Перейти к основному содержанию

ХАБАРҲО

Охирин хабарҳо ва рӯйдодҳои муҳим

МАҚОЛАҲО

Андешаҳо, таҳлилҳо ва мақолаҳои муфид

МУҲАҚҚИҚИ СЕРМАҲСУЛ ВА ПОЯГУЗОРӢ МАКТАБИ МУОСИРИ ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

(Ба муносибати 75-солагии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҷабов Саитумбар Адинаевич)

123Дар таърихи рушди илми ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон олимоне ҳастанд, ки фаъолияти илмӣ, омӯзгорӣ ва ҷамъиятии онҳо бо марҳилаҳои муҳими ташаккули давлатдории миллӣ ва таҳкими низоми ҳуқуқии кишвар пайванди ногусастанӣ дорад. Яке аз чунин чеҳраҳои намоёни илми ҳуқуқи Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Саитумбар Адинаевич Раҷабов мебошанд, ки санаи 1 сентябри соли ҷорӣ ба синни мубораки 75 расиданд.

Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон масъалаи ташаккули мактаби миллии ҳуқуқи байналмилалӣ аҳамияти махсус пайдо кард. Барои давлати мустақил доштани мутахассисоне зарур буд, ки на танҳо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро донанд, балки тавонанд масъалаҳои татбиқи онҳоро дар шароити миллӣ таҳлил намоянд. Маҳз дар ҳамин давра фаъолияти илмии профессор Раҷабов С.А. ба таҳқиқи масъалаҳое равона гардид, ки барои давлати навини Тоҷикистон аҳамияти ҳам назариявӣ ва ҳам амалӣ доштанд.

Фаъолияти чандинсолаи профессор С. А. Раҷабов намунаи содиқона хизмат кардан ба илм, таълим ва тарбияи насли нави ҳуқуқшиносон мебошад. Самти асосии фаъолияти илмии устод Раҷабов С.А. ҳуқуқи байналмилалӣ буда, махсусан масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона, имплементатсияи меъёрҳои байналмилалӣ дар низоми ҳуқуқии миллӣ, ҳуқуқи байналмилалии ҷиноятӣ, ҳалли низоъҳо, нақши Созмони Милали Муттаҳид ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ дар меҳвари таҳқиқоти ӯ қарор доранд.

Профессор Саитумбар Адинаевич Раҷабов солҳои тӯлонӣ фаъолияти худро ба рушди илми ҳуқуқи байналмилалӣ дар Тоҷикистон бахшидааст. Таҳсилоти ҳуқуқии ӯ ва таҷрибаи чандинсолаи фаъолияти илмӣ заминаи ташаккули як мактаби илмии ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқи байналмилалӣ нигаронидашударо фароҳам овардааст.

Ӯ аз ҷумлаи олимоне гардид, ки масъалаи имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун яке аз самтҳои мустақили таҳқиқоти илмӣ мавриди омӯзиш қарор дод. Яке аз дастовардҳои муҳимтарини фаъолияти илмии профессор Раджабов диссертатсияи доктории ӯ дар мавзӯи «Имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байанлмилалии гуманитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои назария ва амалӣ” мебошад. Аҳамияти ин таҳқиқот дар он аст, ки муаллиф масъалаи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстониро на танҳо аз нуқтаи назари назариявӣ, балки дар робита бо таҷрибаи Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор додааст. Дар диссертатсия мафҳум ва моҳияти ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона, хусусиятҳои низоъҳои мусаллаҳона, шаклҳои имплементатсияи меъёрҳои байналмилалӣ ва механизмҳои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқ шудаанд. Ин таҳқиқот барои рушди илми ҳуқуқи байналмилалӣ дар Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад, зеро масъалаи иҷрои санадҳои байналмилалии башардӯстона дар заминаи ҳуқуқи миллии Тоҷикистон ба сатҳи таҳқиқоти мукаммали илмӣ бароварда шудааст.

Самтҳои муҳими дигари фаъолияти илмии профессор Раҷабов С.А. омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқии ҳалли низоъи дохилии Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли он мебошад. Дар соли 2004 мақолаи номбурда таҳти унвони «Анализ правовых аспектов конфликта в Таджикистане и его разрешения» дар «Московский журнал международного права» ба табъ расидааст. Ин самти таҳқиқоти ӯ аҳамияти хос дорад, зеро масъалаи сулҳ ва оштии миллӣ барои Тоҷикистон на танҳо аҳамияти сиёсӣ ва таърихӣ, балки аҳамияти ҳуқуқӣ низ дошт. Омӯзиши заминаҳои ҳуқуқии низоъ, механизмҳои ҳалли он ва нақши меъёрҳои байналмилалӣ дар ин раванд барои ташаккули назарияи ҳуқуқии сулҳофарӣ дар Тоҷикистон мусоидат намуд.

Профессор Раҷабов С.А. ҳамчунин ба нақши Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ кардааст. Аз ҷумла, мақолаи илмии мавсуф дар мавзуи «Роль ООН в разрешении вооруженного конфликта в Таджикистане», ки соли 2008 дар «Московский журнал международного права» нашр шудааст, ба ин масъала бахшида шудааст. Ин таҳқиқотҳо имрӯз низ аҳамияти худро гум накардаанд, зеро таҷрибаи Тоҷикистон дар ҳалли мусолиматомези низоъ метавонад ҳамчун яке аз намунаҳои муҳими таҷрибаи байналмилалии сулҳофарӣ ва оштии миллӣ омӯхта шавад.

Самти дигари муҳими фаъолияти профессор Раҷабов С.А. ҳуқуқи байналмилалии ҷиноятӣ мебошад. Ӯ ба масъалаҳои ҳуқуқии Статути Римии Суди байналмилалии ҷиноятӣ низ таваҷҷуҳ намуда, дар соли 2005 мақолаи «Военные аспекты Римского статута Международного уголовного суда»-ро нашр намуд. Ин далели фаъолияти илмии профессор Раҷабов С.А. мебошад, ки танҳо ба як самти маҳдуди ҳуқуқи байналмилалӣ маҳдуд нашуда, масъалаҳои мураккаби ҳуқуқи байналмилалии муосирро фаро гирифтааст.

Яке аз хусусиятҳои муҳими фаъолияти илмии профессор Раҷабов С.А. таваҷҷуҳ ба омӯзиши сарчашмаҳои таърихии ташаккули муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Дар таҳқиқоти солҳои охири ӯ ба осори мутафаккирони форсу тоҷик, аз ҷумла ба масъалаҳои дипломатия ва ҳуқуқи муносибатҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Аз ҷумла, мақолаи мавсуф “Дастур ал-Мулук”-и Хоҷа Самандари Тирмизӣ ҳамчун сарчашмаи нодир ва муҳимми ҳуқуқи робитаҳои хориҷӣ» ба нақши сафир, қоидаҳои интихоб ва таъини сафир, талабот нисбат ба намояндаи дипломатӣ ва аҳамияти дипломатия дар рушди муносибатҳои берунии давлат бахшида шудааст. Дар ин мақола нишон дода мешавад, ки омӯзиши осори таърихӣ метавонад барои дарки пайдоиш ва рушди институти дипломатия аҳамияти илмӣ дошта бошад.

Доираи таҳқиқоти профессор Раҷабов С.А. дар солҳои охир масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалии меҳнатро низ фаро гирифтанд. Мақолаи мавсуф «Акты МОТ: правовая природа и их место в системе источников трудового права Республики Таджикистан», ки соли 2021 нашр шудааст, ба таҳлили табиати ҳуқуқии санадҳои Созмони байналмилалии меҳнат ва ҷойгоҳи онҳо дар низоми сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнати Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар ин мақола конвенсияҳо, тавсияҳо, эъломияҳо ва дигар санадҳои МОТ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Ин самти таҳқиқот махсусан муҳим аст, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви Созмони байналмилалии меҳнат ӯҳдадориҳои байналмилалии меҳнатиро ба зимма дорад ва масъалаи муносибати байни стандартҳои байналмилалии меҳнат ва қонунгузории миллӣ аҳамияти назариявию амалӣ пайдо кардааст.

Кору пайкори профессор С. А. Раҷабов тули солҳои зиёд бо фаъолияти илмӣ дар муассисаҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон алоқаманд мебошад. Профессор Раҷабов С.А. аз соли 2006 инҷониб ҳамчун мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Тоҷикистон ба рушди ин самти илмӣ ва ташкили фаъолияти илмии муҳаққиқон мусоидат кардааст. Дар давраи фаъолияти ӯ ин шуъба ба яке аз марказҳои муҳими таҳқиқи масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Имрӯз фаъолияти илмии профессор, ҳамчун мудири шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон идома дорад. Ин марҳилаи нави фаъолияти устод Раҷабов С.А. идомаи мантиқии фаъолияти бисёрсолаи илмӣ ва ташкилию роҳбарии ӯ дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.

Ӯ ҳамчун роҳбар ва мушовири илмӣ дар омодасозии муҳаққиқони ҷавон бевосита иштирок менамояд. Табиист, ки мактаби илмӣ танҳо тавассути китобҳо ва мақолаҳо ташаккул намеёбад, он пеш аз ҳама тавассути тарбияи муҳаққиқони нав, интиқоли таҷриба ва ташаккули фарҳанги илмӣ ба наслҳои баъдӣ идома меёбад.Таҳти роҳбарии устод Раҷабов С.А. зиёда аз 10 нафар муҳаққиқони ҷавон дар замони Истиқлолидавлатӣ оид ба масоили мубрами ҳуқуқи байналмилалӣ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намуданд, ки аҳамияти мактаби илмии устод Раҷабов С.А. -ро нишон медиҳад. Маҳз дар ҳамин маъно профессор Раҷабов С.А.-ро метавон аз ҷумлаи намояндагони насли олимоне донист, ки барои ташаккули мактаби миллии ҳуқуқи байналмилалӣ дар Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштаанд.

Профессор Раҷабов С.А. муаллифи зиёда аз 100 асари илмӣ, аз ҷумла монографияҳо, китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ мебошад. Гуногунрангии мавзӯъҳои таҳқиқотии устод Раҷабов С.А. нишон медиҳад, ки фаъолияти илмии номбурда хусусияти маҷмуӣ дошта, масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалиро дар робитаи зич бо давлатдорӣ, ҳуқуқи инсон, сулҳ ва ҳамкории байналмилалӣ таҳлил менамояд.

Профессор Раҷабов С.А. соҳиби натанҳо дастовардҳои беназири илмӣ балки дорои хислатҳои неки инсонӣ: аз қабили масъулиятшиносӣ, садоқат ба илм, таҷрибаи касбӣ ва муносибати ғамхорона ба муҳаққиқони ҷавон мебошад.

Барои ҳамкорон ва шогирдон ӯ пеш аз ҳама асосгузори мактаби илмие мебошад, ки дар он дониш, таҷрибаи касбӣ ва эҳтиром ба илм бо ҳам пайваст шудаанд.

Фаъолияти чандинсолаи устод Раҷабов С.А. нишон медиҳад, ки ӯ илмро на ҳамчун воситаи расидан ба унвони илмӣ, балки ҳамчун рисолати касбӣ ва иҷтимоӣ қабул ва амалӣ намуда истодааст. Маҳз ҳамин муносибат ба фаъолияти илмии ӯ пайвастагии дохилӣ ва устуворӣ бахшидааст.

75-солагӣ барои олим танҳо ҷашни синну сол нест. Ин фурсатест барои ҷамъбасти роҳи тайкардашуда, арзёбии саҳми илмӣ ва муайян намудани дурнамои минбаъдаи фаъолияти эҷодӣ. Роҳи илмии профессор Раҷабов С.А. намунаи фаъолияти пайваста ва ҳадафмандона мебошад. Аз таҳқиқи масъалаҳои ҳуқуқии низоъ дар Тоҷикистон то таҳлили муосири ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона, аз масъалаҳои имплементатсияи меъёрҳои байналмилалӣ то ҳуқуқи муносибатҳои хориҷӣ ва дипломатия, тамоми ин самтҳо бо як ғояи умумӣ: таҳкими нақши ҳуқуқ дар таъмини сулҳ, адолат, ҳамкории байналмилалӣ ва рушди давлатдории навини тоҷикон пайвастанд.

Дар ин замина, 75-солагии устоди муҳтарамро метавон ҳамчун ҷашни на танҳо як донишманди соҳибэҳтиром, балки ҷашни яке аз намояндагони насли ташаккулдиҳандаи мактаби муосири ҳуқуқи байналмилалии Тоҷикистон арзёбӣ намуд.

Имрӯз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мавқеи фаъоли худро таҳким мебахшад ва масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ торафт мураккабтар мегарданд, таҷрибаи олимоне чун профессор Раҷабов С.А. аҳамияти бештар пайдо мекунад. Дониш, таҷрибаи илмӣ, таҳқиқоти бисёрсолаи ӯ ва фаъолияти омӯзгорию роҳбарӣ барои насли нави ҳуқуқшиносон сарвати арзишманди илмӣ мебошанд.

Бо итминон метавон гуфт, ки кору пайкори профессор Раҷабов С.А. дар таърихи рушди илми ҳуқуқи байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун олими соҳибтаҷриба, муҳаққиқи масъалаҳои мубрами ҳуқуқи байналмилалӣ, тарбиятгари кадрҳои ҷавон ва яке аз ташаккулдиҳандагони мактаби миллии ҳуқуқи байналмилалӣ боқӣ хоҳад монд.

Бо камоли эҳтиром, устоди гиромӣ Раҷабов Саитумбар Адинаевичро ба муносибати 75-солагии умри пурбаракат ва фаъолияти пурсамари илмӣ муборакбод намуда, барояшон саломатии бардавом, неруи эҷодӣ, комёбиҳои нави илмӣ ва рӯзгори осуда орзу менамоем.

75-солагии умри бобаракат - марҳилаи нави таҷриба, хирад ва эҷодкорӣ ҳумоюн бошад!

Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло, сарходими илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

МУҚАРРАР НАМУДАНИ МАҲДУДИЯТҲОИ РАҚАМӢ БАРОИ НОБОЛИҒОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЗАМИНАИ РАВАНДҲОИ ҶАҲОНӢ

(Дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-уми шаҳри Душанбе, 31.08.2026)

Дар давраи солҳои 2024-2026 тамоюли ҷаҳонӣ ба сӯи маҳдуд кардани дастрасии ноболиғон ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва телефонҳои мобилӣ вусъат ёфт. Ин амалҳо на танҳо ба хотири бехатарии равонии кӯдакон, балки ба хотири мубориза бо кибербуллинг (таъқиби интернетӣ), вобастагии рақамӣ ва паст шудани сифати таҳсил андешида мешаванд. Таҳлили қонунгузории кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки танзими давлатӣ дар ин соҳа аз тавсияҳои умумӣ ба манъҳои қатъии ҳуқуқӣ мегузарад.

1Дар суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-уми шаҳри Душанбе (31.08.2026) зарурати ташаккули фарҳанги дурусти иттилоотӣ ва ҳифзи кӯдакону наврасонро аз хатарҳои рақамӣ таъкид намуд. Аз ҷумла такид намуданд, ки: “Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир истифодаи беназорати телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нигаронкунанда гардидааст.

Коршиносону таҳлилгарони мустақили созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ низ дар гузоришҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ диққати хонандагонро парешон карда, ба таҳсили онҳо халал мерасонанд. Аллакай, як қатор давлатҳои мутараққӣ истифодаи телефонҳоро барои хонандагони синни то 16-сола дар шаклҳои гуногун манъ кардаанд. Бояд гуфт, ки ҳама гуна иттилоот хусусияти синнусолӣ дорад. Вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин меъёр умуман риоя намегардад ва бо ҳамин сабаб қисми зиёди кӯдакону наврасон, аллакай, таҳти таъсири манфии чунин иттилоот қарор гирифтаанд. Истифодаи бемеъёру беназорати телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба солимии равонӣ, хоб, нутқ, ҳофиза, қобилияти азхудкунии саводу дониш, фаъолият ва рушди ҷисмонии онҳо зарари ҷиддӣ расонида шудааст. Хонандагон ба ҷои он, ки китоб хонанд, малакаҳои худро ташаккул диҳанд ё ба варзиш машғул шаванд, соатҳои зиёдро дар фазои маҷозии шабакаҳои иҷтимоӣ сарф менамоянд. Фаромӯш набояд кард, ки кӯдакону наврасон ояндаи миллатанд ва мо наметавонем, ки нисбат ба масъалаи солимии онҳо, яъне ояндаи миллат бетараф бошем. Бо дарназардошти ин, ба Вазорати маориф ва илм, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ супориш дода мешавад, ки дар муддати се моҳ масъалаи мазкурро ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ карда, вобаста ба роҳҳои ҳалли он ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намоянд”.

Тамоюлҳои асосии қонунгузории ҷаҳон дар соҳаи маҳдудсозии рақамӣ барои ноболиғон ба чунин моделҳо асос ёфтааст:

1. Модели "Ҷавобгарии платформаҳо" (Австралия). Австралия намунаи ҷолиби гузариш аз тавсияҳои нарм ба манъҳои қатъии ҳуқуқӣ мебошад. Қонуни тағйирот оид ба амнияти интернетӣ (синни ҳадди ақали шабакаҳои иҷтимоӣ) соли 2024 дар моҳи ноябри соли 2024 қабул шуд ва барои шахсони то 16-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро (TikTok, Instagram, Facebook, Snapchat, Reddit ва дигарон) комилан манъ кард. Махсусияти ин қонун дар он аст, ки платформаҳо вазифадоранд, ки синну соли корбаронро тавассути технологияҳои биометрӣ ё ҳуҷҷатгузорӣ санҷанд (истифодаи FaceCheck, Microsoft Azure Face API, Yoti ва дигар системаҳо). Барои риоя накардан то 50 миллион доллари австралиягӣ (тақрибан 32 миллион доллари ИМА) ҷарима пешбинӣ шудааст. Масъулият ба дӯши платформаҳо гузошта шудааст, на волидайн. Платформаҳо дар сурати набудани механизми муассир барои муайян кардани синну сол ҷавобгар мебошанд. Барои платформаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва хизматрасонии ҳукуматӣ истисноҳо пешбинӣ шудаанд. Ба платформаҳо 6 моҳ (то майи 2025) барои татбиқи технологияҳои зарурӣ ва 12 моҳ (то ноябри 2025) барои пурра амалӣ намудани қонун муҳлат дода шуд. Ин қонун бо вокуниши гуногуни ҷомеа рӯбарӯ шуд. Баъзе коршиносон онро "бесамар" меноманд, зеро наврасон метавонанд тавассути VPN ё дигар воситаҳо маҳдудиятҳоро рафъ кунанд, аммо дигарон онро як "инқилоб дар ҳифзи кӯдакон" мешуморанд.

2. Модели "Танзими синни ҳадди ақали розигӣ " (Иттиҳоди Аврупо). Иттиҳоди Аврупо дар доираи Стратегияи Аврупо «Бехтарин интернет барои кӯдакон» (BIK+) барои солҳои 2022-2027 ва Қоидаҳои нави умумии Аврупо оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ таҷрибаи нави танзимро пешниҳод мекунад. Хусусиятҳои асосии ин модели танзим дар он аст, ки дар сатҳи ИА синни ҳадди ақал барои коркарди маълумоти шахсӣ (GDPR) 16-солагӣ муқаррар шудааст, аммо кишварҳои узв метавонанд онро то 13-солагӣ паст кунанд. Масалан дар Фаронса Қонун аз 21 майи соли 2024, № 2024-449 “Оид ба таъмини амният ва танзими фазои рақамӣ” синни 15-солагӣ барои бақайдгирии мустақилона дар шабакаҳои иҷтимоӣ муқаррар менамояд. Волидайн бояд барои кӯдакони то 15-сола розигии хаттӣ диҳанд. Истифодаи телефон дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёна комилан манъ аст (ин манъ ҳанӯз соли 2018 қабул шуда, ҳоло пурра татбиқ мешавад). Барои риоя накардани қонун ҷарима то 1% аз гардиши солонаи ширкат (ба монанди Қоидаи умумии ҳифзи маълумот) пешбинӣ шудааст. Дар Олмон синни 16-солагӣ барои бақайдгирӣ муқаррар шуда, аммо дар сатҳи федералӣ қонун вуҷуд надорад. Иёлотҳо (Бавария, Ҳессен) қонунҳои маҳаллӣ оид ба манъи телефон дар мактаб то синфи 10 қабул кардаанд. Истифодаи телефон дар синфхонаҳо аз соли 2025 дар бисёр иёлотҳо манъ аст. Дар Италия синни 15-солагӣ муқаррар гардида, волидайн метавонанд барои кӯдакони то 15-сола розигии электронӣ диҳанд. Нидерландия синни 16-солагиро дарҷ намуда, истифодаи телефон дар мактаб аз соли 2024 манъ аст. Ин модел ба платформаҳо уҳдадорӣ мегузорад, ки механизмҳои санҷиши синну солро таҳия кунанд, аммо ба платформаҳо имкон медиҳад, ки ба талаботи гуногуни кишварҳо мутобиқ шаванд.

3. Модели "Назорати техникӣ ва маҳдудсозии вақт" (Осиё). Давлати Чин ва Кореяи Ҷанубӣ намунаи беҳтарини модели назорати техникӣ ва маҳдудсозии вақт мебошанд. Дар Чин Қонуни "Ҳифзи ноболиғон дар фазои интернет" (2024) амал мекунад, ки ҳатмияти насби "Реҷаи кӯдакона" дар ҳамаи смартфонҳои нав ро муқаррар кардааст. Ин реҷа махсусияташ дар он аст, ки вақти истифодаро барои кӯдакони то 16-сола то 2 соат дар як рӯз маҳдуд намуда, дастрасӣ ба мундариҷаи зарароварро (зӯроварӣ, қимор, маводди экстремистӣ) маҳдуд карда, реҷаи "хоб"-ро аз соати 22:00 то 06:00 фаъол менамояд. Аз 1 январи 2026 истеҳсоли телефонҳои бе функсияи назорати волидайн дар Чин комилан манъ аст. Ин талабот ба ҳамаи истеҳсолкунандагон, аз ҷумла Apple ва Samsung, татбиқ мешавад. Платформаҳои бозӣ аз соати 22:00 то 06:00 дастрасиро барои ноболиғон қатъ мекунанд, ки он тавасути "Низоми миллии мубориза бо вобастагии бозиҳои интернетӣ” (National Online Game Anti-Addiction System) амалӣ карда мешавад. Дар Кореяи Ҷанубӣ Қонуни “Маҳдудсозии вақти бозиҳои шабона”, 2025 платформаҳои бозиро аз соати 00:00 то 06:00 барои ноболиғон ҷиҳати дастрасӣ маҳдуд мекунад. Дар бисёр мактабҳо таҷҳизоти пасткунандаи сигнал истифода мешавад, ки сигнали интернети мобилиро дар вақти дарс хомӯш мекунад. Барои бақайдгирӣ дар бозиҳои онлайн истифодаи рақами "I-PIN" (системаи миллии тасдиқи ҳувият) ҳатмӣ аст.

4. Модели "Манъи телефон дар мактаб" (Вазъи ҷаҳонӣ). Дар сатҳи ҷаҳон ғайр аз моделҳои асосии танзим, ки дар Австралия, Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиё амал мекунанд, бисёр давлатҳо сиёсати манъи истифодаи телефони мобилиро дар мактабҳо ҷорӣ кардаанд, ки ин нишондиҳандаи эътирофи умумии таъсири манфии дастгоҳҳои мобилӣ ба раванди таълим ва саломатии равонӣ мебошад. Аз ин миён, Британия соли 2023 дастури расмии манъи телефонро дар мактабҳои инглисӣ нашр кард, ки тибқи он мактабҳо метавонанд бо қабули оинномаҳои дохилӣ истифодаи телефонҳоро пурра маҳдуд созанд. Фаронса, ки яке аз пешқадамтарин кишварҳо дар ин самт мебошад, манъи истифодаи телефонро дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёна (барои хонандагони то 15-сола) аз соли 2018 ҷорӣ намуда, ин сиёсатро то ҳол тақвият додааст. Италия низ аз соли 2024 ба ин сиёсат ҳамроҳ шуда, истифодаи телефонро дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёна манъ кардааст. Дар фазои пасошӯравӣ, Русия бо қабули Қонуни федералии «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Федератсияи Русия "Дар бораи маориф"» аз 19 декабри соли 2023, № 618-ФЗ, ки аз 1 январи соли 2024 ба амал омадааст, истифодаи телефони мобилиро дар вақти дарс ба таври қатъӣ манъ карда, танҳо барои ҳолатҳои фавқулодда истисноҳо пешбинӣ намудааст. Қазоқистон низ бо Фармони Вазорати маориф аз соли 2025 манъи истифодаи телефонро дар вақти дарс ҷорӣ кардааст. Туркия низ дар ин қатор қарор дошта, аз соли 2024 истифодаи телефонро дар мактабҳои миёна ва олӣ маҳдуд сохта, дар мактабҳои ибтидоӣ онро ба таври комил манъ кардааст. Ин тамоюли васеи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки кишварҳо, новобаста аз мавқеи ҷуғрофӣ ва сатҳи рушд, ба хулосаи ягона омадаанд, ки маҳдудсозии истифодаи телефон дар муассисаҳои таълимӣ на танҳо ба беҳтар шудани сифати таҳсил ва зиёд шудани диққати хонандагон, балки ба пешгирии падидаҳои манфии иҷтимоӣ, аз қабили кибербуллинг ва вобастагии рақамӣ низ мусоидат мекунад.

5. Модели "Маҳдудияти дастрасӣ ба мундариҷа" (Шарқи Наздик ва Осиё). Дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиё таваҷҷуҳ бештар ба маҳдуд кардани дастрасӣ ба мундариҷаи зараровар равона шудааст:

- Арабистони Саудӣ. Платформаҳои иҷтимоӣ (TikTok, Instagram) вазифадоранд, ки мундариҷаро барои кӯдакони то 15-сола филтр кунанд. Барои риоя накардан ҷаримаи то 10 миллион риёл пешбинӣ шудааст.

- Имороти Муттаҳидаи Арабӣ. Қонуни нави "Ҳифзи кӯдакон дар интернет" (2025) санҷиши синну солро барои ҳамаи платформаҳо ҳатмӣ кард. Платформаҳое, ки қонунро риоя намекунанд, дар қаламрави ИМА манъ карда мешаванд.

- Ҷопон. Қонуни "Ҳифзи ҷавонон аз мундариҷаи зараровар" (тағийроти соли 2025) ҷудонамоии ҳатмии мундариҷаро барои ҳамаи дастгоҳҳои мобилии кӯдакон (то 18-сола) пешбинӣ мекунад. Волидайн метавонанд филтрҳоро мустақилона тартиб диҳанд.

Барои тасдиқи зарурати чунин маҳдудиятҳо ба андешаи мо таҳлили оморҳои зерин аҳамияти муҳим доранд:

А) Тадқиқоти ЮНИСЕФ дар соли 2025 нишон дод, ки 67% кӯдакони то 16-сола дар кишварҳои рушдёфта дар тӯли 6 моҳ ҳадди ақал як маротиба бо кибербуллинг рӯбарӯ шудаанд. Дар Австралия ин нишондиҳанда 52% -ро ташкил медиҳад, ки нишон медиҳад, ки манъ метавонад самаранок бошад.

Б) Тадқиқоти Институти тадқиқотии Пью дар соли 2024 муайян намуд, ки 78% волидайни дар ИМА, Британия ва Австралия розианд, ки ҳукумат бояд дастрасии ноболиғонро ба шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд кунад. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2020 15% афзоиш ёфтааст.

В) Тадқиқоти Донишгоҳи Оксфорд дар соли 2025 нишон дод, ки истифодаи аз 2 соат бештари шабакаҳои иҷтимоӣ дар як рӯз барои наврасони 12-16-сола ба чунин ҳолатҳо оварда мерасонад: эҳтимоли пайдо шудани афсурдагӣ 41% зиёд мешавад; сифати хоб 35% паст мешавад; фаъолияти ҷисмонӣ 28% кам мешавад; сатҳи таҳсил 22% паст мешавад.

Г) Гузориши сармоягузории бозгашти иҷтимоӣ (SROI) дар соли 2025 муайян намуд, ки ҳар 1 долларе, ки давлат ба манъи дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакон сарф мекунад, то 7.3 доллар дар оянда барои табобати бемориҳои равонии кӯдакон ва кибербуллинг сарфа мекунад.

Ба ғайр аз қонунгузорӣ, технология низ дар ин самт тағйир меёбад:

- Ширкатҳо (Yoti, Trulioo, FaceCheck) технологияҳои пешрафтаи муайян кардани синну солро тавассути таҳлили чеҳра (бо дақиқии то 98% барои синни 13-18) пешниҳод мекунанд. Ин метавонад санҷиши синну солро самараноктар кунад.

- Дар Эстония ва Сингапур системаи миллии ҳувияти рақамӣ (e-ID) барои санҷиши синну сол ҳангоми бақайдгирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мешавад.

- Бисёр кишварҳо (Австралия, ИА, Сингапур) нақша доранд, ки санҷиши синну солро тавассути системаҳои миллии ID ба роҳ монанд, ки онро метавон барои платформаҳо ҳатмӣ гардонд.

Тамоюлҳои солҳои 2024-2026 нишон медиҳанд, ки ҷаҳон аз "танзими нарм" (тавсияҳо, тарғибот) ба "манъҳои қатъӣ" ва "ҷавобгарии платформаҳо" гузашта истодааст. Австралия модели сахттаринро бо манъи куллӣ ва масъулияти платформаҳо пешниҳод мекунад. Иттиҳоди Аврупо модели мутавозинтарро интихоб карда, ба "синни ҳадди ақали розигӣ" ва талабот ба ширкатҳо таваҷҷуҳ дорад. Чин ва Корея ба назорати техникӣ ва маҳдудсозии вақт такя мекунанд.

Ин равандҳо барои Тоҷикистон аҳамияти калон доранд, зеро онҳо нишон медиҳанд, ки танзими фазои рақамӣ на танҳо масъалаи бехатарии кӯдакон, балки унсури муҳими ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва амнияти иттилоотӣ мебошад. Тоҷикистон бояд бо истифода аз таҷрибаи Австралия (масъулияти платформаҳо), ИА (синни рақамӣ) ва Чин (назорати техникӣ) модели худро таҳия кунад, ки ба шароити миллии кишвар мувофиқ бошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, дар соҳаи танзими иттилоот ва ҳифзи кӯдакон заминаи муайяни қонунгузориро дорост. Таҳлили қонунҳои амалкунанда нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар масоили манъи истифодаи телефонҳои мобилӣ дар муассисаҳои таълимӣ яке аз пешқадамтарин кишварҳо мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» заминаи ҳуқуқии асосии соҳаи маорифро муайян мекунад. Дар қисми 10, моддаи 25 истифодаи телефони мобилӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз ҷониби хонандагон, инчунин дар муассисаҳои олӣ аз ҷониби донишҷӯён, аспирантон, докторантон ва омӯзгорон дар раванди таълим манъ карда шудааст. Ин манъкунӣ дар сатҳи қонунгузорӣ муқаррар шудааст, на дар сатҳи оинномаҳои дохилӣ. Боиси таъкид аст, ки манъи телефони мобилӣ дар мактабҳо ҳанӯз аз соли 2009 ба таври расмӣ дар сатҳи қонунгузории маориф ҷорӣ гардида буд. Дар моддаи 46 Қонун уҳдадориҳои падару модар дар таълими кӯдак, аз ҷумла таъмини гирифтани таҳсилот, риояи санадҳои дохилии мактаб ва мусоидат ба омӯзиши забони давлатӣ муқаррар шудааст. Моддаи 51 уҳдадориҳои омӯзгоронро дар раванди таълиму тарбия, аз ҷумла масъулият дар таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии таълимгирандагон, муайян мекунад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» аз 20 июни соли 2024 масъулиятро на танҳо ба волидайн маҳдуд менамояд, балки ба муассисаи таълимӣ ва омӯзгор низ татбиқ мекунад. Ин қонун дар моддаи 16 ва 20 муқаррароти муҳим барои танзими фазои рақамиро дарҷ намудааст:

- падару модар вазифадоранд, ки фарҳанги истифодаи телефони мобилиро омӯзонанд ва ҷиҳати дар вақти дарс истифода набурдани он чораандешӣ намоянд.

- падару модар вазифадоранд, ки истифодаи мақсадноки интернет-ро аз ҷониби кӯдак назорат намоянд.

- манъи дастрасии кӯдак ба маводди террористӣ, экстремистӣ, порнографӣ ва зӯроварӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои алоқа муқаррар шудааст.

- омӯзгор вазифадор аст, ки фарҳанги истифодаи телефони мобилиро омӯзонад ва ҷиҳати дар вақти дарс истифода набурдани он чораандешӣ намояд.

Таҳлил нишон медиҳад, ки гарчанде Тоҷикистон дар масоили манъи телефон дар мактаб таҷрибаи пешрафта дорад, дар соҳаи ҳифзи ноболиғон дар фазои интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ нуқсони ҳуқуқӣ вуҷуд дорад:

а). Муқаррар нашудани "синни рақамӣ". Дар қонунгузории миллӣ ҳеҷ гуна меъёри мушаххаси синнусолӣ барои бақайдгирии мустақилона дар шабакаҳои иҷтимоӣ вуҷуд надорад.

б). Масъулият нисбат ба платформаҳои хориҷӣ. Тоҷикистон бо мушкили ҳуқуқӣ дар муқобили платформаҳои хориҷӣ (Meta, TikTok) рӯбарӯ аст, зеро онҳо дар қаламрави кишвар намояндагии ҳуқуқӣ надоранд.

Бо назардошти таҳлили таҷрибаи қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати зарурати бартараф кардани нуқсонҳои ҳуқуқӣ дар доираи мавзӯи баррасишаванда мо чунин тавссияҳоро барои такмили қонунгузории миллӣ дар самтҳои зерин пешниҳод менамоем:

1. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти рақамии ноболиғон» барои танзими тамоми муносибатҳои марбут ба ҳифзи ноболиғон дар фазои рақамӣ зарур аст, ки дар он бояд чун муқаррарот пешбинӣ шаванд:

- муайян намудани "синни мустақили рақамӣ". Ба монанди Австралия ва кишварҳои ИА муайян кардани синни ҳадди ақал (масалан, 14 ё 15-солагӣ) барои бақайдгирии мустақилона дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва истифодаи бе назорати волидайн аз платформаҳои мубодилаи афкор.

- муқаррар намудани масъулияти платформаҳо ва провайдерон. Ҷорӣ намудани механизмҳое, ки платформаҳоро уҳдадор мекунанд, ки дастрасии ноболиғонро маҳдуд кунанд. Ин метавонад тавассути ҳамгироӣ бо системаи "ID-и миллӣ" ё дигар воситаҳои тасдиқи ҳувият дар доираи рушди иқтисоди рақамӣ ва ҳукумати электронӣ амалӣ карда шавад.

- талабот ба дастгоҳҳои мобилӣ. Ба монанди Чин ворид намудани талаботи ҳатмӣ ба истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони смартфонҳо оид ба насби барномаҳои "Назорати волидайн" бо интерфейси забони тоҷикӣ ва имконияти фаъолсозии "Реҷаи кӯдакона".

2. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» чунин иловаҳо ворид карда шавад:

- ворид намудани мафҳуми "синни рақамӣ" ва мушаххас намудани уҳдадориҳои волидайн ва омӯзгорон дар назорати фазои рақамӣ, аз ҷумла уҳдадории насби барномаҳои "Назорати волидайн" (зербанди 20, моддаи 16).

3. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо мақсади мувофиқат ба талаботи нав дар моддаи 25 илова намудани қисми 12, ки мактабҳоро ба таъмини амнияти рақамии хонандагон, аз ҷумла таълими фарҳанги истифодаи интернетӣ уҳдадор менамояд.

Таҳлил нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили манъи истифодаи телефонҳо дар муассисаҳои таълимӣ таҷрибаи пешқадам дорад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак" (2024) ба танзими назорати интернет ва фарҳанги истифодаи телефон аз ҷониби волидайн ва омӯзгорон таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Аммо, дар шароити таҳдидҳои нави рақамӣ ва равандҳои ҷаҳонии гузариш ба танзими сахттари ҳуқуқӣ, ба такмили ҷиддии қонунгузорӣ, хусусан дар масоили муқаррар намудани "синни рақамӣ" ва муайян намудани масъулияти платформаҳои хориҷӣ эҳтиёфпайдо шудааст. Қабули санади махсус дар бораи амнияти рақамии ноболиғон ба ташаккули низоми ягонаи ҳифзи кӯдакон дар фазои рақамӣ мусоидат намуда, ба рушди устувори ҷомеа дар асри рақамӣ мусоидат хоҳад кард.

САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД — муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

 

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ – ОРЗУИ ҲАЗОРСОЛАИ МИЛЛАТ

“Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ барои мо неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин мебошанд, ки тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобастаанд”

Эмомалӣ Раҳмон

123Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат неъмати бебаҳо, рамзи ҳастӣ ва пояи рушди устувор ба шумор меравад. Барои халқи тоҷик, ки дорои таърихи бостонӣ ва фарҳанги ғанӣ мебошад, истиқлолият на танҳо як ҳодисаи сиёсӣ, балки эҳёи давлатдории миллӣ, эъмори иродаи миллӣ ва таҷдиди худшиносии таърихӣ маҳсуб мешавад.

Дар охири солҳои 80-уми асри XX, дар заминаи демократикунонии низоми шуравӣ, равандҳои сиёсӣ дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ авҷ гирифтанд. Ин равандҳо боиси эълони истиқлолияти як қатор ҷумҳуриҳо гардиданд. 9-уми сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор ва Изҳороти “Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул намуд. Ин санад оғози марҳилаи нав дар таърихи сиёсию ҳуқуқии тоҷикон гардид. Аммо, бо сабаби мураккабии вазъи дохилӣ ва муташанниҷ гардидани муносибатҳои байни гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ ва иҷтимоӣ, соли 1992 дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз ёфт, ки ба иқтисодиёти миллӣ хисороти ҷиддӣ расонид ва раванди давлатсозиро боздошт.

Дар чунин шароити буҳронӣ, дар асоси қарори ҳалкунандаи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид. Бо саъю талоши бевоситаи ӯ, дар муддати кӯтоҳ сӯхтор қатъ гардид, парокандагии мардум бар пояи ангезаҳои миллӣ ва нажодӣ хотима дода шуд, гурезагон ба ватан баргаштанд, ҳокимияти конститутсионӣ барқарор ва тамомияти арзии кишвар ҳифз гардид. Идеяи сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод шуд, аз ҷониби тамоми миллату халқиятҳои сокини Тоҷикистон дастгирии васеъ пайдо намуд.

Бо назардошти зарурати пойдории ҳуқуқии низоми нави давлатӣ, 6-уми ноябри соли 1994 дар мамлакат раъйпурсии умумихалқӣ доир ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар Конститутсияи нав бори нахуст Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ шуд ва рамзҳои давлатӣ муайян карда шуданд. Ҳамчунин, 27 июни соли 1997 бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кафил, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки марҳалаи нави сулҳсозӣ ва консенсуси сиёсиро ифтитоҳ намуд.

Тазаккур додан ба маврид аст, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар таърихи муосири Тоҷикистон нақши бунёдӣ дорад, зеро он раҳбари стратегиеро интихоб кард, ки тавонист миллатро аз парокандагӣ ба сулҳу ягонагӣ, ва аз буҳрон ба созандагиву пешрафт раҳнамоӣ кунад.

Дастовардҳои марбут ба ташаккули давлатдории миллӣ, эҳёи сиёсати мустақил, таъмини сулҳу субот ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон бевосита бо фаъолияти бисёрҷанбаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот доранд. Бо шарофати ин раҳбарии хирадмандона, Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун субъекти баробарҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ шинохта шуда, дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ фаъолона иштирок мекунад.

Тоҷикистон дар давраи истиқлолият сиёсати мустақили дохиливу хориҷиро пеш мебарад ва манфиатҳои миллии худро дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳимоя мекунад. Дар ин давра шумораи аҳолӣ аз 5,3 миллион нафар (бо назардошти омори солҳои аввали истиқлол) то ба имрӯз ба беш аз 10 миллион нафар расидааст. Сатҳу сифати зиндагӣ, инфрасохтор, шаҳрсозӣ ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббию маориф ба таври назаррас беҳтар шудааст. Ҳамзамон, дар кишвар “Солҳои рушди саноат, ҳукумати электронӣ, рақамикунонии иқтисодиёт ва инноватсия” идома дошта, ба самтҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.

Дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва таҳкими қонунӣ, таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат ислоҳоти ҷиддӣ амалӣ гардидааст. Аз ҷумла, 30-уми августи соли 2017 дар шаҳри Душанбе бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт, ки дар Осиёи Марказӣ беназир буда, барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси милитсия мусоидат менамояд.

Ҳарчанд номбар кардани ҳамаи дастовардҳои 35 соли истиқлолият дар доираи ин мақола имконнопазир аст, аммо метавон калидии муҳимтарин онҳоро чунин муайян кард:

1. Ташаккули давлатдории миллӣ. Дар заминаи истиқлолият, миллати тоҷик ба соҳибихтиёрии комил ва низоми миллии ҳуқуқию иҷтимоӣ даст ёфт. Ин дастовард пояи ҳама гуна пешрафтҳои минбаъда мебошад.

2. Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа. Раванди соҳибистиқлолӣ бо душвориҳо ва қурбониҳо ҳамроҳ буд, аммо фарҳанги сулҳпарварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва фаромӯш кардани гузашта ба хотири ояндаи беҳтар пирӯз шуданд. Ваҳдати миллӣ заминаи пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар гардид.

3. Эҳё ва ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ. Бо истиқлол, забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ мақоми пурраи ҳуқуқӣ пайдо кард ва сиёсати давлатӣ дар самти ҳифз, рушд ва тозагии он равона гардид. Ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таърихӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати миллӣ табдил ёфт.

4. Рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ. Истиқлолият барои амалисозии се ҳадафи стратегӣ – “раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ”, “таъмини амнияти озуқаворӣ” ва “ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ” замина фароҳам овард. Инчунин, бунёди корхонаҳои нав дар минтақаҳо, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва дастгирии соҳибкорӣ ба рушди устувор мусоидат мекунанд.

5. Қабули қонунҳои миллии иҷтимоӣ ва маънавӣ. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими ҳуқуқӣ мебошанд, ки ба беҳбуди муҳити иҷтимоӣ, аз байн бурдани хурофот, тақвияти оила ва масъулияти волидон дар тарбияи насли наврас равона шудаанд.

6. Сиёсати хориҷии муваффақ ва ҳамкории байналмилалӣ. Тоҷикистон дар давраи истиқлолият сиёсати “дарҳои кушод”-ро пеш гирифт ва бо беш аз 100 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд. Имрӯз кишвар аъзои бонуфузи СММ, САҲА, Созмони Ҳамкории Исломӣ, ЭКО, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ИДМ, Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар сохторҳои минтақавию ҷаҳонӣ мебошад.

7. Рушди соҳаи маориф. Бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ дар саросари кишвар, ба талаботи замона ҷавобгӯй гардонидани раванди таълим, ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ аз ҷумлаи дастовардҳои муҳим мебошанд.

8. Таъмини озодии виҷдон. Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 26) ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, озодии виҷдон ва муносибат ба дин кафолат дода шудааст. Давлат ҳамчун давлати дунявӣ аз ташкилотҳои динӣ ҷудо буда, ҳуқуқи шаҳрвандонро ба пайравӣ ё напайравии дин ба расмият мешиносад.

9. Сиёсати ҷавонпарварӣ. Ҷавонон ҳамчун ояндаи миллат дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор доранд. Қабули барномаҳои махсуси давлатӣ ва эълони Соли ҷавонон (2017) далели ин таваҷҷуҳ мебошад.

Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, ҷомеа бо вазифаҳои муҳим рӯ ба рӯ аст: таъмини рушди устувор, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, мубориза бо хатарҳои муосир, такмили низоми ҳуқуқӣ, таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон ва тарбияи насли солим. Ҳалли ин вазифаҳо талаби ҳамкории ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва шаҳрвандонро дорад.

Чуноне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд худро масъули тақдири Ватан донад». Аз ин рӯ, таҷлили 35-солагии истиқлолияти давлатӣ фурсатест барои баррасии гузашта, андешидани ибратҳои таърихӣ ва тарҳрезии нақшаҳои нави созанда барои оянда.

Хулоса, истиқлолияти давлатӣ барои халқи тоҷик роҳи дароз ва пурмашаққатро тай кардааст. Ин орзуи ҳазорсолаи ниёгон буд, ки тавассути сабру истодагарӣ, саҳми хирадмандонаи роҳбарияти давлат ва иродаи умумии миллат амалӣ шуд. Имрӯз истиқлолият сарчашмаи ҳамаи пешрафтҳо ва пояи истиқлоли давлат аст. Ҳифзу таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд буда, ободиву шукуфоии Тоҷикистон ва парчами баландпарвози истиқлолият рамзи ифтихори миллӣ боқӣ хоҳад монд.

Гулзода Саймаҳмуд Сафаралӣ – унвонҷӯи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муовини раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе.

ТАҲАВВУЛИ МАФҲУМИ «АДОЛАТИ СУДӢ» ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи сифатан нави ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ, низоми ҳуқуқӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатиро оғоз бахшид. Дар ин раванд ҳокимияти судӣ низ тадриҷан аз ниҳоди амалкунандаи низоми пешина ба шохаи мустақили ҳокимияти давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил ёфта, мақом, вазифаҳо ва таъиноти иҷтимоию ҳуқуқии он мазмуни нав пайдо намуданд. Ҳамзамон худи мафҳуми «адолати судӣ» низ таҳаввули назаррасро аз сар гузаронид.

Агар дар назарияи анъанавии ҳуқуқ адолати судӣ асосан ҳамчун фаъолияти махсуси суд оид ба баррасӣ ва ҳалли парвандаҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун маънидод шуда бошад, дар шароити давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд чунин фаҳмиш дигар тамоми моҳияти ин падидаро фаро гирифта наметавонад. Имрӯз адолати судӣ бо мустақилияти суд, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дастрасӣ ба суд, баробарии тарафҳо, мурофиаи одилона, волоияти ҳуқуқ, иҷрои санадҳои судӣ ва самаранокии барқарор намудани ҳуқуқи вайроншуда робитаи ногусастанӣ дорад.

Аз ин рӯ, таҳқиқи таҳаввули мафҳуми адолати судӣ дар даврони Истиқлол на танҳо барои омӯзиши таърихи ташаккули ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки барои рушди назарияи миллии давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуқуқи мурофиавӣ аҳамияти муҳим дорад.

Мафҳуми адолати судӣ категорияи бисёрҷанбаи ҳуқуқӣ мебошад. Он, аз як тараф, тарзи махсуси амалисозии ҳокимияти давлатиро ифода намояд, аз тарафи дигар, механизми ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон буда, ҳамзамон дорои мазмуни арзишӣ мебошад. Адолат, қонуният, баробарӣ, беғаразӣ ва волоияти ҳуқуқ мафҳумҳое мебошанд, ки бе онҳо мазмуни муосири адолати судиро тасаввур кардан душвор аст.

Аз ин мавқеъ таҳаввули «адолати судӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ҳамчун раванди гузариш аз фаҳмиши институтсионалӣ ва мурофиавии адолати судӣ ба фаҳмиши инсонмеҳвар, ҳуқуқмеҳвар ва арзишии он арзёбӣ намуд.

Дар илми ҳуқуқшиносӣ оид ба мафҳуми «адолати судӣ» муносибатҳои гуногун вуҷуд доранд. Дар адабиёти ҳуқуқии давраи шӯравӣ диққати асосӣ ба хусусияти давлатӣ ва мурофиавии адолати судӣ равона карда мешуд.

М.С. Строгович ҳангоми таҳқиқи мурофиаи ҷиноятӣ аҳаммияти шакли мурофиавиро ҳамчун кафолати қонуният ва қабули қарори дуруст таъкид менамуд. Дар чунин муносибат адолати судӣ бо фаъолияти суд оид ба баррасӣ ва ҳалли парвандаи мушаххас алоқаманд мегардид. М.А. Челтсов низ фаъолияти судиро шакли махсуси фаъолияти давлатӣ медонист, ки танҳо бо тартиби мурофиавии қонунан муқарраргардида амалӣ мегардад.

Ин муносибат барои муайян намудани аломатҳои классикии адолати судӣ аҳаммияти калон дорад. Аз он бармеояд, ки адолати судӣ танҳо аз ҷониби суд амалӣ мегардад, хусусияти ҳокимиятӣ дорад, бо тартиби мурофиавии махсус сурат мегирад, бо қабули санади ҳатмии судӣ анҷом меёбад. Бо вуҷуди ин, дар шароити давлати ҳуқуқбунёд чунин таъриф дигар кофӣ нест. Мазмуни адолати судӣ на танҳо бо он муайян карда мешавад, ки парвандаро кадом мақом ва бо кадом тартиб баррасӣ мекунад, балки бо он низ алоқаманд аст, ки ҳадаф ва натиҷаи чунин фаъолият аз чӣ иборат аст.

Дар таҳқиқоти В.М. Савитский масъалаи адолати судӣ бо мақоми мустақили ҳокимияти судӣ алоқаманд карда шудааст. Мавҷудияти ҳокимияти воқеан мустақили судӣ имкон медиҳад, ки суд на танҳо ҳамчун мақомоти ҳалкунандаи баҳс, балки ҳамчун кафили қонуният ва маҳдудкунандаи худсарии ҳокимият баромад намояд. В.А. Лазарева низ моҳияти фаъолияти судиро дар иртибот бо мақоми конститутсионии суд, мустақилияти он ва функсияи ҳуқуқмуҳофизатӣ таҳлил менамояд.

Аз ин рӯ, имрӯз мафҳуми «адолати судӣ»-ро ба маънои маҳдуд ва васеъ ҷудо намудан мумкин аст.

Дар маънои маҳдуд адолати судӣ фаъолияти суд оид ба баррасӣ ва ҳалли парвандаҳои ба салоҳияти он мансуббуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавӣ мебошад. Дар маънои васеъ бошад, адолати судӣ шакли махсуси амалисозии ҳокимияти судӣ мебошад, ки барои ҳифз ва барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳалли одилонаи баҳсҳои ҳуқуқӣ, таъмини қонуният ва волоияти ҳуқуқ равона гардидааст.

Маҳз фаҳмиши васеи адолати судӣ ба воқеияти ҳуқуқии даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бештар мутобиқ мебошад.

Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ 9 сентябри соли 1991 зарурати бунёди низоми миллии давлатдорӣ ва ҳуқуқиро ба миён овард. Яке аз масъалаҳои калидӣ ташаккули ҳокимияти судие буд, ки ба талаботи давлати соҳибистиқлол ва муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ҷавобгӯ бошад.

Дар давраи гузариш масъала танҳо аз тағйир додани сохтори судҳо иборат набуд. Зарурати тағйир додани фалсафаи фаъолияти судӣ ба миён омад. Дар низоми давлатмеҳвар суд бештар ҳамчун яке аз воситаҳои татбиқи сиёсати давлатӣ ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ арзёбӣ мегардад. Дар давлати ҳуқуқбунёд бошад, суд бояд пеш аз ҳама ниҳоди мустақили ҳимояи ҳуқуқи инсон бошад. Маҳз ҳамин гузаришро метавон яке аз муҳимтарин нишонаҳои таҳаввули адолати судӣ дар даврони Истиқлол донист.

Дар муносибати нав инсон дигар танҳо объекти таъсири ҳуқуқӣ нест. Ӯ субъекти мустақили ҳуқуқ буда, метавонад нисбат ба шахсони дигар ва ҳатто нисбат ба мақомоти давлатӣ ҳифзи судиро талаб намояд. Бо ҳамин маъно, ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ ба кафолати универсалии тамоми ҳуқуқҳои дигар табдил меёбад.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 марҳилаи бунёдии ташаккули модели миллии адолати судӣ гардид. Конститутсия Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эътироф намуда, пояи конститутсионии таҷзияи ҳокимияти давлатиро муқаррар кард. Ин муқаррарот барои муайян намудани мавқеи суд ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ аҳаммияти ҳалкунанда дошт.

Дар ин замина ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ ба яке аз кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқу озодиҳои шахс табдил ёфт. Махсусан, муқаррароти боби ҳаштуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани мақоми ҳокимияти судӣ аҳамияти бунёдӣ доранд. Тибқи Конститутсия ҳокимияти судӣ мустақил буда, вазифаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ташкилотҳо, қонуният ва адолатро иҷро менамояд. Ин меъёр нишон медиҳад, ки қонунгузори конститутсионӣ фаъолияти судро танҳо бо баррасии парванда маҳдуд накардааст. Адолат ҳамчун арзиши мустақиле муайян гардидааст, ки ҳокимияти судӣ вазифадор аст онро ҳифз намояд. Аз ҳамин ҷиҳат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳаввули мафҳуми адолати судӣ таъсири бевосита расонид. Адолати судӣ аз мафҳуми сирф мурофиавӣ ба категорияи конститутсионӣ табдил ёфт.

Дар назарияи ҳуқуқ мафҳумҳои «ҳокимияти судӣ» ва «адолати судӣ» баъзан ба ҳам наздик истифода мешаванд, вале онҳо мазмуни яксон надоранд. Ҳокимияти судӣ категорияи васеътар буда, яке аз шохаҳои мустақили ҳокимияти давлатиро ифода менамояд. Он тамоми маҷмуи муносибатҳоро дар бар мегирад, ки бо ташкил ва фаъолияти судҳо, мақоми судяҳо, мустақилияти суд, идоракунии дохилии мақомоти судӣ ва амалисозии ваколатҳои онҳо алоқаманд мебошанд. Адолати судӣ бошад, яке аз шаклҳои асосӣ ва муҳимтарини амалисозии ҳокимияти судӣ мебошад. Аз ин рӯ, адолати судӣ бо ҳокимияти судӣ баробар нест, вале бе мавҷудияти ҳокимияти мустақили судӣ низ адолати судии воқеӣ таъмин шуда наметавонад.

Дар даврони Истиқлол маҳз таҳкими мақоми мустақили ҳокимияти судӣ имконият дод, ки мафҳуми адолати судӣ низ мазмуни нави ҳуқуқӣ пайдо намояд.

Марҳилаи муҳими рушди адолати судӣ бо қабули Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007 № 271 тасдиқ гардид, алоқаманд мебошад. Барнома дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 20 апрели соли 2006 таҳия гардида, тадбирҳои мушаххаси ислоҳоти судӣ-ҳуқуқиро муайян намуд. Дар худи санад таъкид гардидааст, ки муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ба танзими қонунӣ ва кафолати ҳифзи судӣ эҳтиёҷ доранд ва таҳкими чунин кафолат барои рушди ҷомеа аҳамияти муҳим дорад.

Аҳамияти таърихию ҳуқуқии ин Барнома дар он аст, ки ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ хусусияти низомнок ва барномавӣ пайдо намуд. Дар баробари масъалаҳои ташкилии судҳо, масъалаҳои такмили қонунгузорӣ, ҳифзи судии муносибатҳои ҷамъиятӣ, беҳтар намудани шароити фаъолияти мақомоти судӣ ва таъмини самаранокии онҳо дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор гирифтанд. Аз ҳамин марҳила метавон оғози гузариш аз ташкили суд ба ташкили адолати судии самаранокро мушоҳида намуд.

Марҳилаи минбаъда бо қабули Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2013, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011 № 976 тасдиқ гардидааст, алоқаманд мебошад. Дар ин Барнома мақсади ислоҳот хеле равшан муайян карда шудааст: таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат ва ташкилотҳо, такмили сохторҳои судӣ, беҳтар намудани вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо ва мукаммал намудани қонунгузорӣ.

Ин муқаррарот аз таҳаввули муҳим шаҳодат медиҳад. Агар дар марҳилаи аввали Истиқлол вазифаи асосӣ ташкили пояҳои ҳокимияти судӣ бошад, акнун ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун яке аз ҳадафҳои марказии ислоҳот муайян мегардад. Дар ҳамин марҳила нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқҳои шахс дар мурофиаи ҷиноятӣ низ тақвият ёфт. Гузаштани иҷозати баъзе амалҳое, ки ҳуқуқҳои конститутсионии шахсро маҳдуд менамоянд, ба салоҳияти суд аҳаммияти консептуалӣ дошт. Суд дар ин ҳолат дигар танҳо мақомоти баррасии парвандаи анҷомёфта нест, балки ҳамчун кафили ҳифзи ҳуқуқи шахс дар раванди мурофиа баромад менамояд.

Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015–2017 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015 № 327 тасдиқ гардид. Барнома идомаи сиёсати пайдарпайи ислоҳоти судӣ буда, таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, таъмини мустақилият, такмили сохтор ва фаъолияти он ва рушди қонунгузории соҳаро ҳамчун мақсадҳои асосӣ муайян менамояд.

Дар ин марҳила масъалаи самаранокии адолати судӣ аҳамияти бештар пайдо менамояд. Таваҷҷуҳ ба рушди қонунгузории мурофиавӣ, такмили сохтори судҳо, масъалаҳои иҷрои санадҳои судӣ, таъминоти моддию техникӣ ва ҳифзи иҷтимоии судяҳо нишон медиҳад, ки адолати судӣ ҳамчун натиҷаи фаъолияти як унсури алоҳида не, балки ҳамчун механизми маҷмуӣ фаҳмида мешавад. Аҳамияти махсуси ин Барнома барои назарияи адолати судӣ дар он зоҳир мегардад, ки иҷрои санадҳои судӣ ҳамчун самти мустақили ислоҳот баррасӣ гардид.

Аз нуқтаи назари мо, ин ҳолат марҳилаи муҳими таҳаввули фаҳмиши адолати судӣ мебошад. Адолати судӣ танҳо бо эълони ҳалнома анҷом намеёбад. Агар ҳуқуқе, ки суд онро эътироф кардааст, дар амал барқарор нагардад, ҳимояи судӣ хусусияти нопурра мегирад. Аз ин рӯ, иҷрои санади судӣ бояд ҳамчун ҷузъи функсионалии адолати судии самаранок арзёбӣ шавад.

Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019–2021 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019 № 1242 тасдиқ гардид. Ин Барнома аз нуқтаи назари таҳаввули мафҳуми адолати судӣ аҳамияти махсус дорад. Дар он таъмини адолати судӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии миллӣ, таҳкими кафолати ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун асоси идомаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ муайян шудааст.

Ҳамчунин мақсаду вазифаҳои Барнома такмили сохтор ва таҳкими фаъолияти судҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, қонунияту адолат, назорати иҷрои саривақтии санадҳои судӣ ва баланд бардоштани сифат ва самаранокии фаъолияти судҳоро дар бар мегиранд. Ин ҷо як таҳаввули назариявии хеле муҳим мушоҳида мешавад.

Мафҳуми адолати судӣ бо категорияҳои стандартҳои байналмилалӣ, сифати фаъолияти судӣ, самаранокӣ, ҳифзи судии ҳуқуқи инсон, иҷрои саривақтии санадҳои судӣ алоқаманд карда мешавад. Яъне, адолати судии муосир на танҳо бояд қонунӣ бошад. Он бояд сифатнок, самаранок ва мутобиқ ба стандартҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон низ бошад.

Яке аз муҳимтарин натиҷаҳои таҳаввули адолати судӣ дар даврони Истиқлол тағйир ёфтани вазифаи иҷтимоии суд мебошад. Дар фаҳмиши анъанавӣ фаъолияти суд бештар бо татбиқи меъёри ҳуқуқӣ алоқаманд буд. Судя бояд муносибати воқеиро таҳлил намуда, меъёри дахлдори қонунро татбиқ мекард.

Албатта, ин вазифа аҳаммияти худро гум накардааст. Вале дар давлати ҳуқуқбунёд татбиқи қонун восита мебошад, на мақсади ниҳоӣ. Мақсади ниҳоӣ бояд ҳифз ва барқарор намудани ҳуқуқ бошад. Аз ин рӯ, таҳаввули адолати судиро шартан чунин ифода намудан мумкин аст: татбиқи қонун → таъмини қонуният → ҳифзи ҳуқуқ → барқарор намудани ҳуқуқи вайроншуда → таъмини адолати судӣ. Маҳз дар чунин равиш мафҳуми адолати судӣ хусусияти инсонмеҳвар пайдо мекунад.

Ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ яке аз кафолатҳои муҳимтарини ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Мавҷудияти ҳуқуқ дар қонун ҳанӯз маънои ҳимояи воқеии онро надорад. Барои он ки ҳуқуқ хусусияти амалкунанда пайдо намояд, шахс бояд имконияти талаб намудани барқарорсозии онро дошта бошад. Суд дар ин раванд нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, дар модели муосири адолати судӣ шахсе, ки барои ҳифзи ҳуқуқаш ба суд муроҷиат менамояд, бояд дар маркази таҳлил қарор дошта бошад. Аз ин мавқеъ самаранокии адолати судӣ танҳо бо шумораи парвандаҳои баррасишуда ё миқдори санадҳои қабулшуда муайян карда намешавад.

Саволи асосӣ бояд чунин бошад: оё ҳуқуқи шахс воқеан ҳифз ва барқарор гардид? Ин тағйироти методологӣ яке аз нишонаҳои асосии таҳаввули адолати судӣ дар даврони Истиқлол мебошад.

Адолати судӣ бидуни суди мустақил имконнопазир аст. Мустақилияти судя набояд ҳамчун имтиёзи шахсии судя маънидод карда шавад. Он пеш аз ҳама кафолати ҳуқуқи инсон ба баррасии парванда аз ҷониби суди мустақил ва беғараз мебошад. Яъне, мустақилияти суд дар ниҳоят ба нафъи иштирокчии мурофиа хизмат мекунад.

Дар даврони Истиқлол масъалаҳои мақоми судя, кафолатҳои мустақилият, дахлнопазирӣ, таъминоти моддию иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассус ва таъмини шароити фаъолияти судҳо дар барномаҳои ислоҳот пайваста мавқеи муҳим доштанд. Барномаи солҳои 2015–2017, масалан, беҳтар намудани таъминоти моддию техникӣ ва ҳифзи иҷтимоии судяҳоро ҳамчун омили фаъолияти самаранок ва мустақили судҳо арзёбӣ менамуд. Аз ин рӯ, мустақилияти суд ҳам ҷузъи сохтории ҳокимияти судӣ ва ҳам унсури дохилии мафҳуми адолати судӣ мебошад.

Таҳаввули минбаъдаи мафҳуми адолати судӣ бо гузариш аз фаҳмиши сирф қонунмеҳвар ба фаҳмиши ҳуқуқмеҳвар алоқаманд мебошад. Мафҳумҳои «қонуният» ва «волоияти ҳуқуқ» ба ҳам наздиканд, вале яксон нестанд.

Қонуният талаб мекунад, ки суд қонунро риоя намояд. Волоияти ҳуқуқ бошад, талаботи васеътар дорад. Он зарурати таъмини ҳуқуқи инсон, баробарӣ, муайянии ҳуқуқӣ, мутаносибӣ, беғаразӣ ва манъи худсариро дар бар мегирад. Аз ҳамин ҷиҳат, адолати судӣ танҳо иҷрои расмии матни қонун нест.

Суд ҳангоми татбиқи меъёри ҳуқуқӣ бояд онро дар робита бо Конститутсия, принсипҳои ҳуқуқ ва мақсади ҳифзи ҳуқуқи инсон тафсир намояд. Ин ҳолат маънои онро надорад, ки суд метавонад аз қонун берун равад. Баръакс, сухан дар бораи татбиқи ҳуқуқии қонун, на татбиқи механикии он меравад. Маҳз дар ҳамин нуқта мафҳуми адолати судӣ хусусияти арзишӣ пайдо мекунад.

Дар фаҳмиши муосир адолати судӣ на танҳо бо натиҷаи ниҳоии парванда, балки бо тартибе, ки суд тавассути он ба чунин натиҷа мерасад, муайян мегардад. Яъне, ду ҷанбаи адолати судиро фарқ намудан мумкин аст: адолати натиҷа ва адолати расмиёт. Адолати натиҷа маънои онро дорад, ки санади судӣ қонунӣ, асоснок ва одилона бошад. Адолати расмиёт бошад, талаб мекунад, ки тамоми раванди баррасии парванда бо риояи ҳуқуқҳои мурофиавии иштирокчиён сурат гирад.

Принсипҳои баробарии тарафҳо, мубоҳисавӣ, ҳуқуқ ба ҳимоя, имконияти пешниҳоди далел, ҳуқуқ ба шикоят ва беғаразии суд маҳз ба ин ҷанбаи дуюм мансуб мебошанд. Аз ин рӯ, ҳатто ҳалномаи моҳиятан дурусте, ки бо вайрон намудани ҳуқуқҳои муҳими мурофиавии шахс қабул шудааст, наметавонад намунаи комили адолати судӣ бошад.

Ба андешаи мо, адолати натиҷа аз адолати тартиби расидан ба он ҷудонопазир мебошад.

Дар илми ҳуқуқшиносии Тоҷикистон масъалаҳои фаъолияти суд, татбиқи меъёрҳои мурофиавӣ, таъмини қонуният ва ҳифзи ҳуқуқ тадриҷан ба яке аз самтҳои муҳими таҳқиқоти илмӣ табдил ёфтаанд.

Дар мақолаи Бобоҷонзода И.Ҳ., Қодирзода Т.Қ. ва Махсудӣ Ф. «Проблемаҳои татбиқи меъёрҳои мурофиавӣ дар фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунии судҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» масъалаҳои татбиқи меъёрҳои мурофиавӣ дар фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Аҳаммияти чунин таҳқиқот барои назарияи адолати судӣ дар он зоҳир мешавад, ки сифати татбиқи меъёрҳои мурофиавӣ бевосита ба қонуният ва асоснокии натиҷаи судӣ таъсир мерасонад. Меъёри мурофиавӣ танҳо қоидаи техникии пешбурди парванда нест. Он кафолати ҳуқуқи иштирокчии мурофиа мебошад. Аз ҳамин нуқтаи назар метавон категорияи «сифати мурофиавии адолати судӣ»-ро пешниҳод намуд.

Сифати мурофиавии адолати судӣ чунин ҳолати пешбурди мурофиаро ифода менамояд, ки дар он на танҳо талаботи шаклии қонун, балки ҳадафи кафолатноки меъёрҳои мурофиавӣ - таъмини баробарӣ, ҳуқуқ ба ҳимоя, имконияти шунида шудан ва қабули қарори асоснок - воқеан амалӣ мегардад.

Дар илми муосири ҳуқуқ мафҳуми «ҳуқуқ ба суд» тадриҷан бо категорияи васеътари «дастрасӣ ба адолати судӣ» пурра карда мешавад. Мавҷуд будани суд ҳанӯз маънои онро надорад, ки ҳимояи судӣ барои шахс дастрас аст. Барои дастрасии воқеӣ шахс бояд имконияти бемонеаи муроҷиат, гирифтани ёрии ҳуқуқӣ, пешниҳоди далелҳо, иштирок дар мурофиа, гирифтани санади асоснок ва истифодаи механизми шикоятро дошта бошад.

Дастрасӣ ба адолати судӣ аз якчанд унсур иборат мебошад: имконияти воқеии муроҷиат ба суд; муҳлати оқилонаи баррасии парванда; хароҷоти қобили қабул; ҳуқуқ ба ёрии ҳуқуқӣ; шаффофияти мурофиа; суди мустақил ва беғараз; имконияти шикоят; иҷрои санади судӣ. Аз ин рӯ, адолати судӣ дигар танҳо аз рӯзи оғози маҷлиси судӣ оғоз намешавад. Он аз лаҳзае оғоз мегардад, ки шахс ба ҳифзи ҳуқуқ эҳтиёҷ пайдо менамояд ва то лаҳзаи барқарор гардидани воқеии ҳуқуқи вайроншуда идома мекунад.

Масъалаи иҷрои санадҳои судӣ дар барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста мавқеи муҳим касб намудааст. Барномаи солҳои 2015–2017 тадбирҳо оид ба таъмини иҷрои санадҳои судиро ҳамчун самти махсуси ислоҳот пешбинӣ намуд. Барномаи солҳои 2019–2021 низ назорати иҷрои саривақтии санадҳои судиро яке аз мақсаду вазифаҳои ислоҳот муайян кардааст.

Ин сиёсати барномавӣ ба таҳаввули назарияи адолати судӣ таъсири муҳим мерасонад. Агар ҳалномаи суд ба иҷро нарасад, натиҷаи ҳифзи ҳуқуқ дар сатҳи расмӣ боқӣ мемонад. Ҳуқуқи эътирофшуда, вале амалан барқарорнашуда, ҳимояи пурра ҳисобида шуда наметавонад.

Аз ин рӯ, мо чунин мешуморем, ки иҷрои санади судӣ бояд на ҳамчун раванди комилан ҷудо аз адолати судӣ, балки ҳамчун марҳилаи ниҳоии самаранокии ҳифзи судӣ арзёбӣ карда шавад.

Рушди технологияҳои иттилоотӣ марҳилаи нави таҳаввули адолати судиро оғоз менамояд. Муроҷиати электронӣ, гардиши электронии ҳуҷҷатҳо, низомҳои иттилоотии судӣ, дастрасии фосилавӣ ба иттилоот ва истифодаи воситаҳои алоқаи электронӣ метавонанд муносибати шахсро бо суд сифатан тағйир диҳанд. Дар натиҷа дар баробари дастрасии анъанавӣ ба суд категорияи «дастрасии рақамӣ ба адолати судӣ» ташаккул меёбад.

Рақамикунонӣ метавонад як қатор мушкилоти дастрасиро коҳиш диҳад: масофаи ҷуғрофӣ; хароҷоти вақт; зарурати ҳузури ҷисмонӣ барои баъзе амалҳои мурофиавӣ; мушкилоти дастрасӣ ба иттилооти судӣ. Аммо истифодаи технологияҳо бояд ба ҳуқуқи инсон ва кафолатҳои мурофиавӣ тобеъ бошад. Рақамикунонӣ набояд ба маҳдуд гардидани ҳуқуқ ба шунида шудан, баробарии тарафҳо, махфияти маълумот, мустақилияти судя ва ҳуқуқ ба ҳимоя оварда расонад. Аз ин рӯ, марҳилаи рақамӣ на танҳо имконияти техникӣ, балки масъалаи нави назариявии адолати судӣ мебошад.

Рушди зеҳни сунъӣ низ дар оянда метавонад ба фаъолияти судӣ таъсир расонад. Технологияҳои зеҳни сунъӣ метавонанд дар ҷустуҷӯи санадҳои ҳуқуқӣ, гурӯҳбандии парвандаҳо, таҳлили таҷрибаи судӣ, коркарди ҳуҷҷатҳо ва иҷрои дигар вазифаҳои ёрирасон истифода шаванд.

Аммо истифодаи онҳо дар қабули қарорҳои судӣ масъалаҳои муҳимро ба миён меорад: кӣ барои хатои алгоритм ҷавобгар аст; то кадом андоза натиҷаи алгоритм шаффоф аст; оё тарафҳо имконияти баҳс намудани натиҷаи коркарди автоматиро доранд; чӣ гуна мустақилияти судя ҳифз карда мешавад; то кадом андоза маълумоти шахсӣ муҳофизат мешавад.

Аз ин рӯ, ҳатто дар шароити рақамикунонӣ судя бояд субъекти масъули қабули қарори судӣ боқӣ монад. Технология метавонад воситаи ёрирасон бошад, вале адолатро пурра ба алгоритм вогузор кардан наметавон.

Дар асоси таҳлили конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ таҳаввули мафҳуми адолати судиро шартан ба панҷ марҳила ҷудо кардан мумкин аст.

Марҳилаи якум - ташаккули заминаҳои давлатдории мустақил ва ҳокимияти судии миллӣ. Ин марҳила аз оғози Истиқлол то қабули Конститутсияи соли 1994-ро фаро гирифта, масъалаи ташаккули пояҳои мустақили низоми судиро дар бар мегирад.

Марҳилаи дуюм - конститутсионӣ гардидани адолати судӣ. Бо қабули Конститутсияи соли 1994 ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ мустаҳкам гардида, вазифаи он дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, қонуният ва адолат муайян карда шуд.

Марҳилаи сеюм - ташаккули модели институтсионалии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ. Қабули Барномаи соли 2007 ва Барномаи солҳои 2011–2013 ислоҳоти судиро ба сиёсати низомноки давлатӣ табдил доданд ва нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқи инсонро тақвият бахшиданд.

Марҳилаи чорум - самаранокӣ ва сифати адолати судӣ. Барномаҳои солҳои 2015–2017 ва 2019–2021 масъалаҳои мустақилияти суд, иҷрои санадҳо, сифати фаъолияти судӣ, самаранокӣ ва стандартҳои байналмилалиро бештар ба меҳвари ислоҳот ворид намуданд.

Марҳилаи панҷум - рақамикунонӣ ва ташаккули модели нави адолати судӣ. Ин марҳила бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, шаффофияти бештари фаъолияти судӣ ва пайдоиши масъалаҳои ҳуқуқии вобаста ба зеҳни сунъӣ алоқаманд мебошад.

Албатта, чунин даврабандӣ шартӣ аст, вале он имконият медиҳад самти умумии таҳаввули адолати судӣ муайян карда шавад.

Бо дарназардошти рушди конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва доктриналии мафҳум пешниҳод кардан мумкин аст, ки адолати судӣ дар шароити муосир чунин муайян карда шавад:

Адолати судӣ шакли мустақил, истисноӣ ва конститутсионии амалисозии ҳокимияти судӣ мебошад, ки аз ҷониби суди босалоҳият, мустақил ва беғараз тибқи тартиби қонунан муқарраргардидаи мурофиавӣ, бо риояи принсипҳои волоияти ҳуқуқ ва кафолатҳои мурофиаи одилона, бо мақсади ҳифз ва барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳалли одилонаи баҳсҳои ҳуқуқӣ, таъмини қонуният ва қабули санади қонунӣ, асоснок, одилона ва иҷрошавандаи судӣ амалӣ мегардад.

Дар ин таъриф якчанд ҷанбаи мафҳуми муосири адолати судӣ муттаҳид шудаанд.

Якум, ҷанбаи ҳокимиятӣ - адолати судӣ зуҳури ҳокимияти давлатӣ мебошад.

Дуюм, ҷанбаи истисноӣ - онро танҳо суд амалӣ менамояд.

Сеюм, ҷанбаи мурофиавӣ - адолати судӣ дар шакли махсуси мурофиавӣ анҷом дода мешавад.

Чорум, ҷанбаи ҳуқуқмуҳофизатӣ - ҳадафи он ҳифз ва барқарор намудани ҳуқуқ мебошад.

Панҷум, ҷанбаи аксиологӣ - фаъолияти суд бояд бо адолат ва волоияти ҳуқуқ мутобиқ бошад.

Шашум, ҷанбаи самаранокӣ - натиҷаи фаъолияти суд бояд на танҳо қабул, балки иҷро шавад.

Аз ин рӯ, адолати судӣ институти комплексиест, ки ҷанбаҳои конститутсионӣ, мурофиавӣ, ҳуқуқмуҳофизатӣ ва арзиширо дар худ муттаҳид менамояд.

Таҳаввули мафҳуми адолати судӣ дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин самтҳои рушди низоми ҳуқуқии миллӣ мебошад. Дар марҳилаи аввали Истиқлол масъалаи асосӣ ташаккули пояҳои мустақили низоми судӣ ва муайян намудани мавқеи суд дар сохтори давлат буд.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 ба ин раванд мазмуни сифатан нав бахшид. Ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардида, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, қонуният ва адолат ба вазифаҳои бунёдии он табдил ёфтанд.

Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии соли 2007, солҳои 2011–2013, 2015–2017 ва 2019–2021 марҳила ба марҳила мазмуни адолати судиро васеъ намуданд. Онҳо таҳкими мустақилияти суд, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди қонунгузории мурофиавӣ, иҷрои санадҳои судӣ, баланд бардоштани сифат ва самаранокии фаъолияти судҳо ва мутобиқ намудани адолати судӣ ба стандартҳои байналмилалиро ба самтҳои афзалиятнок табдил доданд.

Дар натиҷа, мафҳуми адолати судӣ аз фаҳмиши маҳдуди «баррасӣ ва ҳалли парванда» берун баромада, ба категорияи мураккаби конститутсионӣ ва арзишӣ табдил ёфт.

Имрӯз адолати судӣ бояд на танҳо бо мавҷудияти суд ва қабули санади судӣ, балки бо мустақилият ва беғаразии суд, дастрасии шахс ба ҳимоя, одилона будани мурофиа, сифати санади судӣ, иҷрои он ва барқарор гардидани воқеии ҳуқуқи вайроншуда муайян карда шавад.

Аз ин рӯ, самти умумии таҳаввули мафҳуми адолати судӣ дар даврони Истиқлолро метавон чунин ифода намуд: аз адолати судӣ ҳамчун фаъолияти суд - ба адолати судӣ ҳамчун шакли ҳокимияти судӣ; аз адолати судӣ ҳамчун татбиқи қонун - ба адолати судӣ ҳамчун ҳифзи ҳуқуқ; аз ҳифзи расмии ҳуқуқ - ба ҳифзи воқеӣ ва самараноки он; аз суди анъанавӣ - ба адолати судии дастрас, шаффоф ва рақамӣ.

Маҳз дар ҳамин таҳаввул яке аз дастовардҳои муҳимтарини Истиқлоли давлатӣ дар соҳаи судӣ ифода меёбад.

Дастоварди асосӣ танҳо дар ташкили судҳои давлати соҳибистиқлол зоҳир намегардад. Муҳимтар аз он, дар даврони Истиқлол фалсафаи адолати судӣ тағйир ёфт. Суд тадриҷан аз мақомоти асосан татбиқкунандаи қонун ба ниҳоди конститутсионии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини қонуният, адолат ва волоияти ҳуқуқ табдил ёфт.

Дар марҳилаи минбаъдаи рушди давлатдорӣ бояд ҳамин самт идома ёбад: таҳкими мустақилияти суд, баланд бардоштани сифати санадҳои судӣ, такмили механизмҳои дастрасӣ ба суд, таъмини иҷрои самараноки ҳалномаҳо, рақамикунонии оқилонаи мурофиа ва нигоҳ доштани нақши ҳалкунандаи инсон - судя - дар амалисозии адолати судӣ.

Бо чунин муносибат адолати судӣ на танҳо институти давлатӣ, балки меъёри воқеии сатҳи ҳуқуқбунёдии давлат ва нишондиҳандаи эътимоди шаҳрванд ба ҳуқуқ ва ҳокимияти давлатӣ мегардад.

Феҳристи адабиёт ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ:

1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 бо тағйиру иловаҳои минбаъда.

2. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон».

3. Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5. Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6. Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

7. Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқшуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007 № 271.

8. Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2013, тасдиқшуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011 № 976.

9. Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015–2017, тасдиқшуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015 № 327.

10. Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019–2021, тасдиқшуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019 № 1242.

11.Бобоҷонзода И.Ҳ., Қодирзода Т.Қ., Махсудӣ Ф. Проблемаҳои татбиқи меъёрҳои мурофиавӣ дар фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунии судҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ // Осори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – 2023. – № 3 (59). – С. 16–30.

12. Лазарева В.А. Судебная власть и ее реализация в уголовном процессе. – Самара: Самарский университет, 1999.

13. Савицкий В.М. Организация судебной власти в Российской Федерации. – М.: БЕК, 1996.

14. Строгович М.С. Курс советского уголовного процесса. – Т. 1. – М.: Наука, 1968.

15. Чельцов М.А. Советский уголовный процесс. – М.: Госюриздат, 1962.

Раҳмонзода Икром Раҳмонқул-унвонҷӯи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ ҲАМЧУН ЯКЕ АЗ ОМИЛҲОИ ПЕШГИРИКУНАНДАИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА

Оила ҳамчун ниҳоди бунёдии ҷомеа дар ташаккули шахсият, интиқоли арзишҳои ахлоқӣ ва фарҳангӣ, тарбияи насли наврас ва таъмини устувории иҷтимоӣ нақши муайянкунанда дорад. Муносибатҳои солими оилавӣ на танҳо ба манфиати аъзои алоҳидаи оила, балки ба суботи ҷомеа ва давлат низ хизмат мекунанд. Аз ҳамин лиҳоз, ҳифзи оила, модарӣ, падарӣ ва кӯдакӣ, таъмини эҳтироми шаъну шараф ва амнияти ҳар як узви оила яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқии давлат ба ҳисоб меравад.

Бо вуҷуди ин, зӯроварӣ дар оила яке аз падидаҳои мураккаби иҷтимоию ҳуқуқӣ боқӣ мемонад. Хусусияти хатарноки он дар он ифода меёбад, ки кирдори зӯроварона маҳз дар муҳите ба амал меояд, ки инсон бояд худро аз ҳама бештар амн эҳсос намояд. Зӯроварӣ муносибатҳои эътимодноки оилавиро вайрон карда, ба ҳаёт, саломатӣ, озодӣ, шаъну шараф ва рушди маънавию равонии инсон таъсири манфӣ мерасонад.

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зӯроварӣ дар оила ҳамчун кирдори зиддиҳуқуқии қасдона ё таҳдиди содир намудани кирдори дорои хусусияти ҷисмонӣ, равонӣ, иқтисодӣ ва шаҳвонӣ, инчунин муносибати беэътиноёнаи як узви оила нисбат ба узви дигари оила муайян шудааст, ки ҳуқуқу озодиҳои шахсро поймол мекунад ё карда метавонад, шаъну шарафи ӯро паст мезанад ва метавонад ба зарари ҷисмонӣ ё рӯҳӣ оварда расонад [1].

Чунин таърифи қонунгузорӣ нишон медиҳад, ки мафҳуми муосири зӯроварӣ дар оила танҳо бо истифодаи қувваи ҷисмонӣ маҳдуд намегардад. Таҳқир, таҳдид, фишори равонӣ, маҳдуд намудани мустақилияти иқтисодӣ, маҷбуркунӣ ва дигар шаклҳои рафтор низ метавонанд хусусияти зӯроварона дошта бошанд. Аз ин рӯ, мубориза бо зӯроварӣ дар оила набояд танҳо ба татбиқи чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ пас аз содир шудани ҳуқуқвайронкунӣ маҳдуд карда шавад. Самти афзалиятнок бояд пешгирии барвақтии зӯроварӣ бошад. Дар низоми чунин пешгирӣ тарбияи ҳуқуқӣ мавқеи махсус дорад, зеро маҳз тавассути он донишҳои ҳуқуқӣ, арзишҳои ҳуқуқӣ, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои дигарон ва қолабҳои рафтори ҳуқуқӣ ташаккул меёбанд.

Ба андешаи мо, тарбияи ҳуқуқӣ дар ин самт бояд на ҳамчун воситаи одии расонидани маълумот дар бораи қонун, балки ҳамчун механизми тағйир додани шуур, арзишҳо ва рафтори ҳуқуқии аъзои оила фаҳмида шавад. Маҳз чунин муносибат имкон медиҳад, ки тарбияи ҳуқуқӣ ҳамчун яке аз омилҳои мустақими пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила арзёбӣ гардад.

1. Мафҳум ва моҳияти тарбияи ҳуқуқӣ дар низоми пешгирии зӯроварӣ дар оила. Дар илми ҳуқуқшиносӣ тарбияи ҳуқуқӣ одатан ҳамчун фаъолияти мақсаднок, мунтазам ва муташаккилонаи давлат, ҷомеа ва ниҳодҳои иҷтимоӣ оид ба ташаккули донишҳои ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва рафтори қонунии шахс маънидод карда мешавад.

Тарбияи ҳуқуқӣ аз иттилоотонии одии ҳуқуқӣ фарқ дорад. Донистани мавҷудияти қонун ҳанӯз маънои онро надорад, ки шахс талаботи онро ҳамчун арзиши дохилӣ қабул кардааст. Барои пешгирии зӯроварӣ муҳим аст, ки инсон на танҳо донад, ки латукӯб, таҳқир, таҳдид ё дигар шакли зӯроварӣ манъ аст, балки дар шуури ӯ эътиқоди устувор ташаккул ёбад, ки шаъну шараф, озодӣ ва дахлнопазирии шахси дигар арзишҳое мебошанд, ки ҳатто дар шароити низои оилавӣ набояд поймол гарданд.

Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018–2028 баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандонро яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат эътироф менамояд. Дар Консепсия тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати тарбиявии давлат дониста шуда, зарурати робитаи он бо тарбияи ахлоқӣ, сиёсӣ, меҳнатӣ ва дигар шаклҳои тарбия таъкид гардидааст [2].

Ин муқаррарот барои пешгирии зӯроварӣ дар оила аҳаммияти методологӣ дорад. Сабаб дар он аст, ки рафтори зӯроварона танҳо натиҷаи надонистани меъёри қонун нест. Он метавонад аз муҳити носолими иҷтимоӣ, қолабҳои нодурусти тарбия, паст будани фарҳанги муошират, муносибати таҳаммулпазирона ба зӯроварӣ, эътироф накардани баробарии аъзои оила ва дигар омилҳо сарчашма гирад. Аз ин рӯ, тарбияи ҳуқуқӣ бояд ҳамзамон бо тарбияи ахлоқӣ ва иҷтимоӣ амалӣ карда шавад.

Ю.М. Антонян, В.А. Рачитская, Е.М. Тимошина ва А.В. Швабауэр масъалаи зӯроварӣ дар оиларо дар алоқамандӣ бо маҷмуи равандҳои иҷтимоӣ ва равонии ташаккули шахсият таҳқиқ намуда, ба аҳаммияти тарбияи оилавӣ дар пешгирии рафтори зӯроварона диққати махсус медиҳанд [8]. Муҳимияти чунин муносибат дар он аст, ки пешгирии зӯроварӣ бояд аз марҳилаи ташаккули шахсият оғоз гардад. Дар ҳамин замина тарбияи ҳуқуқиро метавон ҳамчун яке аз унсурҳои пешгирии ибтидоии зӯроварӣ арзёбӣ намуд. Вазифаи он пешгирӣ намудани худи ташаккули муносибати таҳаммулпазирона ба зӯроварӣ мебошад.

2. Зӯроварӣ дар оила ҳамчун масъалаи иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ. Зӯроварӣ дар оила хусусияти бисёрҷанба дорад. Он ҳамзамон масъалаи ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, равонӣ, ахлоқӣ, тиббӣ ва тарбиявӣ мебошад. Аз ин рӯ, сабабҳои онро низ бо як омил шарҳ додан имконнопазир аст.

Дар адабиёти криминологӣ ба омилҳои гуногуни зӯроварии оилавӣ ишора мешавад: таҷрибаи зӯроварӣ дар кӯдакӣ; муҳити носолими тарбиявӣ; майзадагӣ ва дигар шаклҳои вобастагӣ; сатҳи пасти фарҳанги муошират; мушкилоти иқтисодӣ; низоъҳои давомдори оилавӣ; стереотипҳои нодуруст дар бораи мавқеи зан, мард ва кӯдак дар оила; паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва надонистани роҳҳои қонунии ҳалли низоъ.

Ю.М. Антонян, В.А. Рачитская, Е.М. Тимошина ва А.В. Швабауэр таъкид мекунанд, ки зӯроварӣ дар оила бояд дар низоми равандҳои умумии иҷтимоӣ омӯхта шавад ва дар таҳлили сабабҳои он хусусиятҳои равонӣ ва шароити ташаккули шахсияти инсон ба назар гирифта шаванд [8].

А.Н. Иляшенко низ ҳангоми таҳқиқи ҷинояткории зӯроварона дар оила ба хусусияти махсуси низоъҳои оилавӣ ва алоқамандии онҳо бо муҳити иҷтимоӣ ва рафтори тарафҳо диққат медиҳад [9]. Аммо аз мавқеи мавзуи таҳқиқи мо як ҳолат махсусан муҳим мебошад: қисми муайяни омилҳои зӯроварӣ бо камбудиҳои шуур ва фарҳанги ҳуқуқӣ алоқаманд мебошанд. Шахсе, ки ҳудуди ҳуқуқии рафтори худро намедонад ё ҳуқуқи дигар аъзои оиларо арзиши мустақил намеҳисобад, метавонад назорати маҷбурӣ, таҳқир, маҳдуд намудани озодӣ ё истифодаи қувваро ҳамчун «масъалаи дохилии оила» қабул намояд. Маҳз дар чунин ҳолат тарбияи ҳуқуқӣ вазифаи тағйирдиҳандаи иҷтимоиро иҷро мекунад ва он бояд тасаввуроти кӯҳнаро, ки гӯё зӯроварӣ масъалаи хусусии оила аст, бо тасаввури ҳуқуқбунёд иваз намояд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон дар дохили оила низ эътибори пурра доранд.

3. Асосҳои конститутсионӣ ва қонунгузории пешгирии зӯроварӣ дар оила. Асоси ҳуқуқии пешгирии зӯроварӣ дар оила пеш аз ҳама аз муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Арзиши олӣ эътироф гардидани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, кафолати дахлнопазирии шахсият, ҳифзи оила, модар ва кӯдак заминаи конститутсионии сиёсати давлатӣ дар ин самтро ташкил медиҳанд.

Санади махсуси соҳавӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013, №954 «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» мебошад. Қонун бо тағйиру иловаҳои минбаъда, аз ҷумла тағйироти солҳои 2024, низоми ҳуқуқии пешгирии зӯроварӣ, субъектҳои ваколатдор ва чораҳои пешгирикунандаро муқаррар менамояд [1]. Аз нуқтаи назари мавзуи мазкур махсусан муҳим аст, ки яке аз принсипҳои қонун бартарии чораҳои пешгирикунанда нисбат ба чораҳои ҷавобгарӣ мебошад. Ин муқаррарот аҳаммияти тарбияи ҳуқуқиро бевосита тақвият медиҳад.

Агар мақсади давлат танҳо ҷазо додани шахси зӯровар мебуд, чораҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ ва маъмурӣ нақши асосиро мебозиданд. Аммо вақте қонун пешгириро афзал медонад, чораҳои тарбиявӣ, иттилоотӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо мекунанд.

Далели дигари муҳим он аст, ки моддаи 18 Қонуни мазкур дар қатори чораҳои фардии пешгирӣ суҳбати хусусияти тарбиявидошта-ро муқаррар менамояд [1]. Ин муқаррарот, ба андешаи мо, тасдиқи қонунгузории робитаи мустақими тарбияи ҳуқуқӣ ва пешгирии зӯроварӣ мебошад. Мақсади чунин суҳбат танҳо огоҳ намудани шахс аз ҷавобгарӣ нест. Он бояд ба шуур ва рафтори ӯ таъсир расонида, дарки оқибатҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии зӯровариро ташаккул диҳад.

4. Тарбияи ҳуқуқӣ ҳамчун механизми пешгирии зӯроварӣ. Механизми таъсири тарбияи ҳуқуқӣ ба пешгирии зӯроварӣ дар оиларо метавон дар чанд самти ба ҳам алоқаманд мушоҳида намуд.

Якум, тарбияи ҳуқуқӣ вазифаи маърифатиро иҷро мекунад. Шахс бояд донад, ки кадом рафтор қонунӣ ва кадом рафтор ғайриқонунӣ мебошад.

Дуюм, он вазифаи арзишӣ дорад. Барои пешгирии зӯроварӣ танҳо донистани қонун кофӣ нест, эҳтироми ҳуқуқи инсон бояд ба унсури фарҳанги шахс табдил ёбад.

Сеюм, тарбияи ҳуқуқӣ вазифаи рафториро иҷро мекунад. Шахс бояд роҳҳои қонунии ҳалли низоъро донад ва тавонад аз онҳо истифода намояд.

Чорум, он дорои вазифаи огоҳкунанда мебошад. Донистани ҷавобгарии ҳуқуқӣ метавонад дар ҳолатҳои муайян аз содир намудани кирдори зӯроварона боздорад.

Панҷум, тарбияи ҳуқуқӣ вазифаи ҳимоявӣ низ дорад. Ҷабрдидае, ки ҳуқуқҳои худро медонад, эҳтимоли бештар дорад, ки барои гирифтани ҳимоя, ёрии ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, тиббӣ ё равонӣ муроҷиат намояд.

Аз ин рӯ, тарбияи ҳуқуқӣ дар низоми пешгирии зӯроварӣ ба ду гурӯҳи асосӣ бояд равона гардад: 1. Шахси эҳтимолии содиркунандаи зӯроварӣ, 2. Шахси эҳтимолии ҷабрдида.

Дар гурӯҳи аввал вазифа ташаккули рафтори ҳуқуқӣ ва пешгирии таҷовуз мебошад, дар гурӯҳи дуюм вазифа баланд бардоштани қобилияти шахс барои шинохтани зӯроварӣ ва истифодаи механизмҳои ҳимоя мебошад.

5. Тарбияи ҳуқуқии кӯдакон ва ҷавонон ҳамчун пешгирии барвақтӣ. Яке аз самтҳои муҳимтарини пешгирии зӯроварӣ тарбияи ҳуқуқии кӯдакон ва ҷавонон мебошад. Кӯдак қисми зиёди қолабҳои рафториро аз муҳити оила қабул мекунад. Агар ӯ дар муҳите тарбия ёбад, ки дар он таҳқир, таҳдид ва истифодаи қувва воситаи муқаррарии ҳалли низоъ дониста мешаванд, хавфи такрори чунин модели рафтор дар ҳаёти минбаъдаи ӯ зиёд мегардад.

Аз ҳамин ҷиҳат пешгирии зӯроварӣ бояд на аз лаҳзаи содир шудани ҳуқуқвайронкунӣ, балки аз марҳилаи ташаккули шуури иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кӯдак оғоз шавад.

Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 тасдиқ шудааст, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули эҳтиром ба Конститутсия ва қонунҳо ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандонро аз самтҳои муҳим медонад [3].

Дар ин замина муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ метавонанд ба ҷавонон на танҳо дониш дар бораи ҳуқуқу уҳдадориҳо, балки фарҳанги муносибатҳои ғайризӯроварона, эҳтироми шаъну шарафи инсон, баробарӣ, масъулият ва роҳҳои ҳуқуқии ҳалли низоъҳоро омӯзонанд.

Ба андешаи мо, дар доираи таълими ҳуқуқӣ ба ҷавонон бояд мафҳумҳои «зӯроварии ҷисмонӣ», «зӯроварии равонӣ», «зӯроварии иқтисодӣ», «таҳдид», «амрномаи муҳофизатӣ», «ҳуқуқ ба ёрии ҳуқуқӣ» ва механизмҳои муроҷиат барои ҳимоя бо забони фаҳмо шарҳ дода шаванд.

6. Тарбияи ҳуқуқии падару модар ва фарҳанги ҳуқуқии оила. Самти дигар тарбияи ҳуқуқии худи падару модар мебошад. Оила на танҳо объекти сиёсати тарбиявӣ, балки субъекти асосии тарбия низ мебошад. Аз ин рӯ, агар сатҳи фарҳанги ҳуқуқии падару модар паст бошад, интизори ташаккули фарҳанги ҳуқуқии баланди фарзандон душвор мегардад.

Падару модар бояд дарк намоянд, ки тарбияи фарзанд бо истифодаи таҳқир, паст задани шаъну шараф, тарсондан ва зӯроварии ҷисмонӣ набояд омехта карда шавад. Тарбияи ҳуқуқии падару модар бояд ба ташаккули чунин муҳити оилавӣ мусоидат намояд, ки дар он ихтилоф тавассути муколама, машварат, гузашт ва воситаҳои қонунӣ ҳал карда шавад.

Дар ин самт омӯзиши ҳуқуқ танҳо вазифаи ҳуқуқшиносон нест. Муассисаҳои таълимӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунӣ, мақомоти корҳои дохилӣ, сохторҳои тандурустӣ, васоити ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд фаъолияти худро ҳамоҳанг созанд.

7. Сиёсати давлатии Тоҷикистон ва пайванди он бо тарбияи ҳуқуқӣ. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии зӯроварӣ дар оила заминаи муайяни институтсионалӣ ва барномавӣ ташаккул ёфтааст.

Марҳилаи нави сиёсати давлатӣ бо қабули Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, №689 тасдиқ шудааст, алоқаманд мебошад [4].

Барномаи мазкур мақсад, вазифа ва самтҳои асосии сиёсати давлатиро муайян карда, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалиро пешбинӣ менамояд. Муҳим аст, ки сиёсати пешгирии зӯроварӣ дар оила бо сиёсати умумии баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ҳамоҳанг карда шавад.

Дар ин замина қабули Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2030 дар солҳои 2026–2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2026, №162 тасдиқ шудааст, аҳаммияти махсус дорад [5].

Ба андешаи мо, ҳамоҳангсозии ин ду санади барномавӣ - Барномаи пешгирии зӯроварӣ барои солҳои 2025–2030 ва Нақшаи нави амалисозии таълиму тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2026–2030 - метавонад самаранокии сиёсати пешгирикунандаро ба таври назаррас баланд бардорад. Яъне, пешгирии зӯроварӣ бояд ба яке аз самтҳои махсуси тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ табдил дода шавад.

8. Тарбияи ҳуқуқӣ ва тағйир додани муносибати ҷомеа ба зӯроварӣ. Яке аз монеаҳои асосӣ дар пешгирии зӯроварӣ муносибати таҳаммулпазиронаи қисме аз ҷомеа ба баъзе шаклҳои он мебошад. Баъзан таҳқир, фишори равонӣ ё ҳатто истифодаи қувва ҳамчун масъалаи «дохилии оила» қабул мешавад. Ин муносибат метавонад боиси пинҳон мондани ҳуқуқвайронкунӣ гардад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ташаккули вазъи тоқатнопазирии ҷомеа нисбат ба зӯроварӣ дар оиларо аз вазифаҳои муҳими сиёсати давлатӣ медонад [1]. Ин ҳадаф бе тарбияи ҳуқуқӣ амалан дастнорас аст. Тарбияи ҳуқуқӣ бояд дар шуури ҷамъиятӣ принсипи зеринро устувор намояд: муносибати оилавӣ хусусӣ аст, аммо поймол намудани ҳуқуқи инсон масъалаи танҳо хусусӣ нест. Махфияти ҳаёти оилавӣ набояд ҳамчун асос барои беэътиноӣ нисбат ба зӯроварӣ истифода шавад.

9. Тарбияи ҳуқуқии шахсони содиркунандаи зӯроварӣ. Пешгирии такрории зӯроварӣ кор бо шахси содиркунандаи онро низ талаб менамояд. Танҳо ҷазо додани шахс дар ҳамаи ҳолатҳо сабаби рафтори зӯроваронаро бартараф намекунад. Агар ҷаҳонбинӣ, қолабҳои рафтор ва муносибати ӯ ба ҳуқуқи аъзои оила тағйир наёбанд, эҳтимоли такрори рафтори зӯроварона боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, суҳбати хусусияти тарбиявидошта, ки қонун онро ҳамчун яке аз чораҳои фардии пешгирӣ муқаррар кардааст, бояд мазмуни воқеии ҳуқуқию равонӣ дошта бошад.

Ба шахс бояд на танҳо гуфта шавад, ки барои кирдори муайян ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст, балки шарҳ дода шавад, ки кадом рафтори ӯ зӯроварӣ мебошад, кадом ҳуқуқҳои ҷабрдида поймол шудаанд, оқибатҳои ҳуқуқии такрори кирдор кадоманд, низоъро бо кадом роҳҳои қонунӣ ҳал кардан мумкин аст, барои идора кардани таҷовуз ва рафтори низоъӣ аз кадом хизматрасониҳои иҷтимоӣ ё равонӣ истифода бурдан мумкин аст. Ин муносибат тарбияи ҳуқуқиро бо ислоҳи рафтор мепайвандад.

10. Нақши воситаҳои ахбори омма ва муҳити рақамӣ. Дар шароити ҷомеаи иттилоотӣ тарбияи ҳуқуқӣ танҳо тавассути вохӯриҳои анъанавӣ амалӣ шуда наметавонад. Телевизион, радио, матбуот, сомонаҳои мақомоти давлатӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар платформаҳои рақамӣ ба воситаи муҳими баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ табдил ёфтаанд. Аммо тарғиботи ҳуқуқӣ бояд аз шакли танҳо эълон намудани матни қонун берун равад.

Маводи иттилоотӣ бояд ба саволҳои амалии шаҳрвандон ҷавоб диҳад: зӯроварӣ чист? Кадом амалҳо зӯроварии равонӣ мебошанд? Ҷабрдида ба куҷо муроҷиат карда метавонад? Амрномаи муҳофизатӣ чӣ аст? Барои гирифтани ёрии ҳуқуқӣ чӣ бояд кард? Шоҳиди зӯроварӣ чӣ гуна метавонад амал кунад? Танҳо дар ин сурат иттилооти ҳуқуқӣ ба дониш ва дониш ба рафтори ҳуқуқӣ табдил меёбад.

11. Таҷрибаи байналмилалӣ ва аҳаммияти равиши пешгирикунанда. Таҷрибаи байналмилалӣ низ нишон медиҳад, ки пешгирии самараноки зӯроварӣ танҳо бо ҷавобгарии ҳуқуқӣ маҳдуд намешавад.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва дигар ниҳодҳои СММ дар доираи модели RESPECT Women маҷмӯи стратегияҳои пешгириро пешниҳод мекунанд, ки таҳкими муносибатҳои солим, таъмини хизматрасонӣ ба ҷабрдидагон, пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон ва тағйир додани муносибатҳо, эътиқодҳо ва меъёрҳои иҷтимоии мусоидаткунанда ба зӯровариро дар бар мегирад [10].

Аз нигоҳи назарияи тарбияи ҳуқуқӣ махсусан унсури охирин муҳим мебошад. Зеро тағйир додани меъёрҳои иҷтимоӣ ва муносибати одамон ба зӯроварӣ бевосита бо ташаккули шуур ва фарҳанги ҳуқуқӣ алоқаманд аст. Аз ин рӯ, таҷрибаи байналмилалӣ низ хулосаро тасдиқ менамояд, ки пешгирии дарозмуддати зӯроварӣ пеш аз ҳама тағйир додани модели тафаккур ва рафторро талаб мекунад.

12. Самтҳои такмили тарбияи ҳуқуқӣ дар соҳаи пешгирии зӯроварӣ. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии тарбияи ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи пешгирии зӯроварӣ дар оила, ба андешаи мо, амалӣ намудани як қатор тадбирҳо мувофиқи мақсад мебошад.

Якум, дар доираи татбиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2020–2030 масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила ҳамчун самти махсуси тарбияи ҳуқуқӣ муайян карда шаванд.

Дуюм, барои гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ - хонандагон, донишҷӯён, ҷавонони навхонадор, падару модар, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар гурӯҳҳо - барномаҳои фарқкунандаи маърифати ҳуқуқӣ таҳия карда шаванд.

Сеюм, омӯзиши ҳуқуқӣ бояд бо омӯзиши малакаҳои ҳалли осоиштаи низоъ, муоширати оилавӣ ва эҳтироми шаъну шарафи инсон пайваст карда шавад.

Чорум, дар муассисаҳои таълимӣ ба омӯзиши ҳуқуқҳои кӯдак ва роҳҳои ҳимоя аз зӯроварӣ таваҷҷуҳи бештар дода шавад.

Панҷум, барои кормандони субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ методикаи ягонаи гузаронидани «суҳбати хусусияти тарбиявидошта» таҳия карда шавад. Дар акси ҳол, хавф вуҷуд дорад, ки чунин суҳбат ба огоҳкунии расмӣ маҳдуд гардад.

Шашум, фаъолияти тарғиботӣ тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ тақвият дода шуда, маводи ҳуқуқӣ бо забони содда, фаҳмо ва ба ҳолатҳои воқеии ҳаёт наздик таҳия карда шавад.

Ҳафтум, ҳамкории муассисаҳои илмӣ, мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳияи барномаҳои пешгирикунанда тақвият дода шавад.

Ҳаштум, зарур аст самаранокии тарбияи ҳуқуқӣ мунтазам мавриди мониторинг қарор дода шавад. Меъёри самаранокӣ набояд танҳо шумораи вохӯриҳо ё семинарҳои баргузоршуда бошад. Бояд муайян карда шавад, ки то кадом андоза дониш, муносибат ва рафтори шаҳрвандон тағйир ёфтааст.

Таҳлили масъала нишон медиҳад, ки зӯроварӣ дар оила падидаи мураккаби иҷтимоию ҳуқуқӣ буда, пешгирии он истифодаи маҷмӯи чораҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, равонӣ, иттилоотӣ ва тарбиявиро талаб менамояд.

Дар ин низом тарбияи ҳуқуқӣ дорои аҳаммияти махсус мебошад. Агар ҷавобгарии ҳуқуқӣ асосан ба кирдори аллакай содиршуда вокуниш нишон диҳад, тарбияи ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки пеш аз содир шудани кирдори зӯроварона ба шуур ва рафтори шахс таъсир расонида шавад. Маҳз ҳамин хусусият тарбияи ҳуқуқиро ба яке аз воситаҳои стратегии пешгирии зӯроварӣ дар оила табдил медиҳад.

Тарбияи ҳуқуқии самаранок бояд аз донистани матни қонун фаротар равад. Натиҷаи ниҳоии он бояд ташаккули шахсе бошад, ки ҳуқуқи худро медонад, ҳуқуқи дигаронро эҳтиром мекунад, зӯровариро ҳамчун воситаи ҳалли низоъ қабул надорад ва ҳангоми ба миён омадани баҳс аз роҳҳои қонунӣ истифода мебарад.

Аз ин рӯ, метавон чунин хулосаи назариявиро пешниҳод намуд: тарбияи ҳуқуқӣ дар соҳаи пешгирии зӯроварӣ дар оила фаъолияти мақсаднок, муназзам ва ҳамоҳангшудаи субъектҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ оид ба ташаккули дониш, арзиш, эътиқод ва малакаҳои рафтори ҳуқуқие мебошад, ки эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои аъзои оила, тоқатнопазирӣ нисбат ба ҳама гуна шакли зӯроварӣ ва интихоби роҳҳои қонунии ҳалли низоъҳои оилавиро таъмин менамояд.

Аз ин мавқеъ тарбияи ҳуқуқӣ бояд ҳамчун унсури ёрирасони сиёсати пешгирии зӯроварӣ не, балки ҳамчун яке аз механизмҳои мустақили пешгирии ибтидоӣ ва такрории зӯроварӣ дар оила эътироф карда шавад.

Ин хулоса бо самти умумии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мувофиқат мекунад. Қонунгузории амалкунанда бартарии чораҳои пешгирикунандаро эътироф намуда, давлат дар баробари Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2020–2030 Барномаи давлатии махсуси пешгирии зӯроварӣ дар оиларо барои солҳои 2025–2030 амалӣ менамояд.

Аз ин рӯ, вазифаи марҳилаи муосир ҳамгиро намудани механизми тарбияи ҳуқуқӣ бо механизми пешгирии зӯроварӣ дар оила мебошад. Чунин ҳамгироӣ имкон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ аз вокуниш ба оқибати зӯроварӣ бештар ба бартараф намудани заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии пайдоиши он равона гардад.

Дар ниҳоят, оилаи устувор танҳо оилае нест, ки дар он низоъ вуҷуд надорад. Оилаи устувор оилаест, ки аъзои он ҳатто ҳангоми ба вуҷуд омадани ихтилоф ҳудуди ҳуқуқи якдигарро эътироф мекунанд, шаъну шарафи инсонро эҳтиром менамоянд ва зӯровариро ҳамчун воситаи ҳалли масъала рад мекунанд. Ташаккули маҳз чунин фарҳанги муносибатҳои оилавӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини тарбияи ҳуқуқӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон мебошад.

Адабиёт ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии истифодашуда:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аз 19 марти соли 2013, №954, бо тағйиру иловаҳои минбаъда, аз ҷумла аз 20 июни соли 2024, №2064 ва 13 ноябри соли 2024, №2105.

2. Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018–2028, тасдиқшуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005.

3. Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2030, тасдиқшуда бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599.

4. Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2030, тасдиқшуда бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, №689.

5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2026, №162 «Оид ба Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2030 дар солҳои 2026–2030».

6. Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқшуда бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801.

7. Тафсири илмию амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила». – Душанбе: Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

8. Антонян Ю.М., Рачицкая В.А., Тимошина Е.М., Швабауэр А.В. Насилие в семье: монография / под ред. Ю.М. Антоняна. – М.: Проспект, 2021. – 232 с.

9.Ильяшенко А.Н. Основные черты насильственной преступности в семье // Социологические исследования. – 2003. – №4.

10. World Health Organization, UN Women. RESPECT Women: Preventing Violence Against Women. Implementation Package. – Geneva: WHO.

11. Антонян Ю.М. Насилие. Человек. Общество. – М., 2001. – 247 с.

12. Горшкова И.Д., Шурыгина И.И. Насилие над женщинами в современных российских семьях. – М.: МАКС Пресс, 2009. – 196 с.

13. Платонов Ю.П. Насилие в семье: особенности психологической реабилитации. – М.: Речь, 2004.

14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005, №89.

15. Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030.

Ибрагимова Рухшона Маҳмадуллоевна-унвонҷуйи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

НАҚШИ БАРНОМАҲОИ ИСЛОҲОТИ СУДӢ-ҲУҚУҚӢ ДАР ТАШАККУЛИ СУДИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар шароити ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ва рушди босуръати технологияҳои рақамӣ масъалаи такмили шаклу усулҳои фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ аҳаммияти махсус пайдо кардааст. Рақамикунонӣ тадриҷан тамоми соҳаҳои идоракунии давлатиро фаро гирифта, дар баробари мақомоти иҷроия ва қонунгузорӣ ба фаъолияти ҳокимияти судӣ низ таъсири амиқ мерасонад. Дар чунин шароит ташаккули суди электронӣ ҳамчун яке аз самтҳои нави рушди низоми адолати судӣ ба миён меояд.

Суди электронӣ падидаи сирф техникӣ набуда, балки натиҷаи таҳаввули сиёсати ҳуқуқии давлат, такмили қонунгузории мурофиавӣ, ислоҳоти сохтории мақомоти судӣ ва рушди инфрасохтори иттилоотии онҳо мебошад. Бинобар ин, ташаккули суди электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз раванди ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ баррасӣ намудан ғайриимкон аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ хусусияти пайдарпай ва барномавӣ касб намуда, дар чор марҳилаи асосӣ амалӣ гардидааст: Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ аз 23 июни соли 2007, №271; Барномаи солҳои 2011–2013 аз 3 январи соли 2011, №976; Барномаи солҳои 2015–2017 аз 5 январи соли 2015, №327 ва Барномаи солҳои 2019–2021 аз 19 апрели соли 2019, №1242 [1–4].

Ҳар яке аз барномаҳои зикршуда вобаста ба шароити марҳилаи муайяни рушди давлат ва ҷомеа вазифаҳои мушаххаси ислоҳоти низоми судиро пеш гузоштаанд. Агар дар марҳилаҳои аввал диққати асосӣ ба таҳкими мустақилияти ҳокимияти судӣ, такмили сохтори судҳо ва қонунгузории мурофиавӣ равона шуда бошад, дар марҳилаҳои баъдӣ масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти судҳо, содагардонии мурофиаи судӣ, беҳтар намудани таъминоти моддию техникӣ ва ниҳоят истифодаи технологияҳои электронӣ мавқеи бештар пайдо намуданд.

Аз ин рӯ, мақсади асосии маъруза таҳқиқ намудани нақши Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ, институтсионалӣ, техникӣ ва ташкилии суди электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии раванди ташаккули давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад. Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад [5].

Дар ҳамин замина таҳкими мустақилияти суд, баланд бардоштани мақоми он дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва такмили механизмҳои дастрасӣ ба адолати судӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат табдил ёфтааст.

Барномаи аввалини ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ соли 2007 қабул гардида, дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 20 апрели соли 2006 таҳия шуда буд [1]. Барномаи мазкур маҷмуи тадбирҳои мушаххасро оид ба татбиқи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ муайян намуд.

Дар натиҷаи иҷрои ин барнома дар самти такмили қонунгузории мурофиавӣ ва сохтори судӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, қабули кодексҳои нави мурофиавӣ, қонунҳо дар бораи истеҳсолоти иҷро, судҳои ҳакамӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба рушди минбаъдаи низоми судӣ мусоидат намуд [6].

Гарчанде дар Барномаи соли 2007 истилоҳи «суди электронӣ» ҳанӯз ҳамчун самти мустақил истифода нашуда буд, маҳз ҳамин ислоҳоти бунёдӣ муҳити ҳуқуқӣ ва институтсионалиро барои рақамикунонии минбаъдаи фаъолияти судҳо фароҳам овард. Бинобар ин, суди электронӣ бояд ҳамчун натиҷаи мантиқии рушди ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ арзёбӣ гардад, на ҳамчун падидае, ки танҳо дар натиҷаи пайдо шудани технологияҳои нав ба вуҷуд омадааст.

Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ аз 23 июни соли 2007, №271 нахустин ҳуҷҷати барномавии маҷмуӣ дар соҳаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии даврони нави рушди Тоҷикистон маҳсуб меёбад [1]. Аҳаммияти он барои ташаккули суди электронӣ, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки дар ин марҳила асосҳои нави қонунгузории мурофиавӣ гузошта шуданд.

Суди электронӣ бе қонунгузории мукаммали мурофиавӣ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро ҳар амале, ки тавассути технология анҷом дода мешавад - пешниҳоди ариза, бақайдгирии парванда, огоҳ намудани иштирокчиён, пешниҳоди далел, баргузории маҷлиси судӣ ва қабули санад - бояд дорои асос ва оқибати ҳуқуқӣ бошад. Аз ин рӯ, қабули кодексҳои муосири мурофиавӣ дар доираи ислоҳоти ибтидоӣ як навъ заминаи нормативӣ барои гузариши минбаъда ба шаклҳои электронии амалисозии адолати судӣ гардид.

Ҳамзамон, дар ин марҳила принсипҳои дастрасӣ ба суд, самаранокии ҳифзи судӣ ва баланд бардоштани мақоми суд ҳамчун мақоми асосии ҳифзи ҳуқуқ тақвият ёфтанд. Дар назарияи суди электронӣ маҳз дастрасӣ, самаранокӣ ва шаффофият аз ҷумлаи арзишҳои асосие мебошанд, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ бояд ба таъмини онҳо мусоидат намояд.

Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2011–2013 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011, №976 тасдиқ шуда, ҳамчун идомаи мантиқии ислоҳоти қаблӣ муайян гардидааст [2].

Дар ин Барнома масъалаҳои такмили минбаъдаи сохтори судӣ, таҳкими мустақилияти судҳо, баланд бардоштани масъулияти судяҳо, такмили вазъи иҷтимоии онҳо, рушди қонунгузорӣ ва таъмини дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқӣ мавқеи муҳим доштанд [7]. Аҳаммияти ин марҳила барои суди электронӣ пеш аз ҳама хусусияти институтсионалӣ дорад.

Рақамикунонии фаъолияти суд танҳо тавассути харидории техника амалӣ намегардад. Пеш аз ҳама, низоми судӣ бояд дорои сохтори устувор, тақсимоти мушаххаси ваколатҳо, дастгоҳи касбӣ ва механизмҳои самараноки идоракунӣ бошад. Дар ҳамин давра ба омодасозӣ ва баланд бардоштани тахассуси кадрҳои судӣ низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. Ин омил имрӯз, дар шароити рақамикунонӣ, боз ҳам аҳаммияти бештар пайдо мекунад, зеро судя ва корманди дастгоҳи суд бояд на танҳо қонун, балки воситаҳои иттилоотию коммуникатсиониро низ дуруст истифода бурда тавонад.

Бинобар ин, Барномаи солҳои 2011–2013-ро метавон марҳилаи таҳкими заминаҳои институтсионалии рақамикунонии минбаъдаи адолати судӣ арзёбӣ намуд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015, №327 Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2015–2017 тасдиқ гардид [3]. Дар Барномаи мазкур мақсади асосии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ҳамчун таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, содагардонии ҷараёни мурофиаи судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини қонунияту адолат ва такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ муайян гардидааст [3].

Мафҳуми «содагардонии ҷараёни мурофиаи судӣ» аз нуқтаи назари ташаккули суди электронӣ аҳаммияти махсус дорад. Зеро яке аз вазифаҳои технологияҳои рақамӣ маҳз соддагардонии муносибатҳои байни суд ва иштирокчиёни мурофиа мебошад.

Пешниҳоди электронии ҳуҷҷатҳо, бақайдгирии автоматии муроҷиатҳо, ирсоли огоҳиномаҳои электронӣ, дастрасии фосилавӣ ба маълумоти парванда ва истифодаи видеоконференсия ҳама воситаҳои кам намудани сарфи вақт ва хароҷоти мурофиавӣ мебошанд. Аз ҳамин ҷиҳат, Барномаи солҳои 2015–2017 метавонад ҳамчун марҳилаи гузариш аз ислоҳоти сохторӣ ба модернизатсияи технологӣ ва ташкилии фаъолияти судҳо арзёбӣ гардад.

Барномаи чоруми ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2019–2021 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019, №1242 тасдиқ гардидааст [4]. Дар муқаддимаи Барнома таъкид шудааст, ки он идомаи барномаҳои пешина буда, ба таҳкими ҳокимияти судӣ ва такмили қонунгузорӣ оид ба фаъолияти судҳо ва дигар мақомоти дахлдор равона шудааст [4]. Маҳз дар ин марҳила масъалаи рақамикунонии фаъолияти суд аз доираи умумии модернизатсия берун баромада, шакли нисбатан мушаххас гирифт.

Тибқи маълумоти расмии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Барномаи солҳои 2019–2021, аз ҷумла ба роҳ мондани тақсимоти электронии парвандаҳои судӣ пешбинӣ шуда буд [8]. Ин тадбир аҳаммияти махсус дорад.

Тақсимоти электронии парвандаҳо имкон медиҳад, ки вобастагии ин раванд аз омили инсонӣ кам гардида, парвандаҳо тибқи алгоритм ва меъёрҳои муайян байни судяҳо тақсим карда шаванд. Чунин механизм метавонад ба кам гардидани эҳтимоли дахолати субъективӣ, таъмини тақсимоти нисбатан баробари сарбории судяҳо, баланд гардидани шаффофияти фаъолияти суд, коҳиш ёфтани хавфҳои коррупсионӣ, таҳкими эътимоди ҷомеа ба адолати судӣ мусоидат намояд. Аз ҳамин нуқтаи назар, Барномаи солҳои 2019–2021 марҳилаи нав - гузариш ба ташаккули унсурҳои бевоситаи суди электронӣ мебошад. Ҳарчанд татбиқи баъзе чорабиниҳо, аз ҷумла бинобар пандемияи COVID-19 ва мушкилоти молиявӣ мавқуф гузошта шуд, худи масъала дар сиёсати давлатии минбаъда нигоҳ дошта шуд [8].

Рушди суди электронӣ баъди анҷоми Барномаи солҳои 2019–2021 низ идома ёфт. Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 2021, №441 тасдиқ гардидааст [9].

Дар санадҳои барномавии давраи мазкур идомаи рушди низоми судӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва устувории ҳокимияти судӣ пешбинӣ шудааст. Дар баробари ин, рушди иқтисоди рақамӣ ҳамчун самти умумимиллии сиёсати давлатӣ низ тақвият ёфт. Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №460 қабул гардидааст [10]. Ин санад барои истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ заминаи умумӣ фароҳам овард.

Натиҷаи муҳими амалии раванд таъсиси судҳои пилотии электронӣ дар суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва суди ноҳияи Рӯдакӣ мебошад [8]. Таҷрибаи пилотӣ барои низоми судӣ аҳаммияти махсус дорад, зеро имкон медиҳад пеш аз татбиқи умумимиллӣ масъалаҳои ҳуқуқӣ, техникӣ ва ташкилӣ санҷида шаванд. Аз ҷумла, тавассути чунин озмоишҳо метавон муайян намуд, ки самаранокии барномаҳои иттилоотӣ, сатҳи омодагии судяҳо ва кормандони дастгоҳ, мушкилоти амнияти иттилоотӣ, имконияти ҳамгироии низомҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ, муносибати шаҳрвандон ба шаклҳои электронии муроҷиат ва хароҷоти воқеии татбиқи низом.

Дар адабиёти ҳуқуқӣ ва амалия мафҳумҳои «электрониконии суд», «рақамикунонии фаъолияти суд», «мурофиаи электронии судӣ» ва «суди электронӣ» баъзан ҳамчун мафҳумҳои якхела истифода мешаванд. Ба андешаи мо, байни онҳо фарқ гузоштан зарур аст.

Рақамикунонии фаъолияти суд мафҳуми васеъ буда, истифодаи технологияҳои иттилоотиро дар тамоми фаъолияти суд - ҳам фаъолияти мурофиавӣ ва ҳам ташкилӣ, оморӣ, маъмурӣ ва иттилоотӣ фаро мегирад.

Мурофиаи электронии судӣ истифодаи технологияҳоро бевосита дар муносибатҳои мурофиавӣ ифода менамояд, аз ҷумла пешниҳоди ариза, ирсоли ҳуҷҷат, огоҳ намудани тарафҳо, пешниҳоди далелҳо ва иштироки фосилавӣ.

Суди электронӣ бошад, ба андешаи мо, низоми комплексии ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва технологие мебошад, ки дар доираи он фаъолияти суд ва иштирокчиёни мурофиа тавассути технологияҳои рақамӣ амалӣ гардида, ҳамзамон кафолатҳои асосии адолати судӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Аз ин нуқтаи назар суди электронӣ танҳо компютеркунонии суд нест. Он бояд унсурҳои зеринро дар бар гирад: портали ягонаи судӣ; утоқи шахсии иштирокчии мурофиа; пешниҳоди электронии муроҷиатҳо; тақсимоти автоматии парвандаҳо; парвандаи электронии судӣ; ирсоли электронии санадҳои мурофиавӣ; огоҳкунии электронӣ; далелҳои электронӣ; видеоконференсия; бойгонии электронӣ; низоми ҳифзи иттилоот; ва механизмҳои назорати рақамӣ.

Ташаккули суди электронӣ бо масъалаҳои назариявии татбиқи меъёрҳои мурофиавӣ низ робитаи бевосита дорад. Дар таҳқиқоти олимони Тоҷикистон масъалаҳои самаранокии меъёрҳои мурофиавӣ ва фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунандаи судҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, дар мақолаи И.Ҳ. Бобоҷонзода, Т.Қ. Қодирзода ва Ф. Махсудӣ «Проблемаҳои татбиқи меъёрҳои мурофиавӣ дар фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунии судҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» масъалаҳои назариявӣ ва амалии татбиқи меъёрҳои мурофиавӣ таҳлил шудаанд [11]. Аҳаммияти чунин равиш барои суди электронӣ дар он аст, ки технологияи рақамӣ набояд мустақил аз меъёри ҳуқуқӣ амал намояд. Ҳар амали электронӣ танҳо ҳамон вақт хусусияти мурофиавӣ пайдо мекунад, ки қонун тартиби анҷоми онро, субъекти ваколатдор, шакли тасдиқи шахсият, муҳлати анҷом, оқибатҳои ҳуқуқӣ ва тартиби санҷиши эътибори онро муайян карда бошад. Аз ин рӯ, рақамикунонии мурофиа бояд ҳамеша бо рушди қонунгузории мурофиавӣ ҳамоҳанг бошад. Ин ҷо метавон як қонунияти муҳимро пешниҳод намуд, ҳар қадаре ки технологияи электронӣ ба қабули қарори мурофиавӣ наздиктар бошад, ҳамон қадар сатҳи танзими ҳуқуқии он бояд мукаммалтар бошад. Масалан, истифодаи барномаи электронӣ барои омори судӣ асосан масъалаи ташкилӣ мебошад. Аммо пешниҳоди даъвои электронӣ, далели электронӣ ё иштирок тавассути видеоконференсия аллакай бевосита ба ҳуқуқи мурофиавии шахс таъсир мерасонад.

Яке аз муҳимтарин ҳадафҳои рақамикунонии фаъолияти судҳо баланд бардоштани дастрасӣ ба адолати судӣ мебошад. Дар шакли анъанавӣ шаҳрванд барои пешниҳод намудани ариза, гирифтани маълумот, пешниҳоди ҳуҷҷат ё гирифтани нусхаи санади судӣ аксаран бояд шахсан ба суд ҳозир шавад. Суди электронӣ метавонад қисми зиёди чунин муносибатҳоро ба шакли фосилавӣ гузаронад. Ин масъала барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти мавҷудияти ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аҳаммияти махсус дорад. Шахс метавонад бидуни сафар ба маркази ноҳия ё шаҳр ариза пешниҳод кунад, боҷи давлатиро пардохт намояд, маълумот дар бораи ҳаракати парвандаро гирад, санад пешниҳод кунад, огоҳиномаро қабул намояд ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун тавассути видеоконференсия иштирок намояд. Аммо ҳамзамон масъалаи нобаробарии рақамӣ низ бояд ба назар гирифта шавад.

На ҳамаи шаҳрвандон интернет, таҷҳизоти техникӣ ё малакаи кофии рақамӣ доранд. Аз ин рӯ, ҷорӣ намудани суди электронӣ набояд боиси маҳдуд гардидани ҳуқуқи шахсони дорои имконияти маҳдуди технологӣ гардад. Дар давраи гузариш истифодаи модели омехта - электронӣ ва анъанавӣ - мувофиқи мақсад мебошад.

Яке аз афзалиятҳои дигари суди электронӣ баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти суд мебошад. Ҳар амале, ки дар низоми иттилоотӣ анҷом дода мешавад, метавонад дорои вақти сабт, шахси иҷрокунанда ва таърихи тағйирот бошад. Ин имконият медиҳад, ки ҳаракати парванда дақиқ пайгирӣ гардад. Махсусан, тақсимоти автоматии парвандаҳо барои пешгирии дахолати субъективӣ аҳаммияти калон дорад.

Суди Олӣ низ қайд мекунад, ки тақсимоти электронии парвандаҳо метавонад сарбории раиси судро кам намуда, баъзе ҳолатҳои коррупсиониро вобаста ба манфиатнокии тақсимоти парвандаҳо коҳиш диҳад [8]. Аз ин рӯ, суди электронӣ метавонад яке аз механизмҳои техникию ҳуқуқии пешгирии коррупсия дар низоми судӣ низ гардад.

Суди электронӣ бе инфрасохтори устувори техникӣ фаъолият карда наметавонад. Барои фаъолияти он мавҷудияти серверҳои боэътимод, шабакаи босуръати алоқа, таҷҳизоти видеоконференсия, воситаҳои ҳифзи иттилоот, бойгонии рақамӣ ва барномаҳои махсус зарур мебошад. Тибқи маълумоти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар солҳои охир як қатор биноҳои судҳо сохта ё таъмири асосӣ гардида, бо таҷҳизоти муосир таъмин карда шудаанд [8]. Рушди инфрасохтор бояд ҳамзамон бо тайёр намудани кадрҳо сурат гирад.

Судяҳо ва кормандони масъули Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ 23 апрели соли 2025 дар Форуми байналмилалӣ оид ба шакли электронии адолати судӣ иштирок намуданд. Дар он масъалаи «Ташаккули суди электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо, мушкилиҳо ва дурнамо» мавриди баррасӣ қарор гирифт [12]. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки суди электронӣ тадриҷан на танҳо ба масъалаи техникӣ, балки ба самти мустақили омодасозии касбии кадрҳои судӣ табдил меёбад.

Ташаккули низоми мукаммали суди электронӣ зарурати такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, махсусан кодексҳои мурофиавиро ба вуҷуд меорад. Ба андешаи мо, дар қонунгузорӣ бояд масъалаҳои зерин дақиқ танзим гарданд, аз ҷумла мафҳум ва мақоми ҳуқуқии парвандаи электронии судӣ, тартиби пешниҳоди даъво ва шикояти электронӣ, имзои электронӣ дар мурофиа, тартиби огоҳкунии электронӣ, далелҳои электронӣ ва шартҳои қобили қабули онҳо, идентификатсияи иштирокчии мурофиа, тартиби баргузории видеоконференсия, муҳлати мурофиавӣ ҳангоми вайроншавии низоми электронӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, бойгонӣ ва нигоҳдории парвандаҳои электронӣ, амнияти киберӣ, ва масъулият барои дахолати ғайриқонунӣ ба низоми электронии судӣ. Ҳамзамон, танзими ҳуқуқӣ набояд танҳо ба ҷанбаҳои техникӣ маҳдуд гардад. Муҳим он аст, ки рақамикунонӣ принсипҳои асосии мурофиаро тақвият бахшад, на маҳдуд намояд.

Ҷорӣ намудани суди электронӣ набояд мустақилияти судя, баробарии тарафҳо, мубоҳисавӣ будани мурофиа, ҳуқуқ ба ҳимоя ва ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаро коҳиш диҳад. Баръакс, технология бояд воситаи самараноки амалисозии ин принсипҳо бошад. Масалан, видеоконференсия метавонад иштироки шахси дур аз маҳалли судро таъмин намояд, аммо он набояд ҳуқуқи иштирокчиро барои муоширати озод бо намоянда ё адвокат маҳдуд созад. Ҳамин тариқ, технологияи рақамӣ бояд ба ҳуқуқ мутобиқ гардад, на ҳуқуқ ба талаботи технологӣ.

Яке аз масъалаҳои муҳими дурнамои суди электронӣ истифодаи зеҳни сунъӣ мебошад. Технологияҳои зеҳни сунъӣ метавонанд барои ҷустуҷӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҷустуҷӯи амалияи судӣ, таҳлили оморӣ, гурӯҳбандии парвандаҳо, санҷиши шаклии ҳуҷҷатҳо, тартиб додани ҷадвали маҷлисҳо, ва дигар корҳои ёрирасон истифода шаванд. Аммо истифодаи онҳо бояд дорои маҳдудияти возеҳ бошад.

Қабули санади судӣ ва арзёбии ҳуқуқии далелҳо бояд дар салоҳияти судя боқӣ монад. Ба ибораи дигар технология метавонад ба судя кумак кунад, вале наметавонад ҷойи судяро ишғол намояд. Ин принсип бояд дар таҳияи модели миллии суди электронӣ ҳамчун яке аз кафолатҳои мустақилияти ҳокимияти судӣ ба назар гирифта шавад.

Бо ҷамъбасти таҳлил, барои рушди минбаъдаи суди электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тадбирҳои зерин мувофиқи мақсад мебошад:

1. Таҳия ва қабули Консепсияи рушди суди электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Дар қонунгузории миллӣ муқаррар намудани мафҳумҳои «суди электронӣ», «парвандаи электронии судӣ», «ҳуҷҷати электронии мурофиавӣ» ва «низоми иттилоотии суд».

3. Ташкили Портали ягонаи суди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Ҷорӣ намудани низоми ягонаи автоматии тақсимоти парвандаҳо дар ҳамаи судҳои ҷумҳурӣ.

5. Таъсиси «утоқи шахсии иштирокчии мурофиа».

6.Гузариши марҳилавӣ ба парвандаи пурраи электронии судӣ.

7. Такмили кодексҳои мурофиавӣ дар масъалаҳои далелҳои электронӣ ва видеоконференсия.

8. Таъмини ҳамгироии низоми судӣ бо низомҳои иттилоотии дигар мақомоти давлатӣ бо риояи талаботи ҳифзи маълумот.

9. Қабули стандартҳои махсуси амнияти киберии мақомоти судӣ.

10. Таъсиси низоми мунтазами такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд оид ба технологияҳои рақамӣ.

11.Нигоҳ доштани шакли алтернативии анъанавии муроҷиат барои шахсоне, ки аз технология истифода бурда наметавонанд.

12. Таҳияи қоидаҳои ҳуқуқии истифодаи зеҳни сунъӣ дар корҳои ёрирасони судӣ.

Таҳлили Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ нишон медиҳад, ки ташаккули суди электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи як раванди пайдарпайи сиёсати давлатӣ мебошад.

Барномаи соли 2007 асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии ислоҳоти муосири судиро гузошт. Барномаи солҳои 2011–2013 ба таҳкими сохтори судӣ, мустақилият, омодасозии кадрҳо ва такмили қонунгузорӣ мусоидат намуд. Барномаи солҳои 2015–2017 масъалаи содагардонии мурофиаи судӣ ва модернизатсияи фаъолияти мақомоти судиро тақвият бахшид. Барномаи солҳои 2019–2021 бошад, ба марҳилаи нави сифатӣ роҳ кушода, аз ҷумла татбиқи тақсимоти электронии парвандаҳои судиро пешбинӣ намуд.

Дар марҳилаи баъдӣ масъалаи суди электронӣ дар сиёсати рушди миллӣ идома ёфта, судҳои пилотии электронӣ дар ноҳияҳои Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Рӯдакӣ таъсис дода шуданд.

Аз ин рӯ, метавон хулоса кард, ки Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ механизми асосии стратегӣ ва пайдарпайи ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ, институтсионалӣ ва технологии суди электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Бо вуҷуди ин, ҳоло вазифаи асосӣ аз гузариш аз унсурҳои ҷудогонаи рақамикунонӣ ба низоми ягонаи суди электронӣ иборат аст. Суди электронӣ бояд ба арзишҳои асосии адолати судӣ — қонуният, мустақилияти суд, баробарии тарафҳо, дастрасӣ ба суд, шаффофият ва ҳифзи ҳуқуқи инсон асос ёбад.

Мақсади рақамикунонӣ иваз намудани судя ё механикӣ намудани адолати судӣ нест. Ҳадафи он ба инсон наздиктар, дастрас, шаффоф, босуръат ва самаранок гардонидани адолати судӣ мебошад.

Адабиёт ва сарчашмаҳои истифодашуда:

1. Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқшуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007, №271.

2. Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2013, тасдиқшуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011, №976.

3. Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015–2017, тасдиқшуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015, №327.

4. Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019–2021, тасдиқшуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019, №1242.

5. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 1994, бо тағйиру иловаҳои минбаъда.

6. Ҳокимияти судӣ // Маводи иттилоотӣ оид ба татбиқи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

7. Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2013.

8. «Суди электронӣ талаби давру замон аст» // Сомонаи расмии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

9. Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025, тасдиқшуда бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 2021, №441.

10. Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025, тасдиқшуда бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №460.

11.Бобоҷонзода И.Ҳ., Қодирзода Т.Қ., Махсудӣ Ф. Проблемаҳои татбиқи меъёрҳои мурофиавӣ дар фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунии судҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ // Осори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – 2023. – №3 (59). – С. 16–30.

12.Форуми байналмилалӣ дар мавзуи «Шакли электронии истеҳсолоти судӣ» // Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – 23 апрели соли 2025.

13.Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон».

14.Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030. – Душанбе, 2016.

15.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ».

Раҳмонзода Икром Раҳмонқул-унвонҷуи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди ҳокимияти судӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ

123Истиқлоли давлатӣ дар таърихи навини Тоҷикистон оғози марҳалаи сифатан нави давлатдорӣ ва ташаккули низоми миллии ҳуқуқӣ гардид. 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлолии давлатии худро эълон намуда, ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ ба давраи нави рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ворид шуд. Дар назди давлати соҳибистиқлол вазифаи бунёди низоми давлатдорие қарор гирифт, ки на танҳо истиқлоли сиёсиро таҷассум намояд, балки дорои заминаҳои устувори конститутсионӣ, низоми мустақили қонунгузорӣ ва механизмҳои самараноки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон бошад. Маҳз дар ҳамин замина ташаккули ҳокимияти судии миллӣ ба яке аз масъалаҳои муҳими давлатсозӣ табдил ёфт.

Таҷрибаи таърихии давлатҳои демократӣ нишон медиҳад, ки мавҷудияти давлати ҳуқуқбунёд бе ҳокимияти судии мустақил, беғараз ва самаранок ғайриимкон мебошад. Қонунгузорӣ метавонад ҳуқуқу озодиҳоро эълон намояд, мақомоти иҷроия метавонанд иҷрои сиёсати давлатиро таъмин кунанд, вале маҳз суд кафолати ниҳоии барқарорсозии ҳуқуқи вайроншуда, ҳалли баҳсҳои ҳуқуқӣ ва таъмини адолат ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, дараҷаи мустақилият ва самаранокии ҳокимияти судӣ яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми воқеӣ гардидани принсипҳои давлати ҳуқуқбунёд мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъала баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мазмун ва аҳаммияти хосса пайдо кард. Давлати навини Тоҷикистон бояд низоми судиеро ташаккул медод, ки аз як тараф, бо хусусиятҳои давлатдории миллӣ мутобиқат намояд ва аз тарафи дигар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуният ва адолатро бо воситаҳои ҳуқуқӣ ҳифз карда тавонад. Аз ҳамин ҷиҳат, ташаккули низоми судии мустақилро метавон яке аз самтҳои асосии таҳкими соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистон арзёбӣ намуд.

Дар маркази ин раванди таърихию ҳуқуқӣ Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Нақши он дар даврони соҳибистиқлолӣ танҳо бо баррасии парвандаҳои мушаххас маҳдуд намегардад. Суди Олӣ ҳамчун ниҳоди калидии ҳокимияти судӣ дар ташаккули амалияи судӣ, таъмини татбиқи дурусти қонунгузорӣ, баланд бардоштани сифати адолати судӣ ва рушди низоми судии кишвар саҳми муҳим дорад.

Аз нигоҳи илмӣ, таҳқиқи нақши Суди Олӣ дар даврони Истиқлол имкон медиҳад, ки як қатор масъалаҳои ба ҳам алоқаманд - ташаккули заминаҳои конститутсионии ҳокимияти судӣ, таҳаввули мақоми суд дар механизми давлат, рушди қонунгузорӣ дар бораи судҳо, таҳкими мустақилияти судяҳо, ҳифзи судии ҳуқуқи инсон ва ҷойгоҳи Суди Олӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ - дар робитаи мантиқӣ мавриди арзёбӣ қарор дода шаванд.

Муҳим он аст, ки рушди ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон набояд ҳамчун маҷмуи чорабиниҳои алоҳида арзёбӣ гардад. Он раванди пайвастаи таърихӣ мебошад, ки аз соҳибистиқлол гардидани давлат оғоз ёфта, бо қабули Конститутсия, ташаккули қонунгузории миллӣ, такмили сохтори мақомоти судӣ ва таҳкими кафолатҳои фаъолияти судҳо идома ёфтааст. Аз ин нуқтаи назар, таҷрибаи 35 соли Истиқлоли давлатӣ имконият медиҳад, ки дастовардҳои ин самти давлатсозӣ аз диди таърихӣ ва ҳуқуқӣ ҷамъбаст карда шаванд.

Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ тағйироти куллиро на танҳо дар сохтори сиёсӣ, балки дар тамоми низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён овард. Соҳибихтиёрӣ маънои онро дошт, ки давлат акнун бояд мустақилона асосҳои конститутсионии сохтори худро муайян намояд, низоми мақомоти давлатиро ташаккул диҳад ва механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқро ба вуҷуд оварад.

Дар ин раванд масъалаи ҳокимияти судӣ аҳаммияти махсус дошт. Мустақилияти давлат танҳо бо мавҷудияти рамзҳои давлатӣ, мақомоти қонунгузор ва иҷроия ё фаъолияти мустақили байналмилалӣ маҳдуд намешавад. Давлати соҳибихтиёр бояд дорои низоми мустақили судие бошад, ки адолати судиро аз номи давлат амалӣ намуда, ҳифзи воқеии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқиро таъмин созад.

Солҳои нахустини Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон давраи бисёр мураккаб буданд. Бо вуҷуди мушкилоти сиёсиву иҷтимоии давраи гузариш, раванди ташаккули заминаҳои ҳуқуқии давлатдории миллӣ қатъ нагардид. Яке аз дастовардҳои муҳимтарини ин марҳала қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 гардид. Маҳз Конститутсия асосҳои ҳуқуқии давлати навинро муқаррар намуда, барои ташаккули низоми миллии ҳокимияти судӣ пояи устувори ҳуқуқӣ гузошт.

Конститутсия дар таърихи давлатдории муосири Тоҷикистон санаде гардид, ки принсипҳои навини ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатиро муқаррар намуд. Дар байни онҳо принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ мавқеи махсус дорад. Мувофиқи моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.

Ин муқаррароти конститутсионӣ барои ташаккули мақоми нави ҳокимияти судӣ аҳаммияти бунёдӣ дошт. Моҳияти он танҳо аз ҷудо намудани се шохаи ҳокимият иборат нест. Принсипи таҷзияи ҳокимият маънои эътирофи мустақилияти функсионалӣ ва ҳуқуқии ҳар яке аз шохаҳои ҳокимияти давлатиро дорад. Ҳар як шоха дар доираи салоҳияти муайяннамудаи Конститутсия ва қонун вазифаҳои махсуси худро амалӣ менамояд.

Дар ин низом ҳокимияти судӣ вазифаи махсус дорад. Он на қонун қабул мекунад ва на фаъолияти идоракунии ҳаррӯзаи давлатро анҷом медиҳад. Вазифаи асосии суд аз татбиқи ҳуқуқ дар ҳолатҳои мушаххас, ҳалли баҳсҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо, барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншуда ва таъмини адолат иборат мебошад. Аз ин рӯ, мустақилияти суд на танҳо талаботи ташкилии фаъолияти мақомоти судӣ, балки шарти муҳими фаъолияти тамоми механизми давлати ҳуқуқбунёд мебошад.

Принсипи таҷзияи ҳокимият ҳамзамон муносибати навро ба табиати суд ба вуҷуд овард. Агар суд танҳо ҳамчун яке аз мақомоти давлатӣ фаҳмида шавад, хусусияти мустақили ҳокимияти судӣ пурра инъикос намегардад. Дар давлати ҳуқуқбунёд суд худ шакли махсуси амалисозии ҳокимияти давлатӣ мебошад. Маҳз ҳамин фаҳмиш дар заминаи Конститутсияи давлати соҳибистиқлол тадриҷан ба асоси ташаккули низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт.

Мақоми конститутсионии ҳокимияти судӣ дар моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври равшан ифода ёфтааст. Мувофиқи он ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуният ва адолатро ҳифз менамояд.

Ин муқаррароти конститутсионӣ дорои мазмуни амиқи ҳуқуқӣ мебошад:

Якум, мустақилияти ҳокимияти судӣ дар сатҳи Конститутсия эътироф гардидааст. Ин маънои онро дорад, ки суд ҳангоми амалисозии адолати судӣ бояд аз ҳар гуна таъсири ғайриқонунӣ озод бошад ва қарорҳои худро танҳо дар асоси Конститутсия, қонун ва ҳолатҳои муайяншудаи парванда қабул намояд.

Дуюм, ҳокимияти судӣ аз номи давлат амалӣ мегардад. Ин ҳолат мақоми махсуси санадҳои судиро нишон медиҳад. Ҳалнома, ҳукм, қарор ва дигар санадҳои судӣ на андешаи шахсии судя, балки натиҷаи амалисозии ҳокимияти давлатӣ дар шакли судӣ мебошанд. Аз ҳамин ҷиҳат, қонунӣ, асоснок ва одилона будани санади судӣ ба эътибори на танҳо суд, балки давлат низ таъсир мерасонад.

Сеюм, Конститутсия доираи вазифаҳои ҳокимияти судиро хеле васеъ муайян менамояд. Суд на танҳо баҳси байни тарафҳоро ҳал мекунад, балки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуният ва адолатро ҳифз менамояд. Ин маънои онро дорад, ки фаъолияти суд аз рӯйи табиати худ вазифаи муҳими ҷамъиятӣ ва давлатӣ дорад.

Аз ин рӯ, Конститутсияи соли 1994-ро метавон марҳалаи асосии гузариш ба модели муосири ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Истиқлол барои ташаккули низоми миллии судӣ шароити сиёсӣ ба вуҷуд овард, Конститутсия бошад, ба он асоси устувори ҳуқуқӣ, сохторӣ ва арзишӣ бахшид.

Дар ин замина муносибати конститутсионӣ ба инсон низ аҳаммияти махсус дорад. Мутобиқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд ва давлат онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Пайванди мантиқии моддаҳои 5 ва 84 Конститутсия моҳияти инсонгароёнаи ҳокимияти судиро равшан нишон медиҳад. Агар инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуда бошанд, пас суд яке аз механизмҳои асосии институтсионалии ҳифзи ин арзиш мебошад. Ба ҳамин маъно, адолати судӣ бояд пеш аз ҳама ба таъмини ҳифзи воқеӣ ва самараноки ҳуқуқҳои шахс равона гардад. Ин принсип дар моддаи 19 Конститутсия боз ҳам мушаххастар ифода ёфтааст. Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дошта, ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.

Мазмуни ин меъёр нишон медиҳад, ки ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ танҳо ҳуқуқи ворид намудани ариза ё шикоят ба суд нест. Он ҳуқуқи шахс ба адолати судии самаранок мебошад. Аз ин рӯ, барои татбиқи воқеии ин ҳуқуқ мавҷудияти якчанд шарти ба ҳам алоқаманд зарур аст: дастрасӣ ба суд, мустақилияти суд, беғаразии судя, риояи принсипҳои мурофиавӣ, баррасии саривақтӣ ва қабули санади қонунӣ ва асоснок.

Ҳамин тавр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо низоми мақомоти судиро эътироф намуд, балки фалсафаи нави муносибат ба судро низ муқаррар кард. Суд дар ин низом на танҳо мақоми ҳалкунандаи баҳс, балки яке аз кафилони асосии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва волоияти қонун мебошад.

Татбиқи муқаррароти конститутсионӣ қабули санадҳои дахлдори қонунгузориро талаб мекард. Зеро меъёрҳои Конститутсия хусусияти бунёдӣ дошта, сохтор, ваколат ва механизми фаъолияти мақомоти судӣ бояд дар қонунгузории соҳавӣ мушаххас карда мешуданд.

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ қонунгузории миллӣ дар бораи мақомоти судӣ тадриҷан ташаккул ва такмил ёфт. Дар ин раванд Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавқеи муҳим касб намуда, масъалаҳои ташкил ва фаъолияти мақомоти судӣ, мақоми судяҳо, салоҳияти судҳо ва дигар муносибатҳои вобаста ба амалисозии ҳокимияти судиро ба танзим даровард.

Аҳаммияти ин раванд дар он ифода меёфт, ки низоми судии Тоҷикистон тадриҷан хусусияти миллии ҳуқуқии худро пайдо менамуд. Табиист, ки низоми нав аз тамоми таҷрибаи ҳуқуқии гузашта якбора канор нарафт. Баръакс, унсурҳои мусбати таҷрибаи қаблӣ нигоҳ дошта шуда, мазмун ва шакли фаъолияти судҳо бо талаботи Конститутсияи давлати соҳибистиқлол мутобиқ карда шуданд.

Дар баробари қонунгузорӣ оид ба сохтори судӣ, такмили қонунгузории мурофиавӣ аҳаммияти на камтар дошт. Қонунгузории мурофиавӣ он шакли ҳуқуқие мебошад, ки дар доираи он адолати судӣ амалӣ мегардад. Маҳз тавассути мурофиа ҳуқуқи шахс ба ҳифзи судӣ ба воқеияти ҳуқуқӣ табдил меёбад.

Қабул ва такмили Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии маданӣ, Кодекси мурофиавии иқтисодӣ ва дигар санадҳои мурофиавӣ барои ташаккули тартиботи муосири баррасии парвандаҳо ва таҳкими кафолатҳои иштирокчиёни мурофиа замина фароҳам овард.

Аз нигоҳи назариявӣ байни қонунгузорӣ оид ба сохтори судӣ ва қонунгузории мурофиавӣ робитаи мустақим вуҷуд дорад. Якум мақоми институтсионалии судро муайян мекунад, дуюм бошад, тартиби амалӣ гардидани ваколати судиро. Бинобар ин, низоми воқеан самараноки судӣ танҳо дар сурати мутобиқати ин ду унсур - ташкили мустақили суд ва мурофиаи одилонаи судӣ - ташаккул меёбад.

Яке аз масъалаҳои меҳварии ташаккули ҳокимияти судӣ дар даврони Истиқлол таҳкими принсипи мустақилияти суд мебошад. Ин принсип ҳам аҳамияти институтсионалӣ ва ҳам аҳамияти мустақими ҳуқуқӣ барои шаҳрванд дорад.

Мустақилияти суд маънои онро дорад, ки судя ҳангоми баррасӣ ва ҳалли парванда бояд аз ҳар гуна таъсири ғайриқонунӣ озод буда, танҳо Конститутсия, қонун ва ҳолатҳои воқеии парвандаро ба роҳбарӣ гирад.

Бояд махсус таъкид кард, ки мустақилияти судя на имтиёзи шахсии ӯ, балки кафолати ҳуқуқии иштирокчиёни мурофиа мебошад. Шаҳрванде, ки барои ҳифзи ҳуқуқи худ ба суд муроҷиат мекунад, бояд итминон дошта бошад, ки баҳси ӯ аз ҷониби шахси мустақил ва беғараз баррасӣ мешавад. Аз ҳамин сабаб, мустақилияти судя бо ҳуқуқи инсон ба мурофиаи одилона робитаи бевосита дорад.

Дар баробари ин, мустақилият маънои озодӣ аз қонунро надорад. Баръакс, моҳияти мустақилияти суд дар вобастагии қатъии он аз Конститутсия ва қонун ифода меёбад. Судя аз таъсири беруна мустақил аст, вале дар назди қонун масъул мебошад. Маҳз чунин таносуб имкон медиҳад, ки мустақилият ва қонуният ҳамчун ду принсипи ба ҳам вобастаи адолати судӣ амал намоянд.

Мустақилияти суд ҳамчунин бо масъулияти баланди касбӣ ва ахлоқии судя алоқаманд аст. Ҳар қадар кафолатҳои мустақилияти судя бештар бошанд, ҳамон андоза талабот ба сатҳи дониш, беғаразӣ, одоби касбӣ ва масъулияти ӯ низ баландтар мегардад. Аз ин ҷиҳат, рушди ҳокимияти судӣ на танҳо масъалаи такмили санадҳои меъёрӣ, балки масъалаи ташаккули фарҳанги баланди касбии судӣ низ мебошад.

Дар низоми ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди Олӣ дорои мақоми махсус мебошад. Аҳаммияти он на танҳо аз ҷойгоҳи институтсионалӣ, балки аз хусусияти вазифаҳо ва таъсири фаъолияти он ба рушди тамоми низоми судӣ бармеояд.

Дар матни мавриди таҳқиқ Суди Олӣ ҳамчун яке аз ниҳодҳои калидии ҳокимияти судӣ арзёбӣ гардида, нақши он дар таъмини фаъолияти устувори низоми судӣ ва ташаккули амалияи судӣ таъкид шудааст. Ин мавқеъ асоснок аст, зеро мақоми Суди Олӣ дар механизми адолати судӣ аз доираи баррасии парвандаҳои мушаххас фаротар меравад.

Аз як тараф, Суди Олӣ ваколатҳои бевоситаи судиро дар доираи муқаррарнамудаи қонун амалӣ менамояд. Аз тарафи дигар, таҷрибаи фаъолияти он, омӯзиш ва ҷамъбасти масъалаҳои судӣ, муайян намудани мушкилоти татбиқи қонунгузорӣ ва дигар шаклҳои фаъолияти касбӣ ба сифати фаъолияти низоми судӣ таъсир мерасонанд.

Дар ин ҷо масъалаи муҳим он аст, ки Суди Олӣ дар давлати ҳуқуқбунёд набояд танҳо ҳамчун «зинаи болоии» сохтори судӣ маънидод карда шавад. Мақоми он дорои аҳаммияти функсионалӣ мебошад. Яъне арзиши фаъолияти Суди Олӣ бо саҳми он дар таъмини қонуният, сифати татбиқи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва устувории низоми судӣ муайян мегардад.

Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон яке аз ниҳодҳои калидии таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд арзёбӣ намуд. Дар даврони Истиқлол тағйир ёфтани мақоми суд дар давлат табиатан ба таҳаввули нақши Суди Олӣ низ таъсир расонид. Дар шароити нав он бояд на танҳо вазифаҳои анъанавии судиро иҷро намояд, балки дар ташаккули фарҳанги нави татбиқи ҳуқуқ ва таҳкими эътимод ба адолати судӣ саҳм гузорад.

Аз ин рӯ, роҳи тайкардаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ бо роҳи умумии ташаккули ҳокимияти судии миллӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Истиқлол барои рушди суд шароити сиёсию ҳуқуқӣ муҳайё кард; Конститутсия мақоми мустақили ҳокимияти судиро муайян намуд; қонунгузории миллӣ механизмҳои фаъолияти онро ташаккул дод ва таҷрибаи минбаъдаи давлатдорӣ зарурати такмили пайвастаи фаъолияти судҳоро ба миён овард.

Дар ин замина таҷрибаи сию панҷ соли Истиқлоли давлатӣ нишон медиҳад, ки рушди ҳокимияти судӣ раванди якмарҳалаӣ набуда, балки ҷараёни пайвастаи ташаккул ва такмил мебошад. Агар дар марҳалаи аввал вазифаи асосӣ бунёди пояҳои ҳуқуқии низоми миллии судӣ бошад, дар марҳалаҳои баъдӣ масъалаи таҳкими мустақилият, баланд бардоштани сифати адолати судӣ ва эътимоди ҷомеа ба суд аҳаммияти бештар пайдо намуд.

Дар ҳамин асос метавон гуфт, ки Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ аз ниҳоди олии судии низоми миллӣ ба яке аз институтҳои муҳимми таъминкунандаи устувории ҳокимияти судӣ, қонуният ва рушди давлати ҳуқуқбунёд табдил ёфтааст. Мазмуни ин нақш дар марҳалаҳои минбаъдаи рушди низоми судӣ боз ҳам васеъ гардида, масъалаҳои сифати адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон, рушди қонунгузорӣ ва ҷавобгӯ будани суд ба талаботи ҷомеаи муосирро фаро мегирад.

Раҳмонзода Икром Раҳмонқул-унвонҷуи Институти давлат ва ҳуқуқи

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ МИЛЛАТ БА ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ: ТАҶРИБАИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ ВА ТАВСИЯҲО БАРОИ ТОҶИКИСТОН

212Хотираи таърихӣ ҳамчун асоси ҳувияти миллӣ ва омили муттаҳидсозии ҷомеа дар арсаи байналмилалӣ ва дохилии аксари давлатҳо мақоми вижа дорад. Баъди поёни Ҷанги Сард ва афзоиши равандҳои ҷаҳонишавӣ, масъалаи ҳифзи хотираи таърихӣ ва ташаккули сиёсати миллии ёдбуд ба яке аз масъалаҳои марказии сиёсати дохилӣ ва берунии давлатҳо табдил ёфт. Ин давра бо "гардиши мемориалӣ" дар илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ ҳамзамон буд, ки дар натиҷаи он хотира ҳамчун объекти мустақили тадқиқоти байнисоҳавӣ эътироф гардид.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар масири бунёди давлати мустақил ва ташаккули ҳувияти миллӣ қарор дорад, масъалаи ҳифзи хотираи таърихӣ аҳамияти бештар дорад. Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки сиёсати хотира дар Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатиро ташкил медиҳад, ки дар он Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ доранд.

Дар адабиёти муосири илмӣ мафҳуми "ҳуқуқи хотира" ҳамчун соҳаи нави танзими ҳуқуқӣ, ки дар асри XXI дар аксари давлатҳои демократӣ ва баъдишӯравӣ инкишоф ёфтааст, мавриди баррасӣ қарор мегирад. Тавре ки Уладзислау Белавусау (Донишгоҳи Амстердам) ва Александра Глишчинска-Грабяс (Академияи илмҳои Полша) дар китоби илмии худ "Қонун ва хотира: Дар роҳи идораи ҳуқуқии таърих"(Law and Memory: Towards Legal Governance of History, 2020) қайд мекунанд, ки ҳуқуқии гардиши хотира дар эҷоди бартарии ёддошти таърихӣ ва ташаккули ҳувиятҳои миллӣ нақши марказӣ бозидааст. Муаллифон ба тазоди байни идораи ҳуқуқӣ, плюрализми сиёсӣ ва ҳуқуқҳои асосӣ, аз қабили озодии баён таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Дар Аврупо, махсусан дар охири солҳои 1990 - ибтидои солҳои 2000, фаъолияти қонунгузории марбут ба хотира рушд ёфт, ки он бо кӯшишҳо барои эҷоди чорчӯби умумиаврупоии танзими хотира ва ташаккули ҳувияти умумиаврупоӣ алоқаманд буд. Профессор В.И. Чехарина дар тадқиқоти худ "Фарҳанги хотираи аврупоӣ дар андозагирии ҳуқуқӣ" (Европейская «культура памяти» в правовом измерении, 2025) таъкид мекунад, ки дар ду даҳсолаи охир, идораи ҳуқуқии хотираи таърихӣ дар кишварҳои аврупоӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст, гарчанде ки ин раванд ғайрихаттӣ буда, бо равандҳои афзоиши шиддат дар сатҳи миллӣ ҳамроҳ мешавад. Хотираи таърихӣ на танҳо объекти сиёсати хотира дар Иттиҳоди Аврупо, балки манбаи таҳдидҳо ва чолишҳои муосир низ мебошад.

Дар амалияи ҳуқуқии кишварҳои аврупоӣ, қонунҳои махсуси хотиравӣ ҳамчун шакли маъмулии танзими ҳуқуқии хотираи таърихӣ пайдо шуданд. Қонунҳои хотиравӣ ба тадбиқи ҷазои ҷиноятӣ барои тафсирҳои муайяни рӯйдодҳои таърихӣ равона шудаанд, ки дар натиҷа аксар вақт ба "ҷангҳои хотира" ва ихтилофоти назарраси сиёсӣ ва илмӣ оварда мерасонанд . Ин қонунҳо ба се гурӯҳи асосӣ ҷудо мешаванд:

1. Қонунҳои манъкунанда - манъи инкори ҷиноятҳои таърихӣ (ба мисли Олмон, Фаронса)

2. Қонунҳои эҳёкунанда - таъсиси ёдгориҳо ва ниҳодҳои хотиравӣ (ба мисли Литва, Латвия)

3. Қонунҳои таълимӣ-маърифатӣ - ворид намудани мавзӯъҳои таърихӣ ба барномаҳои таълимӣ

Давлати Олмон яке аз аввалин давлатҳоест, ки пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ба танзими ҳуқуқии хотира шурӯъ кард. Дар ин кишвар, таҷрибаи тоталитаризми натсистӣ ҳамчун "асотири манфии асосгузори" Ҷумҳурии Федеративии Олмон хидмат мекунад. Қонунгузории Олмон дар ин самт ду хусусияти асосӣ дорад:

- ҷиноят эътироф намудани инкори Холокост - моддаи 130 Кодекси ҷиноятии Олмон инкор ё таҳқири Холокостро ҳамчун ҷиноят муқаррар намудааст.

- манъи рамзҳои натсистӣ - истифодаи рамзҳои СС, свастика ва дигар аломатҳои натсистӣ тибқи моддаи 86a Кодекси ҷиноятӣ манъ аст.

Тавре ки тадқиқоти мемокрасӣ (лоиҳаи бузурги пажӯҳишии аврупоӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва хотираи таърихӣ, 2021-2025) нишон медиҳад, дар Олмон дар бораи ҳарду гузаштаи тоталитарӣ танҳо як қонуни махсуси хотиравӣ вуҷуд дорад, и он Қонуни доварони Олмон, ки омӯзиши ҳарду режимро дар рафти таҳсилоти ҳуқуқӣ ҳатмӣ мегардонад (§ 5a (2)). Ёдбуди диктатураи Ҷумҳурии Демократии Олмон дар қонун нисбатан камтар инъикос ёфтааст.

Дар кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, аз ҷумла кишварҳои Балтик, Маҷористон ва Лаҳистон модели дигари танзими хотира ташаккул ёфтааст. Хусусияти хоси ин кишварҳо дар он аст, ки онҳо ҳам таҷрибаи тоталитаризми натсистӣ ва ҳам коммунистиро аз сар гузарондаанд.

Кишварҳои Балтик (Эстония, Латвия, Литва) дар қонунгузории худ ҳарду таҷрибаи тоталитаризмро ба назар мегиранд. Қонунҳои хотиравии ин кишварҳо ба ҳифзи хотираи беадолатиҳои гузашта, тарғиби ҳамдигарфаҳмӣ ва таъмини тасвири дақиқи далелҳои таърихӣ нигаронида шудаанд. Литва (2010) ва Латвия (2009) инкори ҳам ҷиноятҳои натсистӣ ва ҳам коммунистиро ҷиноят эътирок кардаанд .

Маҷористон бо истифода аз консепсияи "конститутсияи таърихӣ", ки таърихи беш аз панҷсадсолаи давлатиро бо ҳозира пайванд медиҳад, аз чорчӯби умумиаврупоӣ низ фарқ мекунад. Дар Маҷористон инкори ҷиноятҳои коммунистӣ аз соли 2012 ба қонунгузорӣ ворид шуда, ҳамчун асоси ташаккули ҳувияти миллии баъдикоммунистӣ хидмат мекунад. Ин равиш ихтилофотро бо ҳамсоягон (махсусан Словакия ва Руминия) афзоиш додааст .

Кӯшишҳо барои эҷоди хотираи умумиаврупоӣ, ки асосан дар солҳои 1990 оғоз ёфта, бо Қарори чаҳорчӯбии ИА 2008/913/JHA идома ёфта, бо як қатор мушкилот рӯ ба рӯ шуданд. Ин Қарор кишварҳои аъзоро водор мекард, ки инкори ҷиноятҳои натсистиро (тибқи моддаи 6 Ойинномаи Трибунали Ҳарбии Байналмилалӣ) ҷинояткорӣ эътироф кунанд.

Тавре ки Лифанов С.С. дар тадқиқоти худ "Хотираи таърихӣ ва ҳувияти фаромиллӣ дар давлатҳои Ғарбии Аврупо" (Историческая память и наднациональная идентичность в западноевропейских государствах, 2021) қайд мекунад, ки стратегияи хотираи Аврупои Ғарбӣ дар чанд даҳсолаи охир тағйироти ҷиддиеро аз сар гузаронидааст. Яъне аз эътирофи масъулияти худ барои Холокост ҳамчун унсури марказии хотира то дастгирӣ ва қабули пурраи сиёсати хотираи кишварҳои пасокоммунистӣ, ки ба "баёнияи ишғолӣ", рамзгароӣ ва ҷабрдида нишон додан асос ёфтааст. Ин тағйирот боиси он гардид, ки чаҳорчӯби миллии хотираи кишварҳои Аврупои Шарқӣ дар фазои Иттиҳоди Аврупо бартарӣ пайдо карда, тадриҷан модели аврупои ғарбиро иваз мекунад.

Яке аз сабабҳои асосии ин тағйирот он буд, ки хотираи асосии Аврупои Ғарбӣ дар бораи Холокост натавонист тамоми Аврупоро, махсусан кишварҳои пасокоммунистиро фаро гирад. Ин боиси он гардид, ки хотираи дастаҷамъӣ ба мушкилот дар бунёди ҳувияти умумиаврупоӣ табдил ёбад. Ғайр аз ин, тағйироти табиат ва моҳияти хотираи таърихӣ, ки дар натиҷаи интиқоли сиёсати хотира ба фазои "пасо-ҳақиқат" рух дод, боиси таваҷҷуҳ ба рамзгароӣ, рангорангии эмотсионалии тафсирҳо ва коҳиш додани таърих ба сатҳи "зарурӣ" гардид .

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сиёсати хотира ҳамчун воситаи муҳими ташаккули ҳувияти миллӣ ва бақои давлат дар шароити баъди ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) ташаккул ёфтааст. Таҳлили мундариҷаи суханронихои Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки таърих, фарҳанг, дин ва хотираи миллӣ ҳамчун сарҳадҳои рамзии байни "мо" ва "онҳо" сохта мешаванд, ки воситаҳои назоратро қонунӣ карда, қудрати сиёсиро мустаҳкам мекунанд.

Яке аз асосҳои сиёсати хотира дар Тоҷикистон эҳёи ёди шахсиятҳои таърихӣ ҳамчун "Қаҳрамонони Тоҷикистон" мебошад: Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Шириншоҳ Шоҳтемур. Ин шахсиятҳо дар сиёсати хотираи Тоҷикистон мақоми махсус доранд ва ёди онҳо ҳамчун омили муттаҳидсозии миллат ва асоси муборизаи давомдор алайҳи таҳдидҳои хориҷӣ хидмат мекунад.

Дар солҳои охир дар Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо барои эҳёи хотираи таърихӣ ва ҳувияти миллӣ гузаронида шуданд. Яке аз мисолҳои барҷаста, ин баргардонидани хоки шахсиятҳои барҷастаи тоҷик - Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз гӯристони Донскои Маскав ба Душанбе дар моҳи майи соли 2026 мебошад. Ин ташаббус, ки бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуда, ҳамчун қадами муҳим дар барқарорсозии адолати таърихӣ ва ҳифзи хотираи миллӣ арзёбӣ гардида, бақои интиқол аз насл ба насл ва муттаҳидии наслҳои гузашта ва ояндаро нишон медиҳад.

Дар Тоҷикистон дар давраи истиқлол масъалаи таҳқиқ, ҳифз ва эҳёи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ гардид. Дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ба таҳияи лоиҳаи Қонуни кишвар "Дар бораи бостоншиносӣ" дастури мушаххас дода шуд. Ҳадафи ин қонун тасдиқи таърих ва фарҳанги зиёда аз шаш ҳазорсолаи мардуми тоҷик мебошад. Ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, чор макони бостоншиносӣ дар қаламрави ёдгориҳои таърихии Ҳисор, Истаравшан, ноҳияҳои Данғара ва Қубодиён ба истифода дода мешаванд, ки ба омӯзиши таърихи қадим, ҳифзи мероси моддӣ, инкишофи тамаддун ва таҳкими ҳувияти миллӣ мусоидат мекунанд.

Бо назардошти таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ барои Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки санади ягонаи қонунгузориро дар соҳаи танзими хотираи таърихӣ таҳия ва қабул намояд. Дар ин санад, тавсия дода мешавад, ки:

1. Асосҳои ҳуқуқии сиёсати хотира - мафҳум, принсипҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хотира дар сатҳи давлатӣ муайян карда шавад.

2. Тартиби эҳё ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дарҷ гардад, ки бобати мақоми ҳуқуқии ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, тартиби эҳё, нигоҳдорӣ ва ҳифзи онҳо равона шавад.

3. Ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои таҳриф ва инкори рӯйдодҳои таърихӣ бо назардошти таҷрибаи Олмон, Лаҳистон ва Литва метавон ҷавобгариро барои инкори ҷиноятҳои таърихӣ ва таҳқири шахсиятҳои таърихӣ муқаррар карда шавад.

Бо назардошти таҷрибаи кишварҳои хориҷа таъсиси шуъбаи ҳифзи ҳуқуқ ба хотираи таърихӣ дар Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ пешниҳод карда мешавад, ки фаъолияти он бояд ба тадқиқоти муқоисавӣ-ҳуқуқии сиёсати хотира дар кишварҳои хориҷӣ, таҳияи тавсияҳо барои қонунгузории миллӣ дар соҳаи хотира, омӯзиши таърихи миллӣ ва эҷоди ривоятҳои ягонаи таърихӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи хотира равона шавад.

Ба мисоли Олмон, ки омӯзиши ҳарду режими тоталитарро дар барномаи таълимии донишҷӯёни ҳуқуқшиносӣ ҳатмӣ гардондааст, барои Тоҷикистон чунин тавсияҳо манзур мегарданд:

1. Ворид намудани фанни "Ҳуқуқи хотираи таърихӣ" ба барномаи таълимии ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ва таърихшиносӣ.

2. Таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурамалҳои таълимӣ оид ба ҳифзи хотираи таърихӣ ва мероси фарҳангӣ.

3. Баргузории семинарҳо ва курсҳои такмили ихтисос барои кормандони мақомоти ҳифзи мероси фарҳангӣ ва адлия дар соҳаи ҳуқуқи хотира.

Бо назардошти таҷрибаи хеле ғании давлатҳои аврупоӣ дар соҳаи танзими ҳуқуқии хотира тавсия дода мешавад, ки:

1. Шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хотираи таърихӣ бо кишварҳои пешрафта ба имзо расонида шаванд.

2. Дар лоиҳаҳои байналмилалӣ (аз қабили memocracy, european memory) Тоҷикистон оид ба таҳқиқи хотира ширкат варзад.

3. Таҷрибаи давлатҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқиро дар соҳаи ташаккули сиёсати хотира ва ҳалли низоъҳои хотиравӣ омӯзад ва ба кор барад.

Ба ғайр аз танзими ҳуқуқӣ, муҳим аст, ки "этикаи хотира" дар ҷомеа ташаккул дода шуда, тавассути баргузории маъракаҳои иттилоотӣ-таълимӣ оид ба аҳамияти ҳифзи хотираи таърихӣ, дастгирии лоиҳаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, ташаккули мактабҳои тафаккури интиқодӣ дар бораи таърих ва хотира он тарғиб карда шавад.

Ҳифзи ҳуқуқи миллат ба хотираи таърихӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҳуқуқшиносии муосир мебошад. Таҷрибаи давлатҳои хориҷа нишон медиҳад, ки танзими ҳуқуқии хотираи таърихӣ метавонад ҳамчун воситаи ташаккули ҳувияти миллӣ, устуворсозии ҷомеа ва эҷоди ҳувияти муштараки фаромиллӣ хидмат кунад. Аммо, ин раванд бо чолишҳои ҷиддӣ, аз қабили "ҷангҳои хотира" ва ихтилофоти тафсири таърихӣ ҳамроҳ мешавад, ки онҳо эҳтиёти махсусро талаб мекунанд.

Барои Тоҷикистон, ки дар масири бунёди давлати мустақил ва ташаккули ҳувияти миллӣ қарор дорад, масъалаи ҳифзи хотираи таърихӣ аҳамияти бештар дорад. Дар айни ҳол, барои такмили ҳифзи ҳуқуқии хотираи таърихӣ дар Тоҷикистон, тавсия дода мешавад, ки:

1. Санади ягонаи қонунгузориро дар соҳаи танзими хотираи таърихӣ таҳия ва қабул намуда, ба он масъалаҳои ҷавобгарии ҳуқуқиро барои инкори рӯйдодҳои таърихӣ ва таҳриф ва таҳқири арзишҳои таърихию фарҳангии миллат дохил карда шавад.

2. Шуъбаи махсуси тадқиқотиии ҳифзи ҳуқуқи миллат ба хотира дар сохтори Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ барои омӯзиши сиёсати ҳуқуқии хотира дар Тоҷикистон ва хориҷ таъсис дода, натиҷаҳои онро барои такмили қонунгузорӣ истифода карда шаванд.

3. Ҳамгироии таълими таърихӣ-ҳуқуқии дар барномаҳои таълимии донишгоҳҳои кишвар ва ташаккули "этикаи хотира" дар ҷомеа бароҳ монда шавад.

4. Ҳамкориҳои байналмилалӣ бо давлатҳои пешрафта барои омӯзиш ва табодули таҷрибаи ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи хотираи таърихӣ роҳандозӣ гардад.

Бо андешидани ин тадбирҳо Тоҷикистон метавонад низоми муассири ҳифзи ҳуқуқии хотираи таърихиро бунёд намояд, ки ба устуворсозии ҳувияти миллӣ, беҳдошти ҳамзистии байниҳамсоягӣ ва эҷоди образи мусбати байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард. Дар ин раванд мувозинати байни ҳифзи арзишҳои миллии таърихӣ ва риояи принсипҳои демократии ҳуқуқи башар, махсусан озодии ақида ва сухан бояд риоя карда шаванд, то ин ки сиёсати хотира на ба тақсимкунӣ, балки ба муттаҳидсозии ҷомеа мусоидат намояд.

Сангинзода Дониёр Шомаҳмад,

муовини директор оид ба корҳои илмӣ

ва таълимии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст