МУЛОҚОТИ МАҶОЗИИ РОҲБАРИЯТИ ИНСТИТУТИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ БО НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ УБЕРЛАНДИЯИ БРАЗИЛИЯ
Дар Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо намояндагони Донишгоҳи Уберландияи Ҷумҳурии Федеративии Бразилия мулоқоти маҷозӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот иштирок намуданд:
Аз ҷониби Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ:
- Мирзозода Парвон Зайналобудин — директори Институт, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор;
- Сангинзода Дониёр Шомаҳмад — муовини директори Институт оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор;
- Зоир Ҷӯрахон Маҷид — мудири шуъбаи масоили мубрами илмҳои ҳуқуқи конститутсионии Институт, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор;
- Алиназарова Кифоят Ғуломназаровна — котиби илмии Институт, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ;
- Матробиён Матроб — ходими калони илмии шуъбаи масоили мубрами илмҳои ҳуқуқи конститутсионии Институт, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.
Аз ҷониби Донишгоҳи Уберландияи Бразилия:
- Тиаго Палума — проректори Донишгоҳи федералии Уберландия оид ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳсилоти баъдидипломӣ, профессор;
- Майра Суэко Мэгава Кордула — ҳамоҳангсози Раёсати робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи федералии Уберландия, профессор;
- Ванесса Вилела Бербел — профессори Донишгоҳи федералии Уберландия;
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва байналмилалиро баррасӣ намуда, ба роҳ мондани робитаҳои мустақими байни ду муассисаи илмиву таълимиро баланд арзёбӣ карданд.
Дар рафти музокирот масъалаи бастани Меморандуми ҳамкорӣ байни Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ ва Донишгоҳи Уберландия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки ба имзо расидани чунин санад заминаи устувори ҳуқуқиву сохториро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда фароҳам меорад.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ дар самтҳои зерин иброз доштанд:
1. Табодули академӣ. Табодули кормандон, муҳаққиқон ва магистрону докторони PHd барои таҷрибаомӯзӣ ва шиносоӣ бо низомҳои ҳуқуқии якдигар;
2. Фаъолияти муштараки илмӣ. Анҷом додани таҳқиқоти муштарак, таҳияи мақолаҳо ва дигар асарҳои илмиву таълимӣ;
3. Чорабиниҳои илмӣ. Баргузории конфронсҳо, семинарҳо ва мизҳои мудаввари муштарак оид ба масъалаҳои мубрами назарияи давлат ва ҳуқуқ, рушди қонунгузорӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва мониторинги ҳуқуқӣ.
Дар фарҷоми мулоқот тарафҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки музокиротро ҷиҳати таҳияи матни ниҳоии Меморандуми ҳамкорӣ ва муайян кардани самтҳои мушаххаси фаъолият идома диҳанд.