ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТ ДАР Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 28 августи соли 2026 дар маҷлисгоҳи бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ» баргузор гардид.
Дар ин конфронс Мирзозода Парвон Зайнолобудин, директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор иштирок ва дар мавзуи "Ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" суханронӣ намуд. Ӯ такид намуд, ки маърифати зиддикоррупсионӣ пеш аз ҳама низоми донишҳо, эътиқодҳо, арзишҳо, муносибатҳо ва малакаҳои рафториро фаро мегирад, ки шахсро ба риояи қонун, поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ, шаффофият ва рад намудани ҳама гуна зуҳуроти коррупсионӣ ҳидоят менамоянд. Аз ин рӯ, ташаккули он бояд ҳамчун раванди пайвастаи иҷтимоӣ-педагогӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ арзёбӣ карда шавад.
Дар фарҷоми конференсия Мирзозода П.З. бинобар гузоштани саҳми арзанда дар таҳкими сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва иштироки фаъолона дар кори конфронсия бо сипосномаи мақомот сарфароз гардонида шуд.