Иштироки профессор Буризода Эмомалӣ Бозор дар барномаи «Тафаккури созанда»-и Радиои Тоҷикистон
Имрӯз мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Буризода Эмомалӣ Бозор дар Радиои Тоҷикистон дар барномаи «Тафаккури созанда» суханронӣ намуд.
Баромади профессор ба мавзӯи ниҳоят муҳим ва мубрам — «Конститутсия ва давлатдории навини тоҷикон» бахшида шуда, дар он масъалаҳои муҳими ҳуқуқӣ ва таърихӣ мавриди баррасиву шарҳи муфассал қарор гирифтанд.
Зимни суханронии хеш профессор Эмомалӣ Буризода ба нуктаҳои зерин таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд:
-
Нақши Конститутсия дар таҳкими давлатдорӣ. Оид ба моҳияти ҳуқуқиву таърихии Қонуни Асосӣ дар раванди эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ андешаҳои илмӣ пайгирӣ гардиданд.
-
Сарчашмаи соҳибихтиёрӣ ва ҳуқуқҳои инсон. Таъкид шуд, ки Конститутсияи кишвар кафили асосии озодӣ, ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд буда, роҳи рушди устувори ҷомеаро муайян месозад.
-
Ташаккули тафаккури созанда ва маърифати ҳуқуқӣ. Профессор оид ба аҳамияти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, эҳтиром ба қонун ва саҳми он дар таҳкими истиқлолияти миллӣ ва соҳибихтиёрии кишвар сухан ронд.
Сӯҳбати радиоӣ барои шунавандагон аҳамияти калони маърифатӣ ва илмӣ дошта, ба таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи ҳуқуқии ҷомеа мусоидат менамояд.