Skip to main content

СУХАНРОНИИ НАМОЯНДАИ ИНСТИТУТ ДАР ТЕЛЕВИЗИОНИ ҶАҲОННАМО

19 августи соли 2026 дар барномаи «Хабар»-и телевизиони «Ҷаҳоннамо» муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзода Дониёр Шомаҳмад суханронӣ намуд. Мавзӯи суханронӣ ба қабули қатъномаи таърихии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бахшида шуд, ки тибқи он солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» эълон гардиданд.

Профессор Д.Ш. Сангинзода таъкид кард, ки ин дастоварди бузург натиҷаи ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, эътирофи байналмилалии сиёсати сулҳпарварии Тоҷикистон мебошад. Ҳадафи асосии Даҳсола – ташвиқи сулҳ, пешгирии низоъҳо, таҳкими муколама ва ҳамбастагии байнинаслии миллатҳо дар саросари ҷаҳон мебошад. Ин ташаббус нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши фаъоли худро идома медиҳад ва ба рушди устувору сулҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳм мегузорад.

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст