Шуъбаи масоили мубрами илмҳои ҳуқуқи конститутсионӣ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
ИНСТИТУТИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚ
Шуъбаи масоили мубрами илмҳои ҳуқуқи конститутсионӣ:
Шуъбаи масоили мубрами илмҳои ҳуқуқи конститутсионӣ таҳти унвони ҳуқуқи давлатӣ аз таъсисёбии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2006-2011) инҷониб арзи вуҷуд дорад.
Сохтори шуъба: мудир, сарходими илмӣ – 1 басти корӣ; ходими пешбари илмӣ – 2 басти корӣ; ходими калони илмӣ – 1 басти корӣ; ходими илмӣ – 1 басти корӣ; ходими хурди илмӣ – 1 басти корӣ; лаборанти калон – 1 басти корӣ. Инҳо: д.и.ҳ., профессор Зоир Ҷ.М. – мудир, д.и.ҳ., профессор Иброҳимов С.И. – сарходими илмӣ, н.и.ҳ., профессор Имомов А.И. – ходими пешбари илмӣ, н.и.ҳ. Матробиён М.Х. – ходими илмӣ, лаборанти калон Саидзода М.Ё., инчунин кормандони нимбаст.
Ходимони илмии шуъба бо мақсади рушди илмҳои ҳуқуқи конститутсионӣ дар замони муосир, ошкор намудани камбудиҳои ҷойдошта ва ҳалли масъалаҳои мубрами онро мавриди таҳлилу омўзиш қарор дода, пажўҳиши самтҳои ҳуқуқи парлумонӣ, ҳуқуқи мамурӣ, мурофиаи маъмурӣ, фаъолияти судӣ ва прокурорӣ, ҳуқуқи иттилоотӣ ва ҳуқуқи ҷиноятии онро афзалиятнок меҳисобанд.
Дастовардҳои илмии шуъба: Ходимони илмии шуъба тибқи нақшаи илмӣ-таҳқиқотии буҷавии «Нақши Конститутсия ва низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини устувории давлатдории миллии тоҷикон» (сс.2026-2030) фаъолияти таҳқиқотиро шуруъ намуда, дар доираи мавзуи мазкур дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба миқдори 19 корҳои илмӣ, аз ҷумла, 1 монография дар ҳаммуаллифӣ бо гуруҳи муаллифони ҳориҷӣ, 1 китоби дарсӣ, 2 воситаи таълимӣ-методӣ, 15 мақолаҳои илмӣ: аз онҳо 10 мақола дар маҷаллаҳои тақризшавандаи ҷумҳурӣ, 1 мақола дар маҷаллаҳои тақризшавандаи хориҷӣ ва 6 мақолаи илмӣ дар маҷмуи мақолаҳои конференсия ва 10 мақолаи илмӣ-омавӣ таҳия ва нашр намудаанд, ки ҳаҷми зиёда аз 105,25 ҷ.ч.-ро ташкил медиҳад, дар асоси онҳо натиҷаҳои консептуалии илмӣ пешниҳод карда шудаанд. Чунончи, натиҷаҳои пажўҳиш нишон доданд, ки шурўъ аз соли 2018 Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 қабул ва амалӣ гардонида шуда истода аст.
Дар давоми фаъолияти шашмоҳаи таҳқиқи мавзуи нақшавии илмӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби ходимони илмии шуъба як қатор корҳои таҳиявию чопӣ, ба монанди монографияҳо, китобҳои дарсӣ, маҷмўаи мақолаҳо ва мақолаҳои илмӣ анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, китоби дарсӣ ва барномаи таълимӣ барои макотиби олӣ аз ҷониби мудири шуъба профессор Зоир Ҷ.М. таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва экстремизм» дар ҳаҷми 639 саҳифа, монографияи дастаҷамъонаи профессор Имомов А. дар якҷоягӣ бо муаллифони хориҷӣ зери унвони «Вокунишҳои конститутсионӣ-ҳуқуқӣ ба мушкилоти муосири тамаддунӣ: навовариҳои консептуалӣ ва таҷрибаҳои миллӣ» дар ҳаҷми 408 саҳифа, маҷмуаи (комплекси) таълимӣ-методӣ бо номи «Ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ. Қисми умумӣ ва пешбурди тосудӣ» аз ҷониби ходими илмии шуъба дар ҳаҷми 360 саҳифа ва ғ.
Ҳамчунин аз ҷониби ходимони илмии шуъба таҳия намудани китоби силсилавӣ таҳти унвони «Конститутсияҳои давлатҳои ҷаҳони муосир» ба нақша гирифта шуда, китоби аввал аз ҷониби профессорон Имомов А. ва Иброҳимов С.И. зери унвони «Конститутсияҳои амалкунандаи давлатҳои муосири Осиёи Марказӣ» соли 2024, дар ҳаҷми 220 саҳифа нашр гардида, китоби дуввуми он зери унвони «Конститутсияҳои давлатҳои Кавказ» дар нашр қарор дорад.
ЗОИР ҶЎРАХОН МАҶИДЗОДА
(ЗОИРОВ ҶУРАХОН МАҶИДОВИЧ)
Мудири шуъбаи Шуъбаи масоили мубрами илмҳои ҳуқуқи конститутсионӣ Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, мушовири давлатии адлияи дараҷаи якум, генерал-майори милитсия, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви пайвастаи Академияи илмҳои умумиҷаҳонии бехатарии дастаҷаъмона, Узви вобастаи Академияи Россиягии илмҳои табиатшиносӣ, дорандаи «Ордени Шараф дараҷаи 2» ва Ҷоизаи илмии АМИТ ба номи академик М.С. Осимӣ, 26 марти соли 1957 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Соли 1983-ум факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро ва соли 1993-ум факултети идоракунии Академияи ВКД Россияро хатм намудааст. Соли 1997 рисолаи номзадии илмҳои ҳуқуқро бо ихтисоси:12.00.08 – ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятиро дар мавзуи; «Хусусиятҳои этносотсиалии ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон» дифоъ намудааст, ки ба масъалаҳои таърихии пайдоиш ва аз тарафи инсон сар задани ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар асарҳои илмиаш намудҳои ҷиноят ва сабабҳои сар задани ҷинояткориро вобаста ба ҷойгиршавии аҳолӣ аз рўи иҷтимоияти аҳолӣ дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ ва чораҳои асосии пешгирии онро дар амалия пешниҳод намудааст, ки барои ба даст овардани натиҷаҳои хуби мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мусоидат намудаанд. Дар роҳи мубориза бар зидди ҷинояткрӣ, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, дар даъвати якуми Маҷлиси Олӣ (солҳои 1995-2000-ум), барои таҳия ва қабули қонунҳои мушаххас лоиҳаҳо пешниҳод намудааст, ки боиси ҷонибдории намояндагони халқ гардидаанд.
Зоир Ҷ.М., аз соли 1995 то соли 2000-ум ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии № 4 «Академӣ» интихоб гардида, дар Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон ҳамчун аъзо шомил шуда, аксари қонунҳое, ки аз давраи Иттиҳоди Шўравӣ амал мекарданд ва зарурият ба дигаргунсозӣ доштанд, бо ташаббуси ў аз тарафи Кумита аз нав таҳия ва пешниҳод мешуданд, ки дар ҷаласаҳои навбатӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси Олии даъвати якум қабул карда шуда, барои баррасӣ ва тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешуданд. Дар ҳамин давра (1995-2000) ў ба ҳайси Раиси комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарулумонии давлатҳои соҳибистиқлол оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ интихоб гардидааст. Дар давраи Раисии Зоир Ҷ.М. комиссияи мазкур қонунҳои намунавии гуногун коркард, таҳия ва барои баррасӣ ба Ҷалласаҳои Ассамблея пешниҳод намудааст, ки ҳамаи онҳо қабул шуда ба давлатҳои аъзо пешниҳод шудаанд. Аз моҳи марти соли 2015-ум то моҳи марти соли 2020, Зоир Ҷўрахон Маҷидзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Мўъминобод-38 ва Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният буданд.
Зоир Ҷ.М., соли 2004-ум рисолаи доктории худро бо ихтисосҳои 12.00.01 – назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат; 12.00.02. – ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи мурофиаи судии конститутсионӣ, танзими ҳуқуқии ҳокимияти маҳаллӣ дар мавзуи: «Инкишоф ва рушди давлатдории миллӣ дар Иттиҳоди давлатҳои мустақил» дифоъ намудааст, ки он масъалаҳои назариявии давлат ва ҳуқуқ, масъалаҳои сохтори давлатдориро аз лиҳози конститутсионӣ, иҷтимоию этносотсиалӣ, геополитика, сиёсӣ-ҳуқуқӣ, ҳуқуқи байнахалқӣ ва давлатшиносӣ, назарияи идоракунӣ, дар масъалаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, назария ва амалияи конститутсионализм ва парламентаризмро дар бар мегиранд.
Муаллифи зиёда аз 35 монографияҳо, дастурамалҳои таълимӣ-амалӣ ва зиёда аз 350 мақолаҳои илмие мебошад, ки ба соҳаҳои гуногуни сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, методологияи таҳқиқоти давлатдорӣ, ташаккулёбӣ ва инкишофи этникии иҷтимоии давлатдорӣ дар Осиёи Марказӣ, давлатдории миллӣ дар давлатҳои ҶШС (СССР) ва фазои баъди пош хурдани Иттиҳоди Шўравӣ, хусусиятҳои этносотсиалии (проблемаи) масъалаҳои ҷинояткорӣ, мухолифати байни тоҷикон, масъалаҳои ташкилӣ ва тактикаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои экстремистӣ (ифротгароӣ), террористӣ ва трансмиллӣ, аз он ҷумла ба соҳаи муомилоти ғайрикунунии маводи нашъадор ва дигар самтҳои илмие, ки ба самтҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ тааллуқ доранд, бахшида шудаанд.
Аввалин маротиба соли 2009 тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ»-и аз тарафи Зоир Ҷ.М. навишта шуд, ки барои истифодаи оммаи васеи хонандагони кормандони оперативии мақомотҳои дахлдор пешниҳод намуда мавриди истифодаи бисёри кормандон гардидааст.
Моҳи майи соли 2015 бо дарназардошти он, ки 25.03.2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ» бо таҳрири нав қабул карда шуд, аз тарафи Зоир Ҷ.М. тафсири нави Қонуни мазкур коркард карда шуда ба чоп бароварда шуд. Ў аз соли 1997 то инҷониб дар соҳаи тайёр намудани кадрҳо бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ва олимони унвонҷў шурўъ намудааст, ки дар ин ҷода таҷрибаи таълими педагогӣ дошта, дар тарбияи кадрҳои соҳаи ҳуқуқ саҳми арзанда дорад.
Зоир Ҷ.М. аз соли 1997 инҷониб дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва умуман мутахассисон шурўъ намуда, дар ин ҷода дорои таҷрибаи зиёди педагогӣ буда, дар тарбияи кадрҳои соҳаи ҳуқуқ саҳми арзанда дорад. Ў дар соҳаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ низ таҷрибаи бойи чандинсола дошта, оид ба амалиётҳои ошкорнамоии ҷиноятҳо ва методологияи назарияи давлат ва ҳуқуқ 10-дастури таълимӣ-методӣ таҳия намуда, барои омўзиш ва истифодабарӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Рўси (Славянӣ)-Тоҷикӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дастрас намудааст. Ў муаллифи китобҳои детективӣ оиди ҳолатҳои ошкорнамоии ҷиноятҳои вазнин, асарҳои детективии бо номи «Аз пайи як куштор» ва барои безараргардонии гурўҳи муташаккили ҷиноӣ асар бо номи «Набард дар теппаи марг» навиштааст, ки барои хонандагони касби таваҷҷўҳи беандоза доранд. Таҳқиқотҳои илмии ў, аҳамияти таърихӣ-ҳуқуқӣ, назариявӣ, конститутсионӣ ва амалӣ дошта, хизматҳои илмии ў дар инкишофи илми ҳуқуқшиносии ҷумҳурӣ, дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва олимони ҷавони ин соҳаи бениҳоят муҳим хеле барҷаста мебошанд.
Зоир Ҷ.М. дар давраи фаъолияти худ дар таҳлилу таҳқиқи соҳаи ҳуқуқшиносӣ низ бевосита иштирок намуда, таи солҳои дароз ҳамчун ходими калони илмӣ, сарходими илмӣ дар собиқ Институти давлат ва ҳуқуқ ва Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ фаъолият намудааст. Ў ҳамчун сарходими илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти тадқиқотии АМИТ (с.2000) дар баррасии масъалаҳои мавзуҳои илмӣ-тадқиқотӣ фаъолона иштирок намудааст. Корҳои нақшавии илмии ў фарогири масъалаҳои мубрами ҷомеаи имрўза буда, монография ва мақолаҳои илмии таҳиянамудааш дар муҳокимаи Шурои илмии Институт баҳои баландро сазовор мегардад.. Аз ҷумла, монография таҳти унвони “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: 30 сол – таҳаввулот; назария ва таърих; ҳуқуқи муқоисавӣ; муосир”, ки соли 2024 бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 421 саҳифа ба нашр расид ва бисёр мақолаҳои илмии дигар, ичунин китоби дарсӣ барои донишҷўёни макотиби олӣ ва магистрону аспирантон таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва экстремизм”-ро, ки бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 600 саҳифа омода ва нашр намудааст, ки воситаи таълимии муҳими дарбаргирандаи яке аз масъалаҳои мубрами рўз мебошад.
Дар давраи фаъолияти илмиаш зери роҳбарии ў 20-нафар номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва 3-нафар доктор рисолаҳои илмиашонро дифоъ намудаанд. Айни ҳол ба 15-нафар унвонҷўй, 4 нафар доктарант, 4 нафар доктаранти PhD ва 5 нафар магистрон роҳнамоӣ менамояд, ки барои ҳимоя омода шуда истодаанд. Ҳамчунин ба 5-нафар докторанд дар дифои рисолаи докторӣ ва ба 18-нафар унвонҷў дар дифои рисолаҳои номзадиашон ҳамчун муқарризи расмӣ иштирок ва баҳогузорӣ намудааст.
Барои силсилаи корҳо дар мавзуи “Давлатдории миллӣ” ва “Мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона” Зоир Ҷ.М. соли 2015 ба ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ сазовор гардидааст.
Зоир Ҷ.М. аз моҳи марти соли 2024 ба ҳайси мудири шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ таъин гардида, бинобар сабаби таҳмил гардидани Институти мазкур ва таъсис ёфтани Институти давлат ва ҳуқуқ аз моҳи январи соли 2026 дубора мудири ҳамин шуъба, ки номи он иваз карда шуд, яъне шуъбаи Масоили мубрами илмҳои ҳуқуқи конститутсионии Институти навтаъсис таъин гардида, то ин ҷониб фаъолият намуда истодааст.
Ҳамзамон аз моҳи маи соли 2024 то инҷониб бо қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси раиси Шурои экспертӣ фаъолият дорад.
Самтҳои таҳқиқот: ҳуқуқи ҷиноӣ, криминология, назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи омўзиши ҳуқуқ ва давлат, ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи мунисипиалӣ.
Суроғаи электронӣ (е-майл): zoirov2009@mail.ru
Асарҳои муҳимтарин:
- Тоҷикон: Аз давлатдории Сомониён то истиқлолияти давлатӣ, СПб-2014, изд. “Реноме” 286с.
- Ҷавонон ва амнияти иттилоотӣ (дар масири ҷаҳонишавӣ), хаммуаллифон; Холиқзода А.Ғ., Одиназода Р.С. – Душанбе: ҶДММ «Мехрона», 2019. - 240 с.
- Тоҷикистон: эҳёи давлатдории миллӣ ҶДММ «Чопхонаи Дониш » ш. Душанбе – 2017. 365 с. ( 21,2 –ҷ.ч).
- Ҳуқуқи инсон ва рушди ҳуқуқи-конститутсионии Тоҷикистон. Дар ҳаммуаллифи бо Холиқзода А.Ғ., Одиназода Р.С., ҶДММ «Мехрона-2017»., ш.Душанбе -2019. 437с.
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: 30-сол, таҳаввулот, назария ва таърих, ҳуқуқи муқоисавӣ, муосир // Зери таҳрири н.и.ҳ., профессор, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Имомов. – Душанбе: «Дониш», 2024. - 401 с. (25,06 ҷ.ч.).
- Конститутсияи ва масъалаҳои мубрами илми ҳуқуқ // Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор Назарзода Н.Ҷ. ва н.и.ҳ. Шосаидзода Ш.Ш. – Душанбе: «Эр-граф», 2024. - 432 с. (27 ҷ.ч.).
- Маърифати ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Монографияи дастаҷамъона // Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор, академики Академияи милии илмҳои Тоҷикистон Маҳмудзода М.А. ва д.и.ҳ., профессор Бобоҷонзода И.Ҳ. – Душанбе: «Дониш», 2024. - 424 с. (Боби 5. – С. 221-239 (1,13 ҷ.ч.).
Китобҳои таълимӣ:
- Муқовимат бо терроризм ва экстремизм: Китоби дарси барои макотиби олӣ. // Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор, директори Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ Мирзозода П.З. – Душанбе: “Дониш”, 2026. - 639 с.
ИБРОҲИМОВ СОЛЕҲҶОН ИБРОҲИМОВИЧ
Сарходими шуъбаи масоили мубрами илмҳои ҳуқуқи конститутсионии Институтуи давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, 16-апрели соли 1952 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Соли 1974 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда, факультети ҳуқуқшиносии ин донишгоҳро соли 1979 бо муваффақият хатм намудааст. Соли 1979 то соли 1981 дар факультети ҳуқуқшиносӣ ба ҳайси ассистенти кафедраи ҳуқуқи давлатӣ кор карда, соли 1981 ба аспирантураи мақсадноки Институти давлат ва ҳуқуқи АИ ИҶШС ш. Москва дохил шудааст. 30 октябри соли 1984 асспирантураи мазкурро бо муваффақият ва пеш аз муҳлат дифо намудани рисолаи номзадӣ дар мавзўи «Совершенствование правового статуса министерств союзной республики (на примере Таджикской ССР)» (Такмили мақоми ҳуқуқии вазоратҳои ҷумҳурии иттифоқӣ (дар мисоли Тоҷикистон) дар Шўрои диссертационии 12.00.02 – хатм карда, ба унвони илмии номзади илми ҳуқуқ ноил гардидааст.
Аз соли 1985 то 2005 дар системаи судии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси судя, раиси суди шаҳру ноҳия, судяи суди вилоятӣ, судяи горнизони ҳарбӣ ва судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи феврали соли 2007 ба ҳайси ходими пешбари илмии шуъбаи ҳуқуқшиносии муқоисавӣ ва аз соли 2009 ходими пешбар, сарходими илмии шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти давлат ва ҳуқуқ, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз 2 январи соли 2015 вазифаи мудирии шуъбаро ба ўҳда дошт. Аз соли 2024 сарходими илмии шуъбаи масоили мубрами илмҳои ҳуқуқи конститутсионӣ (собиқ шуъбаи ҳуқуқи давлатӣ) дар Институти навтаъсиси давлат ва ҳуқуқи АМИТ паи фаъолият мебошад.
Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор. Рисолаи докторӣ дар мавзўи «Административная юстиция в Центрально-Азиатских государствах: проблемы становления и развития» (Адлияи маъмурӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ: масоили бунёд ва ташаккул) соли 2013 дар Шўрои диссертационии Донишгоҳи дўстии халқҳои Федератсияи Руссия ш. Москва бо ихтисоси – ҳуқуқи маъмурӣ; мурофиаи маъмурӣ дифо намудааст.
Муаллифи зиёда аз 130 асари илмӣ, аз ҷумла 12 монография, 6 китоб ва дастурҳои таълимӣ, мақолаҳои илмию тақризҳо мебошад.
Самтҳои тадқиқот: Ҳуқуқи маъмурӣ; мурофиаи маъмурӣ; ҳуқуқи иттилоотӣ.
Суроғаи электронӣ (е-майл): soleh_52@mail.ru
Асарҳои муҳимтарин:
- Адлияи маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: падидаи давлати ҳуқуқбунёд. Монография. (бо забони давлатӣ). – Душанбе: Ирфон, 2010. – 256 с. (17, 05 п.л. 700-экз).
- Основные направление формирования и развития института административной юстиции в государствах Центральной Азии: сравнительно-правовое исследование. (монография). – Душанбе: Изд-во Дониш АН РТ, 2011. – 288 с. (18,0 п.л.).
- Судебно-правовые реформы в Республике Таджикистан и эффективность административно-правовых мер борьбы с коррупцией. (монография в соавторстве с Уруновой Ш.А.). – Душанбе: Изд-во Дониш АН РТ, 2012. – 147 с. (9,25 п.л. 1000-экз).
- Административная юстиция в государствах Центральной Азии в условиях глобализации и региональной интеграции. Монография. – Берлин: Изд-во LAP, PUBlicashn, 2013. – 439 с.
- Конститутсияҳои Тоҷикистон: пайдоиш ва инкишоф. – Душанбе: Дониш, 2014. – 840 с. (дар ҳаммуаллифӣ бо гурўҳи кормандони шуъба).
- Проблемы административной юстиции в Республике Таджикистан и странах Центральной Азии: концептуальные подходы. – Душанбе: Дониш, 2015. – 765 с.
- Такмили ҳуқуқ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият // Зери таҳрири С.И.Иброҳимов. – Душанбе: Дониш, 2016. – 379 с.
- Контрол ва назорат дар соҳаи идоракунии давлатӣ: проблемаҳо ва роҳҳои такмил // Зери таҳрири С.И.Иброҳимов. – Душанбе: Дониш, 2017. – 320 с.
- Масоили ҳуқуқи давлатӣ дар бунёди Тоҷикистони муосир // Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор Иброҳимов С.И. – Душанбе: Дониш, 2018. – 334 с.
- Конститутсияҳои Тоҷикистон ва падидаҳои ҳуқуқи давлатӣ дар инкишофи давлатдории миллӣ // Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор Иброҳимов С.И. – Душанбе: “Дониш”, 2019. – 620 с.
- Иброҳимов С.И. – Ҳуқуқи мукофотдиҳии Президенти ҶТ: расмиёти маъмурӣ марбут ба мукофотдиҳӣ. – Душанбе: «Шоҳин», 2022. - 200 с. (12,5 ҷ.ч).
- Иброҳимов С.И., Имомов А.И. – Конститутсияи давлатҳои ҷаҳони муосир. Қисми аввал. Конститутсияи давлатҳои муосири Осиёи Марказӣ. Рисолаи академӣ. – Душанбе, 2024. - 220 с. (13,75 ҷ.ч.).
Китобҳои таълимӣ:
- Ҳуқуқи мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: Эрграф, 2009. – 299 с. (18.85 ҷ.ч); (дар ҳаммуаллифӣ бо Табаров Н.А.).
- Ҳуқуқи мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: Эрграф, 2009. – 327 с. (20.55 ҷ.ч); (дар ҳаммуаллифӣ бо Табаров Н.А.).
- Тартиб ва ташкили гузаронидани бозиҳои судии мурофиавии иқтисодӣ. – Душанбе: Эрграф, 2010. – 187 с. (13.35 ҷ.ч); (дар ҳаммуаллифӣ бо Табаров Н.А.).
- Ҳуқуқи мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар зери таҳрири н.и.ҳ.дотсент Болтуев С.Ш. – Душанбе, 2014. – 800 с. (бо гурўҳи муаллифон ва дастгирии ташкилоти GIZ (Олмон)).
- Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – комплекси таълимӣ-методӣ. – Душанбе: Эр-граф, 2016. – 272 с. (дар ҳаммуаллифӣ бо Музаффарова Н.С.).
- Ҳуқуқи мурофиаи иқтисодии ҶТ. / Китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ. Бо қарори мушовираи Вазорати маориф ва илми ҶТ аз 31.08.2019 ба нашр расидааст.
ИМОМОВ АШЎРБОЙ
Ходими пешбари илмии шуъбаи Масоили мубрами илмҳои ҳуқуқи конститутсионии Институтуи давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – номзади илмҳои ҳуқуқ, профессор, 1 марти соли 1939 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) соли 1967 бо ихтисоси ҳуқуқшинос. Ҳимояи рисолаи номзади илмҳои ҳуқуқшиноси соли 1971 оид ба мавзўи «Шўрои вакилони халқи ноҳия (дар асоси маводҳои РСС Тоҷикистон)», аз рўи ихтисоси 12.00.02, унвони дотсенти кафедраи ҳуқуқи давлатӣ ва сохтмони советии ДМТ соли 1994. Солҳои 1974-1986 – дотсенти кафедраи мазкур, солҳои 1986-1990 – муовини декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, солҳои 1990-1992 – муовин, Раиси Кумитаи назорати конститусионии Тоҷикистон, солҳои 1993-1994 – дотсенти кафедраи мазкур, солҳои 1994-2005 мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДМТ, аз соли 2005 то 2019 дотсенти кафедраи мазкур, аз соли 2019 то ҳол и.в. профессори ДМТ.
Аз соли 1993 дар ҳамкорӣ бо шуъбаи ҳуқуқи Институти фалсафаи АИ ҶТ, аз соли 2007 то соли 2014 – мудири шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти давлат ва ҳуқуқи АИ ҶТ, пас аз муттаҳидгардӣ дар соли 2011 – Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ, аз соли 2015 то соли 2026 сарходими илмии шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти мазкур ва аз 1 январи соли 2026 то инҷониб ходими пешбари илмии шуъбаи Масоили мубрами илмҳои конститутсионии Институтуи давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад.
Муаллифи қариб 75 рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, матни лексияҳо, воситаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ буда, зиёда аз 250 мақолаҳои илмӣ дар маҷалла ва маҷмўи асарҳои илмии дар Тоҷикистон ва хориҷа нашр намуда, зиёда аз 150 мақолаҳои илмию оммавӣ дар рўзномаҳо ва сайтҳои электронӣ ба чоп расонидааст.
Аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Центральная Азия и Кавказ», ки бо забонҳои русӣ, англисӣ ва ғайра дар давлати Шветсия чоп мешавад (аз соли 1998 то ҳол), маҷаллаи «Давлат ва ҳуқуқ», ки аз соли 1996 то соли 2012 чоп мешуд ва маҷаллаи «Маҷаллаи академии ҳуқуқ» аз соли 2011 то ҳол чоп мегардад. Бо бисёр мукофотҳо сарфароз шудааст. Аълочии маорифи Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон.
Самтҳои таҳқиқот: масоилҳои ҳуқуқи конститутсионии (давлатии) ҶТ, ҳуқуқи парлумонӣ, ҳуқуқи интихоботӣ, вазъи ҳуқуқии шаҳрванд, сохтори миллӣ-давлатӣ ва марзию маъмурӣ.
Суроғаи электронӣ (е-майл): shmmihk-idh-2026@list.ru
Монографияҳои дастаҷамъонаи ходимони илмии шуъба
- Конститутсияҳои Тоҷикистон: пайдоиш ва инкишоф. – Душанбе: Дониш, 2014. - 840 с.
- Маҷмўаи конститусияҳои Тоҷикистон // Зери таҳрири Б. Гадоев. – Душанбе: “Дониш”, 2015. - 633 с.
- Такмили ҳуқуқ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият // Зери таҳрири С.И.Иброҳимов. – Душанбе: Дониш, 2016. -379 с.
- Контрол ва назорат дар соҳаи идоракунии давлатӣ: проблемаҳо ва роҳҳои такмил // Зери таҳрири С.И.Иброҳимов. – Душанбе: Дониш, 2017. - 320 с.
- Масоили ҳуқуқи давлатӣ дар бунёди Тоҷикистони муосир // Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор Иброҳимов С.И. – Душанбе: Дониш, 2018. - 334 с.
- Конститутсияҳои Тоҷикистон ва падидаҳои ҳуқуқи давлатӣ дар инкишофи давлатдории миллӣ // Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор Иброҳимов С.И. – Душанбе: “Дониш”, 2019. - 620 с.
- Масоили ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024). Монографияи дастаҷамъона // Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор Иброҳимов С.И. – Душанбе: «Дониш», 2024. - 438 с. (Боби 1. – С.7-157).