Skip to main content

ДАР ИНСТИТУТИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Рӯзи 25 августи соли 2025 дар Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои олимон тибқи нақша доир гардид. Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои муҳими фаъолияти илмию таълимии Институт баррасӣ шуданд, аз ҷумла: фаъолияти нуҳмоҳаи шуъбаҳои Институт; тасдиқи саволномаҳо ва барномаҳои корӣ барои имтиҳоноти дохилшавӣ ба зинаи магистратура ва докторантура (PhD); тасдиқи барномаҳои кории фаннӣ барои соли таҳсил; ҳисобот оид ба ҳамоишҳои илмии Институт; тасдиқи мавзуҳои рисолаҳои номзадӣ ва доктории муҳаққиқон ва кормандони илмӣ; масъалаҳои ҷорӣ.

Дар фарҷоми ҷаласа ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар рушди илми ҳуқуқшиносӣ, таҳкими давлатдории миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва муаррифии дастовардҳои илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, инчунин бо назардошти фидокорӣ, маҳорати баланди илмӣ ва ташаббусҳои созанда дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ, такмили қонунгузорӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмии соҳа дар тӯли солҳои фаъолият академики АМИТ Маҳмудзода Маҳкам Азам, узви вобастаи АМИТ Раҳимзода Маҳмад Забир ва профессор Имомзода Ашурбой ба Ифтихорномаи Институт сарфароз гардонида шуданд.

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст