Skip to main content

Дар конфронси илмӣ-назариявӣ олимони Институти давлат ва ҳуқуқ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Имрӯз, 30 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Нақши сулҳофарии Пешвои миллат дар таҳкими сулҳ ва суботи ҷаҳон» баргузор гардид.

Дар кори конфронс аз Институти давлат ва ҳуқуқ ду нафар олимон иштирок ва суханронӣ намуданд:

1. Сангинзода Дониёр Шомаҳмад — муовини директори Институт оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ».

2. Раҷабов Саидумар Адинаевич — доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, дар мавзӯи «Фарҳанги сулҳ ва сарчашмаҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии он».

Дар маърӯзаҳо аҳамияти ташаббусҳои сулҳофаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аҳамияти қабули Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар такими сулҳ ва суботи ҷаҳонӣ, инчунин нақши ҳуқуқи байналмилалӣ дар ташаккули фарҳанги сулҳ махсус қайд гардид.

Конфронс бо иштироки намояндагони давлатӣ, олимон, коршиносон идома ёфта, дар анҷом натиҷаҳои он ҷамъбаст карда мешавад.

ИШТИРОКИ ФАЪОЛИ КОРМАНДОНИ ИНСТИТУТ ДАР МАШҚИ СУБҲГОҲИИ ВАРЗИШӢ ВА ЧОРАБИНИҲОИ ОБОДОНӢ

Имрӯз (26.09.2026) бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш кормандони Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар машқи дастаҷамъонаи субаҳгоҳии варзишӣ ва дар атрофи бинои Институт дар корҳои ободониву шанбегӣ фаъолона иштирок намуданд.

Чорабинии варзишӣ, ки бо мақсади таҳкими саломатӣ ва баланд бардоштани руҳияи кориву ҷаҳони маънавии аҳли илм ташкил гардид, фазои самимиву пурнишот ва рӯҳбаландкунандаро фаро гирифт. Кормандон ва таҳқиқотчиёни ҷавони Институт бо иҷрои машқҳои бадантарбия собит сохтанд, ки на танҳо дар фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ, балки дар тарғиби фарҳанги варзиш низ намунаи ибрат мебошанд.

Пас аз хатми машқи варзишӣ, бо мақсади нигоҳ доштани тозагиву озодагии пайваста ва сабзкории атрофи бинои институт, аз ҷониби кормандон корҳои шанбегӣ ва ободонӣ гузаронида шуданд.

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ «ЗАН-САРВАР»ДАР АМИТ БО ИШТИРОКИ ХОДИМИ ПЕШБАРИ ИЛМИИ ИНСТИТУТ - САИДЗОДА МУҲАББАТ

25 сентябри соли 2026 дар доираи барномаи «Зан-Сарвар» бо гурӯҳи навбатии бонувони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дарси навбатӣ баргузор гардид. Дар он Саидзода Муҳаббат -ходими пешбари илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ иштирок намуда, оид ба таҷрибаи фаъолияти касбӣ ва паҳлуҳои муҳими фаъолияти худ суҳбат намуданд.

Зимни суҳбат масъалаҳои марбут ба фарҳанги муошират, одоби муносибат дар ҷомеа, зарурати таҳсилу омӯзиш ва пайваста баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии занон, инчунин муҳимияти огоҳии ҳуқуқӣ ва донистани ҳуқуқу уҳдадориҳои худ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Саидзода Муҳаббат бо такя ба дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти сабру таҳаммул, эҳтироми ҳамдигар, шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва қадршиносӣ аз муҳити тинҷу ороми Тоҷикистони азизро таъкид намуданд.

Ҳамзамон, ба масъалаи фарҳанг ва одоби оиладорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, сабабу омилҳои ба миён омадани баъзе ҳолатҳои вайроншавии оилаҳои ҷавон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, фарҳанги муошират, масъулиятшиносӣ, эҳтироми ҳамдигар ва муносибати дуруст ба арзишҳои оиладорӣ аз омилҳои муҳими таҳкими оила ва суботи ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Дар фарҷоми суҳбат иштирокчиён ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ саволҳо пешниҳод намуда, Саидзода Муҳаббат ба онҳо посухҳои мушаххас дода, тавсияҳои муфиду судманд ироа намуданд.

ИШТИРОКИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР ШАҲРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ

25 сентябри соли 2026 олимони Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони «Арзишҳои ҳуқуқии ҷомеаи постиндустриалӣ: хусусиятҳо ва тамоюлҳои рушд», ки бо ташаббуси филиали шимолу ғарбии Донишгоҳи давлатии адолати судии Русия ба номи В.М. Лебедев дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, ба таври маҷозӣ иштирок ва баромад намуданд.

Конференсия бо иштироки олимон, ҳуқуқшиносон, намояндагони муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии кишварҳои гуногун доир гардида, ба баррасии масъалаҳои мубрами арзишҳои ҳуқуқӣ, таҳаввули низоми ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди ҳуқуқи байналмилалӣ ва таъсири равандҳои муосири ҷаҳонӣ ба муносибатҳои ҳуқуқӣ бахшида шуд.

Дар ҷаласаи пленарии конференсия чор нафар намояндагони Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд:

Раҷабов Саидумар Адинаевич – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, дар мавзуи «Ҳуқуқ ба сулҳ ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона: таърих ва муосирият»;

Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосир, дар мавзуи «Арзишҳои ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳаввул ва муосирият»;

Қодирзода Тоҳир Қамар – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, сарходими илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосир, дар мавзуи «Фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунӣ дар мурофиаи судии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

Ҷабборов Фарҳодҷон Нозимович – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ходими пешбари илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, дар мавзуи «Арзишҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии об дар шароити чолишҳои муосири ҷаҳонӣ».

Маърӯзаҳои олимони тоҷик масъалаҳои муҳими рушди ҳуқуқи байналмилалӣ ва миллӣ, таҳкими арзишҳои конститутсионӣ, такмили фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунӣ, ҳифзи ҳуқуқ ба сулҳ ва танзими ҳуқуқии истифодаи захираҳои обҳои фаромарзиро фаро гирифтанд.

Иштироки намояндагони Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ дар чунин чорабиниҳои бонуфузи илмӣ ба густариши робитаҳои байналмилалии илмӣ, мубодилаи таҷрибаи ҳуқуқшиносӣ, муаррифии дастовардҳои илми ҳуқуқи Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ миёни муассисаҳои таҳқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мусоидат менамояд.

ДАР ИНСТИТУТ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 23 сентябри соли 2026 дар Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои олимон таҳти раёсати раиси Шуро, директори Институт, профессор Мирзозода П.З. баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои Шурои олимон ва ходимони илмии Институт иштирок намуданд.

Мувофиқи рӯзномаи ҷаласа, масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва ташкилии Институт мавриди баррасӣ ва муҳокимаи амиқ қарор гирифтанд.

Дар рафти ҷаласа масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуданд:

  • Шунидани ҳисобот ва рафти иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотии Институт дар давоми нуҳ моҳи соли 2026.

  • Муҳокима ва тавсияи монографияҳо, маҷмӯаи мақолаҳо ва дастурҳои илмӣ-методӣ барои ба чоп.

  • Рафти иҷрои корҳои диссертатсионии докторантони PhD ва унвонҷӯёни Институт ва омодагии онҳо ба ҳимоя.

  • Баррасии дигар масъалаҳои муҳими ташкилӣ ва банақшагирии фаъолияти Институт барои давраи оянда.

Дар охир, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда бо назардошти пешниҳоду мулоҳизаҳои аъзои Шуро қарорҳои мувофиқ қабул карда шуданд.

Дар давоми нуҳ моҳи соли 2026 Институти давлат ва ҳуқуқ ба чунин натиҷаҳо ноил шудааст:

Маводҳои илмию таълимии Институт - 404 - корҳои илмӣ аз ҷумла, 18 – монография, 3 китоби дарсӣ, 5– воситаи таълимӣ, 373- мақолаҳои илмӣ аз онҳо 48 мақола дар маҷаллаҳои тақризшаванда ва 149- мақолаи илмӣ дар конференсияҳо ва манбаъҳои дигари илмӣ, инчунин 173 мақолаҳои илмию оммавӣ, 8- мақола дар маҷаллаҳои хориҷи кишвар

Омода кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ – 13 нафар рисолаи илмӣ ҳимоя намуданд:

1 нафар рисолаи докторӣ

12 нафар рисолаи номзадӣ

Фаъолияти шуроҳои диссертатсионии назди муассиса

1 Шурои дисертатсионӣ аз руи 2 ихтисос 9 ҷаласа баргузор намуд, дар он 5 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя карданд.

Ҳоло дар назди Институт 2 Шурои диссертатсионӣ аз руи 5 ихтисос кушода шуда, фаъолиятро оғоз намуданд.

Баргузории чорабиниҳои илмӣ – 25 ҳамоиши илмӣ:

9 семинари илмӣ

1 миззи мудаввар

5 конфресияи ҷумҳуривӣ

Корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ - 150 маротиба дар корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботи кормандони Институт иштирок карданд

НАШРИ КИТОБИ НАВ ДАР ИНСТИТУТ: «ФАРҲАНГИ ИСТИЛОҲОТИ ҲУҚУҚ (РУСӢ-ТОҶИКӢ)»

Аз ҷониби узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, сарходими илмии шуъбаи илмҳои хусусии Институт Раҳимзода Маҳмад Забир, асари нав бо номи «Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ (русӣ - тоҷикӣ)» (Словарь юридических терминов (русско-таджикский)) ба чоп расид. Он бахшида шудааст ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 75-солагии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки фарогири 392 саҳифа мебошад. Дар он зиёда аз 11 000 калима ва истилоҳоти ҳуқуқӣ, инчунин истилоҳоти иқтисодӣ ва дигар соҳаҳоро фаро мегирад.

Муқарризони асар:

1. Маҳмудзода М.А. — академики АМИТ, доктори илми ҳуқуқшиносӣ, профессор.

2. Султон Ҳасан — узви вобастаи АМИТ, доктори илми филология, профессор.

3. Шарипов Т. — доктори илми ҳуқуқшиносӣ, профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон.

Фарҳанг бо қарори Шӯрои олимони Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ ба нашр тавсия гардида, бо Кумитаи забон ва истилоҳоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст.

Он барои ҳуқуқшиносон, донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои ҳуқуқ ва иқтисод, кормандони мақомоти қонунгузор, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, соҳибкорон ва доираи васеи хонандагоне, ки ба проблемаҳои давлат ва ҳуқуқ мароқ зоҳир менамоянд, тавсия дода мешавад.

ДАР ИНСТИТУТ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ ПОККОРИИ ДАСТАҶАМЪОНА БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 19 сентябри соли 2026 дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба ободонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва ҳудуди муассисаҳо, дар Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ шанбегии дастаҷамъона доир гардид.


Дар ин иқдоми дастаҷамҷона кормандони институт фаъолона иштирок намуда, ба корҳои ободонӣ ва тозакунии ҳудуди муассиса саҳми муносиб гузоштанд.


Гузаронидани чунин чорабиниҳо ба озодаву зебо нигоҳ доштани бинои муассиса ва саҳни он, инчунин мустаҳкам гардидани руҳияи ҳамбастагӣ миёни аҳли илм хизмат мекунад. Корҳои тозакунӣ ва ободонӣ дар муассиса мунтазам идома меёбанд.

КОРМАНДОНИ ИНСТИТУТ ДАР «РӮЗИ ВАРЗИШ» ИШТИРОК НАМУДАНД

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат, ки зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 23 майи соли 2013 баён карда буданд, дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳар рӯзи шанбе «Рӯзи варзиш» эълон карда шудааст. Дар чаҳорчӯби ин ташаббус тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ба таври ҳамешагӣ ба чорабиниҳои варзишӣ ҷалб мегарданд.

Дар ҳамин замина, санаи 19 сентябри соли 2026 дар майдони назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ҷалби кормандони касбу кори гуногун машқи пагоҳирӯзӣ доир гардид.

Дар ин чорабинии солимгардонӣ кормандони Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ фаъолона ширкат варзида, ҳиссаи худро дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди фарҳанги варзиш гузоштанд.

Майдони саҳар зи машқи мо обод аст,

Дил аз аниси нишоти субҳгоҳ шод аст.

Дар сояи Парчами Ватан, озодона,

Тан сиҳату руҳи миллатам озод аст.

Subscribe to Навид

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст