ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ИНСТИТУТ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 августи соли 2026 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ таҳти унвони «Қонун ва Истиқлолият: 35-соли рушди қонунгузории Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш Абдуҷалилов Абдуҷабор, мудири шуъбаи илмҳои ҳуқуқи хусусии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор ва Матробиён Матроб, ходими калони илмии шуъбаи масоили мубрами илмҳои ҳуқуқи конститутсионии Институт, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми конференсия вобаста ба масъалаҳои баррасишуда мубодилаи афкор сурат гирифта, як қатор пешниҳодҳо ва тавсияҳои илмӣ ироа гардиданд.