Skip to main content

ИШТИРОКИ ПРОФЕССОРИ ИНСТИТУТ САИДУМАР РАҶАБОВ ДАР СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИНСОНДӮСТӢ ДАР ШАҲРИ МИНСК

21 октябри соли 2026 мудири шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Саидумар Одинаевич Раҷабов дар семинари байналмилалӣ оид ба омӯзиши амиқи ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ, ки рӯзҳои 20–22 октябр дар шаҳри Минск баргузор мегардад, ба таври ҳузурӣ иштирок намуда, дар мавзуи «Таълим ва паҳн кардани донишҳо дар бораи ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърузаи илмӣ пешниҳод кард.

Семинари мазкур бо ташаббуси Намояндагии минтақавии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Беларус ташкил гардида, намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои соҳавӣ, муассисаҳои илмӣ ва доираҳои коршиносии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро барои табодули дониш ва таҷриба дар самти ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ гирди ҳам овардааст.

Профессор Раҷабов дар суханронии худ таҷриба ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти таълим ва паҳн намудани донишҳо оид ба ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, инчунин муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбӣ ва шаҳрвандӣ мавриди таҳлил қарор дод. Ӯ ба аҳаммияти фарогирии масъалаҳои мазкур дар раванди таълим, омодасозии мутахассисон ва таҳкими фарҳанги эҳтиром ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.

Дар маъруза таъкид гардид, ки омӯзиш ва густариши донишҳо дар ин соҳа яке аз самтҳои муҳими иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз Конвенсияҳои Женева аз 12 августи соли 1949 ва Протоколҳои иловагӣ ба онҳо аз 8 июни соли 1977 бармеоянд. Ин санадҳо паҳн намудани донишҳоро оид ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ, аз ҷумла тавассути низоми таҳсилоти ҳарбӣ ва шаҳрвандӣ, пешбинӣ менамоянд.

Ҳамзамон, профессор Раҷабов зикр намуд, ки тақвияти таълими ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ на танҳо барои иҷрои уҳдадориҳои шартномавии давлат, балки барои боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аҳаммияти хос дорад. Ба ин маънӣ, чунин фаъолияти илмиву таълимӣ бо ҳадафҳои «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидааст, ҳамоҳанг мебошад.

Иштироки ҳузурии профессор Саидумар Раҷабов дар ин ҳамоиши байналмилалӣ ба муаррифии таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва таҳкими муколамаи касбӣ дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ мусоидат менамояд.

УЧАСТИЕ ПРОФЕССОРА ИНСТИТУТА САИДУМАРА РАДЖАБОВА В МЕЖДУНАРОДНОМ СЕМИНАРЕ ПО МЕЖДУНАРОДНОМУ ГУМАНИТАРНОМУ ПРАВУ В МИНСКЕ

21 октября 2026 года заведующий отделом международного права Института государства и права Национальной академии наук Таджикистана, доктор юридических наук, профессор Саидумар Одинаевич Раджабов принял очное участие в международном семинаре по углублённому изучению международного гуманитарного права, проходящем 20–22 октября в Минске, и выступил с научным докладом на тему «Обучение и распространение знаний о международном гуманитарном праве в Республике Таджикистан».

Данный семинар организован по инициативе Регионального представительства Международного комитета Красного Креста в Российской Федерации и Республике Беларусь. Он объединил представителей государственных органов, профильных структур, научных учреждений и экспертных кругов стран СНГ для обмена знаниями и опытом в области международного гуманитарного права.

В своём выступлении профессор Раджабов проанализировал опыт и достижения Республики Таджикистан в сфере преподавания и распространения знаний о международном гуманитарном праве в учреждениях общего среднего, а также высшего военного и гражданского образования. Особое внимание он уделил важности включения этих вопросов в учебный процесс, подготовки специалистов и укрепления культуры уважения к нормам международного права.

В докладе было подчеркнуто, что изучение и распространение знаний в этой области является одним из ключевых направлений выполнения международных обязательств Республики Таджикистан, вытекающих из Женевских конвенций от 12 августа 1949 года и Дополнительных протоколов к ним от 8 июня 1977 года. Эти документы предусматривают популяризацию норм международного гуманитарного права, в том числе через систему военного и гражданского образования.

Вместе с тем профессор Раджабов отметил, что усиление преподавания международного гуманитарного права имеет особое значение не только для выполнения договорных обязательств государства, но и для повышения правовой культуры граждан. В этом контексте научно-образовательная деятельность перекликается с целями «Международного года правового просвещения, 2027», провозглашенного Генеральной Ассамблеей ООН по инициативе Республики Таджикистан.

Очное участие профессора Саидумара Раджабова в этом международном форуме способствует презентации опыта Республики Таджикистан, расширению научного сотрудничества и укреплению профессионального диалога в области международного гуманитарного права.

PARTICIPATION OF INSTITUTE PROFESSOR SAIDUMAR RAJABOV IN AN INTERNATIONAL SEMINAR ON INTERNATIONAL HUMANITARIAN LAW IN MINSK

On October 21, 2026, Head of the Department of International Law Sciences at the Institute of State and Law of the National Academy of Sciences of Tajikistan, Doctor of Law, Professor Saidumar Odinaevich Rajabov, attended in person the international seminar on the advanced study of international humanitarian law held on October 20–22 in Minsk. He presented a scientific report titled "Teaching and Dissemination of Knowledge on International Humanitarian Law in the Republic of Tajikistan."

The seminar was organized on the initiative of the Regional Delegation of the International Committee of the Red Cross in the Russian Federation and the Republic of Belarus. It brought together representatives of state bodies, sector-specific structures, scientific institutions, and expert circles from CIS countries to exchange knowledge and experience in the field of international humanitarian law.

In his address, Professor Rajabov analyzed the experience and achievements of the Republic of Tajikistan in teaching and disseminating knowledge of international humanitarian law across general secondary education institutions, as well as higher military and civilian education institutions. He paid special attention to the importance of integrating these topics into the educational process, training specialists, and strengthening a culture of respect for the norms of international law.

The report emphasized that studying and promoting knowledge in this field is one of the key directions in fulfilling the international obligations of the Republic of Tajikistan arising from the Geneva Conventions of August 12, 1949, and their Additional Protocols of June 8, 1977. These documents mandate the dissemination of knowledge regarding international humanitarian law norms, including through the military and civilian education systems.

Furthermore, Professor Rajabov noted that enhancing the teaching of international humanitarian law is particularly important not only for meeting the state's treaty obligations but also for raising the legal literacy and culture of citizens. In this context, such scientific and educational activities align closely with the goals of the "International Year of Legal Literacy, 2027," declared by the United Nations General Assembly at the initiative of the Republic of Tajikistan.

The in-person participation of Professor Saidumar Rajabov in this international forum contributes to presenting the experience of the Republic of Tajikistan, expanding scientific cooperation, and strengthening professional dialogue in the field of international humanitarian law.

On September 7, the international scientific conference “Independent Tajikistan - A Link Connecting the Aryan Civilization” was held at the “Kokhi Vahdat” with the participation of the President of the Republic of Tajikistan, Leader of the Nation Honourab

On September 7, the international scientific conference “Independent Tajikistan - A Link Connecting the Aryan Civilization” was held at the “Kokhi Vahdat” with the participation of the President of the Republic of Tajikistan, Leader of the Nation Honourable Emomali Rahmon which was organized to mark the 35th anniversary of the State Independence of the Republic of Tajikistan.

@RustamEmomali

ВОХУРӢ БО КОТИБОНИ ШУРОҲОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ ВА МАСЪУЛОНИ МАҶАЛЛАҲОИ ТАҚРИЗШАВАНДА

Дар ҳошияи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2026 ва бо дастуру супоришҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, 10 июли соли 2026 бо котибони шӯроҳои диссертатсионӣ ва масъулони маҷаллаҳои тақризшавандаи назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохурӣ ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд суханронӣ намуда, ба масъалаҳои риояи талаботи низомномаи шӯроҳои диссертатсионӣ, тартиби дуруст омода намудани ҳуҷҷатҳо ва сари вақт пешниҳод кардани парвандаҳои аттестатсионии довталабони дараҷаҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард.

Зимни вохурӣ таъкид гардид, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои аттестатсионӣ бояд мутобиқи талаботи амалкунандаи низомнома ва дастурамалҳои Комиссияи олии аттестатсионӣ омода ва пешниҳод карда шаванд.

Ҳамзамон масъалаҳои риояи талаботи коргузорӣ дар 13 маҷаллаи тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар назди муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекунанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Масъулон инчунин доир ба тағйироти ахири талаботи маҷаллаҳои тақризшаванда, беҳтар намудани сифати нашрияҳои илмӣ ва густариши ҳамкорӣ бо пойгоҳҳои байналмилалии eLIBRARY.RU ва Scopus мубодилаи афкор намуданд.

 

ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР МАҶЛИСИ ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ ПАНЧАКЕНТ: БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026

Дар маҷлиси фаъолони шаҳри Панҷакент, ки имрӯз бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини аввали раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва фаъолони шаҳр баргузор шуд, натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласа зимни шунидани масъалаи асосии рӯзнома-“Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Панҷакент дар нимсолаи аввали соли 2026”, ки бо он муовини раиси шаҳр Эркин Хушвақтзода баромад кард, нишондиҳандаҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, воридот ба буҷет, роҳу нақлиёт, хидматрасонӣ ва дигари соҳаҳо мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Дар маърӯза, аз ҷумла гуфта шуд, ки нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,7 фоиз иҷро гардидааст.

Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 5108,2 млн сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 1657,7 млн сомонӣ ё 148 фоиз зиёд буда, 21,2 фоизи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати вилояти Суғд ва 12,4 фоизи маҳсулоти саноатии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Шумораи корхонаҳои саноатӣ 4 адад афзуда, ба 61 – адад расонида шудааст.

Ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда 93,2 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 99,7 фоизро ташкил додааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 105 млн. 477,2 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-юм 12 млн сомонӣ зиёд иҷро гардидааст.

Корҳои бунёдкорию ободонӣ ба истиқболи 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфта, ба ин муносибат 1094 иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 110 адад бештар мебошад.

Дар маърӯза ҳамчунин фаъолияти соҳаҳои иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ, шуғли аҳолӣ, кор бо занону ҷавонон, фарҳанг, роҳу нақлиёт, алоқа таҳлил карда шуданд.

Дар ҷараёни баррасӣ аз муовинони раиси шаҳр оид ба фаъолияти соҳаҳои вобасташуда, роҳбарони як қатор корхонаю муассисаҳо пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ислоҳи нуқсонҳои ҷойдошта, тавсеаи корҳои бунёдкорию созандагӣ, иҷрои дастуру супоришҳое, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ташрифҳо ба вилояти Суғд баён доштанд, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ, бо дастовардҳои арзанда истиқбол ва таҷлил намудани ҷашни бузурги 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф карда шуданд.

Дар ҷаласа намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушват суханронӣ намуд.

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ДАР КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ «ХИРАДМАНДОН»-И ҲХДТ ДАР АМИТ

Имрӯз, 6 июл дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти кумита дар нимсолаи аввали соли 2026 мавриди баррасӣ ва ҷамъбаст қарор гирифтанд.

Маҷлиси тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи пешбари сиёсии кишвар дар татбиқи сиёсати созанда, таҳкими давлатдорӣ, рушди илму маориф ва боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеа саҳми назаррас дорад. Қайд гардид, ки Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон» неруи бузурги илмии мамлакатро муттаҳид намуда, фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории амалкунанда, Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин дастуру ҳидоятҳои Раиси Ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондааст.

Дар ҷараёни маҷлис таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон» дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ибтидоии зертобеъ як қатор чорабиниҳои сиёсӣ, маърифатӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро баргузор намуда, дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб саҳми назаррас гузошт.

Зикр шуд, ки дар доираи сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музди меҳнати кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 20 фоиз зиёд гардида, ҳамзамон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон» дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ ба зиёда аз 300 нафар кормандону ниёзмандон кумакҳои моддӣ расонида шуданд.

Дар ҳисоботи пешниҳодшуда ҳамчунин ба масъалаи таҳкими сафи ҳизб таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Қайд карда шуд, ки имрӯз Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон» 510 нафар аъзо дорад, ки аз онҳо 200 нафарро занон ташкил медиҳанд. Танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 90 нафар аъзои нав ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардидаанд, ки ин аз болоравии эътимод ба ҳадафҳо ва барномаҳои ҳизб шаҳодат медиҳад.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон» дар доираи сиёсати иҷтимоӣ ва гендерии Пешвои миллат баҳри баланд бардоштани мақому манзалати занон, ҷалби онҳо ба фаъолияти ҷамъиятӣ ва дастгирии ташаббусҳои созанда тадбирҳои мунтазамро амалӣ намуда, дар ин самт натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст.

Дар фарҷоми маҷлис фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон» дар нимсолаи аввали соли 2026 қаноатбахш арзёбӣ гардида, барои иҷрои вазифаҳои минбаъда ва татбиқи ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас муайян карда шуданд. Ҳамзамон як зумра аз аъзоёни фаъоли ҳизб бо сипоснома ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардонида шуданд.

ТАҲКИМИ ЗАМИНАИ МОДДИВУ ТЕХНИКИИ МУАССИСАҲОИ ИЛМӢ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Имрӯз, 6 июл дар толори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои нави муосир ва фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоид барои фаъолияти олимону муҳаққиқон машварати корӣ баргузор гардид.

Дар кори машварат роҳбарият, масъулини муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, масъулони воҳидҳои сохторӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба рушди инфрасохтори илмӣ, муҷаҳҳазсозии озмоишгоҳҳо бо таҷҳизоти муосир, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва татбиқи технологияҳои навинро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар оғози машварат президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид намуд, ки таҳти сиёсати дурбинона ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди илми ватанӣ ва таҳкими иқтидори илмии кишвар тадбирҳои муассир амалӣ гардида, барои фаъолияти босамари олимону муҳаққиқон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Қайд гардид, ки маҳз таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти кишвар имкон дод, ки солҳои охир дар назди муассисаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳҳои нави муосир таъсис ёфта, онҳо бо таҷҳизоти ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ таъмин гарданд.

Таъкид гардид, ки таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм ба шумор рафта, барои баланд бардоштани сифати таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, рушди фаъолияти инноватсионӣ, татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот ва омода намудани мутахассисони баландихтисос нақши калидӣ дорад.

Дар идомаи машварат масъалаҳои вобаста ба таъсиси озмоишгоҳҳои нави илмӣ, таҷдиду навсозии озмоишгоҳҳои амалкунанда, таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосири илмӣ, истифодаи мақсаднок ва самараноки таҷҳизоти мавҷуда, омода намудани мутахассисони соҳавӣ барои кор бо дастгоҳҳои нав, инчунин ҷалби сармоя ва густариши ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои ватанию хориҷӣ мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, ба роҳбарони муассисаҳои илмӣ ҷиҳати омӯзиши мунтазами талаботи замон, пешниҳоди лоиҳаҳои нав барои таъсиси озмоишгоҳҳои муосир, истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷуда ва вусъат бахшидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар самтҳои афзалиятноки рушди кишвар дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Дар анҷоми машварат таъкид гардид, ки таҳкими минбаъдаи заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир ва муҳайё намудани шароити арзандаи фаъолияти олимону муҳаққиқон яке аз вазифаҳои муҳими Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, татбиқи пайгиронаи ин тадбирҳо барои баланд бардоштани рақобатпазирии илми тоҷик, рушди технологияҳои инноватсионӣ ва саҳмгузории муассисаҳои илмӣ дар пешрафти иҷтимоию иқтисодии мамлакат мусоидат хоҳад кард.

СУХАНРОНИИ НАМОЯНДАИ ИНСТИТУТ ДАР РАДИО

Санаи 6-уми июли соли 2026 ходими пешбари илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҷабборов Фарҳод дар пахши мустақими Радиои Тоҷикистон таҳти мавҷи 107,4 дар бораи Қатъномаи МУ СММ "Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда", солҳои 2027-2036 суханронӣ намуд

РӮЗГОР ВА ОСОРИ УСТОД ОДИНА ҲОШИМ: РӮНАМОИИ КИТОБИ “НОБИҒАИ АСР”

Имрӯз, 17 июн дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти Ҳофизи халқии Тоҷикистон, фалаксарои шаҳир устод Одина Ҳошим конференсияи илм-амалӣ таҳти унвони “Рӯзгор ва осори устод Одина Ҳошим” баргузор гардид. Дар конфронс китоби тозанашр зери унвони “Нобиғаи аср” рӯнамоӣ гардид.

Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки устод Одина Ҳошим аз зумраи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангу ҳунари миллӣ маҳсуб ёфта, бо овози дилнишин, истеъдоди нотакрор ва хизматҳои арзандааш дар рушди санъати фалак ҷойгоҳи хоса дар таърихи фарҳанги тоҷик соҳиб гардидааст.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш зикр дошт, ки дар даврони истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо иқдоми нек ва ташаббусҳои арзишманди таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду соҳаи илму фарҳанг ва маориф ғамхорӣ ва дастгирии беназир зоҳир мегардад.

Таъкид гардид, ки дар натиҷаи ҳамин дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, ба хотири тақвияти эҳсоси худшиносӣ ва ифтихор аз мероси арзишманди фарҳанги миллат мусиқии ҳазорсолаи халқи тоҷик Шашмақом ва Фалак эҳё гардиданд ва дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби ЮНЕСКО эътироф шуданд.

Зикр гардид, ки зимни амалӣ гардидани сиёсати хирадман-донаи Президенти муаззами кишвар дар соҳаи фарҳанг, эҷодиёти шахсиятҳои бузурги соҳаи мусиқии миллӣ мавриди эҳё ва таҳқиқи ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Аз ҷумлаи онҳо номи устоди фалаксаро, бастакор ва сарояндаи хушовози тоҷик Одина Ҳошимов мавқеи хос ва манзалати бузургро соҳиб аст.

Гуфта шуд, ки дар ниҳодҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷараёни рушди соҳаи адабиёт ва санъат, аз ҷумла таҳқиқи мукаммали ҳаёт ва эҷодиёти ашхоси мондагор фаолона ба роҳ монда шудааст. Ин навбат рӯзгор ва осори яке аз бузургтарин сарояндагони суруду таронаҳои миллӣ, аз ҷумла фалаксароӣ, устод Одина Ҳошим ва муаррифии китоби “Нобиғаи аср” дар конфронси мазкур мавриби баррасӣ хоҳад гардид.

Қайд гардид, ки симои эҷодӣ, мероси бузурги ҳунарӣ ва саҳми беандоза фаровони Устод Одина Ҳошимовро ба назар гирифта Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои дастраси аҳли адабу фарҳанг қарор гирифтани падидаҳои нодири эҷодиёти ин муғаннии нодир таҳқиқоти мукаммалеро ба анҷом расонад. Имрӯз ҷилди аввали осори мусиқии Одина Ҳошим аз ҷониби кормандони шуъбаи санъатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳия ва нашр гардид, ки фарогири очерки тарҷимаиҳолӣ, таҳқиқи оҳангҳо ва маҷмуаи нотаҳои эҷод намудаи устод Одина Ҳошимов аст.

Иброз гардид, ки устод Одина Ҳошим, ҳамчун офарандаи зиёда аз дусад оҳанги нодир бар ашъори классикони адабиёти тоҷику форс ва шоирони муосир, ҳам дар байни мардум ва ҳам дар миёни аҳли илму адаб аз обрӯву нуфузи баланд бархӯрдор буд. Ӯ бо шоирону олимон, ходимони илму маориф дӯстии наздик дошт, дар маҳфилҳои аҳли адаб чароғи маҷлис буд, бо онҳо шеърхонӣ мекард, дар баҳсҳои ирфонӣ дар радифи муҳаққиқони назму наво бо дониши комил иштирок мекард.

Дар идома мушовири калони Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулозода Масрур таъкид кард, ки устод Одина Ҳошим яке аз чеҳраҳои мондагори фарҳангу ҳунари тоҷик буда, бо истеъдоди фитрӣ ва маҳорати волои ҳунарии худ дар рушду тарғиби санъати миллии тоҷикон саҳми арзишманд гузоштааст. Зикр намуд, ки мероси эҷодии ин ҳунарманди мардумӣ ҳамчун ганҷинаи бебаҳои фарҳанги миллӣ барои наслҳои имрӯзу оянда хизмат намуда, омӯзиш, ҳифз ва муаррифии он вазифаи муҳими аҳли фарҳанг ва ҷомеаи кишвар ба шумор меравад.

Инчунин, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Фаридун Толиб дар суханронии хеш зикр намуд, ки устод Одина Ҳошим аз ҷумлаи нодиртарин намояндагони санъати тоҷик ба шумор рафта, бо эҷодиёти ғанӣ ва саҳми назарраси худ дар рушди санъати фалак ва мусиқии миллӣ мақоми шоиста касб намудааст. Зикр гардид, ки маҳз тавассути истеъдоди баланд ва меҳри беандоза ба фарҳанги миллӣ ӯ тавонист анъанаҳои асили ҳунари мардумиро ҳифз намуда, ба наслҳои оянда мероси гаронбаҳо ба ёдгор гузорад. Таъкид шуд, ки гиромидошти номи чунин шахсиятҳои барҷаста ва омӯзиши осори онҳо барои рушди фарҳанги миллӣ ва таҳкими ҳувияти фарҳангии ҷомеа аҳаммияти бузург дорад.

Дар фарҷоми конфронс шогирдон ва фарзандони устод Одина Ҳошим намунаҳо аз осори мусиқии ӯро иҷро намуданд. Бояд гуфт, ки иҷрои сурудҳои маъруфи устод ба ҷараёни ҳамоиш мазмуну муҳтавои бештар бахшида, аз ҷойгоҳи баланди мероси эҷодии ин ҳунарманди шинохта дар фарҳанги миллӣ шаҳодат дод.

Subscribe to Навид

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст