Skip to main content

КОНСТИТУТСИЯ ШИНОСНОМА ВА САНАДИ ТАҚДИРСОЗИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

6 ноябри соли 1994 аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 Конститутсияи давраи нави таърихии пайдоиш ва инкишофи ҷумҳурӣ, давраи ноил гаштан ба соҳибихтиёрии давлатӣ ва бунёди воқеан давлати миллии тоҷикон мебошад. Ин Конститутсияест, ки аввалин бор бо забони тоҷикӣ, бо дасти худи тоҷикон таҳия гашта, қабул шудааст. Дар он кушиш карда шудааст, ки Конститутсияи миллӣ ҷавобгӯи орзую ормони тоҷикон ба бунёди давлати миллии худ бошад. Баробари ин Конститутсия маҳсули давраи муайяни тағйири куллии сохтори ҷомеа, бунёди сохтори ҷомеаи нав буда, дар Конститутсия халқ бунёди ҷомеи адолатпарварро вазифаи дурнамои худ эълон кардааст. Роҳи ноил гаштан ба ин ҳадаф дар гуногуншаклии моликият ҳамчун асоси иқтисодии Тоҷикистон, ба роҳ мондани фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ муайян карда шудааст.

Қабули он дар таъмини устувории ҷомеа ва инкишофи давлатдорӣ нақши хеле муҳим дорад. Дар он мақсаду мароми халқи Тоҷикистон оид ба созмони ҷомеа ва давлати ояндаи мамлакат, сохтор, усулҳои ташкилшавӣ ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ ва рукнҳои асосии амаликунандаи он муайян гардиданд. Халқи Тоҷикистон арзишҳо ва қолабҳои давлатдории муосири ҷаҳониро қобили қабул шуморида, эъмори давлати демократии ҳукуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро пеша кард, ки инкишофи минбаъдаи ҷомеа зарурият ва дурустии онро собит намуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол арзишҳо, усулҳо ва меъёрҳое, ки асосҳои ҳуқуқии ваҳдати миллиро муайян мена­моянд, дарҷ шуданд. Аз ҷумла, дар муқаддимаи Конститутсия чунин арзишҳо ифода гардидаанд, ки қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ будан, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурдан, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф кардан, бунёди ҷомеаи адолатоарварро вазифаи худ қарор доданро дар бар мегирад.

Дар дигар қисмҳои Конститутсия арзишу меъёрҳои давлати сохибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимои будани Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст. Аз он ҷумла, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф шудааст ва ҳамаи мардуми Тоҷикистон сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони кишвар дониста шудаанд ва ин асл заминаи боэътимоди ҳуқуқии ваҳдати миллиро муқаррар сохтааст.

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тавассути Конститутсияи соли 1994 аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шуд. Роҳу равиши зиндагӣ ва тартибу усули рушди конститутсионӣ баъди қабули Конститутсияи соли 1994 бори дигар собит намуд, ки ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар берун аз чорчӯбаи Конститутсия наметавонад орому пурмаҳсул ҷараён гирад. Дар марҳилаи хеле ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ қабул шудани Конститутсия он ба марказе табдил ёфт, ки дар меҳвари он қувваҳои солими ҷомеа падидаи хеле нодири охири асри XX - фарҳанги сулҳи тоҷиконро эҷод ва дар амал татбиқ намуданд. Аз рӯи анъана, конститутсияҳо дар давраҳое қабул мегарданд, ки давлату ҷомеа аз як сатҳи инкишоф ё худ сохти ҷамъиятӣ ба сатҳи дигари инкишоф гузариш мекунад. Табиист, ки чунин гузариш бедарду нуқсон буда наметавонад, нороҳатӣ ва норозигии гурӯҳеро нисбат ба гурӯҳи дигар ба вуҷуд орад. Дар чунин вазъият аз мафкураи пурҳаяҷони ҷомеа ҳар гуна ташануҷ бесарусомонӣ ва зиддияту ихтилофи шадидро интизор будан имконпазир аст. Пешгирии чунин ҳолат ба равиши омодагӣ ва қабули конститутсия вобастагӣ дорад ва он метавонад ба як санади ризоият ва ваҳдати умум табдил ёбад. Маҳз Конститутсияи соли 1994 ба ҳамин гуна санад табдил ёфт.

Бояд қайд кард, ки барои тақвияти истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ваҳдати халқи Тоҷикистон Конститутсияи соли 1994 боэътимодтарин омил ва санади ҳуқуқии ташаккули давлатдории миллӣ мебошад. Агар ба инобат бигирем, ки тибқи назарияҳои навтарини иҷтимоӣ баробари унсурҳои асосии ташаккулдиҳандаи миллат (умумияти ҳаёти иқтисодӣ, ҳудуди ягона ва хусусиятҳои муайяни равонӣ), инчунин зарурати давлатдории миллӣ низ махсус қайд мегардад, аҳамияти фавқулодда ва бузурги Конститутсия дар таҳкими пояҳоя иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва мафкуравии давлати навистиқлоли тоҷикон тавассути тағйирнопазир эълон шудани на танҳо шакли идора, балки моҳияти ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, демократӣ ва иҷтимоии давлат ба таври барҷаста аён мегардад.

Аз ин ҷиҳат, бешубҳа, Конститутсияи Тоҷикистон ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ роҳу усул ва имконоти дар чорчӯбаи қонун ҳаллу фасл намудани ихтилофоти дохилиро нишон дод. Конститутсия санади муҳими сиёсӣ мебошад ва ба ин сифат он ифодакунандаи созиши миёни нерӯҳои мухталифест, ки дар раванди муборизаи сиёсӣ ҳосил мешавад. Конститутсия ширкаткунандагони раванди сиёсӣ ва чаҳорчӯбаи онро, ки ин раванд дар доираи он ҷорист, муайян мекунад. Конститутсия усули ҳаёти сиёсиро муқаррар мекунад ва тартиби воқеии раванди сиёсиро пешбинӣ менамояд. Аз як ҷониб он самтҳои асосии сиёсиро, ки давлат аз онҳо пуштибонӣ мекунад, нишон медиҳад ва аз ҷониби дигар ҳуқуқ ва ихтиёроти ниҳодҳои мухталифи низоми сиёсиро муайян мекунад.

Конститутсия ҳамчун санади ғоявӣ (идеологӣ) қабл аз ҳама ормонҳои ҷомеаро инъикос намуда, аз маҷмӯи андешаҳо ва афкор иборат мебошад. Гузашта аз ин, худи Конститутсия дар тӯли таърихи мавҷудияташ дар миёни миллату давлатҳои мухталиф асоси танзимкунандаи мафкуравии онҳо қарор гирифтааст. Воқеият чунин аст, ки Конститутсия рӯи мафкураи мушаххас устувор мебошад. Ҳар меъёр ва ҳар бахши Конститутсия сарфи назар аз мазмуни танзимашон, хоҳ сухан дар бораи ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатӣ равад ва ё ба вазъи ҳуқуқии инсон ишора кунад, аз мағзи мафкуравӣ бархурдоранд. Аз ин рӯ, Конститутсия аз санаде, ки рӯи усули ҷаҳонбинии мушаххас устувор аст намояндагӣ намуда, аз ин роҳ ба ҳаёти маънавии ҷомеа тавассути интишори афкор, тасаввурот ва арзишҳои мушаххаси сиёсиву ҳуқуқ таъсири ҷиддӣ ворид мекунад. Маҳз ҳамин хусусияти Конститутсия ифодакунанда ва муайянкунандаи ғояи мустақили давлат мебошад.

Давлатмуродзода Балхия Давлатмурод - ходими илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти давлат ва ҳуқуқӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст