Перейти к основному содержанию

СУХАНРОНИИ КОРМАНДОНИ ИНСТИТУТИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР РАДИОИ ТОҶИКИСТОН

21 августи соли 2026 Ҷабборов Фарҳодҷон Нозимович – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ходими пешбари илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва Амирхониён Малика – ходими илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар барномаи «Тафаккури созанда»-и Радиои Тоҷикистон бо ровигии Фазилати Иброҳим дар мавзӯи «Дастовардҳои занону духтарон дар даврони истиқлолият» мусоҳиба анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои муҳими марбут ба баробарии гендерӣ, кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои занон, заминаҳои конститутсионӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифз ва дастгирии занону духтарон, инчунин нақши онҳо дар рушди давлат ва ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни мусоҳиба таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо сиёсати пайгирона ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлатӣ, илм, маориф, тандурустӣ, иқтисод, фарҳанг, соҳибкорӣ ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷамъиятӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Имрӯз занону духтарони тоҷик бо донишу малака, масъулиятшиносӣ ва ташаббускорӣ дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда мегузоранд.

Ҳамзамон, масъалаҳои бартараф намудани қолабҳои гендерӣ, тақвияти маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои занону мардон ва дастгирии ташаббусҳои созандаи занону духтарон муҳокима гардиданд. Қайд карда шуд, ки рушди ҷомеаи муосир бе иштироки фаъол ва баробарҳуқуқонаи занон тасаввурнопазир буда, баланд бардоштани мавқеи иҷтимоиву ҳуқуқии онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад.

Дар фарҷом иштирокчиёни барнома зикр намуданд, ки 35 соли Истиқлоли давлатӣ барои занону духтарони Тоҷикистон марҳилаи муҳими худшиносӣ, рушди имкониятҳо, таҳкими мавқеи ҷамъиятӣ ва дастовардҳои назаррас гардидааст. Занони тоҷик имрӯз дар паҳлуи мардон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан ва масъулияти шаҳрвандӣ барои таҳкими давлатдории миллӣ, ваҳдату субот ва ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз саҳм мегузоранд.

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст