СУХАНРОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ИНСТИТУТ ДАР ТЕЛЕВИЗИОН
Намояндагони Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар барномаи «Қонун ва ҷомеа»-и Телевизиони Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мавзуи асосии баҳсу баррасии соҳибназарони соҳа ба яке аз масъалаҳои муҳимми рӯз — «Эълони соли 2027 ҳамчун Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» бахшида шуда буд.
Дар барнома олимону пажӯҳишгарони Институт ҷанбаҳои мухталифи ин ташаббусро мавриди таҳлили илмию амалӣ қарор доданд:
Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло – сарходими илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор;
Ҷабборов Фарҳодҷон Нозимович – ходими пешбари илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент;
Калонзода Фатҳиддин – ходими калони илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосир;
Убайдзода Хубон – ходими хурди илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосир.