БАРОМАДИ НАМОЯНДАИ ИНСТИТУТ ДАР РАДИОИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Дониёр Сангинзода дар Радиои Тоҷикистон дар мавзуи «Конститутсия – баёнгари арзишҳои олии демократӣ ва кафолати рушди устувори ҷомеа» суханронӣ намуд.
Дар баромади худ профессор Д. Сангинзода оид ба нақши таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон, таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд андешаҳои илмию амалии хешро баён дошт. Инчунин дар рафти суҳбат ба масъалаҳои такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.