Skip to main content

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ИНСТИТУТ ДАР ТРЕНИНГИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ҶАВОНОНИ ШАҲРИ ИСФАРА

28 августи соли 2026 дар шаҳри Исфара бо ташаббуси Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи «Ҷавонон дар даврони Истиқлолият: маърифати ҳуқуқӣ, саводнокии рақамӣ ва малакаҳои муосир», бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳошияи омодагӣ ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ – 2027 баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур ходими пешбари илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҷабборов Ф.Н. иштирок ва дар мавзӯи «Сиёсати давлатии ҷавонон ва дастовардҳои ҷавонон дар даврони Истиқлолият: маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ» маърӯза намуд.

Зимни суханронӣ доир ба сиёсати ҷавонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, заминаҳои ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон, дастовардҳои насли ҷавон дар солҳои соҳибистиқлолӣ, имкониятҳои фароҳамгардида барои таҳсил, илмомӯзӣ, касбомӯзӣ, соҳибкорӣ ва иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ибрози назар карда шуд. Таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ барои ташаккули низоми мустақили ҳуқуқии Тоҷикистон ва фароҳам овардани кафолатҳои устувори ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон, заминаи бунёдӣ гузошт.

Ҳамчунин, аҳаммияти маърифати ҳуқуқӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба Конститутсияву қонунҳо дар тарбияи насли худшиносу созанда махсус таъкид гардид. Қайд шуд, ки маърифати ҳуқуқӣ на танҳо донистани ҳуқуқ, балки қобилияти истифодаи дурусти он, иҷрои уҳдадориҳои шаҳрвандӣ ва ҳимояи манфиатҳои қонунӣ мебошад.

Дар маърӯза ҳамчунин ба аҳаммияти байналмилалии ташаббуси Тоҷикистон ҷиҳати эълон гардидани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки ин ташаббус бозгӯи мақоми афзояндаи Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар пешбурди ғояҳои ҳуқуқӣ ва маърифатпарварона дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Дар рафти тренинг ҷавонон ба омӯзиши амиқи ҳуқуқу уҳдадориҳои худ, истифодаи самаранок аз имкониятҳои даврони соҳибистиқлолӣ, азхудкунии илму дониш ва касбу ҳунар, масъулиятшиносӣ дар фазои рақамӣ ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти Ватани азиз даъват гардиданд.

Ҷавонони соҳибмаърифат, қонунмадор ва ватандӯст неруи созандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст