ВОХУРӢ БО КОТИБОНИ ШУРОҲОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ ВА МАСЪУЛОНИ МАҶАЛЛАҲОИ ТАҚРИЗШАВАНДА
Дар ҳошияи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2026 ва бо дастуру супоришҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, 10 июли соли 2026 бо котибони шӯроҳои диссертатсионӣ ва масъулони маҷаллаҳои тақризшавандаи назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохурӣ ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд суханронӣ намуда, ба масъалаҳои риояи талаботи низомномаи шӯроҳои диссертатсионӣ, тартиби дуруст омода намудани ҳуҷҷатҳо ва сари вақт пешниҳод кардани парвандаҳои аттестатсионии довталабони дараҷаҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард.
Зимни вохурӣ таъкид гардид, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои аттестатсионӣ бояд мутобиқи талаботи амалкунандаи низомнома ва дастурамалҳои Комиссияи олии аттестатсионӣ омода ва пешниҳод карда шаванд.
Ҳамзамон масъалаҳои риояи талаботи коргузорӣ дар 13 маҷаллаи тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар назди муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекунанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Масъулон инчунин доир ба тағйироти ахири талаботи маҷаллаҳои тақризшаванда, беҳтар намудани сифати нашрияҳои илмӣ ва густариши ҳамкорӣ бо пойгоҳҳои байналмилалии eLIBRARY.RU ва Scopus мубодилаи афкор намуданд.