ИШТИРОК ВА БАРОМАДИ НАМОЯНДАИ ИНСТИТУТ ДАР МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
Имрӯз, 5 октябри соли 2026, дар толори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни фархундаи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзода Дониёр Шомаҳмад иштирок ва дар мавзӯи «Ҳифз ва рушди забони давлатӣ дар соҳаи илму таълим дар сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллӣ» маърӯзаи муфассали илмиву таҳлилӣ намуд.
Дар маърӯзаи хеш профессор Сангинзода Д.Ш. нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳё, ҳифз ва рушду такомули забони тоҷикӣ ҳамчун таҳкурсии давлатдории миллӣ ва заминаи ҳуқуқии истифодаи он дар соҳаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла илму таълим ва қонунгузорӣ, махсус таъкид намуд.
Қайд карда шуд, ки маҳз таваҷҷуҳ ва ғамхории пайвастаи Сарвари давлат буд, ки забони тоҷикӣ ба забони илму касб, муоширати давлатӣ ва дипломатияи байналмилалӣ табдил ёфта, мақоми ҳуқуқии он рӯз ба рӯз мустаҳкам мегардад.