Skip to main content

АҲАМИЯТИ ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИБНИ СИНО ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ИЛМИ ТОҶИК

Имрӯз, 18 август дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Аҳамияти ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино дар шинохт ва муаррифии илми тоҷик» баргузор гардид.

Конференсия бо ташаббуси Маркази Синошиносии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва баргузор гардида, ба омӯзишу баррасии аҳамияти илмӣ, фарҳангӣ ва байналмилалии ҷоизаи ба номи Абуалӣ ибни Сино, инчунин нақши осори илмӣ ва фалсафии ин мутафаккири бузурги тоҷик дар рушди илми ҷаҳонӣ бахшида шуд.

Ҳадафи асосии конференсия муаррифии мақоми Абуалӣ ибни Сино дар таърихи илму фарҳанги тоҷик, омӯзиши мероси илмӣ ва фалсафии ӯ, инчунин таҳлили нақши ҷоизаи байналмилалии ба номи Ибни Сино дар муаррифии дастовардҳои илми тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Конференсия бо сухани ифтитоҳии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт оғоз гардид. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки мероси илмӣ ва фалсафии Абуалӣ ибни Сино яке аз дастовардҳои бузурги тамаддуни тоҷикон ва сарвати маънавии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Ибни Сино бо осори фарогири худ дар рушди тиб, фалсафа, мантиқ, табиатшиносӣ, астрономия ва дигар соҳаҳои илм саҳми беназир гузошта, номи худро дар таърихи илми ҷаҳонӣ абадӣ гардонидааст.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки дар шароити рушди босуръати илму технология ва густариши ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ муаррифии чеҳраҳои барҷастаи илмии миллат аҳамияти хосса дорад. Ба таъкиди ӯ, ҷоизаи байналмилалии ба номи Ибни Сино на танҳо арҷгузорӣ ба хизматҳои илмии ин мутафаккири бузург, балки воситаи муҳимми муаррифии иқтидори илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки омӯзиши мероси Ибни Сино бояд барои насли ҷавон ҳамчун намунаи садоқат ба дониш, маърифат ва хидмат ба ҷомеа хизмат намояд.

Сипас директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Н.Д. суханронӣ намуда, баргузории конференсияро қадами муҳим дар самти омӯзиш ва тарғиби мероси илмӣ-фалсафии Абуалӣ ибни Сино арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки Ибни Сино ҳамчун донишманди энсиклопедӣ дар таърихи тамаддуни башарӣ мақоми хосса дошта, андешаҳои ӯ дар давраҳои гуногун мавриди омӯзиши олимони Шарқу Ғарб қарор гирифтаанд.

Дар суханронӣ зикр гардид, ки таҳқиқи осори Ибни Сино танҳо омӯзиши таърихи илм набуда, балки шинохти яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои рушди тафаккури илмӣ ва фалсафии тоҷикон мебошад. Ба гуфтаи профессор Маҳмадизода Н.Д. вазифаи муҳаққиқони муосир аз он иборат аст, ки мероси Ибни Синоро бо истифода аз дастовардҳои нави илмӣ таҳқиқ намуда, арзиши воқеии онро ба ҷомеаи илмии кишвар ва ҷаҳон муаррифӣ намоянд.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки ҷоизаи байналмилалии ба номи Ибни Сино метавонад ҳамчун омили таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, ҷалби таваҷҷуҳи муҳаққиқони хориҷӣ ба мероси илмии тоҷикон ва баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар фазои илмии байналмилалӣ хизмат намояд.

Дар қисми пленарии конференсия олимону муҳаққиқони соҳаҳои гуногуни илм бо маърузаҳои илмӣ баромад карданд. Аз ҷумла, доктори илмҳои сотсиологӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Муҳаммад А.Н. дар мавзуи «Ибни Сино: мақом ва афкори сиёсии ӯ дар ҷомеа» суханронӣ намуда, масъалаҳои мақоми иҷтимоӣ ва андешаҳои сиёсии мутафаккирро мавриди таҳлил қарор дод.

Доктори илмҳои фалсафа, профессор Зиёӣ Х.М. дар мавзуи «Хайём ва Ибни Сино» баромад намуда, робита ва умумиятҳои андешавии ду чеҳраи барҷастаи илму фарҳанги тоҷикро баррасӣ намуд. Доктори илмҳои фалсафа, профессор Раҳимов М.Ҳ. бошад, дар мавзуи «Ибни Сино ва Ренессанси Ғарбӣ» андешаҳои илмии худро баён кард.

Ҳамчунин, маърузаи номзади илмҳои физикаю математика Ризои Б. ба масъалаи бозсозии дастгоҳи нодири астрономии зовиясанҷи Ибни Сино дар Расадхонаи Исфаҳон бахшида шуда, дар он имкониятҳои омӯзиши мероси илмии мутафаккир дар асоси дастхати «Мақола фи-т-тариқ-ал-лазӣ асаруҳу ало соири-т-туруқ фи иттихоз олот-ар-расадия»-и Донишгоҳи Лейден мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Доктори илмҳои фалсафа, профессор Султонзода С.А. дар мавзуи «Нақши файласуфону шарқшиносони фаронсавӣ дар омӯзиши илмии фалсафаи Ибни Сино» баромад намуда, саҳми муҳаққиқони хориҷиро дар таҳқиқи мероси фалсафии Абуалӣ ибни Сино арзёбӣ кард.

Дар идомаи конференсия ходими пешбари илмии Маркази Синошиносӣ Махшулов М. дар мавзуи «Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ибни Сино дар соҳаи тиб ва рушди худшиносии миллӣ» суханронӣ кард. Доктори илмҳои фалсафа, профессор Худойдодзода Ф.Б. масъалаи «Саҳми Абу Алӣ ибни Сино дар рушди илми мантиқ»-ро мавриди таҳлил қарор дод.

Ҳамзамон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Самиев Б.Ҷ. дар мавзуи «Муқоисаи андешаҳои астрономии Аҳмади Дониш ва Ибни Сино» баромад намуда, андешаҳои астрономии ин мутафаккиронро дар асоси асарҳои «ал-Мунзир ал-кавокиб»-и Аҳмади Дониш ва «ал-Ҳайъат»-и Ибни Сино муқоиса намуд.

Номзади илмҳои фалсафа Рамазониён А.Б. дар мавзуи «Робитаи нафс бо мусиқӣ дар таълимоти Ибни Сино» суханронӣ намуда, яке аз ҷанбаҳои ҷолиби таълимоти фалсафӣ ва равоншиносии мутафаккирро мавриди омӯзиш қарор дод.

Дар идомаи кори конференсия миёни иштирокчиён музокирот баргузор гардида, масъалаҳои марбут ба омӯзиши мероси илмӣ ва фалсафии Ибни Сино, аҳаммияти ҷоизаи байналмилалии ба номи ӯ ва роҳҳои муаррифии бештари дастовардҳои илми тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми конференсия натиҷаҳои кори ҳамоиш ҷамъбаст карда шуданд. Конференсия ҳамчун майдони муҳимми илмӣ барои омӯзиши ҳамаҷонибаи мероси Абуалӣ ибни Сино, таҳлили саҳми ӯ дар рушди соҳаҳои гуногуни илм ва муаррифии дастовардҳои илми тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ саҳми муҳим гузошта, барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, рушди синошиносӣ ва баланд бардоштани таваҷҷуҳи ҷомеаи илмии дохиливу хориҷӣ ба мероси илмии тоҷикон заминаи мусоид фароҳам овард.

26 - НАФАР ЗИНАИ МАГИСТРАТУРАРО ДАР АМИТ БО ДИПЛОМИ АЪЛО ХАТМ НАМУДАНД

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар заминаи сиёсати илмпарварона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмӣ, тарбияи мутахассисони ҷавон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки тайёр намудани кадрҳои дорои донишҳои муосир, қобилияти таҳқиқотӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ин раванд зинаи таҳсилоти магистратура ҳамчун марҳилаи муҳими омодагии мутахассисони ҷавон ба фаъолияти минбаъдаи илмӣ нақши муассир дорад.

Имрӯз, 17 август дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими супоридани дипломҳои хатм ба магистрантоне, ки таҳсилро бомуваффақият ба анҷом расонидаанд, баргузор гардид. Дар ҷараёни чорабинӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба 26 нафар хатмкунандагони зинаи таҳсилоти магистратура дипломҳои аъло супориданд.

Қобили зикр аст, ки соли 2026 муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар маҷмӯъ 113 нафар хатм намуданд. Аз ин шумора 26 нафар таҳсилоти магистратураро бо натиҷаҳои баланд ва дипломи аъло ҷамъбаст карданд.

40 НУСХА АСАР БАРОИ КИТОБХОНАИ ИНСТИТУТ ТАҚДИМ КАРДА ШУД

123124Муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор — Сангинзода Дониёр Шомаҳмад 40 нусха асарҳои арзишманди илмӣ ва таълимии худро ба китобхонаи Институт эҳдо намуданд.

Ҳамаи муҳаққиқон, аспирантон ва тадқиқотчиёни ҷавонро барои истифода аз ин сарчашмаҳои нави илмӣ ба китобхонаи Институт даъват менамоем!

ТАҚДИМИ 20 НУСХА АЗ АСАРҲОИ ИЛМӢ БА КИТОБХОНАИ ИНСТИТУТИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ

Санаи 17 августи соли 2026 — Абдуҷалилов Абдуҷабор, мудири шуъбаи илмҳои ҳуқуқи хусусии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор ба китобхонаи институт 20 нусха аз асарҳои илмии худро тақдим намуд.

Ин асарҳо дар рушди илми ҳуқуқшиносии Тоҷикистон, махсусан дар соҳаи танзими ҳуқуқии муносибатҳои шабакаи Интернет саҳми арзанда дошта, барои муҳаққиқон, омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ҳамчун манбаи пурарзиши илмӣ хизмат мекунанд.

СУХАНРОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ИНСТИТУТ ДАР РАДИО

17 августи соли 2026 ходими пешбари илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҷабборов Ф.Н. ва ходими калони илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти мазкур Давлатмуродзода Б.Д. дар барномаи сиёсии «Тафаккури созанда» дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ» бо ровии барнома Фазилати Иброҳим дар пахши мустақими радиои «Тоҷикистон» мусоҳиба анҷом доданд.

Зимни суҳбат нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, мазмуну аҳаммияти мафҳумҳои ватандорӣ ва худшиносӣ барои насли ҷавон, саҳми ҷавонон дар рушди илм, техника, маориф ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар даврони соҳибистиқлолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин, иштирокчиёни барнома андешаҳои худро оид ба моҳияти Истиқлолият аз нигоҳи ҷавонон, дастовардҳои насли ҷавон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ва аҳаммияти сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат дар фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, илмомӯзӣ, ташаббускорӣ, худшиносии миллӣ ва иштироки фаъоли ҷавонон дар рушди давлат баён намуданд.

Дар анҷом таъкид гардид, ки ҷавонон неруи созанда, идомадиҳандаи роҳи давлатдории миллӣ ва яке аз такягоҳҳои муҳими ҳифзу таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб мераванд.

СУХАНРОНИИ НАМОЯНДАИ ИНСТИТУТ ДАР ТЕЛЕВИЗИОНИ "ТОҶИКИСТОН"

Санаи 14 августи соли 2026 дар студияи Телевизиони Тоҷикистон барномаи "Аз паём то паём" муфассал оид ба Эълон гардидани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» баргузор гардид. Дар ин мусоҳиба аз ҷониби Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзода Дониёр Шомаҳмад иштирок ва суханронӣ намуд.

Муҳимтарин нуктаҳои суханронӣ:
Image removed. Таҷрибаимуваффақи Тоҷикистон дар гузаронидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» (2024) ҳамчун намуна барои дигар кишварҳо пешниҳод шудааст;
Image removed. Эълон гардидани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ;
Image removed. Нақши Созмони Миллали Муттаҳид ва кишварҳои аъзо дар ҳифзи ҳуқуқи инсон;
Image removed. Аҳамияти татбиқи ҳадафҳои ин сол дар пешгирии низоъҳои ҷаҳонӣ ва бартараф намудани фишорҳои сиёсӣ;
Image removed. Огоҳии ҳуқуқӣ дар мубориза бо ифротгароӣ ва амалҳои ғайриқонунӣ.

Институти давлат ва ҳуқуқ ҳамчун як муассисаи илмӣ дар тарғиби чунин арзишҳои умумибашарӣ ва татбиқи онҳо дар ҷомеа саҳмгузор аст.

СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКА

Имрӯз дар барномаи мустақими «Гуфтугӯ»-и Радиои «Ховар» (FM 101.5) бо хабарнигор Хуршеди Ховар мавзӯи «35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасии амиқи илмиву таҳлилӣ қарор гирифт. Дар барномаи мазкур муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Дониёр Сангинзода ҳамчун меҳмони барнома ва коршинос суханронӣ намуд.

Нуктаҳои асосии суҳбат:

  • Дастовардҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ. Нақши таърихии Истиқлоли давлатӣ дар таҳкими пойдевори соҳибихтиёрӣ, қабули Конститутсия ва ташаккули системаи муосири қонунгузории кишвар.

  • Пешрафти илми ҳуқуқшиносӣ. Саҳми муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ дар таҳқиқи масъалаҳои давлатдории миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон.

  • Нақши Пешвои миллат. Аҳамияти ташаббусҳо ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини суботи сиёсӣ ва рушди устувори ҷомеа.

Дар охир қайд гардид, ки 35 соли Истиқлоли давлатӣ заминаи мустаҳкамеро барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешрафти ҳамаҷонибаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ фароҳам овард.

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ИНСТИТУТ ДАР СЕМИНАРИ ИЛМИЮ МАЪРИФАТИИ «АМОНАТБОНК»

Санаи 12-уми августи соли 2026 дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”» семинари илмию маърифатӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар кори семинар муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзода Дониёр Шомаҳмад иштирок ва суҳанронӣ намуд.

Маърузаи профессор Дониёр Сангинзода ба мавзуи «Таҳлили илмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар раванди баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳувияти миллии аҳолӣ» бахшида шуд.

Дар ҷараёни семинар нуктаҳои зерин мавриди баррасии амиқи илмиву ҳуқуқӣ қарор гирифтанд:

  • Ислоҳоти қонунгузорӣ ва талаботи замон. Аҳамияти нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар таҳкими пойдевори оила ва ҷомеа.

  • Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ. Вазифаҳои мақомоти давлатӣ, муассисаҳои молиявиву соҳавӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар тарғибу ташвиқи муассири ахлоқу ҳуқуқ миёни аҳолӣ.

  • Таҳкими ҳувияти миллӣ. Нақши таълиму тарбияи дурусти насли ҷавон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирии хатарҳои мафкуравии замони муосир.

Ҳамоиши мазкур дар фазои озоди илмӣ гузашта, иштирокчиён ва кормандони «Амонатбонк» ба саволҳои худ посухҳои мушаххаси ҳуқуқӣ гирифтанд.

 

Subscribe to Навид

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст