Skip to main content

ТАБРИКОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН, АКАДЕМИК ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ

Устодону омӯзгорон ва донишҷӯёну хонандагони азиз!

Боиси хушнудист, ки ҳамасола 1-уми сентябр Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мегардад.

Ба ин муносибат имрӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105 бо тарҳу усули наву замонавӣ ва ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ барои 2400 хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Воқеан, Рӯзи дониш барои ҳар як фарди ҷомеа, бахусус аҳли илму маориф, устодону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон ва тамоми насли наврасу ҷавон, рӯзи муҳим ва хотирмон ба ҳисоб меравад. Зеро дониш ва маърифат омили асосии рушди ҷомеа, пешрафти давлат ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ба шумор мераванд.

Дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф ва илм ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ пайваста рушд намуда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва рушди неруи зеҳнии кишвар тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд.

Бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар муассисаҳои нави таълимӣ бунёд гардида, садҳо мактабу муассисаҳои таълимӣ таъмиру навсозӣ ва бо таҷҳизоти муосир таъмин шуданд. Барои омӯзгорону хонандагон ва донишҷӯён шароити мусоиди таълим фароҳам оварда шуда, имкониятҳои таҳсил ва рушди қобилиятҳои зеҳниву эҷодии ҷавонон васеъ гардиданд.

Дар ин давра соҳаи илм низ ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, барои таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ, рушди таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, омода намудани кадрҳои илмӣ ва ҷалби ҷавонони болаёқат ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ тадбирҳои муассир роҳандозӣ шуданд.

Имрӯз илм ва маориф дар рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат нақши муҳим дошта, дастовардҳои олимону муҳаққиқони тоҷик дар самтҳои гуногуни илм барои пешрафти кишвар ва ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеа истифода мешаванд.

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат дар даврони соҳибистиқлолӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии насли ҷавон мебошад. Зеро рушди устувори давлат ва ҷомеа пеш аз ҳама ба сатҳи дониш, маърифат, касбият ва ҷаҳонбинии шаҳрвандон вобастагӣ дорад.

Дар шароити рушди босуръати илму техника ва технологияҳои муосир, махсусан технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, зарурати омода намудани мутахассисони рақобатпазир боз ҳам бештар мегардад. Аз ин рӯ, мо бояд ба баланд бардоштани сифати таълим, омӯзиши фанҳои дақиқу табиӣ, забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва рушди тафаккури илмии ҷавонон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.

Дар ин раванд, нақши устодону омӯзгорон хеле муҳим мебошад. Омӯзгор на танҳо ба шогирд дониш меомӯзонад, балки дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, ахлоқ, худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии насли наврас саҳми бузург мегузорад.

Устодону омӯзгорони гиромӣ!

Оғози соли нави таҳсил ҳамзамон бо баргузории Дарси сулҳ барои насли ҷавон аҳаммияти бузурги тарбиявӣ дорад. Сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва оромии ҷомеа асоси рушди устувори ҳар як давлат мебошанд. Маҳз ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ Тоҷикистон тавонист роҳи созандагиро интихоб намуда, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардад.

Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки сулҳ ва ваҳдати миллӣ арзишҳои муқаддас ва дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон мебошанд. Ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва саҳм гузоштан дар ободии Ватан вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус насли ҷавон мебошад.

Ҳамзамон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ ҳамчун маркази асосии илмии кишвар минбаъд барои рушди илм, омода намудани кадрҳои баландихтисос, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод, густариши ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ ва истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат тамоми имкониятҳоро истифода хоҳад кард.

Бовар дорем, ки устодону омӯзгорон дар тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат, ватандӯсту худшинос ва ҷавонони дорои ҷаҳонбинии васеъ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Бори дигар ҳамаи Шумо – устодону омӯзгорони гиромӣ, донишҷӯёну хонандагони азиз ва падару модаронро ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ самимона табрик мегӯям.

Ба ҳамаи Шумо пеш аз ҳама саломатии бардавом, рӯзгори обод, неруи созанда, фаъолияти пурсамар, дастовардҳои нави илмиву таълимӣ ва комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.

Бигзор соли нави таҳсил барои ҳар яки Шумо соли дастовардҳои бузург, донишандӯзии бештар, кашфиётҳои нав ва қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи дурахшон бошад.

Ба Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ, пешрафту шукуфоӣ ва ба мардуми сарбаланди тоҷик рӯзгори осудаву пурсаодат орзумандам.

Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ муборак бошад!

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст