ҶАШНИ ЗОДРӮЗ МУБОРАК МУҲТАРАМ АБДУҶАБОР АБДУҶАЛИЛОВ!
Коллективи меҳнатии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдуҷалилов Абдуҷабор, мудири шуъбаи илмҳои ҳуқуқи хусусии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессорро бахшида ба рӯзи зодрӯзашон самимона табрик менамоянд.
Шумо на фақат шахсияти ботаҷриба, балки олими варзида, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ҳастед, ки бо саҳми арзандаатон дар рушди илми ҳуқуқи миллӣ эътибори баланд доред. Меҳнати шабонарӯзии Шумо дар роҳи такмили қонунгузорӣ ва тарбияи насли ҷавони ҳуқуқшинос сазовори сипос аст.
Ба Шумо саломатӣ, хушбахтӣ, нерӯи нав ва комёбиҳои назаррас дар кори пурмасъулатон таманно дорем. Бигзор ҳар рӯзи Шумо пур аз дастовардҳои нав ва шодию саодат бошад!
Бо эҳтиром,
Коллективи Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ
