Skip to main content

НАМОЯНДАГОНИ ИНСТИТУТ ДАР РАДИОИ «САДОИ ДУШАНБЕ» ДОИР БА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ СУХАНРОНӢ НАМУДАНД

Имрӯз 26 августи соли 2026 дар барномаи «Муждаи Истиқлол»-и радиои «Садои Душанбе» олимони Институт дар мавзӯи «Давлатдории миллӣ» суханронӣ намуданд.

Дар ин барнома Раҳимзода Маҳмад Забир, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сарходими илмии Институти давлат ва ҳуқуқ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор ва Сангинзода Дониёр Шомаҳмад, муовини директори Институт, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор андешаҳои худро баён намуданд.

Ёдовар мешавем, ки имсол 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Дар ин радиф, мавзуи давлатдории миллӣ ва таҳкими он дар рӯзномаи илмӣ ва фарҳангии кишвар мақоми вижае дорад. Дар барномаи мазкур масъалаҳои марбут ба аҳамияти Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди бузурги ҳуқуқӣ ва заминаи устувори бунёди давлатдории миллӣ, сулҳу субот ва амнияти ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст