Перейти к основному содержанию

ЗОДРӮЗ МУБОРАК МУҲТАРАМ ҶАББОРОВ ФАРҲОД!

Аҳли коллективи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шуморо — номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва ходими пешбари илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалиро ба муносибати зодрӯзатон табрику таҳният мегӯянд!

Фаъолияти пурмаҳсули илмӣ ва кӯшишҳои пайвастаи Шумо дар рушди илми ҳуқуқшиносӣ, бахусус дар самти ҳуқуқи байналмилалӣ сазовори эҳтироми амиқ ва таҳсини пайваста аст. Шумо ҳамчун мутахассиси ботаҷриба ва олими фаъол дар густариши донишҳои ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани мақоми илмии институт саҳми назаррас мегузоред.

Дар ин рӯзи фарахбахш ба Шумо пеш аз ҳама: тандурустии комил ва умри дароз, бахту саодати оилавӣ ва хотирҷамъӣ, дар фаъолияти илмию эҷодӣ зафарҳои нав ба нав ва дастовардҳои баландтаринро таманно дорем.

Бигзор донишу таҷриба ва неруи илмии Шумо ҳамеша роҳнамои муваффақиятҳоятон бошад ва дар роҳи хизмат ба рушди илму давлатдорӣ дастовардҳои нав ба нав ёр шаванд!

Зодрӯз муборак!

Аҳли коллективи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст