Skip to main content

Нақши Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди ҳокимияти судӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ

123Истиқлоли давлатӣ дар таърихи навини Тоҷикистон оғози марҳалаи сифатан нави давлатдорӣ ва ташаккули низоми миллии ҳуқуқӣ гардид. 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлолии давлатии худро эълон намуда, ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ ба давраи нави рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ворид шуд. Дар назди давлати соҳибистиқлол вазифаи бунёди низоми давлатдорие қарор гирифт, ки на танҳо истиқлоли сиёсиро таҷассум намояд, балки дорои заминаҳои устувори конститутсионӣ, низоми мустақили қонунгузорӣ ва механизмҳои самараноки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон бошад. Маҳз дар ҳамин замина ташаккули ҳокимияти судии миллӣ ба яке аз масъалаҳои муҳими давлатсозӣ табдил ёфт.

Таҷрибаи таърихии давлатҳои демократӣ нишон медиҳад, ки мавҷудияти давлати ҳуқуқбунёд бе ҳокимияти судии мустақил, беғараз ва самаранок ғайриимкон мебошад. Қонунгузорӣ метавонад ҳуқуқу озодиҳоро эълон намояд, мақомоти иҷроия метавонанд иҷрои сиёсати давлатиро таъмин кунанд, вале маҳз суд кафолати ниҳоии барқарорсозии ҳуқуқи вайроншуда, ҳалли баҳсҳои ҳуқуқӣ ва таъмини адолат ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, дараҷаи мустақилият ва самаранокии ҳокимияти судӣ яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми воқеӣ гардидани принсипҳои давлати ҳуқуқбунёд мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъала баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мазмун ва аҳаммияти хосса пайдо кард. Давлати навини Тоҷикистон бояд низоми судиеро ташаккул медод, ки аз як тараф, бо хусусиятҳои давлатдории миллӣ мутобиқат намояд ва аз тарафи дигар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуният ва адолатро бо воситаҳои ҳуқуқӣ ҳифз карда тавонад. Аз ҳамин ҷиҳат, ташаккули низоми судии мустақилро метавон яке аз самтҳои асосии таҳкими соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистон арзёбӣ намуд.

Дар маркази ин раванди таърихию ҳуқуқӣ Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Нақши он дар даврони соҳибистиқлолӣ танҳо бо баррасии парвандаҳои мушаххас маҳдуд намегардад. Суди Олӣ ҳамчун ниҳоди калидии ҳокимияти судӣ дар ташаккули амалияи судӣ, таъмини татбиқи дурусти қонунгузорӣ, баланд бардоштани сифати адолати судӣ ва рушди низоми судии кишвар саҳми муҳим дорад.

Аз нигоҳи илмӣ, таҳқиқи нақши Суди Олӣ дар даврони Истиқлол имкон медиҳад, ки як қатор масъалаҳои ба ҳам алоқаманд - ташаккули заминаҳои конститутсионии ҳокимияти судӣ, таҳаввули мақоми суд дар механизми давлат, рушди қонунгузорӣ дар бораи судҳо, таҳкими мустақилияти судяҳо, ҳифзи судии ҳуқуқи инсон ва ҷойгоҳи Суди Олӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ - дар робитаи мантиқӣ мавриди арзёбӣ қарор дода шаванд.

Муҳим он аст, ки рушди ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон набояд ҳамчун маҷмуи чорабиниҳои алоҳида арзёбӣ гардад. Он раванди пайвастаи таърихӣ мебошад, ки аз соҳибистиқлол гардидани давлат оғоз ёфта, бо қабули Конститутсия, ташаккули қонунгузории миллӣ, такмили сохтори мақомоти судӣ ва таҳкими кафолатҳои фаъолияти судҳо идома ёфтааст. Аз ин нуқтаи назар, таҷрибаи 35 соли Истиқлоли давлатӣ имконият медиҳад, ки дастовардҳои ин самти давлатсозӣ аз диди таърихӣ ва ҳуқуқӣ ҷамъбаст карда шаванд.

Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ тағйироти куллиро на танҳо дар сохтори сиёсӣ, балки дар тамоми низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён овард. Соҳибихтиёрӣ маънои онро дошт, ки давлат акнун бояд мустақилона асосҳои конститутсионии сохтори худро муайян намояд, низоми мақомоти давлатиро ташаккул диҳад ва механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқро ба вуҷуд оварад.

Дар ин раванд масъалаи ҳокимияти судӣ аҳаммияти махсус дошт. Мустақилияти давлат танҳо бо мавҷудияти рамзҳои давлатӣ, мақомоти қонунгузор ва иҷроия ё фаъолияти мустақили байналмилалӣ маҳдуд намешавад. Давлати соҳибихтиёр бояд дорои низоми мустақили судие бошад, ки адолати судиро аз номи давлат амалӣ намуда, ҳифзи воқеии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқиро таъмин созад.

Солҳои нахустини Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон давраи бисёр мураккаб буданд. Бо вуҷуди мушкилоти сиёсиву иҷтимоии давраи гузариш, раванди ташаккули заминаҳои ҳуқуқии давлатдории миллӣ қатъ нагардид. Яке аз дастовардҳои муҳимтарини ин марҳала қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 гардид. Маҳз Конститутсия асосҳои ҳуқуқии давлати навинро муқаррар намуда, барои ташаккули низоми миллии ҳокимияти судӣ пояи устувори ҳуқуқӣ гузошт.

Конститутсия дар таърихи давлатдории муосири Тоҷикистон санаде гардид, ки принсипҳои навини ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатиро муқаррар намуд. Дар байни онҳо принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ мавқеи махсус дорад. Мувофиқи моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.

Ин муқаррароти конститутсионӣ барои ташаккули мақоми нави ҳокимияти судӣ аҳаммияти бунёдӣ дошт. Моҳияти он танҳо аз ҷудо намудани се шохаи ҳокимият иборат нест. Принсипи таҷзияи ҳокимият маънои эътирофи мустақилияти функсионалӣ ва ҳуқуқии ҳар яке аз шохаҳои ҳокимияти давлатиро дорад. Ҳар як шоха дар доираи салоҳияти муайяннамудаи Конститутсия ва қонун вазифаҳои махсуси худро амалӣ менамояд.

Дар ин низом ҳокимияти судӣ вазифаи махсус дорад. Он на қонун қабул мекунад ва на фаъолияти идоракунии ҳаррӯзаи давлатро анҷом медиҳад. Вазифаи асосии суд аз татбиқи ҳуқуқ дар ҳолатҳои мушаххас, ҳалли баҳсҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо, барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншуда ва таъмини адолат иборат мебошад. Аз ин рӯ, мустақилияти суд на танҳо талаботи ташкилии фаъолияти мақомоти судӣ, балки шарти муҳими фаъолияти тамоми механизми давлати ҳуқуқбунёд мебошад.

Принсипи таҷзияи ҳокимият ҳамзамон муносибати навро ба табиати суд ба вуҷуд овард. Агар суд танҳо ҳамчун яке аз мақомоти давлатӣ фаҳмида шавад, хусусияти мустақили ҳокимияти судӣ пурра инъикос намегардад. Дар давлати ҳуқуқбунёд суд худ шакли махсуси амалисозии ҳокимияти давлатӣ мебошад. Маҳз ҳамин фаҳмиш дар заминаи Конститутсияи давлати соҳибистиқлол тадриҷан ба асоси ташаккули низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт.

Мақоми конститутсионии ҳокимияти судӣ дар моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври равшан ифода ёфтааст. Мувофиқи он ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуният ва адолатро ҳифз менамояд.

Ин муқаррароти конститутсионӣ дорои мазмуни амиқи ҳуқуқӣ мебошад:

Якум, мустақилияти ҳокимияти судӣ дар сатҳи Конститутсия эътироф гардидааст. Ин маънои онро дорад, ки суд ҳангоми амалисозии адолати судӣ бояд аз ҳар гуна таъсири ғайриқонунӣ озод бошад ва қарорҳои худро танҳо дар асоси Конститутсия, қонун ва ҳолатҳои муайяншудаи парванда қабул намояд.

Дуюм, ҳокимияти судӣ аз номи давлат амалӣ мегардад. Ин ҳолат мақоми махсуси санадҳои судиро нишон медиҳад. Ҳалнома, ҳукм, қарор ва дигар санадҳои судӣ на андешаи шахсии судя, балки натиҷаи амалисозии ҳокимияти давлатӣ дар шакли судӣ мебошанд. Аз ҳамин ҷиҳат, қонунӣ, асоснок ва одилона будани санади судӣ ба эътибори на танҳо суд, балки давлат низ таъсир мерасонад.

Сеюм, Конститутсия доираи вазифаҳои ҳокимияти судиро хеле васеъ муайян менамояд. Суд на танҳо баҳси байни тарафҳоро ҳал мекунад, балки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуният ва адолатро ҳифз менамояд. Ин маънои онро дорад, ки фаъолияти суд аз рӯйи табиати худ вазифаи муҳими ҷамъиятӣ ва давлатӣ дорад.

Аз ин рӯ, Конститутсияи соли 1994-ро метавон марҳалаи асосии гузариш ба модели муосири ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Истиқлол барои ташаккули низоми миллии судӣ шароити сиёсӣ ба вуҷуд овард, Конститутсия бошад, ба он асоси устувори ҳуқуқӣ, сохторӣ ва арзишӣ бахшид.

Дар ин замина муносибати конститутсионӣ ба инсон низ аҳаммияти махсус дорад. Мутобиқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд ва давлат онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Пайванди мантиқии моддаҳои 5 ва 84 Конститутсия моҳияти инсонгароёнаи ҳокимияти судиро равшан нишон медиҳад. Агар инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуда бошанд, пас суд яке аз механизмҳои асосии институтсионалии ҳифзи ин арзиш мебошад. Ба ҳамин маъно, адолати судӣ бояд пеш аз ҳама ба таъмини ҳифзи воқеӣ ва самараноки ҳуқуқҳои шахс равона гардад. Ин принсип дар моддаи 19 Конститутсия боз ҳам мушаххастар ифода ёфтааст. Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дошта, ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.

Мазмуни ин меъёр нишон медиҳад, ки ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ танҳо ҳуқуқи ворид намудани ариза ё шикоят ба суд нест. Он ҳуқуқи шахс ба адолати судии самаранок мебошад. Аз ин рӯ, барои татбиқи воқеии ин ҳуқуқ мавҷудияти якчанд шарти ба ҳам алоқаманд зарур аст: дастрасӣ ба суд, мустақилияти суд, беғаразии судя, риояи принсипҳои мурофиавӣ, баррасии саривақтӣ ва қабули санади қонунӣ ва асоснок.

Ҳамин тавр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо низоми мақомоти судиро эътироф намуд, балки фалсафаи нави муносибат ба судро низ муқаррар кард. Суд дар ин низом на танҳо мақоми ҳалкунандаи баҳс, балки яке аз кафилони асосии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва волоияти қонун мебошад.

Татбиқи муқаррароти конститутсионӣ қабули санадҳои дахлдори қонунгузориро талаб мекард. Зеро меъёрҳои Конститутсия хусусияти бунёдӣ дошта, сохтор, ваколат ва механизми фаъолияти мақомоти судӣ бояд дар қонунгузории соҳавӣ мушаххас карда мешуданд.

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ қонунгузории миллӣ дар бораи мақомоти судӣ тадриҷан ташаккул ва такмил ёфт. Дар ин раванд Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавқеи муҳим касб намуда, масъалаҳои ташкил ва фаъолияти мақомоти судӣ, мақоми судяҳо, салоҳияти судҳо ва дигар муносибатҳои вобаста ба амалисозии ҳокимияти судиро ба танзим даровард.

Аҳаммияти ин раванд дар он ифода меёфт, ки низоми судии Тоҷикистон тадриҷан хусусияти миллии ҳуқуқии худро пайдо менамуд. Табиист, ки низоми нав аз тамоми таҷрибаи ҳуқуқии гузашта якбора канор нарафт. Баръакс, унсурҳои мусбати таҷрибаи қаблӣ нигоҳ дошта шуда, мазмун ва шакли фаъолияти судҳо бо талаботи Конститутсияи давлати соҳибистиқлол мутобиқ карда шуданд.

Дар баробари қонунгузорӣ оид ба сохтори судӣ, такмили қонунгузории мурофиавӣ аҳаммияти на камтар дошт. Қонунгузории мурофиавӣ он шакли ҳуқуқие мебошад, ки дар доираи он адолати судӣ амалӣ мегардад. Маҳз тавассути мурофиа ҳуқуқи шахс ба ҳифзи судӣ ба воқеияти ҳуқуқӣ табдил меёбад.

Қабул ва такмили Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии маданӣ, Кодекси мурофиавии иқтисодӣ ва дигар санадҳои мурофиавӣ барои ташаккули тартиботи муосири баррасии парвандаҳо ва таҳкими кафолатҳои иштирокчиёни мурофиа замина фароҳам овард.

Аз нигоҳи назариявӣ байни қонунгузорӣ оид ба сохтори судӣ ва қонунгузории мурофиавӣ робитаи мустақим вуҷуд дорад. Якум мақоми институтсионалии судро муайян мекунад, дуюм бошад, тартиби амалӣ гардидани ваколати судиро. Бинобар ин, низоми воқеан самараноки судӣ танҳо дар сурати мутобиқати ин ду унсур - ташкили мустақили суд ва мурофиаи одилонаи судӣ - ташаккул меёбад.

Яке аз масъалаҳои меҳварии ташаккули ҳокимияти судӣ дар даврони Истиқлол таҳкими принсипи мустақилияти суд мебошад. Ин принсип ҳам аҳамияти институтсионалӣ ва ҳам аҳамияти мустақими ҳуқуқӣ барои шаҳрванд дорад.

Мустақилияти суд маънои онро дорад, ки судя ҳангоми баррасӣ ва ҳалли парванда бояд аз ҳар гуна таъсири ғайриқонунӣ озод буда, танҳо Конститутсия, қонун ва ҳолатҳои воқеии парвандаро ба роҳбарӣ гирад.

Бояд махсус таъкид кард, ки мустақилияти судя на имтиёзи шахсии ӯ, балки кафолати ҳуқуқии иштирокчиёни мурофиа мебошад. Шаҳрванде, ки барои ҳифзи ҳуқуқи худ ба суд муроҷиат мекунад, бояд итминон дошта бошад, ки баҳси ӯ аз ҷониби шахси мустақил ва беғараз баррасӣ мешавад. Аз ҳамин сабаб, мустақилияти судя бо ҳуқуқи инсон ба мурофиаи одилона робитаи бевосита дорад.

Дар баробари ин, мустақилият маънои озодӣ аз қонунро надорад. Баръакс, моҳияти мустақилияти суд дар вобастагии қатъии он аз Конститутсия ва қонун ифода меёбад. Судя аз таъсири беруна мустақил аст, вале дар назди қонун масъул мебошад. Маҳз чунин таносуб имкон медиҳад, ки мустақилият ва қонуният ҳамчун ду принсипи ба ҳам вобастаи адолати судӣ амал намоянд.

Мустақилияти суд ҳамчунин бо масъулияти баланди касбӣ ва ахлоқии судя алоқаманд аст. Ҳар қадар кафолатҳои мустақилияти судя бештар бошанд, ҳамон андоза талабот ба сатҳи дониш, беғаразӣ, одоби касбӣ ва масъулияти ӯ низ баландтар мегардад. Аз ин ҷиҳат, рушди ҳокимияти судӣ на танҳо масъалаи такмили санадҳои меъёрӣ, балки масъалаи ташаккули фарҳанги баланди касбии судӣ низ мебошад.

Дар низоми ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди Олӣ дорои мақоми махсус мебошад. Аҳаммияти он на танҳо аз ҷойгоҳи институтсионалӣ, балки аз хусусияти вазифаҳо ва таъсири фаъолияти он ба рушди тамоми низоми судӣ бармеояд.

Дар матни мавриди таҳқиқ Суди Олӣ ҳамчун яке аз ниҳодҳои калидии ҳокимияти судӣ арзёбӣ гардида, нақши он дар таъмини фаъолияти устувори низоми судӣ ва ташаккули амалияи судӣ таъкид шудааст. Ин мавқеъ асоснок аст, зеро мақоми Суди Олӣ дар механизми адолати судӣ аз доираи баррасии парвандаҳои мушаххас фаротар меравад.

Аз як тараф, Суди Олӣ ваколатҳои бевоситаи судиро дар доираи муқаррарнамудаи қонун амалӣ менамояд. Аз тарафи дигар, таҷрибаи фаъолияти он, омӯзиш ва ҷамъбасти масъалаҳои судӣ, муайян намудани мушкилоти татбиқи қонунгузорӣ ва дигар шаклҳои фаъолияти касбӣ ба сифати фаъолияти низоми судӣ таъсир мерасонанд.

Дар ин ҷо масъалаи муҳим он аст, ки Суди Олӣ дар давлати ҳуқуқбунёд набояд танҳо ҳамчун «зинаи болоии» сохтори судӣ маънидод карда шавад. Мақоми он дорои аҳаммияти функсионалӣ мебошад. Яъне арзиши фаъолияти Суди Олӣ бо саҳми он дар таъмини қонуният, сифати татбиқи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва устувории низоми судӣ муайян мегардад.

Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон яке аз ниҳодҳои калидии таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд арзёбӣ намуд. Дар даврони Истиқлол тағйир ёфтани мақоми суд дар давлат табиатан ба таҳаввули нақши Суди Олӣ низ таъсир расонид. Дар шароити нав он бояд на танҳо вазифаҳои анъанавии судиро иҷро намояд, балки дар ташаккули фарҳанги нави татбиқи ҳуқуқ ва таҳкими эътимод ба адолати судӣ саҳм гузорад.

Аз ин рӯ, роҳи тайкардаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ бо роҳи умумии ташаккули ҳокимияти судии миллӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Истиқлол барои рушди суд шароити сиёсию ҳуқуқӣ муҳайё кард; Конститутсия мақоми мустақили ҳокимияти судиро муайян намуд; қонунгузории миллӣ механизмҳои фаъолияти онро ташаккул дод ва таҷрибаи минбаъдаи давлатдорӣ зарурати такмили пайвастаи фаъолияти судҳоро ба миён овард.

Дар ин замина таҷрибаи сию панҷ соли Истиқлоли давлатӣ нишон медиҳад, ки рушди ҳокимияти судӣ раванди якмарҳалаӣ набуда, балки ҷараёни пайвастаи ташаккул ва такмил мебошад. Агар дар марҳалаи аввал вазифаи асосӣ бунёди пояҳои ҳуқуқии низоми миллии судӣ бошад, дар марҳалаҳои баъдӣ масъалаи таҳкими мустақилият, баланд бардоштани сифати адолати судӣ ва эътимоди ҷомеа ба суд аҳаммияти бештар пайдо намуд.

Дар ҳамин асос метавон гуфт, ки Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ аз ниҳоди олии судии низоми миллӣ ба яке аз институтҳои муҳимми таъминкунандаи устувории ҳокимияти судӣ, қонуният ва рушди давлати ҳуқуқбунёд табдил ёфтааст. Мазмуни ин нақш дар марҳалаҳои минбаъдаи рушди низоми судӣ боз ҳам васеъ гардида, масъалаҳои сифати адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон, рушди қонунгузорӣ ва ҷавобгӯ будани суд ба талаботи ҷомеаи муосирро фаро мегирад.

Раҳмонзода Икром Раҳмонқул-унвонҷуи Институти давлат ва ҳуқуқи

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст