Skip to main content

ВОХӮРИИ ТАРБИЯВИВУ МАЪРИФАТӢ ДАР ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ СОХТМОНИ ШАҲРИ ХУҶАНД

Дар Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Хуҷанд бо иштироки устодон ва толибилмон вохӯрии маърифативу таблиғотӣ баргузор гардид. Зимни вохурӣ мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Бобоҷонзода И. Ҳ. ва сарходими илмии ҳамин шуъба, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Қодирзода Т.Қ. баромад намуда, масъалаҳои зеринро мавриди баррасӣ қарор доданд:

1. Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ (31 августи соли 2026).

2. Таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва нақши таърихии соҳибистиқлолӣ дар созандагиву ободонии кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили ҷавонон.

3. Мазмуну моҳияти Конститутсия ва аҳамияти риояи қонунгузории кишвар, арҷгузорӣ ба арзишҳои олии ҳуқуқӣ ва масъулияти ҷавонон дар ҳифзи сохтори конститутсионӣ.

4. Амалишавии «Барномаи таълиму тарбияи шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2030».

Иштирокчиёни вохӯрӣ таъкид доштанд, ки толибилмон бояд бо истифода аз имкониятҳои муҳайёкардашуда касбҳои муосири сохтмониро омӯхта, дар ободонии Тоҷикистони азиз ҳиссаи сазовори худро гузоранд.

Иштироки ОЛИМИ Институт дар ҷаласаи раёсати Кумитаи сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон

17 сентябри соли 2026 ҷаласаи навбатии раёсати Кумитаи сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он узви раёсати Кумита, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҷабов Саидумар Одинаевич иштирок ва баромад намуд.

Дар рафти ҷаласа профессор С. Раҷабов роҷеъ ба таҷлили ботантана ва сазовори 21 сентябр – Рӯзи умумиҷаҳонии сулҳ як силсила пешниҳодҳои аҳамиятнок ва созандаро ироа дошт.

Мавсуф зимни баромади хеш аҳамияти таърихии Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери номи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036»-ро махсус таъкид кард. Ёдовар бояд шуд, ки ин ташаббуси оламшумул ва фарҳангпарварона бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 июни соли ҷорӣ аз ҷониби МУ СММ якдилона ба қабул расида буд.

ҶАЛАСАИ МАШВАРАТӢ БО КОТИБОНИ ИЛМИИ ШУРОҲОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ

Имрӯз, 18 сентябр дар маҷлисгоҳи Раёсати тайёр кардани кадрҳои илмии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки котибони илмии шуроҳои диссертатсионии назди муассисаҳои зертобеи АМИТ ҷаласаи машваратӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа сардори Раёсати тайёр кардани кадрҳои илмии АМИТ Қосимзода С.С. ва мудири бахши аспирантура, докторантура ва унвонҷӯӣ Аҳмадзода Ф.М. баромад намуда, ба ҳозирин доир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.08.2026, №591 дар бораи Низомномаи шуроҳои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, Тартиби додани унвонҳои илмӣ ва Тартиби бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда маълумоти мушаххас пешниҳод намуданд.

Қайд намуданд, ки айни замон диссертатсияи довталабони дараҷаҳои илмӣ дар 18 шуроҳои диссертатсионии назди муассисаҳои зертобеи АМИТ мавриди баррасӣ қарор гирифта истодаанд. Бо мақсади риояи талаботҳои муқарраршуда ташкили чунин вохӯриҳо аз манфиат холӣ набуда, котибони илмии шуро тартиби дуруст таҳия намудани парвандаҳои аттестатсиониро меомӯзанд.

Зимни баргузории ҷаласа котибони илмии шуроҳо ба саволҳои худ посухҳои дақиқ гирифта, қайд намуданд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои техникии қаблан ҷой дошта чораҳои заруриро меандешанд.

БАРОМАДИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТ ДАР ТРЕНИНГИ «ҚОНУНГУЗОРӢ ВА ҲУҚУҚИ ИНСОН: БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ ҲАМЧУН АСОСИ ҶОМЕАИ ОДИЛОНА» ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

16 сентябри соли 2026 дар шаҳраки Айнӣ ноҳияи Айнии вилояти Суғд тренинги интерактивӣ таҳти унвони «Қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон: баробарии гендерӣ ҳамчун асоси ҷомеаи одилона» баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар ҳошияи омодагӣ ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ – 2027 доир гардида, ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва тавсеаи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон равона карда шуд. Дар чорабинии мазкур намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия, омӯзгорону, хонандагони синфҳои болоӣ, мураббияҳои боғчаҳои бачагона, китобхонаи ноҳиявӣ ва ғайра иштиро карданд.

Дар тренинг Ҷабборов Ф.Н. – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ходими пешбари илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Матробиён М.Х. – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ходими илмии шуъбаи масоили мубрами илмҳои ҳуқуқи конститутсионии Институти мазкур иштирок ва бо маърӯзаҳои илмӣ-амалӣ баромад намуданд.

Зимни суханронӣ Ҷабборов Ф.Н. масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон ва принсипи баробарӣ дар назди қонун, ҷойгоҳи шаъну шарафи инсон дар низоми ҳуқуқӣ, манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз, баробарҳуқуқии занону мардон ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои амалисозии ҳуқуқу озодиҳои инсонро мавриди баррасӣ қарор дод. Таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, инчунин баробарҳуқуқии мардону занонро кафолат медиҳад.

Дар баромад ҳамчунин ба масъалаи фарқи байни баробарии ҳуқуқӣ ва баробарии воқеии имкониятҳо, пешгирӣ ва бартараф намудани қолабҳои гендерӣ, таъмини имкониятҳои баробар дар таҳсил, меҳнат, муносибатҳои оилавӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Зикр шуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ яке аз омилҳои муҳими пешгирии поймолшавии ҳуқуқ, коҳиш додани табъиз ва ташаккули фарҳанги эҳтиром ба шаъну шарафи инсон мебошад.

Матробиён М.Х. дар доираи сессияи махсус масъалаҳои баробарии гендерӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, имкониятҳои баробари занону мардон дар оила, таҳсил, меҳнат ва ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин пешгирии зӯроварӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро шарҳу тавзеҳ дод.

Дар ҷараёни чорабинӣ бо ифтихори баланди ватандорӣ ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими маърифати ҳуқуқӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Қайд карда шуд, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи эълон гардидани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ ба минбари Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардида, минбаъд Маҷмаи Умумии СММ соли 2027-ро Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ эълон намуд.

Ин ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон бозгӯи таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ба таҳкими волоияти қонун, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва тавсеаи дастрасии шаҳрвандон ба донишҳои ҳуқуқӣ мебошад. Дар ин замина, баргузории чунин чорабиниҳои омӯзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат метавонад барои расонидани донишҳои ҳуқуқӣ ба аҳолӣ ва ташаккули муносибати масъулона ба ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандӣ мусоидат намояд.

Дар анҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки эҳтиром ба қонун, ҳифзи шаъну шарафи инсон, баробарии ҳуқуқу имкониятҳо ва масъулияти шаҳрвандӣ аз заминаҳои муҳими таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд, суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор мераванд.

ВОХӮРИИ СУДМАНДИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ХУҶАНД

Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён вохӯрии маърифативу тарбиявӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Бобоҷонзода И. Ҳ. ва сарходими илмии ҳамин шуъба, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Қодирзода Т.Қ. баромад намуда, доир ба мавзӯъҳои муҳими ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар андешаронӣ карданд. Аз ҷумла, зимни баромадҳо масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва таҳлили амиқ қарор гирифтанд:

  • Дастовардҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ: Таъкид гардид, ки соҳибистиқлолӣ заминаи асосии пешрафти ҳамаҷонибаи кишвар, аз ҷумла соҳаи маориф ва илм гардид.

  • Арзишҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: Хусусияти ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявии давлат, инчунин кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун омили муҳими пойдории ҷомеа шарҳ дода шуд.

  • Амалишавии Барномаи таълиму тарбия барои солҳои 2020–2030: Нақши барнома дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ таъкид гардид.

  • Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ: Нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ва дигар санадҳои қонунгузорӣ, ки самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи маориф ва ҷавононро фаро мегиранд, мавриди аҳамияти махсус қарор гирифтанд.

НАШРИ ВОСИТАИ НАВИ ТАЪЛИМӢ БА ИФТИХОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Аз ҷониби муҳаққиқону ҳуқуқшиносони варзидаи кишвар — доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Тағойназаров Ш. Т., доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ Бобоҷонзода И. Ҳ. ва унвонҷӯи кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Қурбонзода Ш. Ш. воситаи нави таълимӣ таҳти унвони «Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ дар ҳуқуқи мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нашр расид.

Нашри ин асари арзишманди илмӣ ба муносибати арҷгузорӣ ва ҷашни фархундаи 35-солагии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба субот расидааст.

11  2

МУАРРИФИИ ДУ ШУРОИ НАВИ ДИССЕРТАТСИОНӢ ДАР ИНСТИТУТИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ

Дар Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Каримзода Мавзуна Асламҷон, сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии раёсати АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Қурбонов Қобилҷон Шарифбоевич ва коллективи Институт маросими тантанавии муаррифии ду шурои нави диссертатсионӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият, олимону таҳқиқотчиён ва аъзои шуроҳои диссертатсионии Институт иштирок намуданд.

Нахуст директори Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Мирзозода Парвон Зайнолобудин роҳбарияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи раёсати академияро барои ташриф овардан ба Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ хайрамақдам намуд. Директори институт ба роҳбарияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академяи барои ҳамкории самарабахш, дастгирии доимӣ ва саҳми арзанда дар рушди илми ҳуқуқшиносӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмии дорои малакаи баланд сипосгузорӣ изҳор кард. Инчунин оид ба нерӯи илмии Институт ва дастовардҳои он дар давоми 9 моҳи фаъолият дар самти илм маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Баъдан Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин фармоишҳои дахлдорро оид ба таъсиси шуроҳои диссертатсионӣ (аз ҷумла шуроҳои 6D.KOA-137 аз 31.07.2026 ва 6D.KOA-145 аз 03.09.2026 назди Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ) расман муаррифӣ намуда, ба кору фаъолияти онҳо комёбиҳо таманно карданд. Дар суханронии хеш Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ба санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки дар нимсолаи аввали соли 2026 аз ҷониби Раёсати Комиссия тасдиқ гардидаанд (Тартиби баҳисобгирӣ ва ворид намудани маҷаллаи илмӣ ба Феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшаванда; Дастурамал оид ба аз нав аттестатсия намудани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии дараҷа ва унвонҳои илмии дар давлатҳои хориҷӣ ба даст овардашуда; Дастурамалҳои вазифавии раис, муовини раис, котиби илмӣ ва узви шӯрои диссертатсионӣ; Дастурамалҳои вазифавии раис, муовини раис, котиби илмӣ ва узви шӯрои экспертӣ; Низомномаҳои баргузории озмунҳои «Беҳтарин шӯрои диссертатсионӣ», «Беҳтарин диссертатсия» ва «Беҳтарин маҷаллаи илмии тақризшаванда»), таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, шарҳи муфассали онҳоро пешниҳод доштанд. Ҳамзамон оид ба ҳолати кунунии шуроҳои диссертатсионӣ ва маҷаллаҳои илмӣ маъулом дода шуд. Қайд гардид, ки аз 98 шӯрои диссертатсионии амалкунанда дар кишвар, 6 шӯро дар самти илмҳои ҳуқуқшиносӣ фаъолият мекунанд. Аз 16 ихтисоси дар феҳристи Комиссия будаи самти ҳуқуқшиносӣ, ҳоло аз рӯйи 11 ихтисос (73,3%) шӯроҳои диссертатсионӣ амал менамоянд. Аз 3843 диссертатсияи дар кишвар ҳимояшуда, 361 адад (9,4%)-ро диссертатсияҳо дар самти ҳуқуқшиносӣ ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 75 диссертатсия (20,8%) аз ҷониби занон, 39 диссертатсия аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ ва 8 диссертатсия аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ҳимоя гардидаанд. Шумораи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи назди КОА ба 78 адад расидааст, ки аз ин шумора 14 маҷалла (17,9%) имкони қабули мақолаҳоро дар самти ҳуқуқшиносӣ доранд.

Пас аз суханронии Раиси Комиссия доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Раҳимзода М.З., раисони шуроҳои диссертатсионӣ — докторони илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессорон Зоир Ҷӯрахон Маҷидзода ва Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло суханронӣ намуда, ба роҳбарияти Институт, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Комиссияи олии аттестатсионӣ барои боварӣ, дастгирӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои таҳқиқоти илмӣ дар рӯзҳои ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ миннатдории самимии хешро изҳор намуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби директори Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор П.З. Мирзозода ба Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин барои ҳамкории самарабахш, дастгирии доимӣ ва саҳми арзанда дар рушди илми ҳуқуқшиносӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмии дорои малакаи баланд сипоснома тақдим карда шуд.

Баъди хатми қисмати расмии чорабинӣ роҳбарияти Комиссия аз шароити мавҷудаи кории Институт, имкониятҳои инфрасохторӣ ва китобхонаи он аз наздик дидан намуданд.

Фаъолияти шуроҳои нави диссертатсионӣ расман оғоз ёфта, онҳо ба қабули рисолаҳои илмӣ барои ҳимоя омода мебошанд.

ИШТИРОКИ МУОВИНИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТ ДАР ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРӢ ОИД БА ТАҲИЯИ ЛОИҲАИ ҚОНУНИ ҶТ «ДАР БОРАИ КАФОЛАТҲОИ МОЛИЯВӢ»

Имрӯз дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои молиявӣ» доир гардид. Дар ҷаласа ва муҳокимаҳои он муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзода Дониёр Шомаҳмад фаъолона иштирок ва баромад намуд. Дар ҷаласа масоили татбиқи лоиҳа ва вазъи кунунӣ: маълумоти умумӣ оид ба мақсад, вазифаҳо ва методологияи иҷрои лоиҳа; таҷрибаи байналмилалӣ: баррасии натиҷаҳои аввалини таҳлили таҷрибаи ҷаҳонӣ дар самти таъсис ва фаъолияти механизмҳои кафолатӣ; модели институтсионалӣ: муайян кардани масъалаҳои калидӣ барои интихоби модели муносиби институтсионалии механизми кафолатӣ дар Тоҷикистон; асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ: пешниҳоди маълумоти зарурӣ ва талабот барои тайёр намудани асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа; қадамҳои навбатӣ: муайян кардани муҳлатҳо ва нақшаи минбаъдаи татбиқи лоиҳа баррасӣ гардиданд. Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби раис ва аъзои Гурӯҳи корӣ, бо иштироки намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии «Сазовор» қарорҳои дахлдор қабул гардида, суратмаҷлиси ҷаласа тасдиқ карда шуд. Таҳия ва қабули ин ҳуҷҷати муҳими қонунгузорӣ ба ташкили низоми муассири кафолатҳои молиявӣ ва беҳтар кардани муҳити сармоягузориву соҳибкорӣ дар мамлакат заминаи устувор хоҳад гузошт.

 

 

Subscribe to Навид

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст