Skip to main content

ИШТИРОКЧИЁНИ ҶОЙҲОИ ИФТИХОРИИ ОЗМУНИ “ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” ҚАДРШИНОСӢ ГАРДИДАНД

Имсол соли чорум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми саросари ҷумҳурӣ миёни тамоми табақаҳои ҷомеа озмуни ҷумҳуриявии “Илм фуруғи маърифат” роҳандозӣ карда мешавад. Иқдомҳову талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ояндаи босубботи миллату давлат аст. Албатта миллате, ки ба илм таваҷҷуҳи хосса зоҳир намекунад, ба ягон муваффақиятҳо ноил шуда наметавонад, таҳлилҳои оқилонаву олимонаи солҳои қаблии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон дода буданд, ки насли наврас аз таъсири технологияи муосир таваҷҷуҳаншон аз хондани китоб, ихтирокориву навоварӣ канда шуда истода буд ва бо мақсади ҷалби хонандагон ба китобу китобхонӣ чораҷуӣ намуда чандин номгуи озмунҳоро таъсис доданд, ки ин иқдом тавонист на танҳо хонандагони муассисаҳову донишҷӯён, балки тамоми қишри ҷомеаро ба китобу китобхонӣ ва ихтирокориву навоварӣ ва умуман илмандӯзӣ ҷалб намуд, ки ин боиси ифтихору сарфарозист.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ягона ниҳоди пешбарандаи илм дар ҷумҳурӣ ва муаррифкунандаи илми тоҷик дар арсаи байналмилал аст, аз ин лиҳоз тибқи салоҳдиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъули баргузории Озмуни “Илм фуруғи маърифат” ин ниҳоди илмии ҷумҳурӣ мебошад. Дар тули соли ҷорӣ масъулини баргузории ин Озмун барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва шафофият баргузории Озмуни мазкур кушиш ба харҷ дода, имрӯз ба даври ниҳоӣ яъне ба даври ҷамъбастӣ расидем, ки масъулин шахсиятҳои сазовор шудани ҷойҳои ифтихориро дар толори маҷлисии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷамъ оварда, бо онҳо вохурда ҷаласаи навбатияшонро баргузор намуданд.

Дар баргузории ҷаласа муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ, Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Сайдулло, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ва масъулини баргузории Озмуни мазкуру 84 нафар иштирокчиёне, ки ҷойҳо ифтихориро соҳиб гардиданд. Нахуст муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ оид ба дастовардҳо ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, иштирокчиёни Озмуни мазкурро барои сазовор шудан ба ҷойҳои ифтихорӣ муборакбод намуда, ба масъулини баргузории Озмуни мазкур барои дар сатҳи баланд ташкилӣ баргузор намудан изҳори қаноатмандӣ ва сипос намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм фурғи маърифат” 570 нафар иштирок намуда, аз ин шумора 132 нафар ғолиби ҷойҳои 1- ум, 2- юм, 3- юм ва 84 нафар ҷойҳои ифтихориро сазовор гардиданд, ки аз ҷониби Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ифтихорнома ва мукофотпулӣ сарфароз гардиданд.

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

30 октябри соли равон дар Театри давлатии академиии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои таълимӣ, иштирокчиёни озмун, волидайни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ВАО иштирок намуданд.

Дар оғоз раиси комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ суханронӣ намуда таъкид кард, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» соли чорум аст таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳақиқон ва устодону омӯзгорон баргузор гардида истодааст.

Дар ин росто баргузории ҳамасолаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» саҳифаи нав дар раванди эҳё намудани анъанаи аҷдодии миллати мо мебошад, ки ба инсоният силсилаи нобиғаҳоро дода, сатҳи донишандӯзӣ, таҳқиқот ва дар умум илми тоҷикро то ба садри илми ҷаҳонӣ бароварданд.

Имсол озмуни мазкур аз рӯи 7 номинатсия - “Математика”, «Физика ва астрономия», «Химия», “Биология”, «География», “Технологияи иттилоотӣ”, “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”, байни донишҷӯёни муассисаҳои миёна ва олии касбӣ, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умҶумии (МТМУ) типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва МП), Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” байни ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон аз рӯи ихтисос, докторантони хабилитат ва унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таъдимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.

Ҷамъбасти натиҷаи озмун нишон дод, ки аз номинатсияи “Математика” байни донишҷӯёни муассисаҳои миёна ва олии касбӣ 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии (МТМУ) типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва МП) 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, аз номинатсияи «Физика ва астрономия» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва МП), 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, аз номинатсияи «Химия» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони МТМУ типи нав (литсейҳо, гимназияҳо, муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, аз номинатсияи “Биология” байни донишҷӯён, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони МТМУ-и типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва МП), 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, аз номинатсияи «География» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва МП), 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, аз номинатсияи “Технологияи иттилоотӣ” байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии (МТМУ) типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва МП), 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, аз номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии (МТМУ) типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва МП), 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон аз рӯи ихтисос, докторантони хабилитат ва унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таъдимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин, омӯзгороне, ки дар омода намудани шогирдонашон саҳм гузоштаанд бо ифтихоронма ва мукофотпулӣ қадршиносӣ гардиданд. Дар ин росто падару модароне, ки фарзандонашон дар озмуни мазкур иштирок намуда ҷойҳои муайянро ишғол намудаанд бо нишони “Маърифатпарвар” ва ифтихорномаҳо қадршиносӣ гардиданд.

НАЗОРАТИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ АЗ РАФТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ"

Имрӯз (22.10.2024) президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз ҷараёни даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат", аз номинатсияи химия, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст боздид намуданд.

Озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар илм ва маориф баргузор меградад.

Бояд гуфт, ки озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ тарғибу ҷаҳонбинии илмӣ дастрасӣ пайдо намудан ба техника ва технологияи нав байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна умумӣ ва таҳсилоти олии типпи нав, аз ҷумла литсей ва гимназияҳо ва умуман кормандони касбу кори гуногун роҳандозӣ гардидааст. Озмун аз рӯи ҳафт номинатсия аз ҷумла математика, физика ва астрономия, химия, биология, геология, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ гузаронида мешавад.

Баргузории ҳамасолаи озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” саҳифаи нав дар раванди эҳё намудани анъанаи аҷдодии миллати мо мебошад, ки ба инсоният силсилаи нобиғаҳоро дода, сатҳи донишандӯзӣ, таҳқиқот ва дар умум илми тоҷикро то ба садри илми ҷаҳонӣ баровардаанд.

ҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

13 сентябри соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он Мансурӣ Дилрабо - раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Илм фурӯғи маърифат», муовини Сарвазири кишвар, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло – муовини аввали вазири маориф ва илм, аъзоёни комиссия, ҳайати ҳакамони даври сеюми озмун, комиссияи аппелятсионӣ, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф ва дигар масъулон ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» Дилрабо Мансурӣ, ҳозиринро бо ҷадвали баргузорӣ, ҳайати комиссияи назоратӣ, ҳакамон ва масъулони даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» шинос намуд.

Сипас, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, котиби озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» Амонзода Илҳом Темур доир ба баргузории даври якум ва дуюми озмуни мазкур ҳисоботи муфассал дода, ироа дошт, ки ин ду даври озмун бо сарбаландӣ ҷамбаст гардид. Ва барои дар сатҳи мавҷуда баргузори намудани даври сеюми озумни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» масъулин талоши худро намуда истодаанд.

Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доир ба омодагиҳо ба даври сеюм ва тартиби баргузории он суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» соли чорум аст таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Мақсад аз роҳандозӣ намудани озмун ин пеш аз ҳама дар амал тадбиқ намудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” мебошад.

Дар рафти ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» Дилрабо Мансурӣ таъкид дошт, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки рафти даври сеюми озмун пурра ба навор гирифта шуда тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии кишвар инъикос карда шавад.

ВОХУРӢ БО ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

01 майи соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохурии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо иштирокчиён ва ғолибони даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” баргузор гардид.

Дар вохурии имрӯза Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Қоҳирова Гулчеҳра - ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҳамзамон раиси шуъбаи илмҳои физика, математика, химия, геология, ва техникаи АМИТ, Саломов Сайдалӣ – котиби озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат”, директорони институтҳову марказҳо ва иштирокчиёни озмун ширкат варзиданд.

Зимнан Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз иқдомҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба хусус “Илм фурӯғи маърифат” ёдовар шуда, дар идомаи суханронияш ғолибони даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” – ро муборакбод намуда, барои дар даврҳои минбаъда низ ба онҳо муваффақияту музаффариятҳо таманно намуданд. Таъкид шуд, ки иштирокчиёни озмун дар даврҳои минбаъда омодагиҳоро хуб ба роҳ монда, ҷойҳои намоёнро ишғол намоянд. Ҳамзамон ба роҳбарони сохтору марказҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастур дода шуд, ки ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” қадрдонӣ гарданд.

Дар идома оид ба шафоффият ва ҳаққонӣ баргузорию ҷойишғолкунии иштирокчиёни озмун Қоҳирова Гулчеҳра – ноиби Президенти АМИТ, сарпарасти соҳа баромад намуда, маълумоти амиқ доданд. Зикр гардид, ки иштирокчиёни зерин дар институту марказҳои АМИТ дар озмун ширкат варзида, ҷойҳои муайянро ишғол намудаанд.

Иштирокчиён ва ғолибони даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурўғи маърифат” аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Номинатсияи математика Институти математикаи ба номи А.Ҷураев

Ғолибон

1. Ҳусенов Шоҳрух Асомуддинович – ҷойи I

2. Остонаева Хиробону Абдуғафуровна – ҷойи II

3. Шарифов Шарифҷон Амиралиевич – ҷойи II

4. Арипова Муниса Умедовна – ҷойи III

5. Мирова Фарзона Собирҷоновна – ҷойи III

6. Раҳимзода Исмоил Овломурод – ҷойи III

Номинатсияи технологияи иттилоотӣ

Ғолибон

1. Мурзаев Абдухолиқ Раҳмидинович – ҷойи I

2. Аҳмадов Меҳроҷиддин Рамазонович – ҷойи II

3. Хоҷаев Маъруфҷон Рустамович – ҷойи II

4. Ҳайдарова Шаҳло Нуриддиновна – ҷойи III

Номинатсияи физика ва астрономия

Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров,

Институти астрофизика

1. Акбарова Саида Маҳмадсабуровна – ҷойи I

2. Наҷмиддинов Теҳрон Боймаҳмадович – ҷойи II

3. Баёнов Шарифали – ҷойи II

4. Маҳмадов Ҳоҷиакбар Маҳмудович – ҷойи III

5. Нормаҳмедов Нормаҳмад – ҷойи III

6. Муродова Макнуна Зокировна – ҷойи III

Номинатсияи химия

Институти химияи ба номи В.И.Никитини АМИТ

Ғолибон

1. Сановбари Қурбон – ҷойи I

2. Ашуров Бехруз Шавкатович – ҷойи II

3. Каримова Шифо Рустамхоновна – ҷойи II

4. Султонова Парвона Мансуровна – ҷойи III

5. Мирғарибова Маҳина Мирамадовна – ҷойи III

6. Муродова Шукрона Абдуҳамидовна – ҷойи III

Номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”

Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ

1. Баротов Бахтиёр Бурхонович – ҷойи I

2. Одинаев Фатҳулло Раҳматович – ҷойи II

3. Убайдулло Муҳаммадҳофизи Одина – ҷойи II

4. Наимов Алишер Сафаралиевич – ҷойи III

5. Саидов Мунаваршо Мирзоалиевич – ҷойи III

6. Курбонбекова Шифо Шафтолиевна – ҷойи III

Номинатсияи биология

Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ

Ғолибон

1. Табаров Мирзошариф Абдуфатоҳович – ҷойи I

2. Диловаршоева Муборакхотун Алгузовна – ҷойи II

3. Насибаи Муродхон – ҷойи II

4. Солиҳзода Сабина – ҷойи III

5. Бачаҷонова Субҳия толибовна – ҷойи III

6. Атоева Изофат Раҳимовна – ҷойи II

ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ КОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ

Имрӯз (25.01.2024) дар толори маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати корӣ оид ба баргузор намудани озмуни ҷумҳӯриявии "Илм фурӯғи маърифат" бо иштироки Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт баргузор гардид. Дар ҷаласа Хушвахтзода Қ.Х. таассуроти аз маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бардоштаашро ба иштирокдорони ҷаласа иброз дошта, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни болозикр ва ҷалби тамоми кормандони АМИТ ва зерсохторҳои он дастурҳои мушаххас доданд. Ҳамзамон иштирокдорони ҷаласа оид ба баргузории озмун фикру ақидаҳои худро пешниҳод намуданд. Зимни суханронӣ профессор Хушвахтзода Қ.Х. иброз дошт, ки ҳамасола тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон ватани азизи ман” роҳандозӣ гардида, баргузории ин озмунҳо ба зиммаи ниҳодҳои илмии кишвар вогузор карда мешавад. Дар ибтидо зикр гардид, ки баргузории озмуни ҷумҳӯриявӣ "Илм фурӯғи маърифат" тибқи салоҳдиди Пешвои муаззами миллат ба зиммаи АМИТ гузошта шудааст. Дар робита ба ин ҳайати кориро зарур аст, ки дар якҷоягӣ баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни мазкур кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Subscribe to Озмунҳо

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст