Перейти к основному содержанию

ДУШАНБЕ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, 14 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Душанбе қалби Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар кори конфронс муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин Салом, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Даврон Ҷурахон, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Шарифзода Хушвахт Салим ва олимону муҳаққиқон иштирок ва суханронӣ намуданд. Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм ҳусни оғоз бахшид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки имрӯз барои мо аҳли илм, зиёиён ва дар маҷмуъ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, рӯзи муҳимму хотирмон ва фараҳбахш мебошад. Зеро ба ифтихори ҷашни фархундаи миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гӯшаи фарҳангиву маърифатии «Душанбе-қалби Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид.

Таъкид гардид, ки ифтитоҳи чунин як боргоҳи маърифат ва худшиносӣ нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанги пойтахти азизамон, арҷгузорӣ ба роҳи тайкардаи шаҳри Душанбе ва як қадами муҳим дар самти ҳифзи хотираи таърихӣ мебошад. Шаҳри Душанбе дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи хосса дорад ва он маркази сиёсӣ, роҳбарии кишвар, илм, маориф, фарҳанг, дипломатия ва ҳаёти иҷтимоии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе ба шарофати сиёсати созандаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври бесобиқа рушд намуд. Симои пойтахт куллан дигаргун гардид, инфрасохтори муосир бунёд шуд, хиёбону кӯчаҳо, майдонҳо, муассисаҳои илмию фарҳангӣ, иншооти иҷтимоӣ ва дигар мавзеъҳои муҳими шаҳр ба таври назаррас ободу зебо шуданд.

Бояд гуфт, ки саҳми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳам дар ободу шукуфо гардидани пойтахти кишвари азизамон хеле бузург мебошад. Бо ибтикор ва роҳбарии муҳтарам раис корҳои ободониву созандагӣ дар пойтахт вусъати тоза гирифта, барои рушди инфрасохтор, беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинон, сабзу хуррам гардонидани шаҳр, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва таҳкими мақоми Душанбе ҳамчун шаҳри муосиру пешрафта тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд.

Дар идомаи конфронс муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин Салом, Муҳамммад Абдураҳмон - доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор, Қурбонова Ширин - доктори илмҳои таърих оид ба корнамоиҳову ободкориҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ибрози ақида намуданд.

Дар охир конфронс бо шеърхонии шоирон Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ, Дониёр Сангинзода ва кормандони академияву докторантону аспирантони академия дар васфи шаҳри Душанбе ва бо супоридани ифтихорномаҳо ба анҷом расонида шуд.

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст