Забони давлатӣ на танҳо воситаи муоширати ҳамарӯза ё фазои фарҳангӣ, балки яке аз аломатҳои асосии соҳибихтиёрии давлатӣ, нишони ҳастии миллат ва рукни аслии амнияти миллию маънавӣ ба шумор меравад. Дар ҷомеаи муосир, ки таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии рақамӣ қарор дорад, масъалаи ҳифз, нигоҳдорӣ ва рушди забони давлатӣ дар соҳаи илм ва таълим муҳиммияти фавқулодаи пайдо мекунад. Забоне, ки қобилияти ифодаи мафҳумҳои мураккаби илмӣ, истилоҳоти техникӣ, назарияҳои ҳуқуқӣ ва таҳқиқоти баландпояро надорад, тадриҷан ба забони маҳдуди маишӣ табдил ёфта, аз раванди пешрафти ҷаҳонӣ канор мемонад.
Барои миллати тоҷик, ки дорои тамаддуни шашҳазорсолаи фарҳангию илмӣ мебошад, забони тоҷикӣ дар тӯли таърих ҳамеша забони илму ҳикмат, фалсафаву ҳуқуқ, тиб ва адабиёт буд. Осор ва таълифоти бузургоне чун Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалқосим Фирдавсӣ, Абунасри Форобӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва дигарон гувоҳи он аст, ки забони мо аз асрҳои миёна заминаҳои ғании истилоҳотӣ ва услубии илмиро эҷод намуда буд. Аммо, дар давраҳои муайяни таърихӣ, аз ҷумла дар давраи сохтори шӯравӣ, забони тоҷикӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва силсилаи таҳқиқоти академӣ таҳти фишори забони русӣ қарор гирифта, функсияҳои илмиву таҳсилотии он маҳдуд гардида буданд.
Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави эҳёи забони давлатиро оғоз намуд. Дар ин давраи таърихӣ вазифаи аввалиндараҷаи давлат ташаккули заминаи устувори ҳуқуқӣ ва шароити амалӣ барои мубаддал сохтани забони тоҷикӣ ба забони илм, таълим ва идоракунии давлатӣ гардид. Дар ин раванди тақдирсоз, нақши Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори сиёсати забоншиносии кишвар калидӣ ва муайянкунанда мебошад.
Сиёсати забони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолият бо ном ва фаъолияти бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёрии кишвар, Сарвари давлат масъалаи забони давлатиро дар сатҳи амнияти миллӣ ва пойдевори давлатдории тоҷикон қарор доданд.
Пешвои миллат бар он ақидаанд, ки «Забони миллат – ҳастии миллат аст». Бо ташаббус ва зери роҳбарии бевоситаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои бунёдии ҳуқуқии эҳёи забон гузошта шуданд. Қабули Конституцияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994, ки дар моддаи 2-юми он забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ муқаррар гардид, қадами аввалини ҳуқуқӣ дар ин самт буд.
Барои мутобиқ сохтани қонунгузорӣ ба талаботи давлати соҳибистиқлол ва паҳн намудани фазои татбиқи забон дар соҳаи илму таълим, бо ташаббуси Сарвари давлат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2009, №553 «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд. Ин қонун низоми нави муносибатҳои ҳуқуқиро дар самти истифодаи забони давлатӣ ба вуҷуд овард.
Саҳми бевоситаи Пешвои миллат дар соҳаи илми забоншиносӣ ва таърихи забон дар асари дуҷилдаи муаллиф «Забони миллат – ҳастии миллат» ба таври амиқ таҷассум ёфтааст. Ин асари бузурги таҳқиқотӣ на танҳо як манбаи арзишманди таърихиву филологӣ, балки дорои аҳамияти бузурги методологӣ барои таҳқиқоти ояндаи илмӣ мебошад. Пешвои миллат дар ин асар исбот намуданд, ки забони тоҷикӣ дар тӯли давраҳои гуногуни таърихӣ осеб надида, қобилияти баланди ифодаи афкори илмӣ ва сиёсиро ҳифз намудааст ва имрӯз низ бояд ба ҳайси забони пешрафтаи илмӣ хизмат кунад
Бо санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар сохторҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) таъсис дода шуданд. Инчунин, бо ташаббуси Сарвари давлат рӯзи 5 октябр ҳамчун «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба муқаррароти ҷашнҳои миллӣ ворид карда шуд, ки ин омӯзиш ва пажӯҳиши забони давлатиро дар муассисаҳои таълимиву илмӣ ҳавасманд месозад.
Низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи забони давлатиро дар соҳаи илм ва таълим тавассути як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқии зинаҳои гуногун танзим менамояд.
Моддаи 2-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд». Ин меъёри конститутсионӣ заминаи олии ҳуқуқиро барои ба роҳ мондани раванди таълим ва таҳқиқоти илмӣ ба забони давлатӣ эҷод менамояд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009, №553 муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба истифода ва рушди забони давлатӣ аниқ танзим менамояд. Барои соҳаи илм ва таълим моддаҳои зерини он аҳамияти махсуси ҳуқуқӣ доранд:
Моддаи 8. Забони таҳсил
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил ба забони давлатӣ сурат мегирад.
2. Муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ метавонанд ба забонҳои дигар низ фаъолият намоянд.
3. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳо дар интихоби озоди забони таҳсил тибқи қонунгузорӣ шароит фароҳам оварда мешавад.
Моддаи 9. Омӯзиши забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ
1. Дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ омӯзиши ҳатмии забони давлатӣ таъмин карда мешавад.
2. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, омӯзиши забони давлатӣ ҳатмӣ мебошад.
3. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши хати арабиасос ва табъу нашри адабиёт ба ин хат шароит фароҳам оварда мешавад.
Моддаи 10. Забони илм
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони илм забони давлатӣ аст.
2. Дар таҳқиқоти илмӣ забонҳои дигар низ метавонанд истифода шаванд.
Илова бар ин, як қатор қонунҳои махсус вазифаҳои мушаххаси ҳуқуқиро барои субъектҳои илмиву таълимӣ пешбинӣ мекунанд.
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф».
Забони таълимро дар тамоми зинаҳои таҳсилот (ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва баъд аз муассисаи олии таълимӣ) танзим намуда, ҳатмӣ будани омӯзиши забони давлатиро дар ҳама гуна муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли мулкияташон, муқаррар мекунад.
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника».
Кафолатҳои давлатиро барои рушди заминаи ахбориву забоншиносии илмӣ, таҳияи луғатҳои истилоҳотии соҳавӣ ва тарҷумаи асарҳои илмии ҷаҳонӣ ба забони тоҷикӣ муайян месозад.
Яке аз марҳилаҳои муҳимтарин ва амалии татбиқи забони тоҷикӣ ба ҳайси забони илм – ин таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
То таъсиси КОА-и миллии кишвар, ҳимояи рисолаҳои диссертатсионӣ ва сазовор шудан ба дараҷаҳои илмӣ асосан тавассути Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия амалӣ мегардид, ки ин боиси он мегардид, ки аксарияти мутлақи диссертатсияҳо ба забони русӣ навишта мешуданд.
Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2014, № 254 таъсис дода шудааст, ки он мустақилияти илмӣ ва забоншиносии кишварро таъмин намуд.
Пешвои миллат такид менамоянд, ки: “Мо Комиссияи олии аттестатсионии миллии худро таъсис додем, то ки мушкилоти ҳимояи корҳои илмӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмиро бартараф намоем ва имконият фароҳам оварем, ки муҳаққиқони мо имкони ҳимояи диссертатсияҳои худро дар кишварамон дошта бошанд”.
Мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муқаррарот ҷой доранд:
1. Забони ҳимояи диссертатсия. Диссертатсияҳо барои дарёфти дараҷаҳои илмии доктори философия (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос, номзади илм ва доктори илм метавонанд ба забони давлатӣ (тоҷикӣ), инчунин ба забонҳои русӣ ва англисӣ пешниҳод карда шаванд. Аммо таълифи автореферат ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои аттестатсионӣ ба забони давлатӣ ба афзалияти асосӣ табдил ёфтааст.
2. Феҳристи нашрияҳои илмии тавсияшуда. КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон талабот гузоштааст, ки маҷаллаҳои илмие, ки ба феҳристи нашрияҳои тавсияшуда ворид мешаванд, бояд мақолаҳоро ба забони давлатӣ бо риояи меъёрҳои адабӣ, доштани аннотатсия ва калидвожаҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба нашр расонанд.
3. Бюллетени КОА ва самтҳои илм. Дар нашрияҳои расмии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз қабили Бюллетен) таснифоти самтҳои илм ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ нашр гардида, истилоҳоти нави илмӣ мунтазам роҳандозӣ карда мешаванд.
Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешбарандаи илми ҳуқуқшиносӣ дар кишвар, дар амалӣ намудани сиёсати забонии давлатӣ ва рушди забони тоҷикӣ дар соҳаи ҳуқуқ нақши ниҳоят муҳим мебозад.
Олимону муҳаққиқони Институт дар самти таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо, экспертизаи ҳуқуқӣ-забоншиносии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳияи фарҳангҳои истилоҳотии соҳавӣ фаъолона иштирок менамоянд. Танзими ҳуқуқии забон яке аз соҳаҳои мураккабтарин мебошад, зеро ҳар як истилоҳи ҳуқуқӣ бояд дорои аниқӣ, якхелагӣ ва бидуни духӯрагӣ бошад.
Аз ин рӯ, дар Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ теъдоди бештари монографияҳо, маҷмӯаҳои илмӣ ва дастурҳои таълимӣ-методи ба забони давлатӣ иншо ва чоп карда мешаванд, таҳқиқоти амиқи муқоисавӣ-ҳуқуқӣ оид ба таърихи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии халқи тоҷик ба забони давлатӣ гузаронида шудаанд, дар магистратура ва докторантураи PhD-и Институт таълим ва машғулиятҳои илмӣ-методӣ асосан ба забони давлатӣ роҳандозӣ гардида, докторантон ва унвонҷӯён ба таълифи диссертатсияҳо ба забони тоҷикӣ роҳнамоӣ карда мешаванд, ки ин заминаи насли нави олимони ҳуқуқшиносро ташаккул медиҳад.
Муваффақиятҳои бадастомада дар самти татбиқи забони давлатӣ инкорнопазиранд, аммо дар шароити кунунӣ як силсила масъалаҳо ва мушкилоте вуҷуд доранд, ки ҳалли илмиву ҳуқуқиро тақозо мекунанд. Раванди пайдоиши технологияҳои нав, рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, ҳуқуқи рақамӣ ва кибербехатар боиси ворид шудани ҳазорон истилоҳоти нав ба забони илм мегардад. Дар баъзе ҳолатҳо дар нашрияҳои илмӣ ва китобҳои дарсӣ тарҷума ва истифодаи истилоҳоти нави якхела ва ягона коста мегардад.
Барои он ки илми тоҷик ва забони тоҷикӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардад, зарур аст, ки маҷаллаҳои илмии ватанӣ ба пойгоҳҳои байналмилалӣ ворид карда шаванд. Ин тақозо мекунад, ки нашрияҳо шакли дузабона ё сезабонаро (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ) бо нигоҳ доштани афзалияти забони тоҷикӣ интихоб намоянд.
Забони илм ва таълим нишондиҳандаи асосии камолоти маънавӣ ва илмии миллат мебошад. Дурнамои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он нигаронида шудааст, ки забони тоҷикӣ пурра ва бидуни маҳдудият дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар мураккабтарин соҳаҳои илми муосир татбиқ гардад.
Барои таҳкими бештари мақоми забони давлатӣ дар соҳаи илм ва таълим, пешниҳодҳои зерини ҳуқуқиро манзур менамоем.
1. Васеъ намудани меъёрҳои мушаххаси ҳавасмандкунӣ ва дастгирии давлатӣ барои муаллифоне, ки монографияҳо, луғатҳои истилоҳотӣ ва китобҳои дарсии фундаменталиро ба забони давлатӣ дар соҳаҳои илмҳои ҷомеашиносӣ, дақиқ ва табиатшиносӣ иншо менамоянд.
2. Дар назди муассисаҳои илмӣ ва шуроҳои диссертатсионӣ фаъолтар намудани сохторҳои экспертизаи забонӣ бо мақсади ҳифзи меъёрҳои адабӣ ва ягонагии истилоҳоти илмӣ дар рисолаҳои диссертатсионӣ.
3. Қабули Барномаи давлатии тарҷумаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва асарҳои фундаменталии илмии ҷаҳонӣ ба забони тоҷикӣ.
4. Васеъ намудани ҳамкории мутақобилаи Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ бо КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти стандартизатсия ва танзими ҳуқуқии истилоҳоти илмии ҳуқуқӣ.
Забони давлатӣ сарвати муқаддаси миллӣ ва заминаи соҳибихтиёрии мост. Ҳифз ва рушди он дар соҳаи илм ва таълим вазифаи пуршарафи ҳар як олим, омӯзгор ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД - муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба илм ва таълим. доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.