САҲМИ СОҲИБКОРӢ ВА САРМОЯГУЗОРӢ ДАР РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ТАҲЛИЛИ ҲУҚУҚИИ МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО СОҲИБКОРОН (14.10.2026)
Дар марҳилаи муосири рушди давлатдории навини Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамчун муҳаррики асосии иқтисоди миллӣ, омили таъминкунандаи шуғли аҳолӣ ва воситаи устувори рақобатпазирии бозор эътироф гардидааст. Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои аввали гузариш ба муносибатҳои бозоргонӣ ҳифзи моликияти хусусӣ, озодии фаъолияти соҳибкорӣ ва таъмини рақобати солимро ҳамчун пояҳои асосии сиёсати иқтисодӣ муайян намудаанд.
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону сармоягузорони кишвар, ки санаи 14 октябри соли 2026 дар Кохи Ваҳдат баргузор гардид, паҳлуҳои ҳуқуқии дастгирии давлатии бахши хусусӣ, аз ҷумла тамдиди моратория ба санҷишҳо, таҳкими рақамикунонии соҳа ва роҳандозии механизмҳои нави ҷалби сармояро фарогир буд.
Конститутсия ва қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолатҳои мукаммали ҳуқуқии фаъолияти соҳибкориро муқаррар намудаанд. Аз ҷумла, мувофиқи моддаҳои 12 ва 32-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», ҳуқуқу озодиҳои соҳибмулкон ва субъектҳои хоҷагидор таҳти ҳимояи қатъии давлат қарор доранд.
Мулоқоти навбатии Сарвари давлат бо соҳибкорон нишон дод, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ба фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва ҳимояи ҳуқуқӣ равона шудааст. Натиҷаи ҳамин сиёсати пайгирона аст, ки имрӯз ҳиссаи бахши хусусӣ ҳам дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва ҳам дар таъмини шуғли аҳолӣ ба 70 фоиз расида, беш аз 80 фоизи даромадҳои андозӣ ба буҷети давлат низ аз ҳисоби ин бахш таъмин карда мешавад.
Дар айни замон, шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар кишвар ба 395 ҳазор расида, нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли қаблӣ 20 ҳазор адад зиёд гардидааст, ки ин шаҳодати эътимоди қавии шаҳрвандон ба низоми ҳуқуқии давлат мебошад.
Яке аз самтҳои муҳими таҳлили ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ ин иштироки бевоситаи онҳо дар рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва бунёдкориҳо ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Татбиқи принсипи масъулияти иҷтимоии соҳибкорӣ дар ҷамъият яке аз нишондиҳандаҳои асосии устувории институсионалӣ ба ҳисоб меравад.
Тавре дар мулоқот таъкид гардид, соҳибкорон дар бунёду навсозии зиёда аз 36 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ, аз ҷумла ҳазорҳо километр роҳҳо фаъолона саҳм гузоштаанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ бо саҳми соҳибкорон ва сарпарастон зиёда аз 3300 корхонаву коргоҳи саноатӣ, беш аз 4300 иншооти соҳаи маориф ва 2200 иншооти тандурустӣ ва 2080 майдончаи варзиш ва 5100 иншооти хизматрасонӣ сохта ва навсозӣ шудаанд.
Илова бар ин, бо саҳми онҳо 15 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 734 пул бунёд ёфтааст ва дар 25 соли охир зиёда аз 4 миллион ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Ин рақамҳо аз ташаккули маърифати баланди ҳуқуқӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии соҳибкорони ватанӣ дарак медиҳанд.
Барои таъмини фазои боэътимоди ҳуқуқӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна, дар мулоқоти мазкур тадбирҳои муҳими институсионалӣ ва меъёрии ҳуқуқии нав эълон карда шуданд. Аз ҷумла, бо мақсади дастгирии минбаъдаи субъектҳои соҳибкорӣ мораторий барои санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) барои ду соли дигар — то 1 январи соли 2029 тамдид карда мешавад.
Дар робита ба ин, мақомоти давлатии назоратӣ ва тафтишотӣ вазифадор карда шуданд, ки аз 1 январи соли 2027 санҷишҳоро танҳо дар асоси қонун ва низоми арзёбии хавф, бо риояи қатъии салоҳиятҳо, шаффофият ва асоснокии ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад.
Ҳамчун омили муҳими содда намудани расмиёти иҷозатдиҳӣ, Ҳукумати кишвар вазифадор гардид, ки то охири соли 2027 пурра ба шакли электронӣ гузаронидани ҳамаи хизматрасониҳои асосии бақайдгирӣ, иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳиро таъмин намояд, ки ин барои коҳиши омилҳои субъективӣ ва коррупсионӣ заминаи устувор мегузорад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва гузариш ба иқтисоди рақамӣ, Сарвари давлат масъалаҳои зеринро ҳамчун вазифаҳои стратегии соҳа пешниҳод намуданд:
-афзоиши содирот, яъне то соли 2030 ду баробар зиёд кардани содироти маҳсулоти коркардшуда;
-сиёсати қарзӣ, яъне расонидани ҳиссаи қарзҳои ба истеҳсолот равонагардида дар сандуқи қарзии низоми бонкӣ ба беш аз 40 фоиз;
-рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ, яъне таҳия ва амалисозии нақшаи мукаммали ташаккули соҳибкории рақамӣ аз соли 2027 ва истифодаи фаъолонаи зеҳни сунъӣ дар баҳисобгирӣ, фурӯш ва идоракунии истеҳсолот;
-сармоягузории мақсаднок, яъне иҷрои пӯрраи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ» (2025) ва Стратегияи ҷалби сармоя то соли 2040, ки ба ташкили иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва таъмини шуғли пурмаҳсул равона гардидаанд.
Мулоқоти 14 октябри соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону сармоягузорон бори дигар собит намуд, ки давлат ва бахши хусусӣ шарикони боэътимоди стратегӣ дар рушди устувори иқтисодиёти кишвар мебошанд. Ташаббусҳои эълонгашта — аз қабили тамдиди мораторий ба санҷишҳо то 1 январи соли 2029, гузариши пӯрра ба хизматрасониҳои рақамиву электронӣ то охири соли 2027 ва истифодаи фаъоли зеҳни сунъӣ — марҳалаи наверо дар муносибатҳои мутақобилаи давлат ва соҳибкорӣ оғоз мебахшанд.
Аз нуқтаи назари илми ҳуқуқшиносӣ амалӣ намудани супоришҳо ва вазифаҳои стратегие, ки Сарвари давлат дар суханронии худ гузоштанд (афзоиши содирот, рақамикунонии соҳа, танзими занҷираи иловашудаи арзиш ва гузариш ба арзёбии хавфҳо ҳангоми санҷишҳо), банизомдарорӣ ва кодификатсияи мукаммали қонунгузории соҳибкориро тақозо мекунад. Имрӯз меъёрҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ дар даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии гуногун соҳавӣ пароканда мебошанд, ки ин баъзан ба такрори меъёрҳо (коллизияи ҳуқуқӣ) ва монеаҳои бюрократӣ оварда мерасонад.
Дар робита ба ин, зарурати қабули Кодекси соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меояд. Кодекси соҳибкорӣ ба сифати як санади ягона, мутамарказ ва фарогири қонунгузорӣ метавонад механизмҳои зеринро таъмин созад:
1. Ягонагии низоми ҳуқуқӣ ва банизомдарорӣ, яъне муттаҳид ва кодификатсия намудани ҳамаи меъёрҳои парокандаи танзими соҳибкорӣ, иҷозатдиҳӣ, сармоягузорӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва кафолатҳои давлатӣ дар як санади мукаммал;
2. Таҳкими кафолатҳои ҳуқуқӣ ва коҳиши дахолати давлатӣ, яъне муайян кардани мақом ва ҳуқуқҳои субъектҳои соҳибкорӣ ва аниқ сохтани ҳудуди салоҳияти мақомоти назоратӣ, ки иҷрои бевоситаи супориши Пешвои миллатро дар самти гузариш ба низоми арзёбии хавфҳо ва заминасозӣ барои қатъи санҷишҳои беасос таъмин менамояд;
3. Танзими ҳуқуқии соҳибкории рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, яъне муайян намудани заминаҳои ҳуқуқии истифодаи зеҳни сунъӣ дар идоракунӣ ва баҳисобгирии истеҳсолот, тиҷорати электронӣ ва шартномаҳои рақамӣ (смарт-контрактҳо), ки Сарвари давлат онҳоро ҳамчун вазифаи стратегии давраи нав пешниҳод намуданд.
Ба ин тартиб, қабули Кодекси соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад кафолати ҳуқуқии татбиқи пурраи ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардида, кишварро ба марҳалаи нави рушди саноатӣ, инноватсионӣ ва рақобатпазирии иқтисодӣ ворид созад.
САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД - муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.