Skip to main content

ТАВСИЯ ҶИҲАТИ ТАТБИҚИ ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМИИ ОЛИМОН ДАР ИСТЕҲСОЛОТ

Имрӯз, 1 август дар толори Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва ҳайати олимону кормандони филиал машварати корӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни машварат масъалаҳои рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, таҳкими иқтидори илмии филиал, истифодаи самараноки озмоишгоҳҳои муосир, тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои ватанию хориҷӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки яке аз вазифаҳои муҳими Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пайванди устувори илм бо истеҳсолот, табдил додани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ба технологияҳои амалии рақобатпазир ва истифодаи онҳо барои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ мебошад. Дар ин замина олимон ва муҳаққиқон бояд фаъолияти худро ба ҳалли масъалаҳои воқеии иқтисодиёт, ҳифзи муҳити зист, таъмини амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва рушди технологияҳои инноватсионӣ равона созанд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронӣ иброз доштанд, ки истифодаи самараноки имкониятҳои озмоишгоҳҳои муосир, баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва густариши ҳамкориҳои илмӣ бо вазорату идораҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ ва бахши хусусӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳар як натиҷаи илмӣ бояд ба манфиати ҷомеа ва рушди иқтисодиёти кишвар хизмат намуда, барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, ворид намудани технологияҳои муосир ва ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ замина фароҳам оварад. Аз ин рӯ, олимон вазифадоранд, ки дар баробари анҷом додани таҳқиқоти бунёдӣ, ба таҳқиқоти амалӣ ва тиҷоратикунонии дастовардҳои илмӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Дар фарҷоми машварат президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба роҳбарият ва кормандони филиал ҷиҳати таҳкими фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, густариши ҳамкорӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ, истифодаи пурраи имкониятҳои озмоишгоҳҳои муосир ва татбиқи ҳарчи бештари дастовардҳои илмии олимон дар истеҳсолот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ НАМОЯНДАИ ИНСТИТУТ ДАР ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Санаи 31 июли соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастури Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба эълон гардидани соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ин ҳамиоиш аз ҷониби Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ Калонзода Фатҳиддин – ходими калони илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосир иштирок намуда, дар мавзӯи “МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ МУҲИМИ ТАШАККУЛИ ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТӢ ВА ҲУҚУҚБУНЁД” суханронӣ намуд.

Ин ҳамоиш ҳамчун заминаи судманд барои густариши ҳамкориҳои илмӣ-амалӣ байни Саридораи бойгонӣ ва Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ арзёбӣ гардид.

Баромади ходими пешбари илмии Институти давлат ва ҳуқуқ дар ТВ Суғд!

Рӯзи 29 июли соли 2026 дар барномаи телевизионии "Субҳи нав"-и ТВ Суғд, ходими пешбари илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҷабборов Фарҳодҷон дар мавзӯи "Маърифати ҳуқуқӣ – арзиши умумибашарӣ" бахшида ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ (2027) суханронӣ намуд.

Дар баромади худ Фарҳодҷон Ҷабборов аҳамияти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун омили муҳими рушди ҷомеаи демократӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ мавриди таҳлил қарор дод. Ӯ таъкид намуд, ки маърифати ҳуқуқӣ на танҳо як дониш, балки арзишест, ки ҳар як инсонро дар муҳофизати ҳуқуқу озодиҳои худ ва эҳтиром ба қонун қавӣ мегардонад.

СУХАНРОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ИНСТИТУТ ДАР ТЕЛЕВИЗИОН

Намояндагони Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар барномаи «Қонун ва ҷомеа»-и Телевизиони Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мавзуи асосии баҳсу баррасии соҳибназарони соҳа ба яке аз масъалаҳои муҳимми рӯз — «Эълони соли 2027 ҳамчун Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» бахшида шуда буд.

Дар барнома олимону пажӯҳишгарони Институт ҷанбаҳои мухталифи ин ташаббусро мавриди таҳлили илмию амалӣ қарор доданд:

Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло – сарходими илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор;

Ҷабборов Фарҳодҷон Нозимович – ходими пешбари илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент;

Калонзода Фатҳиддин – ходими калони илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосир;

Убайдзода Хубон – ходими хурди илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосир.

Subscribe to Навид

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст