Skip to main content

ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ ИНСТИТУТИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Санаи 14 октябри соли 2026 Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Танзими ҳуқуқӣ ва идоракунии сайёҳӣ: ҳамкории фаромарзӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарият ва олимони Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.

Дар ин конфронс директори Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Мирзозода Парвон Зайнолобуддин сухани ифтитоҳи намуда, такид карданд, ки сайёҳии муосир хусусияти ҷаҳониро дорад. Махсусан дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки кишварҳоро роҳҳои бузурги таърихӣ, аз ҷумла «Шоҳроҳи Абрешим», риштаҳои фарҳангиву тамаддунӣ ва пайвандҳои муштараки таърихӣ ба ҳам мепайванданд, рушди сайёҳии фаромарзӣ ва ҳамкории бисёрҷонибаи ҳуқуқӣ аҳамияти бағоят муҳим пайдо мекунад.

Ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳалли як силсила масъалаҳои муҳими ҳуқуқиро талаб менамояд:

  • Таҳия ва амалӣ намудани созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба барои содда кардани раванди сафар ва ҳаракати сайёҳон дар байни кишварҳои минтақа;

  • Пайванд сохтани ёдгориҳои таърихиву фарҳангии кишварҳои ҳамсоя дар чаҳорчӯби лоиҳаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ;

  • Мутобиқ сохтани меъёрҳои миллии танзими сайёҳӣ ва стандартҳои хизматрасонӣ ба талаботи Созмони Умиҷаҳонии Сайёҳӣ (UNWTO);

  • Таҳкими танзими ҳуқуқии мубодилаи иттилоот ва кафолати бехатарии сайёҳон дар минтақаҳои сарҳадӣ.

Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази пешбарандаи илми ҳуқуқшиносии кишвар омодагии худро барои таҳлили амиқ, экспертизаи илмию ҳуқуқӣ ва таҳияи тавсияҳо оид ба такомули қонунгузории сайёҳӣ ва шартномаҳои байналмилалии ин соҳа иброз медорад.

Дар идомаи конфронс муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзода Дониёр Шомаҳмад дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди илми ҳуқуқи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаи муфассали илмӣ намуд. Дар маърӯза раванди ташаккули заминаҳои ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ, дурнамои рушди қонунгузории сайёҳӣ ва нақши илми ҳуқуқшиносӣ дар такомули ин соҳаи муҳими иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтанд.

Кори конфронс дар рӯҳияи мубоҳисаҳои созандаи илмӣ ва табодули таҷрибаи байналмилалӣ сурат гирифта, ба рушди муносибатҳои илмӣ ва ҳуқуқии соҳа такони ҷиддӣ бахшид.

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст