Skip to main content

Иштироки намояндаи Институт дар барномаҳои телевизионӣ бахшида ба Рӯзи Конститусия ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Дониёр Сангинзода ҷиҳати таҳкими ғояҳои давлатдорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва шарҳу тавзеҳи таърихи ташаккули рамзҳои муҳими давлатӣ дар ду шабакаи телевизионӣ суханронӣ намуд.

  • Дар Телевизиони «Синамо» дар мавзӯи «6 ноябр — Рӯзи Конститутисияи Ҷумҳурии Тоҷикистон». Профессор Д.Ш. Сангинзода дар баромади хеш ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардад:

  • Конститутсияи соли 1994 дар марҳилаи ниҳоят ҳассосу тақдирсози миллат бо роҳбарӣ ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида, роҳи рушди минбаъдаи Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуд.

  • Дар Конститутсияи кишвар инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шудаанд ва ин меъёр асоси фаъолияти мақомоти давлатиро ташкил медиҳад.

  • Дар Телевизиони «Душанбе HD» дар мавзӯи «16 ноябр — Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон». Зимни баромад профессор Д.Ш. Сангинзода ба нуктаҳои зерин таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд:

  • Таҷлил аз Рӯзи Президент нишонаи арҷгузорӣ ба заҳматҳои шабонарӯзӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии давлатро ба уҳда гирифтанд.

  • Дар шароити ниҳоят вазнини сиёсӣ ва иқтисодӣ Президенти мамлакат тавонистанд Ваҳдати миллиро барқарор сохта, сохти конститутсионӣ, сулҳу субот ва амнияти кишварро таъмин намоянд ва давлати тоҷиконро аз хатари нестшавӣ наҷот диҳанд.

  • Профессор оид ба дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар масъалаҳои об ва иқлим, рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ андешаронӣ карда, институти Президентро ҳамчун кафили асосии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон арзёбӣ намуданд.

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст