Skip to main content

ТАҲАВВУЛИ МАФҲУМИ «АДОЛАТИ СУДӢ» ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи сифатан нави ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ, низоми ҳуқуқӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатиро оғоз бахшид. Дар ин раванд ҳокимияти судӣ низ тадриҷан аз ниҳоди амалкунандаи низоми пешина ба шохаи мустақили ҳокимияти давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил ёфта, мақом, вазифаҳо ва таъиноти иҷтимоию ҳуқуқии он мазмуни нав пайдо намуданд. Ҳамзамон худи мафҳуми «адолати судӣ» низ таҳаввули назаррасро аз сар гузаронид.

Агар дар назарияи анъанавии ҳуқуқ адолати судӣ асосан ҳамчун фаъолияти махсуси суд оид ба баррасӣ ва ҳалли парвандаҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун маънидод шуда бошад, дар шароити давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд чунин фаҳмиш дигар тамоми моҳияти ин падидаро фаро гирифта наметавонад. Имрӯз адолати судӣ бо мустақилияти суд, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дастрасӣ ба суд, баробарии тарафҳо, мурофиаи одилона, волоияти ҳуқуқ, иҷрои санадҳои судӣ ва самаранокии барқарор намудани ҳуқуқи вайроншуда робитаи ногусастанӣ дорад.

Аз ин рӯ, таҳқиқи таҳаввули мафҳуми адолати судӣ дар даврони Истиқлол на танҳо барои омӯзиши таърихи ташаккули ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки барои рушди назарияи миллии давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуқуқи мурофиавӣ аҳамияти муҳим дорад.

Мафҳуми адолати судӣ категорияи бисёрҷанбаи ҳуқуқӣ мебошад. Он, аз як тараф, тарзи махсуси амалисозии ҳокимияти давлатиро ифода намояд, аз тарафи дигар, механизми ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон буда, ҳамзамон дорои мазмуни арзишӣ мебошад. Адолат, қонуният, баробарӣ, беғаразӣ ва волоияти ҳуқуқ мафҳумҳое мебошанд, ки бе онҳо мазмуни муосири адолати судиро тасаввур кардан душвор аст.

Аз ин мавқеъ таҳаввули «адолати судӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ҳамчун раванди гузариш аз фаҳмиши институтсионалӣ ва мурофиавии адолати судӣ ба фаҳмиши инсонмеҳвар, ҳуқуқмеҳвар ва арзишии он арзёбӣ намуд.

Дар илми ҳуқуқшиносӣ оид ба мафҳуми «адолати судӣ» муносибатҳои гуногун вуҷуд доранд. Дар адабиёти ҳуқуқии давраи шӯравӣ диққати асосӣ ба хусусияти давлатӣ ва мурофиавии адолати судӣ равона карда мешуд.

М.С. Строгович ҳангоми таҳқиқи мурофиаи ҷиноятӣ аҳаммияти шакли мурофиавиро ҳамчун кафолати қонуният ва қабули қарори дуруст таъкид менамуд. Дар чунин муносибат адолати судӣ бо фаъолияти суд оид ба баррасӣ ва ҳалли парвандаи мушаххас алоқаманд мегардид. М.А. Челтсов низ фаъолияти судиро шакли махсуси фаъолияти давлатӣ медонист, ки танҳо бо тартиби мурофиавии қонунан муқарраргардида амалӣ мегардад.

Ин муносибат барои муайян намудани аломатҳои классикии адолати судӣ аҳаммияти калон дорад. Аз он бармеояд, ки адолати судӣ танҳо аз ҷониби суд амалӣ мегардад, хусусияти ҳокимиятӣ дорад, бо тартиби мурофиавии махсус сурат мегирад, бо қабули санади ҳатмии судӣ анҷом меёбад. Бо вуҷуди ин, дар шароити давлати ҳуқуқбунёд чунин таъриф дигар кофӣ нест. Мазмуни адолати судӣ на танҳо бо он муайян карда мешавад, ки парвандаро кадом мақом ва бо кадом тартиб баррасӣ мекунад, балки бо он низ алоқаманд аст, ки ҳадаф ва натиҷаи чунин фаъолият аз чӣ иборат аст.

Дар таҳқиқоти В.М. Савитский масъалаи адолати судӣ бо мақоми мустақили ҳокимияти судӣ алоқаманд карда шудааст. Мавҷудияти ҳокимияти воқеан мустақили судӣ имкон медиҳад, ки суд на танҳо ҳамчун мақомоти ҳалкунандаи баҳс, балки ҳамчун кафили қонуният ва маҳдудкунандаи худсарии ҳокимият баромад намояд. В.А. Лазарева низ моҳияти фаъолияти судиро дар иртибот бо мақоми конститутсионии суд, мустақилияти он ва функсияи ҳуқуқмуҳофизатӣ таҳлил менамояд.

Аз ин рӯ, имрӯз мафҳуми «адолати судӣ»-ро ба маънои маҳдуд ва васеъ ҷудо намудан мумкин аст.

Дар маънои маҳдуд адолати судӣ фаъолияти суд оид ба баррасӣ ва ҳалли парвандаҳои ба салоҳияти он мансуббуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавӣ мебошад. Дар маънои васеъ бошад, адолати судӣ шакли махсуси амалисозии ҳокимияти судӣ мебошад, ки барои ҳифз ва барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳалли одилонаи баҳсҳои ҳуқуқӣ, таъмини қонуният ва волоияти ҳуқуқ равона гардидааст.

Маҳз фаҳмиши васеи адолати судӣ ба воқеияти ҳуқуқии даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бештар мутобиқ мебошад.

Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ 9 сентябри соли 1991 зарурати бунёди низоми миллии давлатдорӣ ва ҳуқуқиро ба миён овард. Яке аз масъалаҳои калидӣ ташаккули ҳокимияти судие буд, ки ба талаботи давлати соҳибистиқлол ва муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ҷавобгӯ бошад.

Дар давраи гузариш масъала танҳо аз тағйир додани сохтори судҳо иборат набуд. Зарурати тағйир додани фалсафаи фаъолияти судӣ ба миён омад. Дар низоми давлатмеҳвар суд бештар ҳамчун яке аз воситаҳои татбиқи сиёсати давлатӣ ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ арзёбӣ мегардад. Дар давлати ҳуқуқбунёд бошад, суд бояд пеш аз ҳама ниҳоди мустақили ҳимояи ҳуқуқи инсон бошад. Маҳз ҳамин гузаришро метавон яке аз муҳимтарин нишонаҳои таҳаввули адолати судӣ дар даврони Истиқлол донист.

Дар муносибати нав инсон дигар танҳо объекти таъсири ҳуқуқӣ нест. Ӯ субъекти мустақили ҳуқуқ буда, метавонад нисбат ба шахсони дигар ва ҳатто нисбат ба мақомоти давлатӣ ҳифзи судиро талаб намояд. Бо ҳамин маъно, ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ ба кафолати универсалии тамоми ҳуқуқҳои дигар табдил меёбад.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 марҳилаи бунёдии ташаккули модели миллии адолати судӣ гардид. Конститутсия Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эътироф намуда, пояи конститутсионии таҷзияи ҳокимияти давлатиро муқаррар кард. Ин муқаррарот барои муайян намудани мавқеи суд ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ аҳаммияти ҳалкунанда дошт.

Дар ин замина ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ ба яке аз кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқу озодиҳои шахс табдил ёфт. Махсусан, муқаррароти боби ҳаштуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани мақоми ҳокимияти судӣ аҳамияти бунёдӣ доранд. Тибқи Конститутсия ҳокимияти судӣ мустақил буда, вазифаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ташкилотҳо, қонуният ва адолатро иҷро менамояд. Ин меъёр нишон медиҳад, ки қонунгузори конститутсионӣ фаъолияти судро танҳо бо баррасии парванда маҳдуд накардааст. Адолат ҳамчун арзиши мустақиле муайян гардидааст, ки ҳокимияти судӣ вазифадор аст онро ҳифз намояд. Аз ҳамин ҷиҳат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳаввули мафҳуми адолати судӣ таъсири бевосита расонид. Адолати судӣ аз мафҳуми сирф мурофиавӣ ба категорияи конститутсионӣ табдил ёфт.

Дар назарияи ҳуқуқ мафҳумҳои «ҳокимияти судӣ» ва «адолати судӣ» баъзан ба ҳам наздик истифода мешаванд, вале онҳо мазмуни яксон надоранд. Ҳокимияти судӣ категорияи васеътар буда, яке аз шохаҳои мустақили ҳокимияти давлатиро ифода менамояд. Он тамоми маҷмуи муносибатҳоро дар бар мегирад, ки бо ташкил ва фаъолияти судҳо, мақоми судяҳо, мустақилияти суд, идоракунии дохилии мақомоти судӣ ва амалисозии ваколатҳои онҳо алоқаманд мебошанд. Адолати судӣ бошад, яке аз шаклҳои асосӣ ва муҳимтарини амалисозии ҳокимияти судӣ мебошад. Аз ин рӯ, адолати судӣ бо ҳокимияти судӣ баробар нест, вале бе мавҷудияти ҳокимияти мустақили судӣ низ адолати судии воқеӣ таъмин шуда наметавонад.

Дар даврони Истиқлол маҳз таҳкими мақоми мустақили ҳокимияти судӣ имконият дод, ки мафҳуми адолати судӣ низ мазмуни нави ҳуқуқӣ пайдо намояд.

Марҳилаи муҳими рушди адолати судӣ бо қабули Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007 № 271 тасдиқ гардид, алоқаманд мебошад. Барнома дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 20 апрели соли 2006 таҳия гардида, тадбирҳои мушаххаси ислоҳоти судӣ-ҳуқуқиро муайян намуд. Дар худи санад таъкид гардидааст, ки муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ба танзими қонунӣ ва кафолати ҳифзи судӣ эҳтиёҷ доранд ва таҳкими чунин кафолат барои рушди ҷомеа аҳамияти муҳим дорад.

Аҳамияти таърихию ҳуқуқии ин Барнома дар он аст, ки ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ хусусияти низомнок ва барномавӣ пайдо намуд. Дар баробари масъалаҳои ташкилии судҳо, масъалаҳои такмили қонунгузорӣ, ҳифзи судии муносибатҳои ҷамъиятӣ, беҳтар намудани шароити фаъолияти мақомоти судӣ ва таъмини самаранокии онҳо дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор гирифтанд. Аз ҳамин марҳила метавон оғози гузариш аз ташкили суд ба ташкили адолати судии самаранокро мушоҳида намуд.

Марҳилаи минбаъда бо қабули Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2013, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011 № 976 тасдиқ гардидааст, алоқаманд мебошад. Дар ин Барнома мақсади ислоҳот хеле равшан муайян карда шудааст: таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат ва ташкилотҳо, такмили сохторҳои судӣ, беҳтар намудани вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо ва мукаммал намудани қонунгузорӣ.

Ин муқаррарот аз таҳаввули муҳим шаҳодат медиҳад. Агар дар марҳилаи аввали Истиқлол вазифаи асосӣ ташкили пояҳои ҳокимияти судӣ бошад, акнун ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун яке аз ҳадафҳои марказии ислоҳот муайян мегардад. Дар ҳамин марҳила нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқҳои шахс дар мурофиаи ҷиноятӣ низ тақвият ёфт. Гузаштани иҷозати баъзе амалҳое, ки ҳуқуқҳои конститутсионии шахсро маҳдуд менамоянд, ба салоҳияти суд аҳаммияти консептуалӣ дошт. Суд дар ин ҳолат дигар танҳо мақомоти баррасии парвандаи анҷомёфта нест, балки ҳамчун кафили ҳифзи ҳуқуқи шахс дар раванди мурофиа баромад менамояд.

Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015–2017 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015 № 327 тасдиқ гардид. Барнома идомаи сиёсати пайдарпайи ислоҳоти судӣ буда, таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, таъмини мустақилият, такмили сохтор ва фаъолияти он ва рушди қонунгузории соҳаро ҳамчун мақсадҳои асосӣ муайян менамояд.

Дар ин марҳила масъалаи самаранокии адолати судӣ аҳамияти бештар пайдо менамояд. Таваҷҷуҳ ба рушди қонунгузории мурофиавӣ, такмили сохтори судҳо, масъалаҳои иҷрои санадҳои судӣ, таъминоти моддию техникӣ ва ҳифзи иҷтимоии судяҳо нишон медиҳад, ки адолати судӣ ҳамчун натиҷаи фаъолияти як унсури алоҳида не, балки ҳамчун механизми маҷмуӣ фаҳмида мешавад. Аҳамияти махсуси ин Барнома барои назарияи адолати судӣ дар он зоҳир мегардад, ки иҷрои санадҳои судӣ ҳамчун самти мустақили ислоҳот баррасӣ гардид.

Аз нуқтаи назари мо, ин ҳолат марҳилаи муҳими таҳаввули фаҳмиши адолати судӣ мебошад. Адолати судӣ танҳо бо эълони ҳалнома анҷом намеёбад. Агар ҳуқуқе, ки суд онро эътироф кардааст, дар амал барқарор нагардад, ҳимояи судӣ хусусияти нопурра мегирад. Аз ин рӯ, иҷрои санади судӣ бояд ҳамчун ҷузъи функсионалии адолати судии самаранок арзёбӣ шавад.

Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019–2021 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019 № 1242 тасдиқ гардид. Ин Барнома аз нуқтаи назари таҳаввули мафҳуми адолати судӣ аҳамияти махсус дорад. Дар он таъмини адолати судӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии миллӣ, таҳкими кафолати ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун асоси идомаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ муайян шудааст.

Ҳамчунин мақсаду вазифаҳои Барнома такмили сохтор ва таҳкими фаъолияти судҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, қонунияту адолат, назорати иҷрои саривақтии санадҳои судӣ ва баланд бардоштани сифат ва самаранокии фаъолияти судҳоро дар бар мегиранд. Ин ҷо як таҳаввули назариявии хеле муҳим мушоҳида мешавад.

Мафҳуми адолати судӣ бо категорияҳои стандартҳои байналмилалӣ, сифати фаъолияти судӣ, самаранокӣ, ҳифзи судии ҳуқуқи инсон, иҷрои саривақтии санадҳои судӣ алоқаманд карда мешавад. Яъне, адолати судии муосир на танҳо бояд қонунӣ бошад. Он бояд сифатнок, самаранок ва мутобиқ ба стандартҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон низ бошад.

Яке аз муҳимтарин натиҷаҳои таҳаввули адолати судӣ дар даврони Истиқлол тағйир ёфтани вазифаи иҷтимоии суд мебошад. Дар фаҳмиши анъанавӣ фаъолияти суд бештар бо татбиқи меъёри ҳуқуқӣ алоқаманд буд. Судя бояд муносибати воқеиро таҳлил намуда, меъёри дахлдори қонунро татбиқ мекард.

Албатта, ин вазифа аҳаммияти худро гум накардааст. Вале дар давлати ҳуқуқбунёд татбиқи қонун восита мебошад, на мақсади ниҳоӣ. Мақсади ниҳоӣ бояд ҳифз ва барқарор намудани ҳуқуқ бошад. Аз ин рӯ, таҳаввули адолати судиро шартан чунин ифода намудан мумкин аст: татбиқи қонун → таъмини қонуният → ҳифзи ҳуқуқ → барқарор намудани ҳуқуқи вайроншуда → таъмини адолати судӣ. Маҳз дар чунин равиш мафҳуми адолати судӣ хусусияти инсонмеҳвар пайдо мекунад.

Ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ яке аз кафолатҳои муҳимтарини ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Мавҷудияти ҳуқуқ дар қонун ҳанӯз маънои ҳимояи воқеии онро надорад. Барои он ки ҳуқуқ хусусияти амалкунанда пайдо намояд, шахс бояд имконияти талаб намудани барқарорсозии онро дошта бошад. Суд дар ин раванд нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, дар модели муосири адолати судӣ шахсе, ки барои ҳифзи ҳуқуқаш ба суд муроҷиат менамояд, бояд дар маркази таҳлил қарор дошта бошад. Аз ин мавқеъ самаранокии адолати судӣ танҳо бо шумораи парвандаҳои баррасишуда ё миқдори санадҳои қабулшуда муайян карда намешавад.

Саволи асосӣ бояд чунин бошад: оё ҳуқуқи шахс воқеан ҳифз ва барқарор гардид? Ин тағйироти методологӣ яке аз нишонаҳои асосии таҳаввули адолати судӣ дар даврони Истиқлол мебошад.

Адолати судӣ бидуни суди мустақил имконнопазир аст. Мустақилияти судя набояд ҳамчун имтиёзи шахсии судя маънидод карда шавад. Он пеш аз ҳама кафолати ҳуқуқи инсон ба баррасии парванда аз ҷониби суди мустақил ва беғараз мебошад. Яъне, мустақилияти суд дар ниҳоят ба нафъи иштирокчии мурофиа хизмат мекунад.

Дар даврони Истиқлол масъалаҳои мақоми судя, кафолатҳои мустақилият, дахлнопазирӣ, таъминоти моддию иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассус ва таъмини шароити фаъолияти судҳо дар барномаҳои ислоҳот пайваста мавқеи муҳим доштанд. Барномаи солҳои 2015–2017, масалан, беҳтар намудани таъминоти моддию техникӣ ва ҳифзи иҷтимоии судяҳоро ҳамчун омили фаъолияти самаранок ва мустақили судҳо арзёбӣ менамуд. Аз ин рӯ, мустақилияти суд ҳам ҷузъи сохтории ҳокимияти судӣ ва ҳам унсури дохилии мафҳуми адолати судӣ мебошад.

Таҳаввули минбаъдаи мафҳуми адолати судӣ бо гузариш аз фаҳмиши сирф қонунмеҳвар ба фаҳмиши ҳуқуқмеҳвар алоқаманд мебошад. Мафҳумҳои «қонуният» ва «волоияти ҳуқуқ» ба ҳам наздиканд, вале яксон нестанд.

Қонуният талаб мекунад, ки суд қонунро риоя намояд. Волоияти ҳуқуқ бошад, талаботи васеътар дорад. Он зарурати таъмини ҳуқуқи инсон, баробарӣ, муайянии ҳуқуқӣ, мутаносибӣ, беғаразӣ ва манъи худсариро дар бар мегирад. Аз ҳамин ҷиҳат, адолати судӣ танҳо иҷрои расмии матни қонун нест.

Суд ҳангоми татбиқи меъёри ҳуқуқӣ бояд онро дар робита бо Конститутсия, принсипҳои ҳуқуқ ва мақсади ҳифзи ҳуқуқи инсон тафсир намояд. Ин ҳолат маънои онро надорад, ки суд метавонад аз қонун берун равад. Баръакс, сухан дар бораи татбиқи ҳуқуқии қонун, на татбиқи механикии он меравад. Маҳз дар ҳамин нуқта мафҳуми адолати судӣ хусусияти арзишӣ пайдо мекунад.

Дар фаҳмиши муосир адолати судӣ на танҳо бо натиҷаи ниҳоии парванда, балки бо тартибе, ки суд тавассути он ба чунин натиҷа мерасад, муайян мегардад. Яъне, ду ҷанбаи адолати судиро фарқ намудан мумкин аст: адолати натиҷа ва адолати расмиёт. Адолати натиҷа маънои онро дорад, ки санади судӣ қонунӣ, асоснок ва одилона бошад. Адолати расмиёт бошад, талаб мекунад, ки тамоми раванди баррасии парванда бо риояи ҳуқуқҳои мурофиавии иштирокчиён сурат гирад.

Принсипҳои баробарии тарафҳо, мубоҳисавӣ, ҳуқуқ ба ҳимоя, имконияти пешниҳоди далел, ҳуқуқ ба шикоят ва беғаразии суд маҳз ба ин ҷанбаи дуюм мансуб мебошанд. Аз ин рӯ, ҳатто ҳалномаи моҳиятан дурусте, ки бо вайрон намудани ҳуқуқҳои муҳими мурофиавии шахс қабул шудааст, наметавонад намунаи комили адолати судӣ бошад.

Ба андешаи мо, адолати натиҷа аз адолати тартиби расидан ба он ҷудонопазир мебошад.

Дар илми ҳуқуқшиносии Тоҷикистон масъалаҳои фаъолияти суд, татбиқи меъёрҳои мурофиавӣ, таъмини қонуният ва ҳифзи ҳуқуқ тадриҷан ба яке аз самтҳои муҳими таҳқиқоти илмӣ табдил ёфтаанд.

Дар мақолаи Бобоҷонзода И.Ҳ., Қодирзода Т.Қ. ва Махсудӣ Ф. «Проблемаҳои татбиқи меъёрҳои мурофиавӣ дар фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунии судҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» масъалаҳои татбиқи меъёрҳои мурофиавӣ дар фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Аҳаммияти чунин таҳқиқот барои назарияи адолати судӣ дар он зоҳир мешавад, ки сифати татбиқи меъёрҳои мурофиавӣ бевосита ба қонуният ва асоснокии натиҷаи судӣ таъсир мерасонад. Меъёри мурофиавӣ танҳо қоидаи техникии пешбурди парванда нест. Он кафолати ҳуқуқи иштирокчии мурофиа мебошад. Аз ҳамин нуқтаи назар метавон категорияи «сифати мурофиавии адолати судӣ»-ро пешниҳод намуд.

Сифати мурофиавии адолати судӣ чунин ҳолати пешбурди мурофиаро ифода менамояд, ки дар он на танҳо талаботи шаклии қонун, балки ҳадафи кафолатноки меъёрҳои мурофиавӣ - таъмини баробарӣ, ҳуқуқ ба ҳимоя, имконияти шунида шудан ва қабули қарори асоснок - воқеан амалӣ мегардад.

Дар илми муосири ҳуқуқ мафҳуми «ҳуқуқ ба суд» тадриҷан бо категорияи васеътари «дастрасӣ ба адолати судӣ» пурра карда мешавад. Мавҷуд будани суд ҳанӯз маънои онро надорад, ки ҳимояи судӣ барои шахс дастрас аст. Барои дастрасии воқеӣ шахс бояд имконияти бемонеаи муроҷиат, гирифтани ёрии ҳуқуқӣ, пешниҳоди далелҳо, иштирок дар мурофиа, гирифтани санади асоснок ва истифодаи механизми шикоятро дошта бошад.

Дастрасӣ ба адолати судӣ аз якчанд унсур иборат мебошад: имконияти воқеии муроҷиат ба суд; муҳлати оқилонаи баррасии парванда; хароҷоти қобили қабул; ҳуқуқ ба ёрии ҳуқуқӣ; шаффофияти мурофиа; суди мустақил ва беғараз; имконияти шикоят; иҷрои санади судӣ. Аз ин рӯ, адолати судӣ дигар танҳо аз рӯзи оғози маҷлиси судӣ оғоз намешавад. Он аз лаҳзае оғоз мегардад, ки шахс ба ҳифзи ҳуқуқ эҳтиёҷ пайдо менамояд ва то лаҳзаи барқарор гардидани воқеии ҳуқуқи вайроншуда идома мекунад.

Масъалаи иҷрои санадҳои судӣ дар барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста мавқеи муҳим касб намудааст. Барномаи солҳои 2015–2017 тадбирҳо оид ба таъмини иҷрои санадҳои судиро ҳамчун самти махсуси ислоҳот пешбинӣ намуд. Барномаи солҳои 2019–2021 низ назорати иҷрои саривақтии санадҳои судиро яке аз мақсаду вазифаҳои ислоҳот муайян кардааст.

Ин сиёсати барномавӣ ба таҳаввули назарияи адолати судӣ таъсири муҳим мерасонад. Агар ҳалномаи суд ба иҷро нарасад, натиҷаи ҳифзи ҳуқуқ дар сатҳи расмӣ боқӣ мемонад. Ҳуқуқи эътирофшуда, вале амалан барқарорнашуда, ҳимояи пурра ҳисобида шуда наметавонад.

Аз ин рӯ, мо чунин мешуморем, ки иҷрои санади судӣ бояд на ҳамчун раванди комилан ҷудо аз адолати судӣ, балки ҳамчун марҳилаи ниҳоии самаранокии ҳифзи судӣ арзёбӣ карда шавад.

Рушди технологияҳои иттилоотӣ марҳилаи нави таҳаввули адолати судиро оғоз менамояд. Муроҷиати электронӣ, гардиши электронии ҳуҷҷатҳо, низомҳои иттилоотии судӣ, дастрасии фосилавӣ ба иттилоот ва истифодаи воситаҳои алоқаи электронӣ метавонанд муносибати шахсро бо суд сифатан тағйир диҳанд. Дар натиҷа дар баробари дастрасии анъанавӣ ба суд категорияи «дастрасии рақамӣ ба адолати судӣ» ташаккул меёбад.

Рақамикунонӣ метавонад як қатор мушкилоти дастрасиро коҳиш диҳад: масофаи ҷуғрофӣ; хароҷоти вақт; зарурати ҳузури ҷисмонӣ барои баъзе амалҳои мурофиавӣ; мушкилоти дастрасӣ ба иттилооти судӣ. Аммо истифодаи технологияҳо бояд ба ҳуқуқи инсон ва кафолатҳои мурофиавӣ тобеъ бошад. Рақамикунонӣ набояд ба маҳдуд гардидани ҳуқуқ ба шунида шудан, баробарии тарафҳо, махфияти маълумот, мустақилияти судя ва ҳуқуқ ба ҳимоя оварда расонад. Аз ин рӯ, марҳилаи рақамӣ на танҳо имконияти техникӣ, балки масъалаи нави назариявии адолати судӣ мебошад.

Рушди зеҳни сунъӣ низ дар оянда метавонад ба фаъолияти судӣ таъсир расонад. Технологияҳои зеҳни сунъӣ метавонанд дар ҷустуҷӯи санадҳои ҳуқуқӣ, гурӯҳбандии парвандаҳо, таҳлили таҷрибаи судӣ, коркарди ҳуҷҷатҳо ва иҷрои дигар вазифаҳои ёрирасон истифода шаванд.

Аммо истифодаи онҳо дар қабули қарорҳои судӣ масъалаҳои муҳимро ба миён меорад: кӣ барои хатои алгоритм ҷавобгар аст; то кадом андоза натиҷаи алгоритм шаффоф аст; оё тарафҳо имконияти баҳс намудани натиҷаи коркарди автоматиро доранд; чӣ гуна мустақилияти судя ҳифз карда мешавад; то кадом андоза маълумоти шахсӣ муҳофизат мешавад.

Аз ин рӯ, ҳатто дар шароити рақамикунонӣ судя бояд субъекти масъули қабули қарори судӣ боқӣ монад. Технология метавонад воситаи ёрирасон бошад, вале адолатро пурра ба алгоритм вогузор кардан наметавон.

Дар асоси таҳлили конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ таҳаввули мафҳуми адолати судиро шартан ба панҷ марҳила ҷудо кардан мумкин аст.

Марҳилаи якум - ташаккули заминаҳои давлатдории мустақил ва ҳокимияти судии миллӣ. Ин марҳила аз оғози Истиқлол то қабули Конститутсияи соли 1994-ро фаро гирифта, масъалаи ташаккули пояҳои мустақили низоми судиро дар бар мегирад.

Марҳилаи дуюм - конститутсионӣ гардидани адолати судӣ. Бо қабули Конститутсияи соли 1994 ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ мустаҳкам гардида, вазифаи он дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, қонуният ва адолат муайян карда шуд.

Марҳилаи сеюм - ташаккули модели институтсионалии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ. Қабули Барномаи соли 2007 ва Барномаи солҳои 2011–2013 ислоҳоти судиро ба сиёсати низомноки давлатӣ табдил доданд ва нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқи инсонро тақвият бахшиданд.

Марҳилаи чорум - самаранокӣ ва сифати адолати судӣ. Барномаҳои солҳои 2015–2017 ва 2019–2021 масъалаҳои мустақилияти суд, иҷрои санадҳо, сифати фаъолияти судӣ, самаранокӣ ва стандартҳои байналмилалиро бештар ба меҳвари ислоҳот ворид намуданд.

Марҳилаи панҷум - рақамикунонӣ ва ташаккули модели нави адолати судӣ. Ин марҳила бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, шаффофияти бештари фаъолияти судӣ ва пайдоиши масъалаҳои ҳуқуқии вобаста ба зеҳни сунъӣ алоқаманд мебошад.

Албатта, чунин даврабандӣ шартӣ аст, вале он имконият медиҳад самти умумии таҳаввули адолати судӣ муайян карда шавад.

Бо дарназардошти рушди конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва доктриналии мафҳум пешниҳод кардан мумкин аст, ки адолати судӣ дар шароити муосир чунин муайян карда шавад:

Адолати судӣ шакли мустақил, истисноӣ ва конститутсионии амалисозии ҳокимияти судӣ мебошад, ки аз ҷониби суди босалоҳият, мустақил ва беғараз тибқи тартиби қонунан муқарраргардидаи мурофиавӣ, бо риояи принсипҳои волоияти ҳуқуқ ва кафолатҳои мурофиаи одилона, бо мақсади ҳифз ва барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳалли одилонаи баҳсҳои ҳуқуқӣ, таъмини қонуният ва қабули санади қонунӣ, асоснок, одилона ва иҷрошавандаи судӣ амалӣ мегардад.

Дар ин таъриф якчанд ҷанбаи мафҳуми муосири адолати судӣ муттаҳид шудаанд.

Якум, ҷанбаи ҳокимиятӣ - адолати судӣ зуҳури ҳокимияти давлатӣ мебошад.

Дуюм, ҷанбаи истисноӣ - онро танҳо суд амалӣ менамояд.

Сеюм, ҷанбаи мурофиавӣ - адолати судӣ дар шакли махсуси мурофиавӣ анҷом дода мешавад.

Чорум, ҷанбаи ҳуқуқмуҳофизатӣ - ҳадафи он ҳифз ва барқарор намудани ҳуқуқ мебошад.

Панҷум, ҷанбаи аксиологӣ - фаъолияти суд бояд бо адолат ва волоияти ҳуқуқ мутобиқ бошад.

Шашум, ҷанбаи самаранокӣ - натиҷаи фаъолияти суд бояд на танҳо қабул, балки иҷро шавад.

Аз ин рӯ, адолати судӣ институти комплексиест, ки ҷанбаҳои конститутсионӣ, мурофиавӣ, ҳуқуқмуҳофизатӣ ва арзиширо дар худ муттаҳид менамояд.

Таҳаввули мафҳуми адолати судӣ дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин самтҳои рушди низоми ҳуқуқии миллӣ мебошад. Дар марҳилаи аввали Истиқлол масъалаи асосӣ ташаккули пояҳои мустақили низоми судӣ ва муайян намудани мавқеи суд дар сохтори давлат буд.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 ба ин раванд мазмуни сифатан нав бахшид. Ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардида, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, қонуният ва адолат ба вазифаҳои бунёдии он табдил ёфтанд.

Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии соли 2007, солҳои 2011–2013, 2015–2017 ва 2019–2021 марҳила ба марҳила мазмуни адолати судиро васеъ намуданд. Онҳо таҳкими мустақилияти суд, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди қонунгузории мурофиавӣ, иҷрои санадҳои судӣ, баланд бардоштани сифат ва самаранокии фаъолияти судҳо ва мутобиқ намудани адолати судӣ ба стандартҳои байналмилалиро ба самтҳои афзалиятнок табдил доданд.

Дар натиҷа, мафҳуми адолати судӣ аз фаҳмиши маҳдуди «баррасӣ ва ҳалли парванда» берун баромада, ба категорияи мураккаби конститутсионӣ ва арзишӣ табдил ёфт.

Имрӯз адолати судӣ бояд на танҳо бо мавҷудияти суд ва қабули санади судӣ, балки бо мустақилият ва беғаразии суд, дастрасии шахс ба ҳимоя, одилона будани мурофиа, сифати санади судӣ, иҷрои он ва барқарор гардидани воқеии ҳуқуқи вайроншуда муайян карда шавад.

Аз ин рӯ, самти умумии таҳаввули мафҳуми адолати судӣ дар даврони Истиқлолро метавон чунин ифода намуд: аз адолати судӣ ҳамчун фаъолияти суд - ба адолати судӣ ҳамчун шакли ҳокимияти судӣ; аз адолати судӣ ҳамчун татбиқи қонун - ба адолати судӣ ҳамчун ҳифзи ҳуқуқ; аз ҳифзи расмии ҳуқуқ - ба ҳифзи воқеӣ ва самараноки он; аз суди анъанавӣ - ба адолати судии дастрас, шаффоф ва рақамӣ.

Маҳз дар ҳамин таҳаввул яке аз дастовардҳои муҳимтарини Истиқлоли давлатӣ дар соҳаи судӣ ифода меёбад.

Дастоварди асосӣ танҳо дар ташкили судҳои давлати соҳибистиқлол зоҳир намегардад. Муҳимтар аз он, дар даврони Истиқлол фалсафаи адолати судӣ тағйир ёфт. Суд тадриҷан аз мақомоти асосан татбиқкунандаи қонун ба ниҳоди конститутсионии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини қонуният, адолат ва волоияти ҳуқуқ табдил ёфт.

Дар марҳилаи минбаъдаи рушди давлатдорӣ бояд ҳамин самт идома ёбад: таҳкими мустақилияти суд, баланд бардоштани сифати санадҳои судӣ, такмили механизмҳои дастрасӣ ба суд, таъмини иҷрои самараноки ҳалномаҳо, рақамикунонии оқилонаи мурофиа ва нигоҳ доштани нақши ҳалкунандаи инсон - судя - дар амалисозии адолати судӣ.

Бо чунин муносибат адолати судӣ на танҳо институти давлатӣ, балки меъёри воқеии сатҳи ҳуқуқбунёдии давлат ва нишондиҳандаи эътимоди шаҳрванд ба ҳуқуқ ва ҳокимияти давлатӣ мегардад.

Феҳристи адабиёт ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ:

1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 бо тағйиру иловаҳои минбаъда.

2. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон».

3. Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5. Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6. Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

7. Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқшуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007 № 271.

8. Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2013, тасдиқшуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011 № 976.

9. Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015–2017, тасдиқшуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015 № 327.

10. Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019–2021, тасдиқшуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019 № 1242.

11.Бобоҷонзода И.Ҳ., Қодирзода Т.Қ., Махсудӣ Ф. Проблемаҳои татбиқи меъёрҳои мурофиавӣ дар фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунии судҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ // Осори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – 2023. – № 3 (59). – С. 16–30.

12. Лазарева В.А. Судебная власть и ее реализация в уголовном процессе. – Самара: Самарский университет, 1999.

13. Савицкий В.М. Организация судебной власти в Российской Федерации. – М.: БЕК, 1996.

14. Строгович М.С. Курс советского уголовного процесса. – Т. 1. – М.: Наука, 1968.

15. Чельцов М.А. Советский уголовный процесс. – М.: Госюриздат, 1962.

Раҳмонзода Икром Раҳмонқул-унвонҷӯи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст