмро ба назар мегиранд. Қонунҳои хотиравии ин кишварҳо ба ҳифзи хотираи беадолатиҳои гузашта, тарғиби ҳамдигарфаҳмӣ ва таъмини тасвири дақиқи далелҳои таърихӣ нигаронида шудаанд. Литва (2010) ва Латвия (2009) инкори ҳам ҷиноятҳои натсистӣ ва ҳам коммунистиро ҷиноят эътирок кардаанд .

Маҷористон бо истифода аз консепсияи "конститутсияи таърихӣ", ки таърихи беш аз панҷсадсолаи давлатиро бо ҳозира пайванд медиҳад, аз чорчӯби умумиаврупоӣ низ фарқ мекунад. Дар Маҷористон инкори ҷиноятҳои коммунистӣ аз соли 2012 ба қонунгузорӣ ворид шуда, ҳамчун асоси ташаккули ҳувияти миллии баъдикоммунистӣ хидмат мекунад. Ин равиш ихтилофотро бо ҳамсоягон (махсусан Словакия ва Руминия) афзоиш додааст .

Кӯшишҳо барои эҷоди хотираи умумиаврупоӣ, ки асосан дар солҳои 1990 оғоз ёфта, бо Қарори чаҳорчӯбии ИА 2008/913/JHA идома ёфта, бо як қатор мушкилот рӯ ба рӯ шуданд. Ин Қарор кишварҳои аъзоро водор мекард, ки инкори ҷиноятҳои натсистиро (тибқи моддаи 6 Ойинномаи Трибунали Ҳарбии Байналмилалӣ) ҷинояткорӣ эътироф кунанд.

Тавре ки Лифанов С.С. дар тадқиқоти худ "Хотираи таърихӣ ва ҳувияти фаромиллӣ дар давлатҳои Ғарбии Аврупо" (Историческая память и наднациональная идентичность в западноевропейских государствах, 2021) қайд мекунад, ки стратегияи хотираи Аврупои Ғарбӣ дар чанд даҳсолаи охир тағйироти ҷиддиеро аз сар гузаронидааст. Яъне аз эътирофи масъулияти худ барои Холокост ҳамчун унсури марказии хотира то дастгирӣ ва қабули пурраи сиёсати хотираи кишварҳои пасокоммунистӣ, ки ба "баёнияи ишғолӣ", рамзгароӣ ва ҷабрдида нишон додан асос ёфтааст. Ин тағйирот боиси он гардид, ки чаҳорчӯби миллии хотираи кишварҳои Аврупои Шарқӣ дар фазои Иттиҳоди Аврупо бартарӣ пайдо карда, тадриҷан модели аврупои ғарбиро иваз мекунад.

Яке аз сабабҳои асосии ин тағйирот он буд, ки хотираи асосии Аврупои Ғарбӣ дар бораи Холокост натавонист тамоми Аврупоро, махсусан кишварҳои пасокоммунистиро фаро гирад. Ин боиси он гардид, ки хотираи дастаҷамъӣ ба мушкилот дар бунёди ҳувияти умумиаврупоӣ табдил ёбад. Ғайр аз ин, тағйироти табиат ва моҳияти хотираи таърихӣ, ки дар натиҷаи интиқоли сиёсати хотира ба фазои "пасо-ҳақиқат" рух дод, боиси таваҷҷуҳ ба рамзгароӣ, рангорангии эмотсионалии тафсирҳо ва коҳиш додани таърих ба сатҳи "зарурӣ" гардид .

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сиёсати хотира ҳамчун воситаи муҳими ташаккули ҳувияти миллӣ ва бақои давлат дар шароити баъди ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) ташаккул ёфтааст. Таҳлили мундариҷаи суханронихои Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки таърих, фарҳанг, дин ва хотираи миллӣ ҳамчун сарҳадҳои рамзии байни "мо" ва "онҳо" сохта мешаванд, ки воситаҳои назоратро қонунӣ карда, қудрати сиёсиро мустаҳкам мекунанд.

Яке аз асосҳои сиёсати хотира дар Тоҷикистон эҳёи ёди шахсиятҳои таърихӣ ҳамчун "Қаҳрамонони Тоҷикистон" мебошад: Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Шириншоҳ Шоҳтемур. Ин шахсиятҳо дар сиёсати хотираи Тоҷикистон мақоми махсус доранд ва ёди онҳо ҳамчун омили муттаҳидсозии миллат ва асоси муборизаи давомдор алайҳи таҳдидҳои хориҷӣ хидмат мекунад.

Дар солҳои охир дар Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо барои эҳёи хотираи таърихӣ ва ҳувияти миллӣ гузаронида шуданд. Яке аз мисолҳои барҷаста, ин баргардонидани хоки шахсиятҳои барҷастаи тоҷик - Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз гӯристони Донскои Маскав ба Душанбе дар моҳи майи соли 2026 мебошад. Ин ташаббус, ки бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуда, ҳамчун қадами муҳим дар барқарорсозии адолати таърихӣ ва ҳифзи хотираи миллӣ арзёбӣ гардида, бақои интиқол аз насл ба насл ва муттаҳидии наслҳои гузашта ва ояндаро нишон медиҳад.

Дар Тоҷикистон дар давраи истиқлол масъалаи таҳқиқ, ҳифз ва эҳёи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ гардид. Дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ба таҳияи лоиҳаи Қонуни кишвар "Дар бораи бостоншиносӣ" дастури мушаххас дода шуд. Ҳадафи ин қонун тасдиқи таърих ва фарҳанги зиёда аз шаш ҳазорсолаи мардуми тоҷик мебошад. Ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, чор макони бостоншиносӣ дар қаламрави ёдгориҳои таърихии Ҳисор, Истаравшан, ноҳияҳои Данғара ва Қубодиён ба истифода дода мешаванд, ки ба омӯзиши таърихи қадим, ҳифзи мероси моддӣ, инкишофи тамаддун ва таҳкими ҳувияти миллӣ мусоидат мекунанд.

Бо назардошти таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ барои Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки санади ягонаи қонунгузориро дар соҳаи танзими хотираи таърихӣ таҳия ва қабул намояд. Дар ин санад, тавсия дода мешавад, ки:

1. Асосҳои ҳуқуқии сиёсати хотира - мафҳум, принсипҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хотира дар сатҳи давлатӣ муайян карда шавад.

2. Тартиби эҳё ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дарҷ гардад, ки бобати мақоми ҳуқуқии ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, тартиби эҳё, нигоҳдорӣ ва ҳифзи онҳо равона шавад.

3. Ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои таҳриф ва инкори рӯйдодҳои таърихӣ бо назардошти таҷрибаи Олмон, Лаҳистон ва Литва метавон ҷавобгариро барои инкори ҷиноятҳои таърихӣ ва таҳқири шахсиятҳои таърихӣ муқаррар карда шавад.

Бо назардошти таҷрибаи кишварҳои хориҷа таъсиси шуъбаи ҳифзи ҳуқуқ ба хотираи таърихӣ дар Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ пешниҳод карда мешавад, ки фаъолияти он бояд ба тадқиқоти муқоисавӣ-ҳуқуқии сиёсати хотира дар кишварҳои хориҷӣ, таҳияи тавсияҳо барои қонунгузории миллӣ дар соҳаи хотира, омӯзиши таърихи миллӣ ва эҷоди ривоятҳои ягонаи таърихӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи хотира равона шавад.

Ба мисоли Олмон, ки омӯзиши ҳарду режими тоталитарро дар барномаи таълимии донишҷӯёни ҳуқуқшиносӣ ҳатмӣ гардондааст, барои Тоҷикистон чунин тавсияҳо манзур мегарданд:

1. Ворид намудани фанни "Ҳуқуқи хотираи таърихӣ" ба барномаи таълимии ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ва таърихшиносӣ.

2. Таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурамалҳои таълимӣ оид ба ҳифзи хотираи таърихӣ ва мероси фарҳангӣ.

3. Баргузории семинарҳо ва курсҳои такмили ихтисос барои кормандони мақомоти ҳифзи мероси фарҳангӣ ва адлия дар соҳаи ҳуқуқи хотира.

Бо назардошти таҷрибаи хеле ғании давлатҳои аврупоӣ дар соҳаи танзими ҳуқуқии хотира тавсия дода мешавад, ки:

1. Шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хотираи таърихӣ бо кишварҳои пешрафта ба имзо расонида шаванд.

2. Дар лоиҳаҳои байналмилалӣ (аз қабили memocracy, european memory) Тоҷикистон оид ба таҳқиқи хотира ширкат варзад.

3. Таҷрибаи давлатҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқиро дар соҳаи ташаккули сиёсати хотира ва ҳалли низоъҳои хотиравӣ омӯзад ва ба кор барад.

Ба ғайр аз танзими ҳуқуқӣ, муҳим аст, ки "этикаи хотира" дар ҷомеа ташаккул дода шуда, тавассути баргузории маъракаҳои иттилоотӣ-таълимӣ оид ба аҳамияти ҳифзи хотираи таърихӣ, дастгирии лоиҳаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, ташаккули мактабҳои тафаккури интиқодӣ дар бораи таърих ва хотира он тарғиб карда шавад.

Ҳифзи ҳуқуқи миллат ба хотираи таърихӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҳуқуқшиносии муосир мебошад. Таҷрибаи давлатҳои хориҷа нишон медиҳад, ки танзими ҳуқуқии хотираи таърихӣ метавонад ҳамчун воситаи ташаккули ҳувияти миллӣ, устуворсозии ҷомеа ва эҷоди ҳувияти муштараки фаромиллӣ хидмат кунад. Аммо, ин раванд бо чолишҳои ҷиддӣ, аз қабили "ҷангҳои хотира" ва ихтилофоти тафсири таърихӣ ҳамроҳ мешавад, ки онҳо эҳтиёти махсусро талаб мекунанд.

Барои Тоҷикистон, ки дар масири бунёди давлати мустақил ва ташаккули ҳувияти миллӣ қарор дорад, масъалаи ҳифзи хотираи таърихӣ аҳамияти бештар дорад. Дар айни ҳол, барои такмили ҳифзи ҳуқуқии хотираи таърихӣ дар Тоҷикистон, тавсия дода мешавад, ки:

1. Санади ягонаи қонунгузориро дар соҳаи танзими хотираи таърихӣ таҳия ва қабул намуда, ба он масъалаҳои ҷавобгарии ҳуқуқиро барои инкори рӯйдодҳои таърихӣ ва таҳриф ва таҳқири арзишҳои таърихию фарҳангии миллат дохил карда шавад.

2. Шуъбаи махсуси тадқиқотиии ҳифзи ҳуқуқи миллат ба хотира дар сохтори Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ барои омӯзиши сиёсати ҳуқуқии хотира дар Тоҷикистон ва хориҷ таъсис дода, натиҷаҳои онро барои такмили қонунгузорӣ истифода карда шаванд.

3. Ҳамгироии таълими таърихӣ-ҳуқуқии дар барномаҳои таълимии донишгоҳҳои кишвар ва ташаккули "этикаи хотира" дар ҷомеа бароҳ монда шавад.

4. Ҳамкориҳои байналмилалӣ бо давлатҳои пешрафта барои омӯзиш ва табодули таҷрибаи ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи хотираи таърихӣ роҳандозӣ гардад.

Бо андешидани ин тадбирҳо Тоҷикистон метавонад низоми муассири ҳифзи ҳуқуқии хотираи таърихиро бунёд намояд, ки ба устуворсозии ҳувияти миллӣ, беҳдошти ҳамзистии байниҳамсоягӣ ва эҷоди образи мусбати байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард. Дар ин раванд мувозинати байни ҳифзи арзишҳои миллии таърихӣ ва риояи принсипҳои демократии ҳуқуқи башар, махсусан озодии ақида ва сухан бояд риоя карда шаванд, то ин ки сиёсати хотира на ба тақсимкунӣ, балки ба муттаҳидсозии ҷомеа мусоидат намояд.

Сангинзода Дониёр Шомаҳмад,

муовини директор оид ба корҳои илмӣ

ва таълимии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст