Skip to main content

Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқ

Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар заминаи шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2011 ташкил шуда буд, таъсис гардида аст. Институти мазкур дар заминаи Институти давлат ва ҳуқуқ ва Институти фалсафаи ба номи А. Баҳоваддинов апрели соли 2011 таъсис ёфта, Шуъбаи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1992 аз Институти таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Институти фалсафа дода шуда солҳои 1992-2005 фаъолият дошт)), Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2006-2011 фаъолият мекард) таъсис ёфтааст.

Имрӯз роҳбарии онро доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Буризода Э.Б. ба зимма дорад.

 

Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шуъбаҳои дигари бахши ҳуқуқ таърихи тўлони дошта, нахустин шуъбаи ҳуқуқшиносии академӣ-Шуъбаи давлат ва ҳуқуқ дар Институти таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида ба фаъолият шурӯъ ва то таъсиси Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.

Соли 1991/92 бо кӯшиши мақомоти давлатӣ ва Раёсати ҳамонвақтаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муттаҳид намудани бахши фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Шуъбаи давлат ва ҳуқуқи Институти таърихи Академияи илмҳои Тоҷикистон,  Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис меёбад.

Дар марҳилаи дар дохили Институти фалсафа ва ҳуқуқ будан, шуъба – Шуъбаи давлат ва ҳуқуқ ном дошта, дар институт ягона маркази илмие ба шумор мерафт, ки ба таҳқиқи масоили мубрами ҳуқуқӣ машғул буд.

Шуъбаи давлат ва ҳуқуқ дар ҳайати Институти мазкур то соли 2005 фаъолият намуд.

Дар ин марҳилаҳо роҳбарии шуъбаро академики машҳур Солеҳ Ашурхоҷаевич Раҷабов, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Сергей Бабаевич Мирзоев, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Муаттара Саидмуродовна Ҳайдарова, Эмомалӣ Буризода, академик Фозил Тоҳирович Тоҳиров, минбаъд боз номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Эмомалӣ Буризода ба зимма доштанд.

Дар шуъба аз давраи таъсис то ташкили Институти давлат ва ҳуқуқи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Солеҳ Ашурхоҷаевич Раҷабов, д.и.ҳ. Ойгензихт, д.и.ҳ. Клеандров, н.и.ҳ. Сергей Бабаевич Мирзоев, н.и.ҳ., профессор Ашурбой Имомов, академик Тоҳиров Фозил Тоҳирович, профессор Менглиев Шомурод Менглиевич, д.и.ҳ., проф. Раҳимов Маҳмад Забирович (Раҳимзода Маҳмад Забир), номзадҳои илм Муаттара Саидмуродовна Ҳайдарова, ди.ҳ., профессор Гадоев Бурҳониддин Саймуддинович, д.и.ҳ., профессор Носиров Хуршед Толибович, д.и.ҳ., профессор Буризода Эмомалӣ Бозор, д.и.ҳ., профессор Ғаюров Шукрулло Кароматуллоевич (Ғаюрзода Шукрулло Кароматулло, д.и.ҳ., профессор Маликова Азиза Ҳорисовна, ходими калони илмӣ Ҷалилов К.Ҷ.,  ходими калони илмӣ Ибодов Ҷ. ва дигарон ба таҳқиқоти илмӣ машғул буданд.

Дар ин марҳилаи мавҷудияти Шуъба роҳбарии онро академик Солеҳ Ашурхоҷаевич Раҷабов, н.и.ҳ. Мирзоев Сергей Бабаевич, н.и.ҳ. Ҳайдарова Муаттар Саидмуродовна, и.в. мудир Буризода Эмомалӣ Бозор, академик Тоҳиров Фозил Тоҳирович, н.и.ҳ. Буризода Эмомалӣ Бозор ба зимма доштанд.

Дар таҳқиқоти масоилу муаммоҳои гуногуни илмӣ ва омодасозии кадрҳои болаёқат ва таҳияву ҳимояи рисолаҳои номзадиву доктори самти ҳуқуқшиносӣ дар ин марҳилаи таърихи Шуъба академик Тоҳиров Фозил Тоҳирович, профессорон ди.ҳ. Менглиев Шомурод Менглиевич, н.и.ҳ, минбаъд д.и.ҳ. Раҳимов Маҳмад Забирович (Раҳимзода Маҳмад Забир), н.и.ҳ. Имомов Ашурбой Имомович, номзадҳои илм Муаттар Саидмуродовна Ҳайдарова, Буризода Эмомалӣ Бозор, Носиров Хуршед Толибович, Ғаюров Шукрулло Кароматуллоевич, минбаъд д.и.ҳ. Гадоев Бурҳониддин Саймуддинович, Маликова Азиза Ҳорисовна ва дигарон саҳми худро гузоштаанд. Ғайр аз ин дар Шуъба ходимони илмие, ки таҷритбаи зиёди касбӣ доштанд, аз ҷумла Ибодов Ҷунайдулло, Ҷалилов Комёб, лаборантон Тағоева Садбарг, Ғафурова Садбарг, Ҳомидова Заррина ва дигарон машғули фаъолият буданд.

Дар ин марҳилаи фаъолият шуъбаи мазкур дар мавзуҳои мубрамми ин марҳилаи давлатдорӣ таҳқикоти пурарзиш анҷом дода, барои ташаккул ва рушди асосҳои илмии давлати ҳуқуқии сотсиалистӣ, минбаъд давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташакули қонунгузории соҳавӣ, махсусан самти сохтмони давлатӣ, ҳуқуқи конститусионӣ, ҳуқуқи маданӣ ва ғайра дар марҳилаи нав заминагузорӣ намуд.

Дар ин марҳила шуъба бештар аз 6 лоиҳаи мавзуи дурнамои илмӣ-таҳқикотиро таҳия, коркард ва иҷро намудааст. Танҳо дар давоми солҳои 1998 то соли 2001 шуъба бештар аз 14 нафар номзадҳои илмро омода намуд, ки баъд аз дифои рисола соҳиби дараҷаи илмӣи номзади илмҳои ҳуқўкшиносӣ гаштанд, аз ҷумла Буризода Эмомалӣ Бозор, Носиров Хуршед Толибович, минбаъд Гадоев Бурҳониддин Саймуддинович ва дигарон.

Дар ҳамин марҳилаи фаъолият шуъбаи давлат ва ҳуқуқ яке аз шуъбаҳои фаъоли Институти мазкур аз соли 1993 то соли 2000 бо роҳи дарёфти спонсорҳо нашри Маҷаллаи илмии «Ахбори Академияи милмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: силсилаи фалсафа ва ҳуқуқ»-ро таъмин мекард. Дар баробари ин ҳамасола маҷмуаҳои солонаи шуъба наш рва барои хонандагон дастрас карда мешуданд. Аз ҷумла солҳои 1996, 1997 ва минбаъд корҳои баанҷморасидаи шуъба ба таври оҷилӣ нашр гардида, ҳамчун ҳисоботи шуъба ба Раёсати АИ ҶТ ыва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳкарда мешуданд.

Аз соли 2001 то соли 2006 маҷмуаи солонаи мақолаҳои илмӣ дар асоси таҳқиқотҳои анҷомшудаи ходимони илмии шуъба ва мақолаҳои ба мавзуъ наздик аз дигар марказҳои илмии кишвар бо номи «Масоили мубрамии қонунгузории Тоҷикистон зери таҳрири Буризода Эмомалӣ Бозор ва  Менглиев Шомурод Менглиевич» ҳамагӣ 6 рақам омода ва нашр карда шуда, ба аҳли илм пешниҳод шуда буд.

Дар баробари корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос ходимони илмии шуъба дар фаъолияти тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ, таҳияи хулосаву пешниҳодҳо ба лоиҳаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, кор бо лоиҳаҳои грантӣ, бо ташкилотҳои хориҷии дастгирикунандаи чорабиниҳои илмӣ, сафарҳои хизматӣ, тайёр кардани монография ва конфронсу сиппозиумҳо давом дошт. Қайд намудан лозим аст, ки аз ҳисоби лоиҳаи маблағгузории хориҷӣ даҳҳо конфронсҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ гузаронида шуда, дар онҳо масоили мубрамми илмӣ таҳлилу баррасӣ гардида, ан натоиҷи он маҷмуаи мақолаҳои илмӣ ва монографияҳо таҳия гардид.        

Бо қабулти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06 ноябри соли 1994, тағйир ёфтани сохтори сиёсиву иҷтимоии ҷумҳурӣ, шароити ҷанги шаҳрвандӣ, бастани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз 27 июни соли 1997 ва махсусан ислоҳотҳои давлатӣ-ҳуқўқӣ, таъсиси Маҷлиси олии дупалатагӣ ва ташаккули давлатдории миллӣ эҳтиёҷ барои таъсиси воҳиди мутсақили илмиву таҳқиқотӣ ба вуҷуд омад, ки ба таври васеъ масоили дар назди давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошташавандаро таҳлилу баррасӣ ва роҳҳалҳои он, инчунин заминаҳои фундаменталиии ҳуқуқии онро барои Хукумат ва давлати Тоҷикистон таҳия созад. Бо назардошти ин зарурат санаи 05 моҳи декабри соли 2005 Қарори Сарвари Ҳукумати Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон қабул шуд.

Баҳри иҷрои қарори мазкур, комиссияи махсус дар Раёсати АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардида, масъалаҳои бастҳои корӣ, макони ҷойгиршавӣ, ҷалби мутахасисисонро бояд ба он анҷом медод. Вале ҳалли аксарияти ин масоил ба зиммаи директор ташкилотчии Институти навтаъсис академик Фозил Тоҳиров ва муовин Буризода Эмомалӣ Бозор, котиб Ҷамшед Ҷамшедов гузошта шуданд. Дар натиҷаи фаъолияти пурҷушу хуруши ашхоси мазкур Институти давлдат ва ҳуқуқ дар бинои Институти забон ва адабиёти ба номи Абюуабдуллоҳи Рўдакӣ ҷой гирифт. Дар муддати зиёда аз 6 моҳ роҳбарият ва ходимони илмии Институт бемаош кор карда, танҳо баъд аз мудохилаи академик Мусо Диноршоев, ки Ноиби Президенти АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, иҷозати додани маош ҳосил гардид. Ҷанбаҳои техникӣ ва ташкилии кор ҳамаруза идомат карда, Институт тавонист дар муддати кутоҳ ба натиҷаҳои назаррас соҳиб гардад.

Пеш аз ҳама, бо таъсиси Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.01.2006 дар пояи кадрҳои илмии шуъбаи давлат ва ҳуқуқ се шуъбаи нав – таърихи давлат ва ҳуқуқ, назарияи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи байналмилалӣ таъсис дода шуд. Якбора бо вазифаи муовини директори институт оид ба илм, барои роҳбарии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқ Буризода Эмомалӣ Бозор, роҳбарии шуъбаи ҳуқуки байналмилалиро мутахассиси шинохта Раҷабов Саидумар Одинаевич ва ба шуъбаи дигар Шарофзода Рустам интихоб шуданд.  

Қайд намудан лозим аст, ки шуъбаҳои мазкур аввалин маротиба дар таърихи давлдатдории тоҷикон таъсис шуда буданд. То ин лаҳза кафедраҳои алоҳидаи таълимӣ вуҷуд доштанд, вале шуъбаҳои илмиву таҳқиқотии мазкур аввалин марказҳои илмии таҳқикотии соҳавӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон буданд.

Минбаъд шуъбаи мустақили таърихи давлат ва ҳуқуқ ба фаъолият шуруъ  намуд. Дар давоми мавҷудияти Институти давлат ва ҳуқуқи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъба маркази ҳамоҳангсозии таҳқиқотҳои илмии бахшида ба таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон гардид.

Шуъба инчунин дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос саҳми бузург гузошта, аз сабаби он ки мутахасисони соҳиби дараҷаи баланди илмӣ дошт, заминаи таъсиси шурои дифо дар ҷумҳурӣ мегардадл. Шурои дифои рисолаҳои номзадӣ аз самти 12.00.01 - Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимотҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ва 12.00.03 - Ҳуқуқи маданӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи оилавӣ ва ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ гардид. Шуъбаи мазкур инчунин дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси дигар марказҳои таълимиву илмии ҷумҳурӣ ва берун аз он саҳм дошта, муасисаи пешбар ва муқаризии даҳҳо корҳои омодашударо ба зимма дошт. Ҳамкории шуъба махсусан бо донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ самаранок буда, дар ҳамкорӣ бо Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ДОнишгоҳи милии Тоҷикистон, ДОнишгоҳи Славянии Русия ыва Тоҷикистон, ДОнеишщгоҳр омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, донишгоҳҳои дигари ҷумҳурӣ дар тарбияи насли нави ҳуқўкшиносон, тайёр кардани номзаду докторони ҳуқуқшинос, инчунин баргузории чорабиниҳои сатҳи гуонгун кумак расонида, барои бомуваффакият баргузор намудани онҳор муосидат мекард. Дар ин марҳила даҳҳо лоиҳаи барномаҳои давлативу академӣ таҳия ва қабул карда шуданд. Инчунин дар амалӣ намудани Стратегия, консепсия ва барномаҳои давлативу соҳавӣ саҳмгузор буда, дар аксарияти барномаҳои самти ҳуқуқ иҷрокунанда низ ба шумор меомаданд.

Дифференсиатсияи илмҳои ҳуқуқӣ ва зарурати бурдани таҳқиқоти илмӣ дар самтҳои гуногуни ҳуқуқ роҳбарияти Институти давлат ва ҳуқуқро мутақоид сохт, ки дар заминаи мавҷудаи кадрӣ ва бахшҳои корӣ шуъбаҳои нав таъсис дода шавад. Аз ин сабаб, шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқ соли 2008 заминаи ташкили шуъбаҳои нав – Шуъбаи ҳуқуқи давлатӣ ва Шуъбаи  ҳуқуқи хусусӣ ва муқоисавӣ мегардад. Минбаъд соли 2010 дар заминаи мутахассисони шуъба, Шуъбаи ҳуқуқи исломӣ ташкил гардид, ки то декабри соли 2014 фаъолият мекард ва минбаъд декабри соли 2014 барҳам дода шуда, басти кормандони он ба Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқ интиқол дода шуданд.

Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқ, дар марҳилаи мавҷудияти Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон,  вобаста ба ду лоиҳаи илмиву таҳқикотӣ таҳқикот анҷом дод. Таҳқикотҳо дар муҳлати муайяншуда анҷом ёфта, дар натиҷа конфронсу чорабиниҳои гуногуни илмӣ аз натиҷаҳои он баргузор гардид. Натиҷаи илмии он дар ҳисоботи ҳарсола, Ахбори Академияи илмҳои Тоҷикистон: силсилаи фалсафа ва ҳуқуқ» нашр гардидааст. Қайд кардан зарур аст, ки тақрибан нисфи ҳар як шумора ба масоили мубрамми давлат ва ҳуқуқ базшида мешуд, ки дар таҳияи он саҳми шуъбаи хеле зиёд буда, Буризода Э.Б.  муовини Сармуҳаррири маҷаллаи мазкур маҳсуб шуда, масъули ҷамъоварӣ, таҳия ва нашри маҷалла буданд.

Хулоса, шуъба яке аз воҳидҳои илмӣ-таҳқиқотии муҳимтарини Институт ба шумор рафта, маркази омодасозии ходимони илмӣ ва инчунин кадрҳои соҳибадараҷаи илмӣ буд. Дар шуъба на танҳо даҳҳо доктору номзадҳои илм омода карда шудаанд, балки шуъба ҳамчун маркази илмӣ ба таҳияву муҳокимаи рисолаҳои дкотриву номзадӣ, ба сифати муассисаи тақриздиҳанда баромад дошт. Дар заминаи кадрҳои шуъба Шурои дифои рисолаҳои номзадӣ аз ихтисосҳои 12.00.01 –назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, таърихи таълимотҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ва 12.00.03 – Ҳуқуқи маданӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи оилавӣ ва ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ ташкил карда шуда буд. 

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар заминаи рушди ҷомеа, пайдоиши муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт дар кишвар ва вобаста ба зарурати истеҳсолӣ ба таври пай дар пай тағйирот дар сохтору вазифаҳо ба вуҷуд меовард. Вале соли 2011 бо супориши Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар тағйирот дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гузаронида шуда, якчанд институтҳои илмиву таҳқикотии самти ҷомеашиносӣ муттаҳид карда шуданд. Тибқи ҳамин ислоҳот аз моҳи апрели соли 2011 Институтҳои давлат ва ҳуқуқ бо Институти фалсафаи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид карда шуда Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов номила шуд. Ҳангоми муттаҳид намудани институтҳо асосан аз ҳисоби кадрҳои басти  роҳбарикунанда ихтисор гардида, шуъбаҳои илмиву таҳқиқотӣ бо бастҳои пурра ба институти нав ворид карда шуданд.    Аз ҷумла Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқ аз соли 2011 то имрўз дар ҳайати институти мазкур фаъолияти илмиву омўзгорӣ бурда истодааст. Самтҳои асосии фаъолияти Шуъба бурдани корҳои илмиву таҳқиқотӣ дар мавзуи лоиҳаи қабулшудаи буҷавии панҷсола, омода намудани кардҳои соҳиби дараҷа ва унвони илмӣ, баргузор намудани чорабиниҳои илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳурӣ, умумиакадемиӣ ва институт, симпозиум, мизҳои мудаввар ва семинарҳои илмиву методӣ, бурдани тарғиботу ташвиқоти донишҳои ҳуқуқӣ ва сиёсати ҳуқуқии кишвар мебошад.        

Имрўз дар Шуъба ҳамагӣ 12 басти корӣ мавҷуд буда аз ҷумлаи ходимони илмӣ чор нафар доктори илм (мудири Шуъба Э.Б. Буризода,  сарходими илмӣ, ди.ҳ.  Зоир Ҷ.М.(0.5 баст), д.и.ҳ.Бобоҷонзода И.Ҳ. (0.5 баст), сарходими илмӣ д.и.ҳ. Сафарзода А.И. (0.5 баст), се нафар номзадҳои илм  ходими пешбари илмӣ, Саидзода М.Ш., ходими калони илмӣ Абдулхонов Ф.М.(0.5 баст), ходими калони илмӣ Холинова М.М.(0.5 баст), ходимони калони илмӣ Наботов М.А., ходими илмӣ Алиназарова К.Ғ., ходимони хурди илмӣ  Набиев Ф.С., Амирхониён М.А., Давлатмуродзода Б.Д. (0.5 баст) мебошанд.

Ҳамаи ходимони илмӣ ба кори илмӣ – тадқиқотӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ, тадрис ва таҳияву нашри маҳсули илмӣ машғул мебошанд.

Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институт соли 2018-2022 оид ба мавзуи илмии тадқиқотии "Нақши ниҳодҳои ҳуқуқӣ ва давлатдории шӯравӣ дар ташаккул ва рушди давлатдории Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон (2018-2022)" таҳқикот бурда онро бомуваффақият ба анҷом расонид. Дар доираи таҳқиқот бештар аз 20  китобу монография ва садҳо мақолаҳои илмӣ нашр гардида, доир ба мавзуи мазкур ходимони илмии Шуъба дар кори конфронсу семинарҳои илмии зиёд маъруза ва ахборот пешниҳод карда шуд.

Мавзуи панҷсолаи солҳои 2023-2027 «Фарҳанги ҳуқуқии ниёгон ва нақши он дар ташаккули ҳуқук ва давлатдории муосири тоҷикон» мебошад, ки тибқи нақша таҳқикоти он давом дорад.

Дар давоми солҳои фаъолият аз ҷониби ходимони илмии Шуъба як қатор корҳои таҳияву чопӣ анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, монографияҳо, китобҳои дарсӣ, маҷмӯаи мақолаҳо ва мақолаҳои зиёд дар маҷаллаҳои илмӣ  нашр гардидаанд.

  Аз ҷониби ходимони илмии Шуъба чунин корҳои табъу нашр ба анҷом расонида шудааст: Нашрияи илмии «Маҷаллаи академии ҳуқуқ» дар Шуъба таҳия ва барои нашр омода мегардад. Сармуҳарририи онро Буризода Эмомалӣ Бозор ба зимма дорад. То имрўз бештар аз 55 рақами он нашр гардидааст. Дар Маҷалла натиҷаи корҳои таҳқикотӣ, рисолаҳои номзадиву докторӣ ва таҳқикотҳои алоҳида, мақолаҳои илмиву оммавии  доғи рўз, тақриз ва боби андар сифати муҳаққиқ нашр мегардад. Қайд кардан ба маврид аст, ки маҷаллаи мазкур аз соли 2013 дар китобхонаи эелектронии РИНЦ ворид карда шуда, то имрўз бештар аз 50 шумораи он тариқи электронӣ дастрасӣ муҳаққиқони соҳа буда, ор дар ин самт давом дорад.

Дар шуъба монография, китобҳои дарсӣ, маҷмуаи мақолот ва тезисҳо таҳия мешаванд, аз ҷумла китоби Буризода Э.Б.  Таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон. Қисми 1-4. – Душанбе, 2021. 268 с. 16,5 ҷ.ч.; «Сарчашмаҳои ҳуқуқии марҳилаи исломии рушди давлатдории тоҷикон». (Душанбе, 2017), «Ниҳодҳои судӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон» (Душанбе, 2018) ва китобҳои дарсии «Таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон қисми 1» ба забони тоҷикӣ (Душанбе, 2000, 2007, 2013, 2014, 2017,2020) ба забони русӣ (Душанбе, 2007, 2017) «Таърихи афкори сиёсию ҳуқуқӣ» (Душанбе, 2002, 2017, 2022),  «Масоили назарияи умумии ҳуқук ва давлат» (Душанбе, 2003, 2022); Тоҳиров Ф.Т. Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана (1917-1994 гг.)  – Душанбе: Дониш, 2024. ­ –676 с.; Зоир Ҷурахон Маҷидзода: Маҷидзода Ҷ.З., Одиназода Р.С. Ҷавонон ва амнияти иттилоотӣ (дар масири ҷаҳонишавӣ) / Муҳаррири масъул проф. Э.Б. Буризода . –Душанбе: Маориф, 2019. –240 с.; Абдулхонов Ф. М.  Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд /  Таҳти назари Роҳбари Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ. Раҳмон Озода Эмомалӣ. (Монография).  – Душанбе, 2019  Ҷ. 1 ва 2.  Муаллифи  бобҳои  4. 4.4. – 347-365, боби 4.5. – 365-382; Ҷ.2.  боби 5. 5.1. –С.72-79, Ҷилди 2, боби 5.8.  –139-149, боби 5.9. -149-169.; Муҳаққиқи давлатдории миллӣ //Мураттибон Назарзода Ҷ.Н., Абдулхонов Ф.М.  / Муҳаррирони масъул Зоир Ҷ.М.  –Душанбе: Меҳргон, 2019.  188 с. 11ҷ.ч. Соли 2024 осори мунтахаби академик Тохиров Ф.Т. Осори мунтахаб/ Мураттиб ва масъули чоп Буризода Э.Б. ва диг.  – Душанбе: Дониш, 2024. дар ҳаҷми  995 саҳифа аз ҷониби Шуъба таҳия ва нашр карда шуд.

Буризода Э.Б. ва Сафарбекзода Ҳ.С. муаллифони китоби дарсии “Назарияи ҳуқуқ ва давлат. Китоби дарсӣ. - Бохтар: Матбааи  КВД “Матбаа”, 2024.  - 206 с. мебошанд. Буризода Э.Б. ва дигарон муаллифони китоби “Ҳуқуқ. Китоби дарсӣ. – Душанбе: Мулквар, 2024.  – 656 с. мебошанд.

Аъзои шуъба Буризода Э.Б.,Зоир Ҷ.М., Расулов Ф.М. §4.1, 4.2., 4.3. –уми боби III китоби “Масоили ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон/ Зери таҳрири профессор Иброхимов С.И. – Душанбе: Дониш, 2024. 437 с. –С.275 -367 мебошанд. 

Дар рисолаи бузурги “Конститутсияҳои Тоҷикистон ва падидаҳои ҳуқуқи давлатӣ дар инкишофи давлатдории миллӣ”. Душанбе: Дониш, 2019 (боби 1); Боби 1 китоби “Масоили ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)”. Душанбе: Дониш, 2024. –С.275-367;  ва даҳҳо мақолаҳои дигар  ба қалами Буризода Э.Б. ва дигар ходимони илмии Шуъба дахл дорад.

Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институт соли 2018-2022 оид ба мавзуи илмии тадқиқотии "Нақши ниҳодҳои ҳуқуқӣ ва давлатдории шӯравӣ дар ташаккул ва рушди давлатдории Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон (2018-2022)" таҳқиқот бурда онро бомуваффақият ба анҷом расонид. Дар доираи таҳқикот даҳҳо китобу монография ва бештар 150 мақолаҳои илмӣ нашр гардида, доир ба мавзуи мазкур дар кори конфронсу семиинарҳои илмии зиёд аз ҷониби ходимонилмӣ маъруза ва ахборот пешниҳод карда шуд.

Агар соли 2018 11 монография, 49 мақолаи илмӣ (ҳамагӣ 243 ҷузъи чопӣ) нашр шуда бошад, пас соли 2019 10 китобу монография ва 63 мақолаи илмӣ (180 ҷузъи чопӣ) ва соли 2020 24 китоб, 157 мақолаи илмӣ аз ҷониби ходимони илмии Шуъба таҳия ва нашр гардиааст.

Мавзуи панҷсолаи солҳои 2023-2027 «Фарҳанги ҳуқуқии ниёгон ва нақши он дар ташаккули ҳуқук ва давлатдории муосири тоҷикон» мебошад, ки тибқи нақша таҳқиқоти он давом дорад. Дар ду соли гузашта ходимони илмӣ соли 2023 1 монография ва 62  мақола  ва соли 2024 2 монография, 2 китоби дарсӣ, 64 мақолаи илмӣ, 48 мақолаи илмиву оммавӣ,  9 барномаи ТВ ва радиоӣ, 4 рақами Маҷаллаи академии ҳуқуқ (ҷамъ тақрибан 200 ҷ.ч.) нашр намуданд. 

Танҳо дар соли С.2024  ходимони илмии шуъба дар кори зиёда аз 75   -  адад чорабинии илмӣ, аз он 18  -  конфронси илмии байналмилалӣ ва 57  -  конфронси илмии ҷумҳуриявӣ иштирок ва маъруза намуда, муассиси қисме аз ин конфронсҳо Шуъба маҳсуб мешуд.

Эмомалӣ Буризода дар ҳамкорӣ бо олимони Федератсияи Русия дар таҳияи «Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқӣ (сс. 2006, 2009) ба забони тоҷикӣ ва “Фарҳанги ҳуқуқӣ” бо панҷ забон зери муҳарририи проф. М.И. Сырых бо ҳамроҳии академик Ф. Тоҳиров ва д.и.ҳ. А. Неъматов (ш. Москва, ФР, с.2020), Бобҳои §1.5., §1.6. Правовая система Республики Таджикистан: коллективная монография / под ред. Е.С. Анички-на, Р.Р. Рахмаджонзода, В.В. Сорокина, Министерство науки и высшего образования РФ, Алтайский государственный университет. – Барнаул: Изд-во Алт. ун-та, 2025. –С.40-141 саҳм гузоштааст.

Дар соли 2025 Буризода Эмомалӣ Бозор ду монография ва китоби дарсӣ таҳия ва нашр намудааст, аз ҷумла монографияи Буризода Э.Б., Хушвахтзода Х.Х. Ниҳодҳои идоракунии ҳарбӣ дар таърихи Тоҷикистон ва аҳамияти муосири онҳо. – Душанбе: Нашри Мубориз, 2025. – 200 с.; аввалин маротиба китоби дарсии Буризода Э.Б., Қодирзода С.М., Саъдулло А.Ҳ. Афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии мутафаккирони тоҷик. – Душанбе: Нашри Дониш, 2025. – 308с. ва монографияи Буризода Э.Б., Одиназода Р.С., Мирзозода Н.Д. “Судебные и квазисудебные институты в истории таджикской государственности. -Душанбе: Нашри Мубориз, 2025».  400 с.

Ходимони илмии Шуъба ҳамасола тақрибан ба миқдори 150 - 270 ҷ.ч. дар шакли монография, китоби дарсӣ , мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ  таҳия ва нашр менамоянд.

Шуъба дар ташкилу гузаронидани конференсияҳои бахшида ба  Рўзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Рўзи Парчам  ва дигар чорабиниҳои муҳими илмиву сиёсӣ иштироки фаъолона дорад. Ходимони илмии Шуъба дар кори Шуроҳои дифои рисолаҳои номзадӣ, рисолаҳои докторӣ , азҷумла Буризода Э.Б. узви се Шурои дифо, Зоир Ҷ.М. раиси коммисияи ташхиси КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулхонов Ф.М. – узви як Шурои дифо, буда, дар омода сохтани мутахассисони ҷавон фаъолона ишгтирок доранд. Ходимони илмии Шуъба дар машваратҳои Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои умумии Академияи илмҳо ва Шуъбаи ҷамъиятшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштироки фаъолона доштанд.

Ходимони илмии Шуъба дар тарғибу ташвиқи донишҳои ҳуқуқӣ, Паёми Президенти кишвар фаъолона иштирок дошта, дар ин самт  ҳамасола бо иштироки фаъоли ходимони илмӣ чорабиниҳои илмиву оммавӣ, суҳбатҳо ва семинарҳои илмӣ баргузор карда мешавад. Махсусан ташаббусҳои Пешвои миллат, ки барои ҳифзи табиат, обу пиряхҳо, рушди санъату ҳунарҳои мардумӣ, ҷашнгириву арҷгузории таъриху дастовардҳои миллат нигаронида шудаанд, аз ҷониби ходимони илмӣ ҳамовозӣ ва дастгирии гарҷу ҷўшон ёфта, ҳамеша оид ба ин ташаббусҳо суҳбату  чорабиниҳои гуногуни илмӣ, тарғиботӣ гузаронида мешаванд.

 Шуъба дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ низ яке аз воҳидҳои фаъоли Институт ба шумор меравад ва бо ташаббуси Шуъба Шурои дифо рақами 6D.КОА - 076 дар назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқки ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис гардид, ки имрўзҳо дар омодасозии кадрҳои болаёқат фаъолона кор бурда, махсусан ҷавононро дастгирӣ менамояд.

 Самтҳои таҳқиқотии шуъба омўзишу баррасии масоили таърихи давлати тоҷикон, тамаддуни ориёӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, суннатҳои давлатдории ниёгон,  давлатдории миллӣ, ниҳодҳои давлатдорӣ, идомати падидаҳои ҳуқуқӣ, ниҳодҳои давлатдорӣ; падидаҳои соҳаи оилавӣ, васояту парасторӣ, масоили таърихии рушди кодификатсия, масоили таърихи пайдоиш ва рушди назорати молиявӣ, рушди принсипҳои ҳуқуқӣ, марҳилаҳои пайдоиш ва рушди ниҳодҳои адолати судӣ ва истеҳсолоти судӣ, таҳаввулоти ҳуқуқи зан дар таърихи тоҷикон, падидаҳои ҳуқўки маданӣ, ҷиноятӣ, молиявӣ, меҳнат ва ғайра мебошад.

Шуъба мақсад дорад, то бо ҷалби мутахассисони ҷавону болаёқат самтҳои мубрами масоили таърихиву ҳуқуқиро давом дода, саҳифаҳои то имрўз таҳқиқнашудаи онро мавриди омўзиш қарор диҳад. Яке аз ҳадафҳои асосии шуъба тайёр кардани монография ва китобҳои пурарзиш оид ба таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон мебошад. Бояд қайд намоем, ки тарҷимаи осори ниёгон бояд ба яке аз самтҳои муҳимтарини мусоидаткунандаи ба рушди соҳа бояд табдил гардад. 

1

Мудири шуъба, профессор Буризода Эмомалӣ ҳангоми кор дар шуъба

2

Ҷаласаи Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқ

3

Муҳокимаи рисолаи илмӣ дар шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқ

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст