Перейти к основному содержанию

РӮЙНАМОИИ РАСМИИ МАҶАЛЛА ВА КИТОБҲО ДАР ДОИРАИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ

Санаи 21 августи соли 2026 дар доираи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Истиқлоли давлатӣ: ташаккул ва танзими ҳуқуқӣ» Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯйнамоии маҷаллаи илмии "Давлат ва ҳуқуқ", инчунин монографияҳои зеринро баргузор намуд:

🔹 "Эмомалӣ Раҳмон — эҳёгари низоми ҳуқуқӣ ва давлатдорӣ дар Тоҷикистон"
🔹 " Ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - омили пойдории давлатдории миллӣ"
🔹 "Проблемаҳои назариявии фаласафаи ҳуқуқ"
🔹 "Судебные и квазисудебные институты в истории таджикской государственности

1 2   

 3   4

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст