АҲАМИЯТИ ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИБНИ СИНО ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ИЛМИ ТОҶИК
Имрӯз, 18 август дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Аҳамияти ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино дар шинохт ва муаррифии илми тоҷик» баргузор гардид.
Конференсия бо ташаббуси Маркази Синошиносии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва баргузор гардида, ба омӯзишу баррасии аҳамияти илмӣ, фарҳангӣ ва байналмилалии ҷоизаи ба номи Абуалӣ ибни Сино, инчунин нақши осори илмӣ ва фалсафии ин мутафаккири бузурги тоҷик дар рушди илми ҷаҳонӣ бахшида шуд.
Ҳадафи асосии конференсия муаррифии мақоми Абуалӣ ибни Сино дар таърихи илму фарҳанги тоҷик, омӯзиши мероси илмӣ ва фалсафии ӯ, инчунин таҳлили нақши ҷоизаи байналмилалии ба номи Ибни Сино дар муаррифии дастовардҳои илми тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Конференсия бо сухани ифтитоҳии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт оғоз гардид. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки мероси илмӣ ва фалсафии Абуалӣ ибни Сино яке аз дастовардҳои бузурги тамаддуни тоҷикон ва сарвати маънавии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Ибни Сино бо осори фарогири худ дар рушди тиб, фалсафа, мантиқ, табиатшиносӣ, астрономия ва дигар соҳаҳои илм саҳми беназир гузошта, номи худро дар таърихи илми ҷаҳонӣ абадӣ гардонидааст.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки дар шароити рушди босуръати илму технология ва густариши ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ муаррифии чеҳраҳои барҷастаи илмии миллат аҳамияти хосса дорад. Ба таъкиди ӯ, ҷоизаи байналмилалии ба номи Ибни Сино на танҳо арҷгузорӣ ба хизматҳои илмии ин мутафаккири бузург, балки воситаи муҳимми муаррифии иқтидори илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки омӯзиши мероси Ибни Сино бояд барои насли ҷавон ҳамчун намунаи садоқат ба дониш, маърифат ва хидмат ба ҷомеа хизмат намояд.
Сипас директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Н.Д. суханронӣ намуда, баргузории конференсияро қадами муҳим дар самти омӯзиш ва тарғиби мероси илмӣ-фалсафии Абуалӣ ибни Сино арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки Ибни Сино ҳамчун донишманди энсиклопедӣ дар таърихи тамаддуни башарӣ мақоми хосса дошта, андешаҳои ӯ дар давраҳои гуногун мавриди омӯзиши олимони Шарқу Ғарб қарор гирифтаанд.
Дар суханронӣ зикр гардид, ки таҳқиқи осори Ибни Сино танҳо омӯзиши таърихи илм набуда, балки шинохти яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои рушди тафаккури илмӣ ва фалсафии тоҷикон мебошад. Ба гуфтаи профессор Маҳмадизода Н.Д. вазифаи муҳаққиқони муосир аз он иборат аст, ки мероси Ибни Синоро бо истифода аз дастовардҳои нави илмӣ таҳқиқ намуда, арзиши воқеии онро ба ҷомеаи илмии кишвар ва ҷаҳон муаррифӣ намоянд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки ҷоизаи байналмилалии ба номи Ибни Сино метавонад ҳамчун омили таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, ҷалби таваҷҷуҳи муҳаққиқони хориҷӣ ба мероси илмии тоҷикон ва баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар фазои илмии байналмилалӣ хизмат намояд.
Дар қисми пленарии конференсия олимону муҳаққиқони соҳаҳои гуногуни илм бо маърузаҳои илмӣ баромад карданд. Аз ҷумла, доктори илмҳои сотсиологӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Муҳаммад А.Н. дар мавзуи «Ибни Сино: мақом ва афкори сиёсии ӯ дар ҷомеа» суханронӣ намуда, масъалаҳои мақоми иҷтимоӣ ва андешаҳои сиёсии мутафаккирро мавриди таҳлил қарор дод.
Доктори илмҳои фалсафа, профессор Зиёӣ Х.М. дар мавзуи «Хайём ва Ибни Сино» баромад намуда, робита ва умумиятҳои андешавии ду чеҳраи барҷастаи илму фарҳанги тоҷикро баррасӣ намуд. Доктори илмҳои фалсафа, профессор Раҳимов М.Ҳ. бошад, дар мавзуи «Ибни Сино ва Ренессанси Ғарбӣ» андешаҳои илмии худро баён кард.
Ҳамчунин, маърузаи номзади илмҳои физикаю математика Ризои Б. ба масъалаи бозсозии дастгоҳи нодири астрономии зовиясанҷи Ибни Сино дар Расадхонаи Исфаҳон бахшида шуда, дар он имкониятҳои омӯзиши мероси илмии мутафаккир дар асоси дастхати «Мақола фи-т-тариқ-ал-лазӣ асаруҳу ало соири-т-туруқ фи иттихоз олот-ар-расадия»-и Донишгоҳи Лейден мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Доктори илмҳои фалсафа, профессор Султонзода С.А. дар мавзуи «Нақши файласуфону шарқшиносони фаронсавӣ дар омӯзиши илмии фалсафаи Ибни Сино» баромад намуда, саҳми муҳаққиқони хориҷиро дар таҳқиқи мероси фалсафии Абуалӣ ибни Сино арзёбӣ кард.
Дар идомаи конференсия ходими пешбари илмии Маркази Синошиносӣ Махшулов М. дар мавзуи «Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ибни Сино дар соҳаи тиб ва рушди худшиносии миллӣ» суханронӣ кард. Доктори илмҳои фалсафа, профессор Худойдодзода Ф.Б. масъалаи «Саҳми Абу Алӣ ибни Сино дар рушди илми мантиқ»-ро мавриди таҳлил қарор дод.
Ҳамзамон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Самиев Б.Ҷ. дар мавзуи «Муқоисаи андешаҳои астрономии Аҳмади Дониш ва Ибни Сино» баромад намуда, андешаҳои астрономии ин мутафаккиронро дар асоси асарҳои «ал-Мунзир ал-кавокиб»-и Аҳмади Дониш ва «ал-Ҳайъат»-и Ибни Сино муқоиса намуд.
Номзади илмҳои фалсафа Рамазониён А.Б. дар мавзуи «Робитаи нафс бо мусиқӣ дар таълимоти Ибни Сино» суханронӣ намуда, яке аз ҷанбаҳои ҷолиби таълимоти фалсафӣ ва равоншиносии мутафаккирро мавриди омӯзиш қарор дод.
Дар идомаи кори конференсия миёни иштирокчиён музокирот баргузор гардида, масъалаҳои марбут ба омӯзиши мероси илмӣ ва фалсафии Ибни Сино, аҳаммияти ҷоизаи байналмилалии ба номи ӯ ва роҳҳои муаррифии бештари дастовардҳои илми тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми конференсия натиҷаҳои кори ҳамоиш ҷамъбаст карда шуданд. Конференсия ҳамчун майдони муҳимми илмӣ барои омӯзиши ҳамаҷонибаи мероси Абуалӣ ибни Сино, таҳлили саҳми ӯ дар рушди соҳаҳои гуногуни илм ва муаррифии дастовардҳои илми тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ саҳми муҳим гузошта, барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, рушди синошиносӣ ва баланд бардоштани таваҷҷуҳи ҷомеаи илмии дохиливу хориҷӣ ба мероси илмии тоҷикон заминаи мусоид фароҳам овард.
Муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор — Сангинзода Дониёр Шомаҳмад 40 нусха асарҳои арзишманди илмӣ ва таълимии худро ба китобхонаи Институт эҳдо намуданд.