Skip to main content

НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!

(Дар ҳошияи нашри китоби тозанашри Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар таҳти унвони «Намакдони миллат кафи дасти ӯст»)

Боиси хушнудист, ки китоби тозанашри Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар бо номи «Намакдони миллат кафи дасти ӯст», ки бевосита ба корномаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зинаҳои тайкардаи 35- соли Истиқлоли давлатиро фаро гирифтааст рӯйи чоп омад.

Воқеан ин китоб аз китобҳои қаблии шоир бо усул ва сабки хосса навишта шудааст. Чун китоб бо номи «Намакдони миллат кафи дасти ӯст» номгузорӣ шудааст ин худ як рамзи пурмаъно аст. Намак дар фарҳанги мардуми тоҷик аз қадим рамзи покӣ, баракат, дӯстӣ, аҳду паймон ва вафодорӣ ба шумор меравад. «Нон ва намак» барои миллати мо танҳо як ғизо нест, балки нишонаи эҳтиром, меҳмондорӣ ва пайванди инсонӣ мебошад.

Вақте мегӯем «Намакдони миллат кафи дасти ӯст», пеш аз ҳама бояд масъулияти бузурги роҳбарӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, нигоҳдории сулҳу субот ва таҳкими давлатдориро дар назар дошта бошем. «Намакдони миллат кафи дасти ӯст» - пеш аз ҳама як ифодаи рамзӣ мебошад. Намакдоне, ки кафи даст аст, ҳамзамон ҳам шараф ва ҳам масъулият аст.

Роҳбари давлат дар назди таърих, ҷомеа ва наслҳои оянда масъулияти бузург дорад. Ҳар як қарор метавонад ба ҳаёти миллионҳо шаҳрвандон таъсир расонад.

Аз ин рӯ, роҳбарӣ танҳо мақом нест. Роҳбарӣ масъулият аст.

Миллат низ танҳо аз як шахс иборат нест.

Миллат маҷмӯи шаҳрвандон, оилаҳо, зиёиён, омӯзгорон, коргарон, табибон, муҳандисон, соҳибкорон, ҷавонон ва ҳамаи онҳое мебошад, ки барои ободии Ватан саҳм мегузоранд.

Бинобар ин, агар «намакдон» рамзи давлат ва миллат бошад, пас ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳифз ва нигоҳ доштани он масъулият дорад.

Дар ин маврид сухан аз фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меравад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи барои Тоҷикистон ниҳоят мураккаби таърихӣ ба арсаи сиёсии кишвар омад. Дар солҳои аввали соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо мушкилоти ҷиддии сиёсӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони давлатдорӣ рӯ ба рӯ гардид.

Дар чунин шароит масъалаи муҳимтарини рӯз ҳифзи давлат, нигоҳ доштани ягонагии кишвар ва расидан ба сулҳу ризоияти миллӣ буд.

Агар ба таърихи навини Тоҷикистон назар андозем, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳо расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад.

Сулҳ танҳо қатъ гардидани низоъ нест. Сулҳ заминаи фаъолияти муътадили давлат, рушди иқтисод, таълиму тарбия, илм, фарҳанг ва зиндагии осоиштаи мардум мебошад.

Дар саҳифаи 5-уми китоби, ки бо қалами Муовини аввали Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода навишта шудааст, қайд менамояд, ки «Назарияи сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллати тоҷик дар он зоҳир мешавад, ки ӯ муколама ва музокираро қаблтар аз ҳар масъалаи дигар мегузорад. Ин мавқеъ дар шароити имрӯза аҳаммияти бештар пайдо мекунад, зеро таҳкими сулҳ танҳо масъулияти давлатҳо нест.

Он ба фарҳанги сиёсӣ, маърифати ҷомеъа, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои инсонӣ низ вобаста мебошад».

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои Тоҷикистон марҳилаи нави таърихиро оғоз кард. Баъд аз он имкониятҳои рушди давлатдорӣ ва барқарорсозии иқтисоди миллӣ васеъ гардиданд.

Аз ин рӯ, дар арзёбии фаъолияти Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҷойгоҳи махсус дорад.

Аммо сулҳ масъулияти ҳамешагӣ низ ҳаст. Барои нигоҳ доштани он танҳо фаъолияти мақомоти давлатӣ кофӣ нест. Ҳар як шаҳрванд, ҳар як зиёӣ, омӯзгор, падару модар ва ҷавон бояд дар таҳкими фарҳанги сулҳ ва таҳаммулпазирӣ саҳм гузорад.

Зеро ваҳдат мероси як насл нест - он арзиши умумимиллӣ мебошад.

Вақеан истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик яке аз дастовардҳои бузурги таърихӣ мебошад. Кулли миллати сарбаланди тоҷик ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифтанд.

Имрӯз ҳифзи арзишҳои миллӣ яке аз вазифаи асосии ҳар як фарди тоҷик аст, зеро миллат бе забон, фарҳанг, таърих ва хотираи миллӣ вуҷуд дошта наметавонад.

Дар солҳои соҳибистиқлоли масъалаҳои эҳёи фарҳанги миллӣ, ҳифзи мероси таърихӣ, рушди забони давлатӣ ва арҷгузорӣ ба чеҳраҳои бузурги таърихи тоҷикон ба масъалаҳои муҳими сиёсати фарҳангӣ табдил ёфтанд.

Таҷлили ҷашнҳои бузурги таърихию фарҳангӣ, барои шинохти таърихи миллӣ аҳамияти муҳим доранд.

Вазифаи мо бошад, аз он иборат аст, ки ин меросро танҳо бо сухан ё ҷашн маҳдуд накунем, балки онро ба насли нав ҳамчун сарчашмаи худшиносӣ ва маърифат омӯзонем.

Қисмати дигари китоб – Давлат Сафар - шоири ватансаро ва навпардоз бахшида шуда, бо қалами Раҳмоналӣ Мирализода навишта шуда, ҳар як рӯбоиҳои шоирро маънидод кардааст. Гуфта шудааст, ки шоир дар сурудани рӯбоӣ тахайюли ӯ дар мавзуъҳои сиёсӣ бозтоб додани самимият ва эҳсоси шахсии шоир аст. Хусусан, рубоиёте, ки дар васфи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурудааст, ончунон дилнишин афтодаанд, ки дар ҳамоишу маҳфилҳо ҳамеша бар сари забони хосу оманд. Шоир мегӯяд:

Он кас, ки ҳамеша дар дили мо ҷон ҳаст,

Армоншикани сулолаи Сомон аст,

Чун ҳадяи таърих ба бахти миллат,

Ин марди шариф, Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ин рӯбоӣ бар пояи муҳаббати шоир ба шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пайванди ӯ бо таърихи давлатдории миллӣ эҷод шудааст. Шоир аз дил ва ҷон оғоз карда, тадриҷан ба мафҳуми миллат ва таърих мерасад.

Ё ҷойи дигар мегуяд, ки:

То иззату эҳтироми Ӯ побарҷост,

Дар боми фалак парчами Меҳан болост!

Дидори шарифи Пешвои миллат,

Дидори накӯи тоҷикони дунёст!

Ин рӯбои бар мафҳумҳое чун эҳтиром, Ватан, парчами миллӣ, Пешвои миллат ва ваҳдати тоҷикони ҷаҳон асос ёфтааст.

Чунин рубоиҳо хело зиёданд. Симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ашъори ватандӯстонаи шоир ба як қаҳрамони собит табдил ёфтааст.

Дар бахши дигари китоб шеърҳои шоир дар мавзуъҳои гуногун навишта шудааст ва ҳар як шеъри навишташуда як ҷаҳон маъни дорад, ки барои хонанда пешкаш шудааст.

Воқеан ҳар касе, ки ашъори Давлат Сафарро бо диққат бихонад ба ин натиҷа мерасад, ки шоир дар сабки баёни шеър, мушоҳидаи падидаҳои ҷаҳон, ибрози андешаҳои орифона, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва сохтани тасвирҳои бадеӣ роҳи хоси худро дорад.

Дар фарҷом бояд қайд намуд, ки ба мисли шоир Давлат Сафар имрӯз вазифаи ҳар яки мову Шумо ин тарбия кадани насли соҳибмаърифат, ватандӯст, масъулиятшинос ва дорои ҷаҳонбинии муосир мебошад.

Мо бояд дарк кунем, ки истиқлолият неъмати худкор ва абадӣ нест. Онро бояд ҳар рӯз бо меҳнат, дониш, ваҳдат ва масъулияти шаҳрвандӣ таҳким бахшид.

Намакдони миллат агар дар кафи даст бошад, бояд онро бо эҳтиёт нигоҳ дошт.

Зеро дар он на танҳо рамзи баракат, балки рамзи таърих, ваҳдат, истиқлолият ва масъулияти миллӣ ниҳон аст.

Бигзор сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистони азизамон пойдор бошад!

Бигзор истиқлолияти давлатӣ устувор ва ояндаи кишвар обод бошад!

Бигзор ҳар як фарди ҷомеа барои пешрафти Ватан саҳми арзандаи худро гузорад!

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст