Skip to main content

Баррасии рафти иҷрои лоиҳаҳои илмию таҳқиқотӣ дар Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ

Санаи 19 октябри соли 2026 дар асоси Низомномаи Комиссияи бахшҳои илмӣ ва илмию техникии Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ), ки бо қарори Раёсати Шӯрои ҳамоҳангсозӣ аз 02.10.2020 (протоколи №3) тасдиқ гардидааст, дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баррасии рафти иҷрои мавзӯъҳои фармоишии илмию таҳқиқотӣ оғоз ёфт.

Ҷаласа зери раёсати Раиси комиссия, ноиби президенти АМИТ профессор Салмониён Муҳаммаддовуд сурат гирифт.

Дар рӯзи аввали баррасӣ (19 октябри соли 2026) аз ҷониби аъзои Комиссия ва роҳбарияти муассиса ҳисоботи 4 лоиҳаи илмию таҳқиқотии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ мавриди таҳлилу натиҷагирӣ қарор дода шуданд:

  • «Фарҳанги ҳуқуқии ниёгон ва нақши он дар ташаккули ҳуқуқ ва давлатдории муосири тоҷикон» (РҚД 0124TJ1615, солҳои 2023–2027) — Роҳбари лоиҳа: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Бӯризода И.Б.

  • «Ҳуқуқи ҷиноятии муосири Тоҷикистон: масоили назариявӣ, қонунгузорӣ ва амалӣ (Қисми умумӣ)» (РҚД 0123TJ15214, солҳои 2022–2026) — Роҳбари лоиҳа: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шарипов Т.

  • «Масоили актуалии ҳуқуқи робитаҳои беруна» (РҚД 0122TJ1685, солҳои 2025–2029) — Роҳбари лоиҳа: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Раҷабов С.О.

  • «Асосҳои назариявӣ-методологии тарбияи ҳуқуқӣ дар партави амалисозии Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (РҚД 0122TJ1685, солҳои 2025–2029) — Роҳбари лоиҳа: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Бобоҷонзода И.Ҳ.

Ҳангоми баррасии лоиҳаҳо роҳбарони илмии лоиҳаҳо ва шахсони ҳисоботдиҳанда баромад намуда, рафти иҷро ва натиҷаҳои муҳими бадастовардаи таҳқиқоти худро ба аъзои Комиссия муаррифӣ карданд, ки хуб баҳо дода шуд.

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.

Нахуст, аъзои Маҷлиси миллӣ оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия иборат аз 51 масъала, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия ва оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ хулосаҳои кумитаҳои соҳавиро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда иброз доштанд.

Тибқи рӯзнома аъзои Маҷлиси миллӣ Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» ва «Дар бораи муҳоҷират»-ро, ки дар шакли мукаммал қабул гардидаанд ва ҳамчунин як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, меҳнат, оила ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.

Дар идома, аъзои Маҷлиси миллӣ як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни баррасӣ ва ҷонибдорӣ кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» андешаҳои худро вобаста ба муҳиммияти қабули қонун баён намуданд.

Зикр гардид, ки дар шароити имрӯза ҳифзи генофонди миллат, таъмини солимии ҷомеа ва ҳифзи саломатии наслҳои оянда аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давлат ва ҷомеа ба шумор меравад.

Аз аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва дигар намояндагони халқ даъват ба амал оварда шуд, ки дар таъмини риояи қонунгузорӣ дар ин самт ва фароҳам овардани заминаҳои мусоиди ба воя расидани насли солиму ояндасоз саҳмгузор бошанд.

Аъзои Маҷлиси миллӣ дар идомаи иҷлосия қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» ва дар маҷмуъ боз 25 қонунҳои дигарро оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.

Аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ва номгузорӣ намудани он дастгирӣ карда, оид ба ин масъала қарори дахлдор қабул намуданд.

Ҳамчунин, бо қарорҳои Маҷлиси миллӣ ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзонабот Алишер бинобар вафоташ пеш аз муҳлат қатъ гардида, ӯ аз мансаби муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шуд.

Бо ҳамин, иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум ба кори худ анҷом бахшид.

www.majmilli.tj

СУХАНРОНИИ НАМОЯНДАИ ИНСТИТУТ ДАР СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 16-уми майи соли 2026 дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони дастгоҳи суд дарси хониши сиёсӣ дар мавзӯи «Маърифати ҳуқуқӣ — омили асосии таҳкими қонуният ва соҳибдавлатӣ» баргузор гардид.

Дар дарс ходими пешбари илмии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Муҳаббат Саидзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар рафти баромад Муҳаббат Саидзода сухан ронда, таъкид дошт, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат ба шумор рафта, ба таҳкими давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Инчунин, дар вохӯрӣ масъалаҳои риояи волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва нақши мақомоти суди конститутсионӣ дар раванди баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.

Эмомалӣ Раҳмон ва ташаккули низоми конститутсионии Тоҷикистон: СУХАНРОНИИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТ ДАР ТЕЛЕВИЗИОН

Имрӯз директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Мирзозода П.З. дар шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» суханронӣ намуд.

Дар баромади худ Мирзозода П.З. нақши таърихӣ ва беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳия, қабул ва такмили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амиқ ва ҳаматарафа мавриди таҳлил қарор дод.

Қайд гардид, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки бо ташаббус ва зери роҳбарии мустақилонаи Пешвои муаззами миллат қабул гардидааст, ҳамчун шаҳодатномаи давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ заминаи устувори рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро фароҳам овард.

САБТИ ФИЛМИ ҲУҶҶАТӢ ДАР БОРАИ ОЛИМИ НАМОЁНИ ИНСТИТУТ, ПРОФЕССОР РАҶАБОВ С.О.

Дар Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сабти филми ҳуҷҷатӣ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти илмию эҷодии олими намоёни соҳаи ҳуқуқшиносии кишвар, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институт Раҷабов Саидумар Одинаевич оғоз шуд.

Филми мазкур инъикоскунандаи саҳми арзандаи устод Саидумар Раҷабов дар ташаккул ва рушди илми ҳуқуқи байналмилалӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ дар кишварро инъикос менамояд.

Дар филм ҳамкорон, шогирдон ва дигар шахсиятҳои маъруфи илмӣ дар бораи хизматҳои содиқонаи олим ва паҳлуҳои гуногуни фаъолияти ӯ суханронӣ мекунанд.

Омодасозии чунин филмҳои ҳуҷҷатӣ барои муаррифии ситораҳои илми миллӣ ва тарбияи насли ҷавони пажӯҳишгарон нақши муҳим мебозад.

Иштироки олими Институт дар конференсияи байналмилалӣ

Аз 14–18 октябри соли 2026 дар Институти ҳуқуқи Аврупои Шарқии назди Донишгоҳи Регенсбург ва Маркази таҳқиқотии Аврупои Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ конференсияи байналмилалӣ оид ба “Мутобиқат ба ҳуқуқи Иттиҳоди Аврупо ва трансплантатҳои ҳуқуқӣ дар ҳуқуқи корпоративӣ” (EU Compatibility and Legal Transplants in Corporate Law) баргузор мегардад. Дар ин конфронс ба тариқи маҷозӣ ходими калони илмии шуъбаи масоили мубраими илмҳои ҳуқуқи конститутсионии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Матробиён М.Х. ширкат ва суханронӣ менамояд.

Дар конференсия масъалаҳои назариявии трансплантатҳои ҳуқуқӣ дар ҳуқуқи корпоративии давлатҳои Балкан, пазируфтани маҷмӯи ҳуқуқ ва санадҳои ҳуқуқии Иттиҳоди Аврупо (Acquis Communautaire) ва трансплантатҳои ҳуқуқӣ, васеъ намудани имкониятҳои ҳаракати корпоративӣ дар Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳои сеюм, фарқиятҳои пешбурди фаъолияти соҳибкории танзимшаванда ва танзимнашаванда, рақамикунонии ҳуқуқи корпоративӣ ва рақамикунонии таъсиси ширкатҳо, низомҳои идоракунии корпоративӣ аз ҷониби олимони Олмон, Австрия, Румуния, Словения, Венгрия, Украина мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таблиғоти дастовардҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ: маҳал ба маҳал

Бо мақсади таблиғу ташвиқи дастовардҳои 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими робитаи доимӣ бо сокинон, баррасии масъалаҳои мубрами ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №93-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ин вохурӣ муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзода Дониёр Шомаҳмад иштирок ва суханронӣ намуд.

  • Профессор Сангинзода Д.Ш. доир ба нақши соҳибистиқлолӣ дар таҳкими заминаҳои ҳуқуқии давлатдорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва масъалаҳои мубрами иҷтимоиву сиёсии ҷомеа андешаронӣ намуд.

  • Дар баромад аҳаммияти ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият барои таҳкими сулҳу субот ва густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ махсус таъкид карда шуд.

  • Қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» ҳамчун далели равшани эътирофи саҳми Тоҷикистон ва ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ арзёбӣ гардид.

Дар фарҷоми вохӯрӣ сокинони маҳалла доир ба масъалаҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷудаи маҳалла саволу пешниҳодҳои худро иброз дошта, ба онҳо посухҳои мушаххаси илмию ҳуқуқӣ дода шуданд.

Таъкид гардид, ки чунин силсиламулоқотҳои «маҳал ба маҳал» барои таблиғи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, фаҳмондадиҳии меъёрҳои ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагии сокинон нақши муҳим мебозанд.

ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ ИНСТИТУТИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Санаи 14 октябри соли 2026 Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Танзими ҳуқуқӣ ва идоракунии сайёҳӣ: ҳамкории фаромарзӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарият ва олимони Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.

Дар ин конфронс директори Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Мирзозода Парвон Зайнолобуддин сухани ифтитоҳи намуда, такид карданд, ки сайёҳии муосир хусусияти ҷаҳониро дорад. Махсусан дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки кишварҳоро роҳҳои бузурги таърихӣ, аз ҷумла «Шоҳроҳи Абрешим», риштаҳои фарҳангиву тамаддунӣ ва пайвандҳои муштараки таърихӣ ба ҳам мепайванданд, рушди сайёҳии фаромарзӣ ва ҳамкории бисёрҷонибаи ҳуқуқӣ аҳамияти бағоят муҳим пайдо мекунад.

Ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳалли як силсила масъалаҳои муҳими ҳуқуқиро талаб менамояд:

  • Таҳия ва амалӣ намудани созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба барои содда кардани раванди сафар ва ҳаракати сайёҳон дар байни кишварҳои минтақа;

  • Пайванд сохтани ёдгориҳои таърихиву фарҳангии кишварҳои ҳамсоя дар чаҳорчӯби лоиҳаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ;

  • Мутобиқ сохтани меъёрҳои миллии танзими сайёҳӣ ва стандартҳои хизматрасонӣ ба талаботи Созмони Умиҷаҳонии Сайёҳӣ (UNWTO);

  • Таҳкими танзими ҳуқуқии мубодилаи иттилоот ва кафолати бехатарии сайёҳон дар минтақаҳои сарҳадӣ.

Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази пешбарандаи илми ҳуқуқшиносии кишвар омодагии худро барои таҳлили амиқ, экспертизаи илмию ҳуқуқӣ ва таҳияи тавсияҳо оид ба такомули қонунгузории сайёҳӣ ва шартномаҳои байналмилалии ин соҳа иброз медорад.

Дар идомаи конфронс муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзода Дониёр Шомаҳмад дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди илми ҳуқуқи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаи муфассали илмӣ намуд. Дар маърӯза раванди ташаккули заминаҳои ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ, дурнамои рушди қонунгузории сайёҳӣ ва нақши илми ҳуқуқшиносӣ дар такомули ин соҳаи муҳими иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтанд.

Кори конфронс дар рӯҳияи мубоҳисаҳои созандаи илмӣ ва табодули таҷрибаи байналмилалӣ сурат гирифта, ба рушди муносибатҳои илмӣ ва ҳуқуқии соҳа такони ҷиддӣ бахшид.

Subscribe to Навид

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст